АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Харитаи роҳ барои 5 соли ояндаи кишварҳои Халиҷ - Осиёи Марказӣ

Муаллиф: Одинаев Абдуҳалим

Расм

Мусоҳибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯзномаи арабии “аш-Шарқ ал-Авсат”

Сироҷиддин Муҳриддин - Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки шароити геополитикӣ зарурати таъсиси формулаи нави ҳамкориҳои ду ниҳодро ба миён меорад.

 

ар-Риёз: Фатҳ ар-Раҳмон Юсуф

19 июли 2023 милодӣ.

 

Дар ҳоле ки равобити Душанбе ва Риёзро бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъйид мекунад, дипломати воломақоми тоҷик гуфт, ки барои қабули нақшаи амалиётии муштарак ҳамчун харитаи роҳ байни кишварҳои Шӯрои ҳамкории кишварҳои Халиҷ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2023-2027 ошкор кард. Инчунин таъкид намуд, ки шароити имрӯзаи геополитикӣ зарурати таъсиси формулаи нави ҳамкориҳои ду минтақаро тақозо мекунад.

Сироҷиддин Муҳруддин - вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо рӯзномаи "аш-Шарқ ал-Авсат" гуфт: «Табиист, ки мушкилот ва буҳронҳои мавҷуда аз қабили афзоиши гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, қочоқи маводи мухаддир ва тағйирёбии иқлим барои кишварҳои ду минтақа хатарҳои муштарак эҷод мекунанд. Пас зарур аст, ки ҳифзи суботу амният дар марзҳои кишварҳои минтақа оҷилан таъмин ва ҳамкорию ҳамбастагиро миёни кишварҳои ду минтақа ба роҳ монд». Дар зер ҷузъиёти ин гуфтугуро муфассал баён мекунем:

 

Муҳимтарин рӯзномаи Саммити Халиҷӣ ва Осиё, ки дар Ҷидда баргузор мешавад, кадом аст?

Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба Ходими ҳарамайни шарифайн Салмон ибни Абдулазиз - Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон, Сарвазири Арабистони Саудӣ, Котиботи кулли кишварҳои Шӯрои ҳамкории кишварҳои Халиҷ барои ташкили ин нишасти таърихӣ, изҳори сипос намоям.

Муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷ аз ин тартиб аст: Бо хоҳиши кишварҳои ду минтақа густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим бояд ба роҳ монда шавад. Аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш мебошанд.

Бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи геополитикии имрӯза, таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон ин андешаро ба вуҷуд меорад, ки формулаи нави ҳамкории ду минтақа ба роҳ монда шавад. Ин яке аз омилҳои зарурати марҳилаи нави ҳамкориҳои байни кишварҳои ду минтақа аст.

Мо итминон дорем, ки манфиати асосии нишасти аввали сарони давлатҳои ду минтақа ба ҳамин масъалаҳо ва таҳкими муносибатҳо ва ҳамкории байни халқҳоямон нигаронида шудааст.

 

Нақшаи панҷсола

Оё нақшаи иқдоми муштарак вуҷуд дорад?

Аз минбари «аш-Шарқ ал-Авсат» таъкид мекунам, ки «Нақшаи иқдоми муштарак (харитаи роҳ) байни кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2023-2027» бо муҳтавои қобили қабули ҳамаи ҷонибҳо дар давоми ин сафар дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ дар моҳи сентябри соли 2022 дар пойтахти Арабистони Саудӣ- шаҳри Риёз қабул шудааст. Дар он ҷо ҳайати намояндагони Тоҷикистонро роҳбарӣ намуда, иштирок мекардам. Раҳбарони кишварҳо дар ҷараёни нишасти Ҷидда тарҳи иқдомоти муштарак, роҳҳои иҷрои он ва дурнамои ҳамкориҳои муассири кишварҳои ду минтақаро тасвиб хоҳанд кард.

 

Нигоҳ доштани сулҳу амонӣ

Кадом мушкилоте миёни тарафҳо, алалхусус, дар назди қорраи Осиё ва умуман минтақа истодаанд?

Ба ҳамагон равшан аст, ки шароит ва пешрафтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ, бо илова ба тағйирёбии иқлим дар минтақа ва ҷаҳон, на танҳо барои кишварҳои Осиё, балки барои тамоми кишварҳои ҷаҳони муосир таҳдиду хатарҳои умумиро ба вуҷуд овардааст.

Афзоиши пайвастаи чолишҳо, таҳдидҳо, нооромиҳо ва низоъҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, буҳронҳо дар Ховари Миёна ва минтақаи Осиё, аз як тараф ва таҳдидҳои марбут ба об ва беҳдошт, норасоии ғизо, тағйирёбии иқлим ва ғайра, аз тарафи дигар, воқеаҳое мебошанд, ки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро водор мекунад, ки барои муҳофизати сулҳу амнияти байналхалқӣ, минтақавӣ ва ҳаёти осоиштаи халқҳои ҷаҳон якҷоя мубориза баранд.

Албатта, чолишҳо ва буҳронҳои мавҷуда, аз қабили афзоиши гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир барои кишварҳои ду минтақа ва ҳифзи суботу амният дар марзҳои кишварҳои минтақа хатарҳои муштарак эҷод мекунанд. Аз ин хотир ин раванд ҳамкориву ҳамбастагии кишварҳои ду минтақаро тақозо мекунад.

Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар таъмини рушди кишварҳои ҷаҳони ислом дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ истиқбол мекунад. Аз нуқтаи назари мо, ин як роҳи муассири мубориза бо чолишҳои муосири амниятӣ мебошад. Умедворем, ки дар ин нишаст густариши ҳамкориҳои кишварҳои ду минтақа дар бахшҳои афзалиятнок ва ҳамчунин дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Падидаи таъхирнопазире, ки ба кишварҳои ҳарду минтақа ва дар маҷмуъ кишварҳои ҷаҳон таҳдидҳои шабеҳро ба вуҷуд овардааст, тағйирёбии иқлим аст. Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои кишварҳои ду минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ин замина назаррас аст.

Ташаббусҳои глобалии ду кишвар дар соҳаи об, иқлим ва муҳити зист, аз ҷумла ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - дар соҳаи об ва иқлим ва ташаббусҳои экологии шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон - шоҳзода валиаҳд ва сарвазири Арабистони Саудӣ, ташаббуси "Сабзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ" ва ташаббуси " Шарқи Миёнаи сабз", ки ҳадафи он татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад, муҳим дониста мешавад.

Мо аз кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷ барои дастгирии доимиаш аз ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, иқлим ва амнияти минтақавӣ миннатдорем. Мо инчунин дастгирии кишварҳои бародари минтақаро аз Ташаббуси панҷуми глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қадр мекунем.

 

Пайвандҳои ҳазорсола

Шумо равобити Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Мо аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки ба арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва робитаҳои таърихие, ки беш аз ҳазор сол тӯл мекашад ва аз равобити ҳасана, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои муштарак асос ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ мекунем. Мардуми тоҷику саудӣ дорои арзишҳои баланди фарҳангиву маънавӣ буда, онҳоро равобити таърихию фарҳангӣ ба ҳам наздик мекунад, ки таърихи беш аз ҳазорсолаҳо дорад.

Муносибатҳои ду кишвар низ бар пояи равобити бародаронае, ки миёни сарони баландпояи ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Подшоҳ Салмон ибни Абдулазиз - Ходими ҳарамайни шарифайн ва валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон вуҷуд дорад, бунёд шудааст. Ҳамкории ду кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо Шоҳигарии Арабистони Саудиро ҳамчун шарики муҳим дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Миёна эътироф мекунем.

Мулоқоту гуфтушунидҳои мунтазами сатҳи олӣ ва имзои як қатор созишномаву ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшид. Кишвари мо аз ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногун миннатдор аст. Аз ҷумла барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию башардӯстона барои Тоҷикистон. Бояд таъкид намуд, ки ҳоло ҳам имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории мутақобилан судманду фоидабахш ба таври пурра истифода нашудаанд. Мо умедворем, ки ҳамкориҳоро бо Арабистони Саудӣ боз ҳам рушду тавсеа диҳем. Ин барои ҳарду кишвар минбаъд низ муҳим дониста мешавад.

 

Инкишофи ҳамкорӣ

Уфуқҳои ҳамкории дутарафаро чӣ гуна мебинед?

Табиист, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ яке аз самтҳои афзалиятноки доираи муносибатҳои байни кишварҳои мост. Ҳаҷм ва роҳҳои муомилоти тиҷоратӣ миёни ду тарафро афзоиш дода, ҳамкориҳоро дар бахши сармоягузорӣ густариш додан лозим аст. Дар ин маврид, мо метавонем ба соҳаи истеҳсоли молҳои рақобатпазири содиротӣ, хусусан оби ошомиданӣ ва меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бо назардошти имкониятҳое, ки барои ҳар ду мамлакат мавҷуданд, таъкид намоем. Мо рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ барои ҳарду ҷониб судманд мешуморем. Ҳамаи ин соҳаҳо соҳаҳои муҳим буда, дар меҳвари диққати доимии тарафҳо мебошанд.

Қаблан дар ду кишвар Шӯрои соҳибкорон таъсис ёфта буд. Аз ин рӯ, гузаронидани форумҳои иқтисодӣ, намоишҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, саноатӣ ва дигар чорабиниҳои якҷоя нақши калон мебозад. Бояд тазаккур дод, ки барои густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои соҳибкорони ҳарду кишвар дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои мусоид мавҷуд аст. Аз ин рӯ, ман аз сармоягузорони бародари Шоҳигарӣ даъват мекунам, ки аз ин имкониятҳо пурра истифода баранд.

Дар шароити имрӯза, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, зарур аст, ки кишварҳои мо имконияту иқтидорҳои якдигарро бештар дарк кунанд. Ба ин хотир Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози соли 2022 ба шаҳрвандони Арабистони Саудӣ иҷоза додааст, ки бидуни раводид вориди Тоҷикистон шаванд. Ҳамзамон, дар моҳи марти соли 2023 ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «СОМОН Эйр» дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ҳафтае се маротиба парвозҳои мустақим оғоз кард. Ин омил барои рушд ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар муҳим аст. Мо боварӣ дорем, ки татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои муштарак, ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ва таҳкими муносибатҳоро дар дигар соҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ фароҳам хоҳад овард.

Яке аз василаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба фаъолияти комиссияи байни ҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ мебошад. Мо омодаем, ки фаъолияти Комиссияи муштаракро бо ҳадафҳои наҷиби шарикии стратегии иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳадафҳои стратегии рушди миллии кишварҳо барои соли 2030 ҳамоҳанг созем.

Итминон дорем, ки натоиҷи иҷлосияи сеюми ҷаласаи Кумитаи муштараки ҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки 12-уми декабри соли 2022 дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ҳузури муҳандис Холид ал-Фолиҳ - вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ пайгирӣ хоҳад шуд ва ду тараф фаъолиятҳои худро барои иҷрои барномаҳои мушаххас тақвият хоҳанд бахшид.

 

Назорати иқлим ва партовҳо

Шумо ба мушкилоти ҳифзи иқлим, рақамисозӣ ва ҳамкории дуҷониба чӣ назар доред?

Хушксолию обхезии бесобиқа, ки дар солҳои охир дар ҷаҳон ба амал омадаанд, нишон дод, ки дар минтақаи Осиёи Миёна бори дигар тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти умдаи ҷаҳон боқӣ мемонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳистон аст, ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазир аст. Офатҳои табиии марбут ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот меорад. Дар бисёр ҳолатҳо, он боиси талафоти молию ҷонӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле кам аст. Дар ин раддабандӣ кишвари мо дар зинаи 130-ум қарор дорад. Яъне аз сабаби кам будани ин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Беш аз 98 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистон аз манобеъи таҷдидшаванда тавлид мешавад. Яъне «энергияи сабз», бахусус неруи барқии обӣ. Аз рӯи ин нишондод, Тоҷикистон, дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол менамояд.

 

Стратегияи "Бепартовҳо"

Ҳамзамон, мо нақша дорем, ки ҳиссаи худро дар татбиқи стратегияи «Бепартовҳо» тавассути рушди «Энергияи сабз» то соли 2050 афзоиш диҳем. Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим «2030» ва як қатор санадҳои дигарро қабул кардааст. Захираҳои об дар раванди мутобиқшавӣ, устуворӣ ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва инчунин коҳиш додани оқибатҳои он нақши калидӣ доранд. Афзоиши офатҳои табиии марбут ба об робитаи ногусастании байни захираҳои об ва тағйирёбии иқлимро нишон медиҳад.

Дар баробари ин, Шоҳгарии Арабистони Саудӣ инчунин дар самти мубориза бо чолишҳои тағйирёбии иқлим барномаҳо ва стратегияҳои муҳимро амалӣ мекунад ва ин ташаббусҳо аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ қадрдонӣ шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст бо Арабистони Саудӣ дар заминаи муқовимат бо чолишҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва дар самти иқтисоди рақамӣ табодули таҷриба кунад.

 

Тарҷума аз арабӣ:

Одинаев Абдуҳалим

 

 

Манбаъ:

https://aawsat.com

 

Зери унвонӣ:

وزير الخارجية الطاجيكي لـ«الشرق الأوسط»: خريطة طريق خليجية - وسط آسيوية للسنوات الـ5 المقبلة

مهر الدين أكد أن الظروف الجيوسياسية تحتم إنشاء صيغة جديدة للتعاون بين الكيانين

الرياض: فتح الرحمن يوسف

آخر تحديث: 15:29-19 يوليو 2023 م ـ 02 مُحرَّم 1445 هـ.

БОЗГАШТ