АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Хабаргузориҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз дастоварди варзишии Тоҷикистон менависанд

Муаллиф: Мадимарова Гулҳаё

Расм

Ҳар кишваре метавонад, бо роҳҳои гуногуне дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ шуда, дар сархати пойгоҳҳои хабарӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирад, Варзиш низ имрӯз аз роҳҳои муассиртарини шинохти як кишвар дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Бинобар ин, Тоҷикистон ҳам тавассути бозингарони боистеъдодаш муддатҳост дар сархати хабарҳои расонаҳо ва хабаргузориҳои бонуфузи ҷаҳон қарор дорад. Дар зер мо чанде аз расонаҳои ҷаҳониро, ки бо забонҳои гуногун, хосатан англисӣ, гузоришу хабар пахш кардаанд, таҳлил намуда, андешаҳои онҳоро дар мавриди дастовард ва қаҳрамонии футболбозони кишвар маълумоти муфасал ҷамъоварӣ намудем. Ҳамаи ин пойгоҳҳои хабарӣ аз ин нишондоди Тоҷикистон хеле мутаассир буда, хабарнигорон онро ба таври воқеӣ инъикос кардаанд.

Аз ҷумла, хабаргузориии машҳури Аврупо “Рейтер” бо унвонҳои “Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё тасмим гирифтааст, бо Қатар қувваозимоӣ кунад”, Тоҷикистон ба “муҳимтарин бозӣ дар таърихаш” омода аст- мегӯяд муррабии тим, “Тоҷикистон аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт»”, Тоҷикистон дар муқобили Амороти Муттаҳидаи Араб барои Ҷоми Осиё” ва ҳаммонанди инҳоро дар охири моҳи январи соли 2024 нашр кардааст. Пойгоҳи хабарии мазкур мувафаққиятҳои Тоҷикистонро дар ин ҷода беназир гуфта, хабарнигорон Кристиан Раднеҷ ва Тоби Дэвис чунин овардаанд: “Тоҷикистон аз рӯи зарбаҳои пеналтӣ Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб карда, ба чорякфиналии Ҷоми Осиё роҳ ёфт. Дар таърихи Ҷом Тоҷикистон пас аз Австралия (соли 2007) дуюмин навомад (дебютант) аст, ки ба даври ¼-ниҳоӣ баромад”. Хабарнигорони “Рейтер” ҳамчунин навиштаанд, ки гарчанде тими муқобил низ хеле хуб ва ҳунармандона бозӣ мекарданд, аммо ба тими миллии Тоҷикистон муяссар шуд, ки ин бозии сангинро бо мувафаққият бурд кунанд. Шабакаи байналмилалии варзишии амрикоии «ESPN» бошад навиштааст: «Тоҷикистон ҳамчун навомади Ҷоми Осиё дар роҳи расидан ба орзуяш то чӣ андоза пеш меравад?», —Дар идома тазаккур додааст, ки Тоҷикистон ба унвони навомад дар Ҷоми Осиё-2023 аллакай бо роҳ ёфтан ба даври 1/8-ниҳоӣ аз ҳама интизориҳо гузашта буд.

«Ҳатто бо он ки бори аввал Тоҷикистон дар майдони бузургтарини футболи Осиё ҳунарнамоӣ менамояд, аз чизе ҳарос надорад, — омадааст дар хабар. — Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё то куҷо ба муваффақият ноил мешавад, вақт нишон хоҳад дод, аммо набояд дар тааҷҷуб буд, агар онҳо воқеан бовар доранд, ки метавонанд тамоми роҳро тай намоянд».

Шабакаи варзишии Спортc Мовл “Sports Mole” дар мавриди ба кадом натиҷа расидани бозии миёни Тоҷикистон ва АМА баҳсу мунозираҳои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ карда ба хулосае омадааст, ки воқеан бозингарони Тоҷикистон ин бор бо тамоми санъат бозӣ карданд. Хабарнигори ин шабака Ҷоэл Лефевр навиштааст: “Тоҷикистон дар рӯбарӯ бо издиҳоми зиёде, ки аз АМА пуштибонӣ мекард, бо тамоми талошаш тавонист ба ғолибият рӯ ба рӯ шавад ва барои дарёфти пирӯзии худ дар ин мусобиқа ба зинаҳои ниҳоӣ қадам гузошт.

Дар таҳлили хабаргузории АФС Неюз (AFC) дар гузоришаш доир ба бозиии Тоҷикистон бо АМА бозингарони Тоҷикистон ба таври алоҳида номбарӣ карда, саҳми Рустам Ятимов-дарвозабони ин тимро дар бурди ин бозӣ баланд арзёбӣ кардааст. Хабаргузории мазкур навиштааст: “Мурабии тими тоҷикҳо дар ҳоле, ки шодияшро пинҳон карда наметавонист, гуфт, ки ҳадаф нигоҳ доштани орзуи Тоҷикистон аст. Ҳарчанд бозингари беҳтарин-дарвозабон Рустам Ятимов буд, ман боварӣ дорам, ки ҳангоми задани зарбаҳо як эҳсоси миллии ҳамаи бозингарон ба ҳам мутаҳид гардид”.

Шабакаи телевизионии байналмилалии Фаронса «France24» бо инъикоси пирӯзии дастаи мунтахаби мамлакати мо навиштааст, ки баъд аз роҳ ёфтан ба даври 1/8-ниҳоӣ барои Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 маҳдудият вуҷуд надорад. Асосиейт пресс (АASSOCIATED PRESS) низ ин комёбиҳои футболбозони тоҷик дар муқобили АМА чашмрас инъикос кардааст. Хабарнигори ин пойгоҳи хабарӣ Aijaz Rahi навиштааст “Гарчанде ки бозӣ хеле сангин буд, аммо тими тоҷикҳо тавонистанд, бозиро бо андохтани голҳои зиракона, ғолибиятро ба даст оранд”. Аентии Интернешнал Неюз (The international news) аз роҳ ёфтани дастаи футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиёро қобили таҳсин арзёбӣ карда, навиштааст: “Тоҷикистон низ ҳамчун як кишвари рӯ ба тарақии ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ аз баҳр баланд бо 10 миллион аҳолии худ дар ҷаҳони футбол ном баровард”. Ҳамчунин Калонтарин рӯзномаи Миср «Ahram Online» навиштааст, ки Тоҷикистон бо ҳамроҳ шудан ба Австралия дар ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 таърих менависад.

Дастоварди мазкур ва инъикоси он дар хабаргузориҳои ҷаҳонӣ метавонад, як востаи хубе барои боз ҳам муаррифӣ гаштани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон бошад.

 

Гулҳаё Мадимарова,

шуъбаи Аврупо

 

 

 

 

БОЗГАШТ