АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ИҚДОМИ МУШТАРАКИ САФОРАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА НИДЕРЛАНД ДАР БЕРЛИН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Дар остонаи баргузории “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023” дар шаҳри Ню-Йорк бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии ин кишварҳо дар Берлин чорабинии муштарак анҷом доданд.
 
                                                                               

  Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов ва Сафири Нидерланд Роналд ван Роден дар муроҷиати видеоии муштарак вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалии об, гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва ҳамкориҳо дар ин самт тамаркуз карданд.
  Роналд ван Роден зимни суханронии хеш зикр намуд, ки Нидерланд кишвари обӣ аст. Мо дар масоили об ҳамеша мубориза мебурдем. Нидерланд роҳҳали мушкилиҳои обро тариқи сохтани сарбандҳо, полдерҳо (минтақаҳои аз баҳр озодшуда, ки махсусан ҳосилхезанд) ва корезҳои обёрӣ пайдо кард. Аммо дар баробар ин, ба мо ҳамеша ва дар ҳама ҷой об лозим аст. Яъне, барои парвариши ғизо, ҳаёт ба сар бурдан ва солим мондан”.
  Мо мехоҳем донишҳои дар бораи об андӯхтаамонро бо кишварҳои дигар мубодила кунем. Идоракунии об фаромарзӣ аст ва барои ҳама кишварҳо аҳамияти муҳим дорад. Ба ин далел, Нидерланд ҳамроҳ бо Тоҷикистон мизбони Конфронси имсолаи оби Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк мебошанд“.
  Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов қайд намуд, ки “Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои ғании оби тоза буда, зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Истифодаи самараноки захираҳои оби ошомиданӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор нақши муҳим дорад. Тоҷикистон тӯли ду даҳсолаи охир муштаракан бо кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои зертобеи он як зумра ташаббусҳои глобалиро пешниҳод намудааст”.
  Ҳамин тариқ, бар асари гармшавии глобалӣ раванди обшавии пиряхҳои дар ҳудуди кишвари мо қарордошта сол то сол суръат мегирад. Ҳамкории Нидерланд ва Тоҷикистон бешубҳа намунаи он аст, ки чӣ гуна об метавонад кишварҳои мухталифро ба ҳам биёрад. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоти об дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор саҳми назаррас мегузорад.
  Сафари Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси обии Созмони Милали Муттаҳид хеле пурсамар буда, дар сатҳи олӣ чеҳраи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, дорои фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ, кишвари кӯҳҳои осмонбӯс, дорои сарватҳои табиии фоиданок, кишвари зебоманзари сайёҳӣ муаррифӣ карда шуд. Ин вохӯриҳо дар сатҳи олӣ хеле пурсамар буда, инчунин дар самти эколоҷии кишварамон муҳим ва манфиатовар дониста мешавад. Ин як такони бузурге дар рушду нумуи кишвари Тоҷикистони зебоманзарамон мебошад.
 
Сарчашма:
https://mfa.tj/tg/berlin/view/12340/iqdomi-mushtaraki-saforathoi-tojikiston-va-niderland-dar-berlin
 
Воҳидова Санавбарбону,
доктори илмҳои таърих, профессор,
мудири шуъбаи Аврупо ва Америка
 

БОЗГАШТ