АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО ДАР БАХШИ ОБ ВА ЭНЕРГЕТИКА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Муаллиф: Камолов Камолидин

Расм

Тӯли ду рӯз, 25-26 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо дастгирии Институти омӯзиши сулҳи ШМА(USIP) конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика” бо иштироки васеи олимони варзида ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи обу энергетика аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, ШМА ва кормандони ВАО баргузор гардид.

Ба кори конференсия Сайдулло Қувватзода, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас иштирокчиёни чорабинии илмӣ Валихон Туреханов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Скотт Ворден, директори барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Институти омӯзиши сулҳи ШМА(USIP), Рустам Ҳайдарзода, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо суханони ифтитоҳӣ ба кори  конференсия барору комёбиҳо орзу намуданд.    

Дар ҷаласаи якуми пленарӣ -“Равишҳои нав ба идоракунии амнияти обу энергетикӣ”, ки гардонандааш профессор Рустам Ҳайдарзода, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд, як қатор олимони соҳа аз қабили профессор Ориф Амирзода, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Равишҳои нав ба идоракунии амнияти обу энергетикӣ дар шароити тғйирёбии иқлим”, Абдувоҳид Уразкелдиев, директори Институти тадқиқоти илмии ирригатсия ва проблемаҳои оби Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маърӯзаи “Баҳодиҳии иқтисодӣ ва экологии таъсири антропогении Амударё дар асоси модели WEAP”, профессор Абдуҳамид Қаюмов, директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- АМИТ дар мавзӯи “Тоҷикистон ҳамчун пешвои омӯзиши пиряхҳо дар ҷаҳон” суханронӣ намуданд.

Дар баромадҳо аз ҷумла оид ба ба ташвиши олимони соҳа ҷиҳати шадидан камшавии оби ошомиданиву обёрӣ, тағйирёбии иқлим дар натиҷаи обшавии рӯзафзуни пиряхҳо, хушкшавии идоманоки баҳри Арал, шӯрнокшавии заминҳои корам, биёбоншавӣ, инчунин харобшавии инфрасохтори дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ бунёдшуда, истифодаи нодурусти захираҳои об, сохтмони иншооти бузурги иригатсионӣ аз ҷониби кишварҳои дар назди дарёҳои фаромарзӣ қарордошта ва ғайра ибрози ақида карда шуд. Дар ин маърӯзаҳо, инчунин дар бораи ихтирову дастовардҳои нави илмӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаву сариштакоронаи захираҳои обӣ, омӯзиши бевоситаи таҷрибаи давлати Исроил оид ба истифодаи обёрии қатравии зироатҳо, оид ба идомаи сохтмону истифодабарии оқилонаи истгоҳҳои омӯзиши ҳолати пиряхҳо, дар бораи созмон додани комиссияи махсуси салоҳиятнок назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати омӯзиши доимии ҳолати пиряхҳо ва ғайра мубодилаи назар анҷом дода шуд. 

Дар ҷаласаи дуюми пленарӣ -“Таъмини механизми самараноки идоракунии обҳои фаромарзии Амударё ва Сирдарё” маърӯзачиён ба ин нукта таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд, ки соли 1983 замони Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба тақсимоти захираҳои оби минтақа байни кишварҳои болооб ва поёноб созишнома ба имзо расида буд, ва тибқи он кишварҳои болооб, Тоҷикистону Қирғизистон барои кишварҳои поёноб Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистон обро тобистон барои обёрӣ захира намуда, ба ивазаш зимистон қувваи барқ ва газ мегирифтанд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои поёноб обро барои ирригатсия бемамониат истифода мебаранд, аммо кишварҳои болооб аз қувваи барқу газ маҳруманд. Сухан инчунин оид ба тақсимоти оқилонаву сарфакоронаи оби дарёи Исфара байни Тоҷикистону Қирғизистон низ бори аввал мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки дар ин ҳолат Тоҷикистон чун кишвари поёноб баромад мекунад. Дар маърӯзаҳо оид ба пардохти хизматрасонӣ ҷиҳати истифодаи об байни давлатҳо, созмон додани Консортсиуми обию энергетикӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, тақвият бахшидану ҷоннок кардани фаъолияти созмонҳои Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об (МКВК), Фонди байналмилалии наҷоти Арал (МФСА), оид ба сохтмони иншооти бузурги иригатсионии Қӯштеппа дар шимоли Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба тақсимоти захираҳои оби ҳавзаи Амударё, таҷдиди назар нисбати лоиҳаҳои гидроэнергетикии минтақа, аз қабили бунёди НОБ-и Даштиҷум ва ғайра ибрози андеша намуда шуд.

Сипас, Муҳаммад Х. ходими илмии Донишкадаи таълими оби Делфт (Нидерландия) дар мавзӯи “Заминаҳо ва мулоҳизаҳо дар бораи ҳамкории қаблии фаромарзӣ дар соҳаи об байни Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, Черити Уотсон, мушовири стратегии Барномаи рушди СММ дар Афғонистон (ШМА) бо маърӯзаи “Динамикаи кунунии ҳамкорӣ бо Афғонистон дар ҳавзаи Амударё” суханронӣ намуданд.

Оид ба фишурдаи суханрониҳо чунин хулоса намудан имкон дорад, ки кишвари ҳамҷавори Афғонистон низ ҳуқуқ дорад аз ҳавзаи оби Амударё тибқи қонунҳои байналмилалӣ оид ба истифодаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ истифода барад ва ихтиёр дорад дилхоҳ иншооти обёрикунандаро баҳри баланд бурдани сатҳи некӯаҳволии кишвараш бунёд намояд. Маърӯзачиён дар бораи риоя нашудани меъёрҳои сохтмони чунин иншооти бузурги тӯлаш 285 километр бо паҳнии 100 метр ва чуқурии 8 метр  изҳори ташвиш намуда, ибрози андеша карданд, ки қоидаҳои элементарии ковиши чунин каналҳо, аз ҷумла рӯйпӯши бетонии қаъру соҳилҳои он ба назар гирифта нашудаанд.

Дар ҷаласаи сеюми пленарӣ - “Нигаҳдорӣ ва густариши муколамаи байни ҳавзаҳо ва кишварҳои минтақа” қайд гадид, ки созмонҳои Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об (МКВК), Фонди байналмилалии наҷоти Арал (МФСА) механизми воқеӣ ва қатъии назорати истифодаи обҳои ҳавзаҳои рӯдхонаҳои фаромарзиро надорад ва таъкид карда шуд дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Консортсиуми байналмилалии обу энергетикӣ таъсис дода шавад.

Дар ҷаласаи чоруми пленарӣ - “Ҳалли инноватсионӣ барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши обу энергетика” маърӯзаҳои илмии зерин мавриди мубодилаи назар қарор гирифтанд:

Фарҳод Толипов, профессори Донишгоҳи Вебстер (Узбекистон), “Стратегияи ҳамгироии дохилиминтақавӣ дар мушкилоти об”;

Булат Ауэлбаев, ходими калони илмии Институти таҳқиқоти стратегии Қазоқистон, “Сохтмони Камбар-Ата-1, аҳамияти он барои Осиёи Марказӣ”.

  Сипас баъд аз танаффус Чинара Адамқулова, профессори Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон бо маърӯзаи “Таъмини устувории тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ тавассути эҷоди барномаи таълимӣ оид ба идоракунии захираҳои об”, Абдуғанӣ Мамадазимов, ходими пешбари шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ дар мавзӯи “Санъати дипломатӣ барои ҳалли мушкилоти обу энергетика дар Осиёи Марказӣ” ибрози назар намуданд.

  Дар маърӯзаҳо оид ба созишномаи сегонаи байни Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷиҳати маблағгузорӣ ва бунёди муштараки НОБ-и Камбар-Ата-1 ва аҳамияти амалии он ба кишварҳои минтақа, маблағгузории эҳтимолии муштарак аз ҷониби ин давлат дар идомаи сохтмони НОБ-и Роғун ва истифодаи якҷояи он ва ғайра табодули афкор сурат гирифт.

  Дар давоми кори конференсия инчунин масъалаҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни кишварҳои минтақа, фарқияти онҳо ва воқеан фаъол намудани механизму абзорҳои амалии он баҳри рушди хоҷагии халқии кишварҳои ҳамҷавор сӯҳбату гуфтугузорҳои муфид анҷом дода шуд.

Камолов К. – ходими калони илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ