АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Хусусиятҳои хоси рушди инноватсияи Кореяи Ҷанубӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Дар майдони сиёсӣ ва рақобатҳои геополитикиву геоиқтисодӣ рақобатҳо миёни кишварҳои абарқудрат бештар дар самти иқтисодиёт дида мешавад. Бозингарони сиёсӣ баҳри ба даст овардани манфиатҳои миллӣ пайваста дар рақобат мебошанд, то ин ки мавқеи худро дар минтақаи Осиёи Шимолу Шарқӣ нигоҳ доранд. Дар минтақаи Осиёи Шарқӣ се кишвари пуриқтидор Чин, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ мавҷуд аст, ки ҳар яке баҳри амалӣ кардани манфиатҳои миллии худ талош менамоянд. Метавон зикр кард, ки Кореяи Ҷанубӣ дар минтақа мавқеи хос дорад. Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои муваффақ буда, иқтисоди пешрафта дорад, ки дар муддати кӯтоҳ тавонист ба як кишвари индустриалӣ ва демократӣ табдил ёбад. Инчунин Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун бозингари сиёсӣ дар минтақа, ба гурӯҳи кишварҳои даҳгонаи бабрҳо, яъне “Бабрҳои Осиё” шомил мебошад. Модели инноватсионии рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ ва раванди рушди он хусусияти махсуси таърихӣ дорад. Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, энергетика, илм, фанноварӣ, ва тандурустӣ пешрафт намудааст, ки соҳаҳои мазкур дар рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозанд.

Бояд қайд кард, ки омилҳои рушди инноватсияи Корея чунин аст:

  1. Кореяи Ҷанубӣ кишвари саноатӣ ва кишоварзӣ мебошад, ки саноати кишвар дар тӯли чанд даҳсолаи охир динамикаи баланди рушдро нишон дода, иқтисоди кишвар босуръат рушд кард. Таҷрибаи рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ як қатор хусусиятҳои калидӣ дорад. Дар натиҷаи ба ду қисм тақсим шудани нимҷазираи Корея муносибатҳои анъанавии иқтисодии ҷануби аграрӣ ва шимоли саноатӣ вайрон гардид. Қайд кардан зарур аст, ки асоси сохтмони рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ захираҳои арзони меҳнатӣ мебошад. Дар умум бо сарватҳои табиӣ таъмин намудани Кореяи Ҷанубӣ чунин мебошад:

- Захираҳои замин. Дар кишвар заминҳои коррам мувофиқ ба хоҷагии қишлоқ хело кам мебошад. Асосан заминҳои корам дар ҳавзаҳои дарёҳо ва соҳилҳои баҳр ҷойгиранд. Аз ҳама калонтаринашон Йонгсонг (713км) мебошад, ки ба баҳри Зард мерезад.

- Захираҳои ҷангал. Дар Кореяи Ҷанубӣ айни замон захираҳои ҷангал хело кам мондааст. Якчанд намуди дарахт дар ҷангал мерӯяд. Парвариши женшен бошад монополияи давлатӣ мебошад.

- Канданиҳои фоиданок. Кишвар аз лиҳози захираҳои зеризаминӣ танқисӣ мекашад. Аз ин рӯ иқтисоди муосири Кореяи Ҷанубӣ қариб ки ба пуррагӣ аз воридоти маъданҳои фоиданоки хориҷа вобастагӣ дорад. Танҳо 3,5%-и канданиҳои ангишт истихроҷ гардида, арзиши фоиданокии онҳо зиёда аз 5200ккал/кг зиёд мебошад. Захираҳои маъдани оҳан ҳам хело кам, ҳамагӣ 128 миллион тонна мебошад. Барои саноат кони волфрами Сангдони вилояти Канвондо аҳамияти калон дорад. Дар он захираҳои маъдан тақрибан 34 млн тоннаро ташкил медиҳад.

  1. Кореяи Ҷанубӣ иқтисоди бозори озодро қабул намуда, бо дигар кишварҳо гуфтушунид карда, созишномаи тиҷорати озодро ба имзо расонид ва инчунин ба хориҷиён имконият фароҳам овард, ки озодона дар кишвар сармоягузорӣ кунанд ва ҳамзамон соҳибкорони ватаниро барои сармоягузории озод дар хориҷи кишвар ҳавасманд карданд. Кореяи Ҷанубӣ имтиёзҳои дарозмуддат барои сармоягузории хориҷӣ бо мақсади бунёд намудани марказҳои бузурги молиявӣ ва логистикӣ дар минтақаи Осиёи Шимолу Шарқӣ пешниҳод намуд. Кишвар дар аксари соҳаҳо махсусан дар соҳаи хоҷагии қишлоқ бозори худро кушод. Соли 2015 Кореяи Ҷанубӣ бозори савдои биринҷро кушод, ки яке аз соҳаи дигари кишоварзӣ ба шумор рафта, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи махсус ба даст овардааст. Бо мақсади васеъ намудани ҳудуди иқтисодии худ, Кореяи Ҷанубӣ бо кишварҳои ҷаҳон созишномаи тиҷорати озодро ба имзо расонид.
  2. Кореяи Ҷанубӣ бо 52 кишвари ҷаҳон созишномаи тиҷорати озод ба имзо расонид аз ҷумла: Чилӣ, Ассотсиатсияи тиҷорати озоди Аврупо, Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Ҳиндустон, Иттиҳоди Аврупо, Перу, ИМА. Туркия, Австралия, Канада, Чин, Зеландияи Нав, Ветнам, ва Колумбия. Инчунин худи ҳамон сол кишвар бо панҷ кишвари Амрикои марказӣ-Коста-Рика, Салвадор, Никарагуа, Гондурас ва Панама созишнома оид ба тиҷорати озод ба имзо расонид. Тибқи Қонуни пешбурди сармоягузории хориҷӣ, ҳукумат фоидаи сармоягузорони хориҷиро кафолат медиҳад ва ба онҳо имтиёзҳои гуногун ба монанди имтиёзҳои андоз, кӯмаки молиявӣ, сабук кардани қоидаҳо оид ба заминро пешниҳод мекунад. Инчунин ҳуқуқи моликияти зеҳнии хориҷиён ва муомилоти асъориро ҳимоя мекунад. Ҳамин тариқ ба сармоягузорони хориҷӣ иҷозат дода шуд, ки фоидае, ки дар Кореяи Ҷанубӣ ба даст меоранд, дар асоси корҳои созанда ва самаранок берун аз кишвар интиқол диҳанд. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ба сармоягузорони хориҷӣ барои дастгирии ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ барои бунёди корхонаю маркази тадқиқотӣ, харид ё иҷора ва ё сохтмони бино, иншооти барқӣ ва коммуникатсия, озодона ҳуқуқ доранд. Агар сармоягузорони хориҷӣ заминаеро барои бунёди корхона дар ҳукумати марказӣ ва ё маҳаллаи марказӣ харидорӣ кунанд, онҳо метавонанд, маблағи онро муддати 20 сол талаб намоянд. Ғайр аз ин, ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ дар асоси маблағҳои Сармоягузорони мустақими хориҷӣ ва шумораи сокинони маҳаллие ки бо кор таъмин карда мешаванд, кӯмакҳои пулӣ мерасонанд. Ҳукумати кишвар омода аст, ба сармоягузорони хориҷӣ замин ва сармоя диҳад, дар ҳоле ки тоҷирони хориҷӣ маҳорати баланд нишон диҳанд ва теъдоди муайяни сокинони маҳаллиро бо кор таъмин намоянд. Як нуктаи асосиро қайд кардан зарур аст, ки ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ пас аз буҳрони асъории соли 1998 афзоиш ёфт ва тамоюли болоравӣ идома дорад. Дар соли 2019 саҳми Сармоягузории мустақими хориҷӣ 23,3 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар панҷ соли охир пай дар пай ба 20 миллиард доллари амрикоӣ расид.
  3. Фурудгоҳи байналмилалии Инчхон аз рӯи ҳаҷми бор рекорд гузошта, афзоиш идома дорад ва дар соли 2019 ҳаҷми бор ба 2,76 миллион тонна расид. Тибқи маълумоти Шӯрои байналмилалии фурудгоҳ (ACI, Airports Council International) аз соли 2013 инҷониб Фурудгоҳи байналмилалии Дубай аз рӯи интиқоли борҳои байналмилалӣ дар ҷойи дуюм буда, аз Фурудгоҳи байналмилалии Инчхон пешсаф мебошад. Бо вуҷуди ин, Фурудгоҳи байналмилалии Инчхон нақша дошт, ки дар соли 2018 мавқеи пештараи худро тариқи пешниҳод намудани рушди системаи ҳавасмандкунии логистикӣ барқарор кунад. Қайд кардан зарур аст, ки фурудгоҳи байналмилалии Инчхон 12 сол пайи ҳам дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дошт ва дар арзёбии солонаи хадматрасонии фурудгоҳ, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии фурудгоҳ зиёда аз 1700 фурудгоҳҳои ҷаҳон Шӯрои машваратӣ гузаронида шавад. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Инчхон сифати баланд дорад. Илова бар ин, аввалин фурудгоҳ дар ҷаҳон мебошад, ки ба Толори шӯҳрати байналмилалии Шӯрои фурудгоҳҳо шомил гардидааст. Кореяи Ҷанубӣ бисёр бандарҳои тиҷоратии байналмилалӣ дорад, аз қабили Пусан, Инчхон, Пхёттхэк, Кванян, Улсан, Пхоҳан ва Тонхэ. Дар соли 2019 ҳаҷми интиқоли бор дар бандарҳои кишвар 1643,97 миллион тоннаро ташкил медод, ки нисбат ба соли гузашта 1,2% афзоиш ёфтааст.

Хулоса метавон гуфт, ки омилҳои дар боло зикр гардида, ба рушди иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ нақши назаррас дорад. Солҳои аввал рушди иқтисоди кишвар хело суст буд, вале дар замони муосир дар тӯли даҳсолаи охир иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ бо суръат рушд кардааст. Ҳукумати кишвар тиҷорати озодро қабул намуда, сармоягузорони хориҷӣ ва дохилиро ҷалб намуда, ҳуқуқи моликияти ҳамаи шаҳрвандон кафолат додааст. Махсусан дар рушди иқтисоди кишвар Ширкатҳои бузурги кишвар саҳми хоса доранд ва бештар дар соҳаҳои илму-технологияи муосир, мошинсозӣ, таҷҳизотҳои электронӣ, киштисозӣ, металургияи сиёҳ, металургияи ранга, нефту химия ва хоҷагии қишлоқ иқтисоди кишвар рушд намудааст. Аз ин рӯ, истифодаи самаранокии иқтидори иқтисодӣ ва дигар роҳҳое ки дар боло зикр гардидааст, мавқеи Кореяи Ҷанубиро дар минтақаи Осиёи Шарқӣ муайян месозад, инчунин Кореяи Ҷанубӣ тавонист иқтисоди кишварро ба дараҷаи баланд бардорад.

Адабиёт

  1. Korean cultural center – Korean information- economy “The Korean economy” URL: https: // www. Korean culture . org / korea-information-economy (санаи муроҷиат 8.06.2023)
  2. How Did South Korea’s Economy Develop So Quickly? URL: https: // www.stlouisfed.org/on-the-economy/2018/march/how-south-korea-economy-develop-quickly (санаи муроҷиат 23.06.2023)
  3. Шакиров А.А “Основные направления развития экономической политики Республики Корея”//Том.3№1 (9) 2019// URL: https: // cyberlenka.ru/article/n/osnovnye-napravleniya-razvitiya-ekonomicheskoy-politiki-respubliki-koreya(1).pdf ( санаи муроҷиат 1.02.2023)
  4. Best Logistics Companies in Korea for Commerce Fulfillment Solutions URL: https: // www. Seoulz. com /best-logistics-companies-in-korea-for-ecommerce-fulfillment-solutions/ Санаи муроҷиат 2.06. 2023

Файзуллаева Н

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

БОЗГАШТ