ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАВЛАТИ ҚАТАР ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Муаллиф: Достиева Дилафруз

Расм

        Дар замони ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани рақобати геополитикӣ,  густариши робитаҳои байналмилалӣ бо давлатҳои дуру наздик барои кишварҳои рӯ ба инкишоф муҳим аст. Аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба даст овардан Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯ,  мустақил ва фаъол  ба густариши муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои арабӣ ва исломӣ, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардааст. Дар айни замон Давлати Қатар, ки яке аз бонуфузтарин давлатҳои Халиҷи Форс аст, шарики муҳими стратегӣ барои Тоҷикистон ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ мебошад.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст даровардани истиқлолияти сиёсӣ дар таърихи 9- сентябри соли 1991 ба марҳилаи нави муносибатҳои сиёсӣ қадам гузошт ва ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар марҳилаи аввали шаклгирии сиёсати хориҷӣ дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва бо эъломи “сиёсати дарҳои боз” равобити байналмилалиро бо кишварҳои дуру наздик барқарор намуд.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ҷиҳати рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобила муносибатҳои дипломатӣ ва дуҷонибаи худро  бо Давлати Қатар  13-уми декабри соли 1994 барқарор намуда, дар марҳилаи кунунӣ муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нави сиёсӣ баровардааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар солҳои охир босуръат рушд карда, ба сатҳи шарикии бисёрҷониба расидаанд. Имрӯз ҳамкории байни кишварҳо доираи васеи соҳаҳоро аз сиёсати хориҷӣ ва иқтисод то фарҳанг, маориф ва сармоягузорӣ фаро мегирад.

         Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба, сафарҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар саҳифаи нави ҳамкориро бозкушоӣ намуд ва ба рушди босуръати минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба замина гузошт.

         Тибқи иттилои манбаъҳои дастрасшуда, аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвар 7 маротиба сафарҳои расмӣ ва давлатӣ анҷом дода шуд.

         Дар доираи сафарҳои анҷомшуда, сарони  ҳар  ду  давлат  роҷеъ  ба  имкониятҳо ва  афзалиятҳои  муносибатҳои  мутақобилан  муфиди  дуҷониба ва ҳамкории  Тоҷикистон  бо  давлатҳои  араб ва  мусулмон  табодули назар  намуданд.

        Инчунин  дар доираи мулоқотҳои  анҷомшуда атрофи як қатор масъалаҳо,  ҷалби  сармояи  Қатар  ва  мамлакатҳои  дигари арабу  мусулмон  барои  амалӣ  сохтани  барномаҳо  дар  Тоҷикистон,  аз  ҷумла,  дар  соҳаҳои  истихроҷи  қувваи  барқ,  таъминоти об,  нақлиёт,  алоқа ва   туризм  диққати  махсус  дода шуд, зеро ҳамкорӣ дар ин бахшҳои муҳими иқтисодӣ, ҳам барои  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Ҷанубӣ  аҳамияти  стратегӣ  доранд. Имзои  ҳуҷҷати  муҳим  дар  соҳаҳои  сиёсату  иқтисод,  тиҷорат,  илму  техника,  саноат ва ҳимояи  мутақобалаи  сармоя  аз намунаи густариши ҳамкориҳои мутақобилаи сиёсӣ мебошад.

         Миёни ҳар ду  кишвар маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла Меморандуми ҳусни тафоҳуми  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар  дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, Созишномаи палатаи Савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар дар бораи  таъсиси Шурои тиҷоратии ҳар ду кишвар, Меморандуми ҳусни тафоҳум дар соҳаи замбӯрпарварӣ ва Меморандуми ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ ба имзо расиданд.

         Ба имзо расидани ин аснод равобити ҳар ду мамлакатро боз ҳам қавитар сохта, барои вусъати ҳамкории мутақобилаи онҳо заминаи воқеӣ гузошта истодааст.

         Сафарҳо ва созишномаҳои анҷомшуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки намояндагони сатҳи олии ҳар ду кишвар ба рушду ташаккули муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

         Дар робитаи ба ин 3 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ сафар намуданд. Дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар изҳор намуданд, ки муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар заминаи эътимод ва эҳтироми ҳамдигар густариш ёфта, ҳадафаи ниҳоии ин муносибот рушди умумӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони ду мамлакат мебошад.

         Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва самтҳои ояндадори ҳамкории ду давлатро муаррифӣ  намуданд. Зимнан дар доираи ин мулоқот бештар ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо ва соҳаи кишоварзӣ, фарҳанг, илму маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ, сайҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

         Боиси қайд аст, ки ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ анҷом ёфта, ба фаъолияти кории онҳо баҳои баланд дода шуд.

         Муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ҳоло устувор ва  стратегӣ  арзёбӣ мегардад. Сафарҳои расмии мунтазами роҳбарони ду кишвар, имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ далели равшани ин раванд мебошанд.

         Ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қатар намунаи дурахшони дипломатияи мутавозин ва мутақобилан судманд аст, ки ба манфиатҳои ҳарду кишвар хизмат мекунад. Барои Тоҷикистон ин муносибатҳо на танҳо манбаи нави сармоягузорӣ, балки воситаи густариши нуфузи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳони ислом низ мебошанд.

        Дар оянда, бо татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисоди сабз, энергетика, сайёҳӣ ва маориф, муносибатҳои байни ду кишвар бешубҳа ба сатҳи нав хоҳанд расид ва ба таҳкими сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа мусоидат хоҳанд кард.

 

Достиева Дилафрӯз

корманди илмии шуъбаи  Шарқи Миёна ва Наздики  

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ