АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Халиҷ-Осиёи Марказӣ: муколамаи сатҳи олӣ

Муаллиф: Шаҳлохон Муродалӣ

Расм

19 июли соли 2023 дар музофоти Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Саммити аввали Сарони давлатҳои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд, ки дар он дар баробари дигар Сарони давлатҳо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Интизор меравад, ки муколамаи стратегӣ, ки 7 сентябри соли 2022 бо ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ дар ар-Риёз ибтидо ёфта, минбаъд дар вохӯриҳо дар қароргоҳи Шӯрои Халиҷ дар сатҳи сафирони давлатҳои ҳарду минтақа (охиринаш 16 январи соли 2023), ниҳоят, талошҳои пайгиронаи Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ д-р Нойиф Фалоҳ ал-Ҳаҷраф ҳангоми боздидаш аз давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи августи соли 2022 идома ёфта буд, дар ин нишаст дар сатҳи олӣ ба расмият дароварда хоҳад шуд.

Моҳияту аҳамият ва самтҳову ҳадафҳои ин муколама ҳанӯз дар ҳамон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ мушаххас шуда буданд. Аз дидгоҳи коршиносон ва воқеанигорони араб, ки қаблан мулоҳиза карда будем, Осиёи Марказӣ барои давлатҳои сарватманди араб минтақаи нисбатан нав буда, бо боигариҳои табиию башарии худ потенсиали бузурги сармоягузории дарозмуддатро метавонад фароҳам орад.

Аз ин ҷост, ки солҳои охир таваҷҷуҳи шаш давлати арабии Халиҷ (Арабистони Саудӣ, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Баҳрайн, Давлати Қатар, Давлати Кувайт ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб) ба ин минтақа ба таври назаррас афзуда, ҳар яки он ҷудогона барои вуруд ба иқтисоди он талошҳо кардаанд.

Арабистони Саудӣ, ки аз бузургтарин ва сарватмандтарин давлатҳои арабӣ дар Халиҷи Форс ба шумор меравад, гомҳои нахустро барои санҷиши набзи ҳамкорӣ бо кӯмакҳои бебозгашти зерсохторӣ тавассути Маркази Шоҳ Салмон оид ба имдод ва кӯмакҳои башардӯстона бардошта, то ҳол ҷиҳати иҷрои тарҳҳои зерсохторӣ ва иҷтимоӣ, хусусан сохтмон ва бозсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зиёди бебозгашт ҷудо кардааст.

Ҳамчунин Бунёди башардӯстонаи Шоҳ Абдуллоҳ панҷ клиникаи тиббии сайёрро бо арзиши тақрибии 20 млн долл.ИМА, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз шудаанд, барои расонидани ёрии тиббӣ ба Тоҷикистон тақдим кард.

Сипас ба тадриҷ Фонди Саудии Рушд дар чанд соли охир ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон рӯ оварда, барои бунёд ва бозсозии лоиҳаҳои зерсохторӣ қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 300 млн.долл. ИМА тақдим кард, ки он асосан ба бахшҳои беҳдоштӣ, маориф, нақлиёт ва обёрӣ равона карда шудааст.

Нақши Бонки Исломии Рушд, ки сармояи он асосан аз ҳисоби Арабистони Саудӣ ташаккул ёфтааст, дар рушди кишвар тавассути бунёди лоиҳаҳои муҳим дар тамоми соҳаҳо мусбат ва арзанда ба ҳисоб меравад,

Гомҳои нахустро дар бахши башардӯстӣ Давлати Кувайт ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ бардошта, хусусан дар соҳаи тандурустӣ ва мубориза бо пандемия кӯмакҳои назаррас карданд. Дар ҳар сурат, Давлати Қатар нисбат ба ин ду ҳамтои худ ба қадре боҷуръат ва пештоз ба назар мерасад.

Сафари расмии Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ чанде пеш (5-8 июни соли 2023) ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бо имзои як силсила созишномаҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ анҷом ёфт, ки иҷои он Қатарро ба яке аз шарикони рушд ва давлатҳои муҳими сармоягузор дар иқтисодиёти минтақа метавонад мубаддал созад, ба хусус ки бахши хусусии он дар мисоли ширкати бузурги гуногунҷабҳаи “Диёр Қатар” кайҳо таҷрибаи кору ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тавассути тарҳи “Диёр Душанбе” касб кардааст.

Тоҷикистон, ки дорои бузургтарин захираҳои оби тоза, нерӯи таҷдидшавандаи гирдоэнергетикӣ ва имкониятҳои фаровон барои рушди “иқтисоди сабз” мебошад, дар навбати худ метавонад ба давлатҳои арабии Халиҷи Форс барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ тарҳҳои ҷолиб ва ояндадори мутақобилан судманд ба нафъи минтақа пешниҳод намояд.

Метавон изҳори итминон кард, ки Саммити Ҷидда, ки бо сарпарастӣ ва мизбонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, натиҷаҳову қарорҳои чашмдошти он наздикӣ ва ҳамгироии дастаҷамъии бештари давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказиро дар пиёда кардани ормонҳои рушду шукуфоии бемайлон, таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ҳамчунин шоистаи ёдоварист, ки дар фазои геосиёсии ҷаҳони муосир густариши ҳамгироии Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ дар раванди таваҷҷуҳ ба бисёрқутбӣ, ки онро имрӯз ду абарқудрат Россия ва Чин ташвиқ ва роҳандозӣ мекунанд, қарор мегирад ва аз он, бешубҳа, ин ду абарқудрат, ки Осиёи Марказӣ доираи нуфузи онҳо ба шумор меравад, бебаҳра нахоҳанд монд, зеро минтақаи Осиёи Марказӣ барои давлатҳои арабии Халиҷ метавонад як навъ равзана ва ё худ мадхали иловагӣ бошад, ки масофаро ба сӯи Россия ва Чин ва сохторҳои минтақавии онҳо, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай наздиктар хоҳад кард.

Шаҳлохон Муродалӣ

ходими хурди илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ