АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Гулчине аз “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Эҳтиром ба забони модарӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ноб, бешубҳа сарчашмаи беназири худшиносӣ, худогоҳӣ ва пойдевори асили миллат мебошад. З-ин рӯ ба ифтихори гиромидошти забони модарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суханҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи забони модарӣ”-ро пешкаши хонандагони гиромӣ менамоем.
*****
  Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири пуршебу фарози таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст.
*****
  Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо - ҳамроҳ бо наслҳои худ - аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

*****
  Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад.

*****
  Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон – ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

*****
  Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

*****
  Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат аст. Бино бар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошанд.

*****
Вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

*****
  Илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад.

*****
  Забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост.

*****
  Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ мебошад.
 
  *****
  Мо бояд аз ҳама ғановат ва сарвати забони миллӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ба хубӣ истифода намоем ва намунаҳои беҳтарини онро пешкаши мардум гардонем. Аммо дар ин самт аз ҷониби воситаҳои ахбори омма камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо барои рушди забони миллӣ ҳатмист.

*****
  Тавоноӣ ва имконоти забони мо ба ҳадде буд, ки дар тӯли ин ҳама садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳе бисёр сахту шадид гузаштагони мо яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд. Зиёда аз ин, дар тӯли садсолаҳо забони мо дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё - аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили баҳри Миёназамин - нақши байналмилалӣ дошт ва забони мукотиба ва муҳовараи қавму халқҳои гуногун гардид.

*****
  Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад.

*****
  Ба муҳаққиқони забоншинос зарур аст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир мавриди таҳқиқ қарор дода, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

*****
  Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти қариб дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем.

*****
  Ҳарчанд давлати тоҷикон дар тӯли асрҳо борҳо мавриди ҳамла ва фишори аҷнабиён қарор гирифта буд, вале ниёгони мо маҳз ба шарофати забон ва фарҳанги бузурги худ тавонистаанд анъанаҳои давлатдории хешро нигоҳ доранд ё онҳоро аз нав эҳё намоянд.

*****
  Ҳарчанд ки гузаштагони мо баъд аз қабули дини ислом ба муҳити фарҳангии исломӣ дохил гардиданд, вале тавассути забону фарҳанг ва суннату анъанаҳои бостонии худ ҳувияти миллиашонро нигоҳ доштанд ва бо роҳи эҳёву ҳифзи забони модарӣ ва анъанаҳои миллӣ тавонистанд давлатҳои Саффориёну Тоҳириён, баъдан давлати мутамаркази Сомониён ва сипас давлати Ғуриёнро таъсис диҳанд.

*****
  Ҳар гоҳе дар бораи арзишҳои миллӣ сухан меронем, бузургтарин сарвати бебаҳои халқи худ - забони модариамон - забони тоҷикиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем.

*****
  Дар бораи забони давлатӣ сухан ронда, мо ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳем, ки ба забонҳои миллатҳои дигари ҳамватанамон беэътиноӣ сурат гирад. Баръакс, мо ба забон, фарҳанг ва мактабҳои миллатҳои бародари худ эҳтиром дорем ва ҳамеша ғамхорӣ хоҳем кард.

*****
  Барои ҳар фарди тоҷик лозим аст, ки забони модарии худро омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад.

*****
  Ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба арзишҳои бузурги миллӣ, аз қабили Ватан, модар, истиқлолияти давлатӣ, забон ва таъриху фарҳанги ғановатманди худ арҷгузорӣ намуда, барои ободиву шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем.

*****
  Иморати хештаншиносии тоҷикон дорои ду шаҳсутун аст, ки яке забони модарӣ ва дигаре ҷашни Наврӯз мебошанд. Яъне забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ якҷо бо Наврӯзи фархундаву озода муҷассамаҳои абадзиндаи мардуми ориёӣ ва пояҳои маънавии мавҷудияти таърихии тоҷикон ба ҳисоб мераванд.

*****
  Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон на танҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекӯшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд.

*****
  Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

*****
  Забони мо дар ҳама даврони таърихи гузашта аз омилҳои муҳими иттиҳоди мо буд. Ин иттиҳод бояд дар зеҳни мардум, бахусус насли ҷавон, ҳарчи бештар парвариш дода шавад.

*****
  Забони адабии мо, ки дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз, дар замони давлатдории навин, низ ба ҳайси забони давлатӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, мо ва наслҳои оянда ин забонро бояд ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем.

*****
  Донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ дар роҳи таблиғи забони илм дар кишвар бояд фаъолтар бошанд ва дар ин кор саҳми бевосита гузоранд. Агар мо дар бораи илми воқеии ватанӣ барои имрӯзу фардои ҷомеа бо хушбинӣ ва эътимод қазоват кунем ва насли ҷавони ояндасозро ба пайроҳаи равияҳои гуногуни илм ҳидоят намоем, бояд дониста бошем, ки ҳадафи мо ташкили илми миллӣ аст.

*****
  Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем. Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва ойини давлатдориаш расида наметавонад.

*****
  Пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа медонад ва ин арзишҳои муқаддасро гиромӣ медорад.

*****
  Андешаи миллӣ ҷавҳари ҳастии миллат, шарти бақои ҷовидонаи он аст ва дар заминаи фаҳмидану дарк кардани манфиатҳои миллӣ ташаккул меёбад. Ба ин маънӣ, андешаи миллӣ муҳимтарин рукни ҳастӣ ва ҳифзи хусусиятҳои равонии миллат мебошад.

*****
  Табиист, ки эътибори забони давлатӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳими рушди маънавии ҷомеа метавонад танҳо дар заминаи ташаккули андешаи миллӣ сурат гирад ва дар шароити давлати ягонаи миллӣ нуфуз пайдо намояд.

*****
  Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва, бо ин ҳама, арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва ба воситаи забон шинохта шудаанд. Аз ин рӯ, мо бояд ин забонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, аз таъсири тахрибкунандаи забонҳои дигар, тақлиди зараровари талаффузҳои сунъии калимаҳо ва ҷумлаҳо аз ҷониби баъзе наттоқону ровиёни тасодуфӣ ҳифз кунем.

*****
  Дар ҳама давру замон забони тоҷикӣ дар ҳастӣ ва бақои миллати сарбаланду тамаддунсозамон нақши ҳалкунанда доштааст.

*****
  Имрӯз мо бояд кӯшиш кунем, ки забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобгӯйи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем. Бо масъулияти тамом ва бар асоси меъёрҳои илмӣ ҳифз кардани забони давлатӣ, нигоҳдорӣ ва такмилу сайқал додани он вазифаи муқаддаси адибон, олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун, тамоми фарҳангиён ва аҳли ҷомеа мебошад.

*****
  Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.

*****
  Лаҳҷаҳо яке аз муҳимтарин манбаъҳои такмили забон буда, адибони гузашта ва муосири мо ҳамеша – бо истифода аз захираҳои ин ганҷина - луғату истилоҳоти фаровонеро ба забони меъёр ворид кардаанд.
  Аз ин рӯ, забоншиносон ва лаҳҷашиносон бояд ин сарчашмаи бебаҳоро мавриди омӯзишу баррасии ҷиддӣ қарор диҳанд ва забони адабиро аз ҳисоби дурдонаҳои он такмил диҳанд ва ғанӣ гардонанд.

*****
  Мо - насли калонсол - бояд барои наврасону ҷавонон бобати хуб донистан, гиромӣ доштан ва ҳифз намудани забони давлатӣ аз олуда шудани он бо унсурҳои забонии бегона ҳамеша намунаи ибрат бошем.

*****
  Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони давлатӣ ва таҳкими мақоми он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.

*****
  Мо дар солҳои истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё сохтем.

*****
  Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар аст. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад.

*****
  Забони тоҷикии мо, ки замоне бо он аз сари минбарҳо сухан гуфтан қариб аз миён рафта буд, имрӯз аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баланд садо медиҳад ва чун пайки сулҳу дӯстиву ваҳдат дар ақсои олам парвоз мекунад.

*****
  Пас ғамхории давлатӣ ва умумихалқӣ ба чунин як забони куҳану пурмуҳтаво, нобу шево ва лафзи гавҳарбори модарӣ барои ҳар кадоми мо - соҳибони он - ҳам фарз асту ҳам суннат.

*****
  Забони тоҷикӣ барои он зинда ва поянда монд, ки ҳиссиёти бародарӣ, якдигарфаҳмӣ ва равшан намудани роҳи ваҳдату бунёдкориро софдилона ва тоҷикона сутудааст. Ба ин суннати олии забонамон содиқ будан барои ҳар касе, ки худро меросбардори ин забони оламгир меҳисобад, шарафи бузург аст.

*****
  Устод Рӯдакӣ буд, ки пеши роҳи нуфузи фарҳанги бегонаро дар қаламрави Сомониён гирифта, истиқлоли воқеии адабиётро бо забони модарии мо фароҳам овард ва балоғату фасоҳати сухани тоҷикиро нишон дод.

*****
  Дар баробари идҳои бузурги умумимиллӣ мо ҳамчунин 1150-солагии зодрӯзи қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, инчунин Соли бузургдошти забони тоҷикиро таҷлил менамоем, ки ин нишонаи ростини пайванди фарҳангу суннатҳои деринаи давлатдории мо бо истиқлолияти воқеии миллатамон мебошад.

*****
  Тоҷикон маҳз ба шарофати забони модарӣ, фарҳанги безавол ва андешаи миллии худ тавонистаанд, ки аз мушкилтарин озмоишҳои таърих раҳоӣ ёфта, ба ҳастии худ неруву равони тоза бахшанд.

*****
  Тарбияи насли ҷавони соҳибмаърифат, огоҳу бедордил, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияҳои муосир минбаъд низ ҳамчун самти муҳими сиёсати давлат боқӣ мемонад. Зеро пешрафту тараққиёти ҳар як давлатро маҳз кадрҳо ва мутахассисони баландихтисосу кордон таъмин мекунанд.

*****
  Моро зарур аст, ки аҳаммияти забони давлатиро дар миёни кӯдакон ва наврасону ҷавонон тарғиб намоем ва онҳоро бо нозукиҳои забон шинос намуда, сарвати маънавии халқи фарҳангпарвар будани онро ҳамаҷониба шарҳ диҳем.

*****
  Устод Рӯдакӣ на танҳо шаклу навъҳои шеъри моро ба ҳадди такомул расонид, балки дурдонаҳои ноби забони тоҷикиро ба силки тасвир кашида, ба тозагии забони адабии тоҷикӣ аҳамияти ҷиддӣ додааст. Забони ашъори ӯ имрӯз забони ширадор, шаҳдрез ва абадзиндаи тамоми мардуми қаламрави форсигӯёни ҷаҳон аст.

*****
  Бо итминони комил метавон гуфт, ки номи Рӯдакӣ ҳамчун парчамбардори забони ширину шоиронаи тоҷикӣ то ҷовидон зинда хоҳад буд ва шеъри оламгири ӯ то абад дар қалби тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ҷӯш хоҳад зад.

*****
  Мо ба чорабиниҳои бузургдошти забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, ба хотири ҳимояту пуштибонии асолати чандинҳазорсолаи забони нобу шевои модариамон дар раванди рӯзафзуни хатарҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамчунин рӯҳу равони тоза бахшидан ба решаҳои бегазанди пайванди наслҳо, пойдории рукнҳои давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатамон рӯ овардем.

*****
  Худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад.

*****
  Имрӯз миллати тоҷик аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст, ки аз ҷавҳари башардӯстонаи тамаддуни ориёӣ ва суннатҳои пурарзиши тамаддуни ислом ибтидо мегиранд.

*****
  Ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адаби давлати Салҷуқиёни Рум забони тоҷикӣ буд ва ба шарофати чунин фазои мусоиди фарҳангӣ барои инкишофи илму ирфон, ҳикматуфалсафа ва шеъру адаби аҳли Хуросони Бузург ва сарзамини Эрон шароити созгор фароҳам омада буд.

*****
  Маҳз бо кӯшишҳои Имоми Аъзам ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳамияти махсус дода шуда, он дар байни диндорон ҳамчун забони дуюми аҳли биҳишт эътироф гардидааст.

*****
  Талошу кӯшиш ва андешаи истиқлол миллати моро ҳатто баъди суқути давлати Сомониён ва дар давраҳои ҷабру зулми сулолаҳои бегона қувват бахшидааст, ки аз шебу фарози таърих, аз озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳувият, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро то замони мову шумо расонад.

*****
  Аз худ кардани забони модарӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва густариш додану дар тафаккури миллӣ пойдор кардани он, ҳамчун забони давлатӣ, масъалаи муҳими давлатӣ, вазифаи муқаддаси падару модар ва мактабу маориф мебошад. Ин вазифаест, ки ҳамаи мо барои иҷрои он масъулият дорем.

*****
  Дар таърихи тамаддуни башарӣ халқҳо ва қавмҳои гуногун, бино бар нигоҳ дошта натавонистани асолати худ, бо халқҳову миллатҳои бузург ва тавонотар омехта, ҳастии забониву фарҳангии худро гум карда, оқибат аз байн рафтаанд. Хушбахтона, миллати тоҷик ба шарофати забон ва фарҳанги асилаш тавонист, ки дар саҳнаи таърих боқӣ монад.

*****
  Пойдорӣ ва рушди забон нишонаи ҳастии миллат мебошад. Агар миллат созандаи фарҳанги моддиву маънавӣ бошад, забонаш низ бобақо ва соҳибнуфуз хоҳад монд.

*****
  Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойномак»-у «Таърихи мулуки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»- ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад.

*****
  Кӯшиш бояд кард, ки ҷавонони мо бо тайёрии зарурӣ ба хориҷи кишвар рафта, бо сабаби надонистани забон ва меъёрҳои одии муносибату муошират бо кордиҳандагон ба мушкилот дучор нашаванд.

*****
  Забон ва тафаккури таърихии миллат пайванди ногусастанӣ доранд. Офарандагони адабиёти бадеӣ ва осори илмии беш аз чандин ҳазорсолаи мо ба забони модарӣ муҳаббат ва эҳтироми беандоза доштаанд. Онҳо хуб дарк мекарданд, ки забон беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат аст.

*****
  Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳифаҳои таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш - забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад.

*****
  Таваҷҷуҳи хоса доштан ба забони давлатӣ ҳаргиз маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи забонҳои дигарро надорад. Забони давлатӣ барои мо забони коргузорӣ, воситаи ҳамдигарфаҳмию муттаҳидӣ, забони ваҳдатофарин мебошад. Донистан, омӯхтан ва ба он эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

*****
  Раванди рӯзафзуни инқилоби илмию техникӣ баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии ҷавонон, махсусан ҷавондухтарон, ҷиҳати омӯхтану донистани забонҳои хориҷӣ ва дастовардҳои илми муосир, инчунин шинохтану ошно шуданро бо фарҳанги пешрафтаи халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон тақозо мекунад.

*****
  Забони тоҷикӣ забонест, ки андеша, ҳувият ва халқияти моро шакл додааст ва зарифтарину зеботарин ҷанбаҳояш ба хусусияти миллии мо табдил гаштаанд. Забони тоҷикӣ унсури ваҳдатбахш, рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллии мост.

*****
  Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи ҷонии ҷавонони мо мебошанд.

*****
  Шумо - модарону хоҳарони азиз - дар ҳамаи давраҳо нигоҳдорандаи забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ ҳастед ва барои покиву равонии он нақши асосӣ доред.

*****
  Ҳар як ҷавон бояд огоҳ бошад, ки дар оянда танҳо тавассути аъло донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, алалхусус забонҳои русиву англисӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ пеш бурдани зиндагӣ ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардан имконпазир мегардад.

*****
  Забони тоҷикӣ - ин забони шевову равону салис ва латифу хушоҳанг - дар марҳалаҳои гуногуни муборизаи соҳибзабонон баҳри дифои фарҳангу тамаддуни хеш бар мисоли шамшер қавӣ ва душманшикан будааст.

*****
  Нақши модар дар ободии хонадон, тарбияи фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

*****
  Ҷомеаи мо имрӯз зиёдтар ба асарҳое ниёз дорад, ки дастовардҳои даврони истиқлолият, кору пайкори қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишварамонро бо ҳақиқатнигорӣ, бадеияти баланд, забони зебо ва содаву равон инъикос гардидаанд ва ба хонанда лаззати маънавӣ ва эҳсоси ризоят мебахшанд.

*****
  Иқдоми дигаре, ки дар замони ҷомеаи иттилоотӣ муҳим аст, густариш додани истифодаву корбурди забони тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад.

*****
  Воқеан фарзанд сухани аввалинро низ аз забони модар ёд мегирад. Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад. Аз ин хотир, модарону хоҳарони мо вазифадоранд, ки ба фарзандонашон ҳарчи бештар ва амиқтар омӯхтани забони адабиро талқин намоянд.

*****
  Таърих гувоҳ аст, ки агар забон ва фарҳанги миллӣ аз байн равад, миллат низ дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дӯст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад.

*****
  Фарзанди таълимгирифтаву тарбиятдида, пеш аз ҳама, падару модари худро эҳтиром мекунад, ба қадри Ватани азиз, забони модарӣ ва фарҳанги миллати худ, ба қадри калонсолон ва меҳнати ҳалол мерасад.

*****
  Нақши модар дар тарбия, нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанди худ бузург мебошад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шуруъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад.

*****
  Ба шарофати кӯшишҳои гузаштагонамон, ки дар тӯли садсолаҳо ба харҷ додаанд, забону фарҳанг ва ҳувияти миллии мо - тоҷикон - то имрӯз пойдору устувор монд. Бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор, харобкориҳо ва таъсиру фишори аҷнабиён аҷдоди мо ин арзишҳои волои миллиро аз умқи ҳазорсолаҳо ба ояндагон ҳамчун ганҷи бебаҳо ба мерос гузоштаанд.

*****
  Мо, ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва фарҳанги солори тоҷикон, имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст.

*****
  Модар гаҳворабони забони адабӣ аст. Бино бар ин, бояд ҳар як зану духтари тоҷик дар баробари хуб донистани забони адабӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги миллӣ, инчунин дар бобати поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳифзи арзишҳои волои фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аҳамияти хоса диҳанд.

*****
  Дар айни ҳол мову шумо дар масъалаи ному номгузорӣ низ набояд бетараф бошем. Номгузорӣ як рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати милливу фарҳанги миллат мебошад.

*****
  Зан ва модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи халқамон барои ҳастии забон, пойдории миллат ва рушди фарҳанги миллӣ ғамхорона ва содиқона хизмат кардааст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ, бо дарназардошти мақому мартабаи шоистаи занон ва вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо аз оғози даврони истиқлолият то имрӯз хеле санадҳоро қабул ва татбиқ кардааст.

*****
  Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: «Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан».

*****
  Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва, умуман, камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

*****
  Рӯзи забони давлатӣ барои миллати куҳанбунёд ва фарҳангофарини тоҷик, дар баробари Рӯзи истиқлоли давлатӣ, Наврӯз ва Рӯзи модар, ҷашни муҳим ва арзишманд ба ҳисоб меравад.

*****
  Занону модарони мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунанд, ки сарзамини мо гаҳвораи забони нобу ширин ва шоиронаи тоҷикӣ-форсӣ ва оғозгоҳи шеъри оламшумули султони шоирон устод Рӯдакӣ аст. Ҳукумати Тоҷикистон ин нуктаро ба инобат гирифта, соли 2008-ро Соли забони тоҷикӣ эълон кардааст, ки 1150 - солагии поягузори адабиёти оламшумули тоҷику форс - устод Рӯдакӣ - низ дар доираи ҳамин сол таҷлил мегардад.

*****
  Мақсад аз бузургдошти забони тоҷикӣ ва таҷлили ҷашни қофиласолори шеър устод Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки мардуми кишвар бо эҳсоси гарми миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ асолати забони шаҳдбори тоҷикиро нигоҳ дорад, барои рушду густариш ёфтан ва фарогир шудани он ҳамеша талош намояд.

*****
  Рисолати модарон дар масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забон ҳамчун пояи асосии ҳамаи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин шиноснома ва бақову ҳастии миллати мо бузургтар аз ҳар каси дигар аст ва мо итминон дорем, ки занону модарон ин рисолати муқаддасро боифтихор анҷом медиҳанд.

*****
  Ташаккули тарзи зиндагии солим, модару фарзанди солим ва оилаи солим дар маҷмуъ, ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошанд ва дигар ин, ки фарзанди таълимдидаву тарбиятгирифта, пеш аз ҳама, эҳтироми падару модари худро ба ҷой оварда, ба қадри Ватан, забони модарӣ ва арзишҳои волои миллати худ, ба қадри калонсолон ва меҳнати ҳалол мерасад.

*****
  Модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

*****
  Вазифаи аввалиндараҷаи наврасону ҷавонон илму дониш омӯхтан, аз худ кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ, касбу ҳунарҳои замонавӣ, дар сатҳи аъло донистани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ мебошад.
 
                                                                                                   Сарчашма:
  1. Саидов З.Ш. Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. - Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. саҳ. 114-154
Таҳияи Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,
ходими пешбари илмии Шуъбаи
Осиёи Марказии ИОМДОА АМИТ

БОЗГАШТ