ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ - САРОҒОЗИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ТОҶИК (бахшида ба Рӯзи Президент)

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Расм

        Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як рӯйдоди воқеан бузурги таърихӣ дар ҳаёти миллати тоҷик нақшу мақоми арзандаю беназир дорад.  Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олӣ, дар таърихи давлатдории навини тоҷик Иҷлосияи таърихӣ маҳсуб меёбад. Мусаллам аст, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ қисмати миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал гардид. Зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки Иҷлосия дар фазои якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва дар сатҳи зарурӣ баргузор гардид. Тазаккур бояд дод, ки  Иҷлосияи таърихии ХVI  Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанди бостонӣ ба вуқуъ пайваст қадами нахустин баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ буд.

         Ҳақ бар ҷониби академик Маҳмудов Маҳкам мебошад, ки  16 ноябри соли 1992 дар таърихномаи миллати тоҷик рӯйдоди бузурге ба вуқӯъ пайваст, ки он дар тақдири минбаъдаи рушди давлату давлатдории навини мо ва пойдории ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат нақши муассир бозид. Зеро дар ин рӯзи воқеан ҳам таърихӣ бо азму иродаи мардуми кишвар ва бо мақсади барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат дигаргунии куллӣ ба миён овард, доир гардид. Ҳадафи асосии баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама таъмини сулҳу суботи комил дар тамоми қаламрави кишвар ва ба ин васила хотима гузоштан ба низоъҳои дохилӣ, ки дар он лаҳзаҳо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба чашм мерасид ва мардум аз тарсу ҳароси ҷонӣ ба давлатҳои ҳамсоя фирор мекарданд, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, барқарор намудани рукнҳои фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ ва қабули як қатор санадҳои ҳуқуқии муҳим, ки дар ташаккули минбаъдаи низоми давлатдорӣ ва раҳоӣ аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат нақши босазо бозиданд, ба шумор меравад[1].

         Олимов Кароматулло академик, доктори илмҳои фалсафа хосатан таъкид сохтааст, ки дар ҳамин давра баргузор шудани Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани шахсияти ҳанӯз дар арсаи сиёсати бузург камтаҷриба, вале ҷасуру вафодор ба аҳдофи олии истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузурге дар таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар бозид. Ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дорои хислатҳои ғайриоддӣ буда, дар он лаҳзаи ҳалкунандаи буду нобуди давлату миллат тавонист роҳи наҷотро ҷустуҷӯ карда, барои барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҷоди давлати навини ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона ҷомеаро сафарбар намояд. Бояд гуфт, ки Қарорҳое, ки дар ин Иҷлосия қабул шуданд, асоси барномавии фаъолияти мақомоти давлатиро дар кишвар муайян намуданд[2].

         Ба қавли Раҳимов Маҳмад Забирович, доктори илмҳои ҳуқуқ  иҷлосияи мазкур дар ҳаёти кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим бозид ва минбаъд тантанаи қонунро дар мамлакат таъмин намуд ва дар роҳи бо тарзи конститутсионӣ ҳал намудани масъалаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа мусоидат намуд. Дар Иҷлосия барои ба эътидол овардани ҳолати нооромии мамлакат,  раҳонидани он аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин барои ба созиш овардани тарафҳои даргир 74 санадӣ ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун қабул карда шуданд[3].

         Ализода Зариф бар он андеша аст, ки аз рӯзҳои аввали иҷлосия, хусусан интихоби роҳбарияти нави мамлакат иқдоми ба эътидол овардани вазъият ва сулҳу осоиш оғоз гардид. Баъди интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомавлӣ Раҳмон бо қатъят изҳор намуд, ки “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам”.  Ҳаёт шоҳиди он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ин қасами худ содиқ монда, тамоми заҳмати худро барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон сарф кард ва ба сулҳу оштии миллати тоҷик ноил гардид. Ва хушбахтона имрӯз мо дар фазои сулҳу оромӣ барои инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон кору фаъолият дорем. Дар ин ҷода дар Иҷлосия якчанд санадҳои дигар низ қабул гардиданд, ки онҳо баҳри ба эътидол овардани вазъият ва сулҳу оштии миллӣ нақши сазовор доранд[4].

          Имрӯзҳо бо ҳисси баланди худшиносию ҳудогоҳии миллӣ метавон иброз  намуд, ки тамоми дастовардҳои миллати сарбаланду тамаддунпарвари тоҷик ба шарофати Истиқлоли давлатӣ пайвасти мустақим ва ҷудонопазир дошта, аз муҳтавои  азму иродаи созандаи миллати тоҷик сар задааст.

          Бо сарварии фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз лаҳзаҳои нахустини эъломи истиқлолияти давлатӣ ва давроне, ки Тоҷикистон дар гирдоби обу оташ буд, ба хотири таъмини сулҳу субот, амният, пойбарҷоиву ободии ҷомеаи тоҷик бори гарони давлатсозиро бар души худ гирифта, тайи 35 соли охир қадамҳои устувореро дар ин роҳ гузоштааст.      

 

                                         САРЧАШМА

1.Маҳмудов М.А. Нақши Қарорҳои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокиияти конститутсионӣ. Саҳ.26//Симпозиуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши таърихии Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон”(маҷмӯаи мақолаҳо).-Душанбе: “ЭР-граф”, 2012.-108с.

2.Олимов К.О. Нақши Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олӣ дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон. саҳ.51-52//Симпозиуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши таърихии Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон”(маҷмӯаи мақолаҳо).-Душанбе:“ЭР-граф”, 2012.-108с.

3. Раҳимов М.З. Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олӣ ва инкишофи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.саҳ.57. //Симпозиуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши таърихии Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон”(маҷмӯаи мақолаҳо).-Душанбе:“ЭР-граф”, 2012.-108с.

4. Ализода З. Иҷлосияи  таърихии ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон. Саҳ.89 //Симпозиуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши таърихии Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон”(маҷмӯаи мақолаҳо).-Душанбе:“ЭР-граф”, 2012.-108с.

 

 

ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна,

ходими пешбари илмии

Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

 

БОЗГАШТ