АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Геополитика ва мушкилоти тоҷикон дар масири  ҳувийятсозии  миллӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Агар  бигӯем, ки фақат омилҳои объективӣ сабабгори аслии зуҳури мушкилоти замони гузашта ва имрӯзи миллии мост, ин дидгоҳи дуруст ва воқеъбинона нахоҳад буд. Чунин андеша дар бораи мушкилоти миллии гузашта ва шинохти ишколоти вазъи кунунии ҷомеаи мо на фақат воқеъбинона нест, балки ҳатто дар роҳи рушди мо ба сӯи оянда аз лиҳози зеҳнӣ монеа эҷод мекунад ва шонаҳои моро аз пазириши бори масъулият дар назди тамоми нокомиҳои гузаштаву ҳозираи ҷомеаи хеш то андозае сабукбор месозад. Ин гуна шинохт ва ҷаҳонбинӣ роҳро ба таври фарох ба сӯи фарофиканиву тақдиргароӣ (фатализм) ва дар зимн, бемасъулиятӣ боз хоҳад гузошт.
Бо чунин андеша ва шинохт мо ҳамеша тамоми мушкилоти қаблӣ ва феълии миллии хешро фақат ба вазъу шароити номусоиду душвори таърихӣ, "ҷабри таърих", душманони хориҷӣ ва ҳатто "сарнавишт"-у "қисмати талх"-и хеш марбут медонем ва худро миллати мазлуме тасвир мекунем, ки мудом ҷабру ҷафои таъриху тақдирро кашидааст. Дар чунин ҳол мо ҳамчун ҷабрдида ҳамеша интизор хоҳем буд, ки ҳамон Таърих ва ё Тақдир ба ҳайси додситони азалӣ кай аз рӯи адолат қарор хоҳад баровард ва вазъи мушкили моро осон хоҳад кард.
Чунин тафсир кардани воқеият, яъне тақдиргароӣ ба мо имкон нахоҳад дод, ки ба неру ва тавоноии худ боварманд бошем ва мутмаин шавем, ки қудрати тағйир додани вазъи худ ва ҷомеаи худро дорем.  Ҳамчунин асли ин мушкилотро набояд ба печидагиҳои вазъи иқтисодиву сиёсии кунунии кишвар рабт дод. Решаи ин мушкилоти деринаро аз умқи зеҳн ва равони миллии мо ва ба таъбири маъмул, аз шуури ҷамъиятии мо бояд ҷуст. Сарнавишти мо дар сиришти мост.
Рушди миллӣ ба сатҳи ташаккули тафаккури миллӣ робитаи мустақим дорад ва ҳамчунин маншаъи мушкилоти ҳар ҷомеае низ аслан дар шуури ҷамъиятии он аст.  Мушкилоти ҷомеаи мо низ аз ин қоида мустасно нест. 
Худсозиву ҷомеасозӣ ва дар маҷмуъ, ҷаҳонсозии миллатҳо аз сатҳи худшиносӣ ва ҷаҳоншиносии онҳо вобастааст.  Пойдории истиқлоли сиёсии миллат бидуни истиқлоли  зеҳнии миллат номумкин аст.  Шинохти дурусти воқеият ва манофеи миллӣ аз тарафи миллат яке аз муҳимтарин омили пойдории давлатдории миллист.
Дар ин росто он чӣ нигаронкунанда аст, кайфият ва чигунагии “ҷаҳонбинии имрӯзаи ҷомеа”-и мост. 
Дар воқеъ феълан дар ҷомеаи мо мушкилот хеле зиёд аст. Мавҷудияти ин мушкилотро, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоии моро фаро гирифтааст, набояд фақат марбут ба фаъолияти нокифояи насли имрӯзи ҷомеа донист, зеро онҳо решаҳои хеле амиқи таърихӣ доранд. Маҷмӯи ин мушкилот феълан мисли занҷири сарбаста тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии кишварро фаро гирифтааст ва рафъи ҳар яке аз ин мушкилот мустақиман ниёз ба ислоҳи мушкилоти дигар дорад.  Ин ҳалқаи печида ва мушкилоти сарбаставу ба ҳам вобаста дар ҷомеаи кишвар сардаргумиеро ба вуҷуд овардааст, ки дар паи он роҳи бурунрафт аз ин бунбаст гоҳе баид ба назар мерасад. Чунин вазъияти буҳронӣ рӯҳияи миллиро заиф карда эътимоди мардумро ба ояндаи рушани давлатдории миллӣ ба тадриҷ коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, ба хотири пойдориву мондагории давлатдории миллӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати мо дар тӯли ҳазор соли охир аст, набояд гузошт, ки вазъияти мазкур беш аз пеш печидатару мураккабтар гардад. Пас, дар шароити кунунӣ дарёфти роҳи берун шудан аз ин бунбаст тадбири бениҳоят муҳимест, ки бояд ҳар чи зудтар пайдо карда шавад. Барои ҳалли ин масъала бояд қаблан донист, ки ангезаву хостгоҳи аслӣ ва ба таъбири маҷозӣ “модар”-и мушкилоту заъфи миллии модар чист? Бо таҳқиқи заминаҳои заволи охирин давлатдориҳои аҷдодӣ дар асрҳои миёна ва омӯзиши омилҳои мушкилоти миллии мо дар тӯли ҳазор соли минбаъдаи бедавлатӣ, ҳамчунин таҳлили вазъи кунунии ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимоӣ метавон ба ин натиҷа расид, ки асл ва хостгоҳи мушкилоту заъфи миллии моро аз равони миллӣ (national psyche; национальная психика)-и мо ҷустуҷӯ бояд кард. Омили мушкилоти кори миллат аслан дар афкори миллат аст.
         Баррасии ин масъала, яъне пажӯҳиши шуури ҷамъиятӣ дар сатҳи миллати мо ниёз ба як таҳқиқоти академӣ дорад, ки баҳри таҳқиқи он равоншиносон ва ба вижа равоншиносони миллӣ (этнопсихологҳо), равоншиносони иҷтимоӣ, антропологҳо, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон ва дигар олимони соҳаҳои марбута бояд ҷалб карда шаванд.
Сарфи назар кардан аз мушкилот ва нодида гирифтану напазируфтани он на фақат роҳи ҳалли мушкилот нест, балки онро ба тадриҷ печидатар хоҳад кард. Бинобар ин эътирофи мушкилот ва шинохти дурусту воқеии он нахустин қадами  устувор дар роҳи ҳалли мушкилот аст.
         Ба қавли Гегел «мо дар ин ҷо маҳз ба он сабаб ба характери миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунем, ки он ҷанин аст барои рушди таърихи миллат». (Гегель Г.В. Энциклопедия философских наук. Т. 3 Философия духа.– М.: Мысль, 1977. – С. 66.) Шарҳу баёни аҳамият ва мубрамияти ин масъала вақти хеле зиёдеро тақозо мекунад, ки ба хотири тӯлонӣ нашудани ин навишта аз тавзеҳи он сарфи назар мекунем. Аммо бо вуҷуди худдорӣ кардан аз шарҳи муфассали ин масъала мебояд ба таври мухтасар ироа кард, ки чаро пажӯҳиши масъалаи мазкур то ин ҳад муҳим ва зарур аст. Барои шинохти ҷойгоҳи омилҳои равонӣ ва умуман психикаи миллӣ дар ростои рушди миллӣ нигоҳи тезболу иҷмолие ба таърифҳои якчанд мафҳумҳои маълуме мекунем, ки марбут ба миллат ва муаррифи мафҳуми миллат аст. Қабл аз ҳама худи мафҳуми миллатро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Таҳқиқ мекунем, ки оё дар ин таъриф ба омилҳои равонӣ ишора шудааст ва агар ишора шудааст, пас онҳо дар ташаккули миллат чӣ ҷойгоҳе доранд?
         Мафҳуми миллат ба гунаҳои мухталифе ташреҳ шудааст, ки таърифи тавассути мактаби фикрии марксистӣ ироашудаи он аз маъруфтарини онҳост. Дар ин таъриф доштани қаламрави ягона(1), забон(2), иқтисодиёт(3), мавҷудияти давлати миллӣ ва ё нияти доштани давлати миллӣ(4), анъанаҳову расму оину фарҳанг(5) ва ғояи миллӣ(6) нишонаҳои аслии миллат дониста шудааст.
         Аз дидгоҳи мактаби конструктивизм  (масалан, Эрнст Ренан) шуури миллӣ(1),  хоҳиши ҳамзистӣ, яъне ҳамгироии иҷтимоӣ(2) аз умдатарин нишонаҳои миллат аст. 
Реформистон  умумият(общность)-и  устувори гурӯҳи одамон(1), ориентатсияи миллӣ(2),  хотира ва тақдири умумии таърихиро(3) шохиси аслии миллат донистаанд.
Бубинед, ки аз нишонаҳои номбаршуда бештаринашон ҷанбаи равониву зеҳнӣ доранд, аз ҷумла ғояи миллӣ,  расму оину фарҳанг,  шуури миллӣ,  хоҳиши ҳамзистӣ (ҳамгироии иҷтимоӣ), умумияти устувори гурӯҳи одамон,  ориентатсияи миллӣ,  хотира ва тақдири умумии таърихӣ.
Баррасии омилҳои қудрати миллӣ (национальнаямощность) низ бозгӯи он аст, ки авомили равониву зеҳнӣ дар ин росто ҷойгоҳи хеле муҳим доранд. Масалан, аз нигоҳи Ганс Моргентау қудрати миллӣ аз 8 омили зерин вобастааст:
 
1)      Мавқеи ҷуғрофӣ;
2)      Аҳолӣ;
3)      Иқтидори иқтисодиву саноатӣ;
4)      Иқтидори низомӣ;
5)      Сарватҳои  табиӣ;
6)      Характери миллӣ;
7)      Ахлоқи миллӣ;
8)      Кайфияти  умури  дипломатӣ.  (Morgentay H. Politics Among Nations. – New York, 1964. – Р. 110.) 
 
Яъне 3 унсури муҳими қудрати миллӣ (характери миллӣ, ахлоқи миллӣ,  кайфияти умури дипломатӣ)  куллан падидаи равонӣ буда ба шуури ҷамъиятӣ марбут аст ва илова ба ин падидаҳои боқимонда низ маҳз дар заминаи ташаккули тафаккури миллӣ метавонанд барои тақвияти қудрати миллӣ таъсиргузор бошанд.
         Психологияи миллӣ, яъне равони милливу шуури ҷамъиятии мо, ки муҳимтарин қисматҳои таркибии он ё ба таъбире компонентҳои он характери миллӣ, ҳисси миллӣ, аҳдофи миллӣ, ориентатсияи миллӣ, худшиносии миллӣ, тафаккури миллӣ, ҳувийяти миллӣ, менталитети миллӣ, рӯҳияи миллӣ ва фарҳанги миллӣ аст, дар тӯли таърих аз он замоне, ки мо шаҳомати сиёсӣ ва империяҳои абарқудрати сатҳи ҷаҳонӣ доштем, то он замоне, ки дар ватани худ тӯли садсолаҳо мутеъи аҷнабиён будем, ба деградатсия  дучор шудааст.
         Барои  дарки  ин масъала  ба  таври мухтасар чанд мисоле аз осори муаррихони бостон меорем. Геродот – таърихнигори юнонӣ, ки унвони «падари таърих»-ро дорад ва солҳои 484-425 пеш аз мелод зистааст, дар бораи гузаштагони баруманди мо мегӯяд: «Асоситарин бартарии  форсҳо ин шуҷоатмандии онҳост». Ҷои дигар дар мавриди муаррифии халқиятҳои ҳудуди давлати паҳновари Ҳахоманишӣ, ки тамоми қаламрави Осиё ва Африқои мутамаддини он замонро фаро мегирифт, ёдовар мешавад: «Аз тамоми  (ин) халқҳо форсҳо интизоми ҳарбии беҳтар доранд ва аз ҳама далертару ҷавонмардтаранд».
Ксенофонт – таърихнигори дигари Юнони қадим, ки солҳои 444-356 пеш аз мелод зиста то соли 401 пеш аз мелод дар сафи артиши сермиллати Ҳахоманишиён чун сарбоз хидмат кардааст, дар асари худ «Умури ҳарбии форсҳо» мегӯяд: «Форсҳо бо хислатҳои озодагиву қатъият ва мардонагиву ҷанговарӣ фарқ мекунанд. … Яроқдориву  ҷанговарӣ афзалияти  аҷдодиву махсуси онҳост. Онҳо бо шуҷоату рӯҳияи ҷангӣ ва маҳорату таҷрибаи ҳарбӣ бартарӣ доранд».
Аммиан Марселин -муаррихи румӣ, кисолҳои  330-395 мелодӣ, яъне дар аҳди Сосониён зиндагӣ кардааст, низ гузаштагони моро мардуме озода, қатъӣ, дорои рӯҳияи ҷангии баланд, муттаҳид тасвир кардааст.
         Дар такя ба  иттилооти ин муаррихон агар портрет ва ё симои психологии ориёиҳои пешин, яъне ниёгони худро тасвир кунем, чунин хоҳад буд:  мардуме шуҷоъ, муҳорибу ғолиб, ҷавонмард, озода, қатъӣ, дорои рӯҳияи ҷангии баланд, муттаҳид ва артишдор.
         Аммо бубинед, ки муаррихону сиёсатмадорон ва адибон дар бораи ҳамин халқ баъд аз чанд аср чӣ гуфтаанд.  Як тан аз сарлашкарони муғул дар бораи мардуми мо гуфтааст: «…тоҷик шеваи ҷангу муҳориба кардан намедонад».  Сафири нахустини Британияи Кабир дар Афѓонистон доир ба тоҷикон чунин изҳори назар кардааст: «мардуми тоҷик дар тамоми минтақаи Афѓонистон, Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Эрон ва Шарқ дар ҳама ҷо аз ҳама зиёданд,  вале онҳо монанди ҷазирачаҳое, ки дар байни уқёнуси калон ба ҳамдигар рабт надоранд, ҳамдигарро дастгирӣ намекунанд. Барои ҳамин тоҷикон ... давлат насохтаанд». Муҳаққиқи  рус Е.К.Мейендорф  дар  китоби худ «Саёҳат аз Оренбург  ба Бухоро»   мегӯяд,  ки «Дар Бухоро ду халқ аст, яке халқи ѓолиб ва ҳукмрон, дигаре халқи маѓлуб ва мутеъ. Аввалиҳо халқи турк ва дувумиҳо халқи тоҷик аст». Муҳаққиқи дигари рус А. Д. Гребенкин дар асари худ «Тоҷикон» навиштааст: «Ягон халқ дар таърихаш ба монанди халқи тоҷик ҷабр надид. Ягон халқ ба монанди халқи тоҷик аз тарафи халқҳои дигар таҳқир нашуд. Ягон халқ  монанди халқи тоҷик аз хонаи худаш берун карда нашуд».
Мавлавӣ гуфта:                   Як  ҳамлаву як ҳамла,  шаб омаду торикӣ,
                                               Туркӣ куну чустӣ кун, на нармиву тоҷикӣ1.
 
Бар мабнои чунин иттилоот, ки кам нестанд, боз ҳам портрет ва симои психологии мардуми худро тасвир мекунем, ки дар натиҷа ба тафовут аз портрети боло симои куллан мутафовите падид меояд, яъне мардуме нармхӯю муросокор, заиф, парокандаву номуттаҳид, мағлубу мазлум, ҷабрдида, таҳқиршуда ва мутеъ.
Бубинед,  ки  аз  он  рӯҳияи  ҷавонмардонаву  барозандаи  “рустамона”-и   замони  бостон (ориёӣ)  то  ин  рӯҳияи  залилу  ҳақиронаи “одинавор”-и мардуми ориёнажоди кунунӣ, яъне мо фарқият ѓайри қобили қиёс аст. Ин тағйироти ҷиддӣ бозтоби дегредатсия(таназзул)-и рӯҳияи миллии мост.
Дар ин муддати тӯлонии таърихӣ, яъне қариб ҳазор сол сатҳи худшиносии мардуми мо бо вуҷуди пешрафти тадриҷии ҷомеаи башарӣ на фақат рушд накард, балки ба тадриҷ таназзул ёфт. Дар асрҳои миёна ҳадафи эҳёи давлатдории миллӣ на фақат дар зеҳни омма, балки ҳатто дар зеҳни намояндагони равшанфикр ва олимону адибони мардуми мо вуҷуд надошт. Муборизаҳову исёнҳо ва шӯришҳои мардумии истиқлолиятҷӯёнаи мо дар ин муддат қариб ба ҳадди нестӣ расиданд. Агар ин гуна шӯришҳо аҳёнан ҷое рӯй медоданд, онҳо хусусияти маҳаллӣ доштанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ фарогир набуданд ва ҳадафҳои сиёсиву истиқлолиятҷӯёнаро пайгирӣ намекарданд.  Ин шӯришҳо аслан фарёди мардуми мазлуме буд, ки аз аҷнабиён на Ватан ва дастгоҳи давлатдорӣ, балки фақат кам кардани ҷабру зулмро талаб мекарданд. Барои мисол муқоиса кунед шӯриши Бобаки Хуррамдинро бо шӯриши Восеъ. Ҳадафҳои ин шӯришгарон бозтоби чигунагии рӯҳияи миллӣ, худшиносии миллӣ, сатҳи тафаккури сиёсии аҷдоди модарон гузаштаҳои дур ва наздики таърихӣ аст. Афсӯс, ки дар ин марҳилаи тӯлонии замон ва фосилаи таърихӣ мо на такомули рӯҳияву худшиносии миллӣ, балки деградатсия ва таназзули онро мушоҳида мекунем. 
Дар ин марҳила зиёиёни миллат “Искандарнома”–ву “Темурнома”–ҳо менавиштанд, зеро миллат дигар ориентатсияи миллии худро аз даст дода буд. Мавҷудияти чунин асарҳои бадеӣ дар адабиёти асримиёнагии миллати мо бозтоби рӯшани вазъи шуури ҷамъиятӣ ва тарзи тафаккури мардуми мо дар он замонаст.
Чигунагии рӯҳияву андеша ва сатҳи тафаккури миллатро дар тӯли таърих аз забони миллат низ метавон дарёфт. Забони ҷамъият на фақат василаи ифода ва таҷассуми андешаву шуури ҷамъиятӣ, балки воситаи инъикоси сатҳи рушди фикрӣ ва ориентатсияи миллӣ низ буда метавонад. Аз вожаҳову истилоҳоту мафҳумҳои роиҷи забон ва корбурди онҳо дар тӯли замонҳои муайян метавон пай бурд, ки дар ин ё он марҳилаи таърихӣ нерӯҳои зеҳнии ҷомеа ба кадом самтҳо тамоил доштанд ва ориентатсияи миллӣ ба кадом самт нигаронида шуда буд. Масалан, мафҳумҳои ирфонӣ дар осори хаттӣ ва шифоҳии халқи мо дар асрҳои XIII-XIX бозтоби ба масоили абстрактиву метафизикӣ таваҷҷуҳи фавқулода ва бардавом доштани гузаштагони мо аст. Дар ин муддати тӯлонии таърихӣ нерӯҳои зеҳнии миллати мо аслан дарк ва шинохти воқеият ва ҳақиқати олами ҳасти рофақат аз тариқи басирату интуитсия имконпазир дониста ағлабан корбурди усулу услубҳои хирадгароёнаву истидлолҷӯёна ва таҷрибиро қобили қабул намедонистанд ва ҳатто амале хато ва шаккокона меҳисобиданд. Аз ин буд, ки мо гӯё рӯ ба олами кубро ва ухро таваҷҷуҳе ба олами суғро ва дунё надоштем. Машғули кашфу шуҳуди руъёиву тахайюлӣ аз кашфи асрори табиӣ ва дунёи воқеие, ки дар он басар мебурдем, амдан ғафлат меварзидем. Аз ин рӯ, тафаккури мантиқиву улуми табиӣ дар ҷомеаи асримиёнагии мо бар хилофи Аврупо чандон рушд накард ва мо бо ин сабаб аз масири рушду пешрафти илмиву технологӣ берун афтодем. 
Идома дорад.

Назрӣ Асадзода, корманди Институт
Бознашр: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/mushkiloti-to-ikon-dar-masiri-uvijyatsozii-mill.html 

БОЗГАШТ