АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Файласуфи миллӣ дар масири рӯшангарӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

(Мулоҳизоте дар ҳошияи ҷашни мелоди файласуф, рӯшангар ва рӯшанфикри миллӣ Устод Комил Бекзода)

          9 январ ҷашни мелоди файласуф, мутафаккир, рӯшанфикр ва рӯшангари муосири миллӣ  устод  Комил Бекзода аст. Қаблан устодро ба ҷашни мавлудашон шодбош мегӯем ва чанд мулоҳизаи иҷмолии хешро дар ҳошияи ҷашни зодрӯзи эшон манзури хонандагон месозем.

      Якум. Устод Бекзода умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод  Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома медиҳад. Устод дар асоси манобеъ ва мадорики мавҷуда – бовару асотири бостонӣ, осори мактуби юнонӣ ва паҳлавӣ, маохизи асримиёнагӣ ва муосири форсию арабӣ, маводи илмӣ-таҳқиқии муосири ба забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, франсавӣ) интишорёфта ба ин натиҷа расидааст, ки Фарҳанги Ҷамшедӣ ба сифати сарандешаи миллӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии дунявии қавмию миллиро дар маҳдудаи асотир ва боварҳои бостонӣ таҷассум намудааст ва бо тамоми масъулият метавон аз он фарҳанги решадори миллӣ дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ васеъ истифода кард. Ин нуктаи фалсафиро устод дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан баён доштааст.

      Дувум. Хатти марказии осори таҳқиқӣ ва фалсафии устод Комил Бекзода (аз ҷумла, таваҷҷуҳ шавад ба: Саҳифаҳо аз таърихи озодандешӣ (дар ҳаммуаллифӣ бо Мирбобо Мирраҳимов). - Душанбе: Дониш, 1987. - 36 с.; Паёмбарони фарҳанги мо. Ҷилди аввал. - Душанбе: Нодир, 2000. - 124 с.; Гурез аз Хайём. - Душанбе: Нодир, 2002. - 136 с.; Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи марг бо зиндагӣ. // Шоҳроҳи Ваҳдат. - Душанбе, 2001 (дар шаш шумора); Аз таърихи худшиносии тоҷикон. - Душанбе: Дониш, 2006. - 149 с.; Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. - Душанбе: Дониш, 2012. - 433 с.; Фалсафаи Марг ва Зиндагӣ. Душанбе: ҶСК “Чопхонаи Дониш”, 2015. 651 с.; Шуубия: диссиденты средневекового ислама. Душанбе: “Издательство Дониш”, 2017. -395 с.; Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг (ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон). –Душанбе:  МН “Дониш”, 2019. -199 с.) рӯйи меҳвари озодандешӣ ва ҳувиятсозии миллӣ чарх мезанад. Ҳамчунин, мақолоти зиёди устод, ки дар рӯзномаву маҷаллоти замони Шӯравӣ ва матбуоти даврии давлатӣ ва мустақили замони  истиқлол  мунташир гардиданд, ба муҳимтарин масоили фалсафӣ, мафкуравӣ, озодию истиқлоли зеҳнию равонии миллӣ ихтисос ёфтаанд (барои намуна таваҷҷуҳ шавад ба ду матлаби ахирии илмӣ-фаласафии устод: Бекзода Комил. Худшиносии миллӣ дар фарҳанги пешазисломии халқҳои ориёитабор. //ИмрӯзNews, №34 (2254), 15 марти соли 2021. –С.V; Бекзода Комил. Идеологияи миллӣ: вазъи имрӯза ва дурнамои он. //Минбари халқ, №44 (1338), 3 ноябри соли 2021. –С.14; Бекзода Комил. Миллат ва мазҳаб дар қаламрави “Шоҳнома”. //ИмрӯзNews, №97 (2686), 10.07.2023. –С.1V-V).

      Севум. Устод Бекзода дар мақоми файласуфи матраҳи миллӣ ба тамоми мавзуъ ва масоил аз нигоҳи илмӣ-интиқодӣ ва мантиқӣ бархурд мекунад ва шакку тардиди мантиқиро ба унвони меъёри кору зиндагии файласуф медонад. Аз ҷумла, ба силсиламасоили фарҳангу тамаддуни бостонию асримиёнагӣ устод аз равзанаи танқиди холиси илмӣ ва дидгоҳи мантиқӣ таваҷҷуҳ карда, бар мабнои таҳқиқу пажуҳишҳои илмӣ, мушоҳидаҳои ихтисосӣ ва таҷриботи ақлонӣ мушкилот, муаммо ва гиреҳу уқдаҳои фикрӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва мадании миллатро решашиносӣ мекунад. Бахусус, дар заминаи шинохти падидаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳавзаҳои тамаддунии Шарқу Ғарб андешаҳои ҷолиб ироа доштааст (ниг.: Мағриб зи ту бегона, Машриқ ҳама афсона (Суҳбати ихтисосии Фирдавс Ниёзӣ бо файласуф Комил Бекзода). //Самак №7 (484), чоршанбе, 10 феврали  соли 2021. -С.3-4). Инчунин, устод ҷиҳати ошно сохтани ҷомеа бо фарҳанги бостонии аҷдодӣ ва шахсиятҳои матраҳи миллӣ пружаи илмӣ-фалсафиеро таҳти унвони “Офарандагони фарҳанги Ориёӣ” созмон дода, дар ин замина  суҳбатҳои матбуотии ихтисосӣ (аз ҷумла суҳбати ихтисосии сардабири ҳафтаномаи мустақили “Самак” Зоҳири Сайфулло бо устод Комил Бекзода таҳти унвони “Ояндаи фалсафа ва фарҳанги миллӣ”) ва силсиламатолиби ҷолиби илмӣ-оммавии “Сарнавишти фарҳанги Ориёӣ”, “Устод Иброҳим Пури Довуд – бузургтарин муҳаққиқи фарҳанги Ориёӣ дар сари ХХ”, “Худшиносии миллӣ дар фарҳанги пешазисломии халқҳои форситабор”  ва амсоли инҳоро мунташир сохт, ки ин навъ суҳбатҳои ихтисосию матолиби ҳувиятӣ дар таҳкиму тақвияти раванди худогоҳию худшиносӣ ва ҳувиятсозии миллӣ нақши калидӣ доранд.

      Чаҳорум. Устод дар ростои ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии шуубӣ таҳқиқу пажуҳишҳои илмӣ-академӣ анҷом дода, дар муаррифии ин ҳаракати воқеан миллӣ саҳми арзанда гузоштаст. Ба ҷуз ин ки устод дар ин замина монографияҳои муфассали илмиии “Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ” (-Душанбе: Дониш, 2012. -433 с.) ва “Шуубия: диссиденты средневекового ислама” (-Душанбе: “Издательство Дониш”, 2017. -395 с.)-ро ба нашр расондааст, матолиби ҷудогонаи илмие бо шумули “Пайдоиши истилоҳ ва ақоиди шуубӣ”, “Мероси сиёсии шуубия”, “Нигоҳе куллӣ ба ҳаракати ватанпарастона ва равшанфикронаи “Шуубия”, “Ибни Ровандӣ”, “Рӯзбеҳ-Ибни Муқаффаъ – намояндаи барҷастаи адабиёти асримиёнагии форсу тоҷик”, “Олимони ватанпарвар ва адибони миллатдӯсти шуубӣ”, “Фирдавсӣ ва шуубия” ва амсоли инҳоро мунташир сохтааст. Аз ин гузашта, Устод як умр бобати ошноии ҷомеа бо шахсиятҳои илмӣ-фалсафӣ ва миллию мардумӣ талош варзида, доир ба зиндагинома, мерос, андеша ва орои файласуфону андешамандони ватанию хориҷӣ матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ интишор додааст. Ҷомеаи мадании тоҷик хуб дар хотир дорад, ки устод Бекзода, чи дар матбуоти шуравӣ ва чи дар нашароти замони соҳибистиқлолӣ сари шиносонидани чеҳраҳои номдори илму фалсафаи Ғарбию Шарқӣ бо шумули Фридрих Нитше, Артур Шопенҳауэр, Ҷон Пол Сартр, Мартин Ҳайдеггер, Албер Камю, Бертран Рассел, Симона де Бовуар, Габриэл Марсел, Фёдор Михайлович Достоевский, Николай Фёдорович Фёдоров, Абдураҳмон Бадавӣ, Анис Мансур, Аббос Маҳмуди Аққод, Маҳмуд Амин Ал-Олим, Содиқ Ҳидоят, Иброҳим Пури Довуд, Ҷалили Дӯстхоҳ, Ҳошим Разӣ ва дигарон ҷаҳду талоши фаровон варзидааст. Бар илова, дар мавриди муаррифии шоистаи симоҳои таъсиргузори фарҳангию мадании миллию маҳаллӣ низ матолиби ҷолиб нашру пахш карда, аз ин тариқ дар бозофаринии чеҳраҳои фарҳангӣ саҳми сазовор гузоштааст (барои намуна таваҷҷуҳ шавад ба матлаби зайл: Бекзода Комил. Тулуъ ва ғуруби як рӯшноӣ. //Самак №16 (598), 27 апрели соли 2023. -С.13; Бекзода Комил. Тулуъ ва ғуруби як рӯшноӣ. //Самак №17 (599), 4 майи соли 2023. -С.11).   

      Панҷум. Устод Бекзодаро мардум ва доираҳои фарҳангӣ ҳанӯз аз замони шуравӣ ба унвони “файласуфи озодандеш” мешинохтанд. Забон ва услуби нигориш, гузориш ва суҳбати  устод равон, равшан, салис ва орӣ аз таоруфу такаллуф буда, аз овони ҷавонӣ то имрӯз доир ба муҳимтарин масъалаҳои илмӣ, иҷтимоӣ, динӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, равонӣ, инсоншиносӣ, табиатшиносӣ, биологӣ ва амсоли инҳо дар доираи фаҳми мардум озодона, бидуни суханбозӣ, лафзпардозӣ, худнамоӣ, ки солҳои сол махсуси як гурӯҳ интеллигенсияи ватанӣ гаштааст, гуфтугӯ мекунад. Устод дар майдони баҳси илмӣ ва фалсафӣ аз тариқи методу усулҳои таҳқиқу нигориши урупоӣ ҷилва мекунад, ки ин махсуси қалам ва сабки сухани ӯст. Устод дилхоҳ матолиби мавриди баҳсро дар доираи одоби илмӣ, бо сабки фасеҳу равони забони миллӣ дар сатҳи урупоӣ ба риштаи таҳлил, таҳқиқ, таҷзия, муқоиса, хулосабарорӣ ва натиҷагирӣ мекашад, ки ин навъи таҳқиқу нигориш дар муҳити илмии ватанӣ камназир аст. Илова бар ин, устод дар омӯзиш, таҳлил ва нақди осору орои фалосифаи башарӣ дасти тамом дошта, дар муаррифии бузургтарин чеҳраҳои фалсафаи ҷаҳонӣ дар матбуоти даврӣ саҳми асосӣ гирифтааст.

      Шашум. Масъалаи зиндагӣ ва марги инсонӣ дар коргоҳи илмӣ ва эҷодии устод Бекзода ба унвони масъалаи асосии фалсафӣ солҳост, ки мавриди пажӯҳиш ва таҳқиқ қарор мегирад. Ба сухани дигар, масъалаи маргу нестӣ ба сифати масъалаи ҷавҳарӣ дар фалсафаи устод Комил Бекзода пайваста пайгирӣ мешавад ва онро, бо назардошти вазъи омӯзишӣ ва такмилу густариш ёфтани доираи иттилооту мутолиот, аз дидгоҳҳои гуногун таҳқиқу бозбинӣ  мекунад. Устод Бекзода минҳайси назарияпардози матраҳи миллӣ бо такя ба “Ҷаҳонбинии Ҷамшедӣ”, ки бозсохти файласуф аст, бар ин таъкид мекунад, ки асри 21 асри амалисозии “Ҷаҳонбинии ҷамшедӣ” мебошад. Устод Бекзода бо таваҷҷуҳ ба таҳқиқоти бунёдии Институти ҷовидонагии Амрико, ки соли 2004 маҷмуаи мақолаҳои олимони соҳаҳои фалсафа, кимиё, биология, генетика, компютер ва амсоли инҳоро бо номи “Пирӯзии илмӣ бар марг” (ниг.: “The Scientific conquest of death”. Буенос Айрес: Либрос Ен Ред. 2004. – 296 саҳ.) ба чоп расондаст, иддаои илмӣ-фалсафиеро матраҳ мекунад, ки дар китоби  “Пирӯзии илмӣ бар марг” 18 донишманду муҳаққиқ аз марказу донишгоҳҳои пешқадами Оксфорд, Ҷорҷтавн, Калифорния, Ҳарвард, Кембриҷ, Массачусетс, Мичиган ва Станфорд дар бораи имконияти илму техника барои барҳам задани марги ҷисмонии инсон иттилооти  илмӣ медиҳанд. Ҳамчунин, устод Бекзода аз китоби ихтисосии донишмандони рус Алексей Турчин ва Михаил Батин (кормандони Институти таҳлили системавии Академияи илмҳои Русия) “Футурология” (ниг.: Футурология. XXI век: бессмертие или глобальная катастрофа? Москва: БИНОМ. Лаборатория знания, 2013. – 216 с.) мисолҳои ҷолиб зада, мавқеъгириҳои илмӣ-ихтисосии хешро дар заминаи фалсафаи бемаргӣ таҳаққуқ мебахшад. Дар воқеъ, дар сомонаи интернетии Институти ҷовидонагӣ (Immortality Institute - www.longecity.org/forum) ҷонибдорони ақидаи бемаргии ҷисмонӣ ва зиндагии абадии инсон дар ҷаҳон ҷамъ омада, вобаста ба кишварҳо, минтақаҳо ва забонҳои гуногун нишасту форумҳо, аз ҷумла форумҳои Осиё ва Ҳиндустон, Австралия ва Зеландияи нав, Кишварҳои олмонӣ, Кишварҳои испанӣ, Ҳавзаи фаронсавӣ, Исроил ва Шарқи Миёна, Ҳавзаи италиявӣ, Скандинавия, Нидерландия, Ҳавзаи португалӣ, Русия ва Аврупои Шарқӣ, Кишварҳои англисзабон, ИМА ва Канада ташкил кардаанд (ниг.: Бекзода Комил. Фалсафаи марг ва зиндагӣ. Душанбе: Дониш, 2015. -С.475-476).

        Ҳафтум. Устод Комил Бекзода барои рафъи хало ва вакууми фикрию фалсафӣ ва ташаккул додани биниши илмӣ дар минтақа, ки буҳронҳои гуногунро дар пай дорад, саъю талоши фаровон меварзад. Зарурати ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврасу ҷавонро дарк карда, устод Комил Бекзода ахиран китоби мухтасари илмӣ-методиеро таҳти унвони “Ҷаҳонбинии илмӣ” (-Душанбе, 2023. -277 с.) барои чоп манзур намудааст, ки ба вазъ ва шароити имрӯзии фазои соҳибистиқлолӣ созгор аст. Китоби мазкур ҳанӯз чоп нашудааст, вале, ба сабаби доштани мазмуну мундариҷоти ҷолиб ишороте мухтасар аз он ироа мегардад. Китоб бо такя ба сарчашма ва адабиёти навини илмӣ-таҳқиқӣ ва тариқи пурсишу посух таълиф гардида, аз муқаддима, чаҳор боб ва хулоса иборат буда, дар боби сеюм тарҷумаи  “Алифбои ҷаҳонбинии илмӣ” ба забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ оварда  шудааст.

        Боби аввал – “Алифбои ҷаҳонбинии илмӣ” шомили 10 пурсишу посухи кутоҳи ҷиддӣ, ки дар шаклгирии ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии наврасону ҷавонони мо мусоидат мекунанд, мебошад. Ин даҳ пурсишу посухи кӯтоҳ, вале муҳим -- “Фалсафа ба ҷавонон чӣ зарурат дорад?” (С.6-7), “Фалсафа чист?” (С.8-9), “Фалсафаи ҳаёт аз чӣ иборат аст?” (С.10-), “Фикр кардан чист?” (С.11-12), “Рафтор ва кирдор ба чӣ маъност?” (С.13-14), “Гуфтор чист?” (С.15-16), “Мақоми бозӣ дар ҳаёти ҷавонон аз чӣ иборат аст?” (С.17-18), “Ҷаҳони ханда кадом аст?” (С.19-20), “Ҷаҳони ишқу ошиқӣ куҷост?” (С.21-23) ва “Хавф дар зиндагӣ аз чист?” (С.24-26) манзараи ҷаҳон ва воқеиятҳои замонро пешорӯйи мо ба намоиш гузошта, аз тариқи мутолеаи бардавоми пурсишу посухҳои китоб хонандаи ҳар синну сол, махсусан, насли наврасу ҷавон метавонанд мулоҳизоти хешро дар қолаби тамриноти фикрию зеҳнӣ анҷом бидиҳанд. Боби “Алифбои ҷаҳонбинии илмӣ” феҳристи адабиёти заруриро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаро мегирад (С.27-29). Ҳамчунин, мусаввараҳои рангин, ки вобаста ба мазмуну муҳтавои китоб ҷо карда шудаанд, дар ғанӣ гардидани тахайюли хонандагон муассир буда метавонанд. Боби дуюми рисола – “Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ” ном дошта, бо таҳқиқе илмӣ таҳти унвони “Бозгашти Ҷамшед” шуруъ шуда, аз бахшҳои “Оғози мулоқот” (С.30-31), “Гуфтори якум” (С.31-54), “Гуфтори дуюм” (С.55-76), “Гуфтори сеюм” (С.76-90), “Гуфтори чаҳорум” (С.91-93), “Гуфтори панҷум” (С.108-110) ва қисматҳои Зардушт  писари  Спитамон –паёмбари  қавмҳои  эронитабор” (С.93-95), “Эпикур” (С.95-96), “Суқрот” (96-97), “Раймонд Моудӣ (табиби соҳаи реаниматсия)” (С.97-102), “Фридрих Вилгелм Нитше” (С.102-107), “Бертран Рассел” (С.107-108), “Мусоҳибаи якум” (дар ин қисмат, яъне “Мусоҳибаи якум” (С.110-129) баҳсу гуфтугӯҳои донишманду файласуфи номдори ҷаҳонӣ мисли Мигел де Унамуно дар заминаи масъалаи фалсафии маргу зиндагӣ матраҳ мегардад (С.110-114)), “Нома аз шаҳри Қоҳира” ба исми Рамсис Мансур (С.115-122), “Нома аз кишвари Канада” бо исми файласуф Ҷон Леслӣ (С.122-129) ва хулоса (С.130-133) таркиб ёфтааст. Ба ин тартиб, боби сеюми рисола тарҷумаи  “Алифбои ҷаҳонбинии илмӣ” ба забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ (тарҷумаи русӣ саҳифаҳои 134-157, тарҷумаи англисӣ саҳифаҳои 158-180, тарҷуми олмонӣ саҳифаҳои 181-204) ва боби чаҳорум тарҷумаи “Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ” ба забони русӣ мебошад (С.205-304). Дар охири рисола муаллиф 155 сарчашмаи илмӣ-назариявию манобеи таҳқиқӣ (С.305-313) ва 84 номгӯйи муҳимтарин китобҳо дар мавзуи равшанфикрӣ (С.314-317)-ро манзур месозад.  

       Ба ин тартиб, бо матраҳ кардани масъалаҳои фалсафӣ, ки бо худии худ шаклдиҳандаи ҷаҳонбинианд, устод Комил Бекзода дар китоби “Ҷаҳонбинии илмӣ” манзараи ҷаҳон ва воқеиятҳои замонро пешорӯйи мо ба намоиш гузошта, аз тариқи мутолеаи бардавоми пурсишу посухҳои китоб хонандаи ҳар синну сол, махсусан, насли наврасу ҷавон метавонанд мулоҳизоти хешро дар қолаби тамриноти фикрию зеҳнӣ анҷом бидиҳанд. Муҳимтар аз ҳама, ҷавонони мо, ки бештар дар қолиби хурофаҳои асримиёнагӣ меандешанд ва ба суолоти рӯзмарраи хеш ҷавобҳои мазҳабӣ меҷӯянд, ба василаи шинохти илмҳои фалсафӣ ва воқеиятҳои зиндагӣ истиқлоли фикрӣ касб намуда, ба олами мутамаддин наздик мешаванд. Мухотаби устод Комил Бекзода дар ин китоб, пеш аз ҳама, насли наврас ва ҷомеаи ҷавони кишвари мост. Бо таваҷҷуҳ ба ин, нашру пахши саросарии ин китоб, ки дар қолиби васоити мухтасари илмӣ-методӣ таълиф гардидааст, дар ташаккули ҷаҳонбинии илмию фалсафии насли наврасу ҷавон, таҳкими низоми давлатдории дунявӣ ва  рушди ҷомеаи миллӣ нақши калидӣ гузошта метавонад.

       Ҳаштум. Дар воқеъ, як файласуф, рӯшанфикру рӯшангар тайи умри хеш ҳамин қабил корҳоро анҷом медиҳад ва аз тариқи интишори мудавоми матолиби ҷолиби илмӣ-фалсафӣ ва оммавӣ саъю талош меварзад, ки ҷомеа ва бахусус, насли ҷавонро аз қайдубанди ҷаҳолату хурофот бираҳонад. Дар фазо ва муҳитҳои мо, ки, мутаассифона, ду даҳсолаи ахир хурофоту таассуби динию мазҳабӣ пайи по дуруст кардааст, ҳузури фаъоли файласуфону рӯшанфикрону рӯшангароне назири Комил Бекзода зарурат доранд, то ин ки эътидоли фикрию равонӣ дар сатҳи иҷтимоӣ барқарор гардад.

           Мо дар симои устод Комил Бекзода файласуф, рӯшангару рӯшанфикри воқеӣ ва хирадгарою меҳанпарастро мебинем. Маҳз аз тавонмандиҳои фикрию фалсафӣ ва илмию ихтисосии чунин файласуфону равшанфикрон ҷомеаи миллӣ  ҳамеша истифода мебарад ва вуҷуду ҳузури  ин гуна шахсиятҳо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнии миллат мегардад. Як умри азизи хешро сарфи хидмат ба фалсафа, миллат, меҳан ва дар маҷмуъ, фарзонагӣ кардан кори саҳлу осоне нест. Вале ин корро устод Бекзода бо бурдборию шукуҳмандӣ анҷом додаву медиҳад. Ин аст, ки:

        Бас гузашти аз масиру ҷодаи мардонагӣ,

       Сарф кардӣ умри хеш андар раҳи фарзонагӣ!

       

 

         Нозим Нурзода

пажуҳишгар

 

 

 

 

 

БОЗГАШТ