АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Иқтисодиёти Шоҳигарии Белгия

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

Шоҳигарии Белгия аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта буда, бо истеҳсоли маҳсулот ва техникаи аълосифат дар Аврупои Ғарбӣ мавқеи намоён ишғол менамояд. Шоҳигарии Белгияро аввалин давлати индустриалии ҷаҳон мешуморанд. Дар даҳсолаи охири қарни ХХ ва аввали қарни  ХХI иқтисоди Шоҳигарии Белгия дар ҳолати мураккаби азнавсозии иҷборӣ қарор дошт. Бинобар ин ҳукумат зуд ба барқарорсозии истеҳсолот ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ рӯ оварда, бахши хусусиро ривоҷ дод.

  Шоҳигарии Белгия дар соҳаи нақлиёт, хоҷагии коммуналӣ ва сӯзишвории энергетикӣ пешсаф аст. Дар Шоҳигарии Белгия 75 дарсади барқ дар нерӯгоҳҳои атомӣ истеҳсол мешавад. Дар Шоҳигарии Белгия истеҳсол ва коркарди филиззоти сиёҳ ва ранга дар ҷойи аввал аст, махсусан истеҳсоли мошин ва таҷҳизот барои саноати филизкорӣ, кимиё, нассоҷӣ, воситаҳои нақлиёт, электротехника, радиоэлектроника ривоҷ ёфтааст.

  Дар иқтисоди Шоҳигарии Белгия автомобилбарорӣ соле 1 млн адад, якҷоя бо ширкатҳои ҷаҳонии Форд, Ҷенерал Моторс, Фолксваген, Волво нақши бузург дорад. Шоҳигарии Белгия истеҳсол ва содиркунандаи маводди кимиёии ғайриорганикӣ–кислотаҳои гуногун, содаи калсийдор, нуриҳои минералӣ, маводди шустушӯӣ, инчунин пластмасса, каучук, фото ва кинонаворҳо мебошад. Аз 20 корпоратсияи ҷаҳонии истеҳсолкунандаи маводҳои кимиёӣ 10-тоаш дар Шоҳигарии Белгия ҷойгиранд. Шаҳри Фландрия дар соҳаи технологияҳои олӣ пешсаф буда, минтақаи Антверпен маркази ҷаҳонии коркард ва харидуфурӯши алмос аст. Шабакаи роҳҳои обӣ дар Баҳри Шимолӣ, дастрас будани рӯди Рейн аз Антверпен то Гент, соҳаи инкишофёфтаи хидматрасонӣ нақлиёт, савдо низ дар иқтисоди Шоҳигарии Белгия нақши муҳим дорад.

  Истеҳсоли семент, доруворӣ, коркарди зағирпоя, пахта, пашм низ ривоҷ ёфтааст. Дар Шоҳигарии Белгия мебел ва оинасозӣ, истеҳсоли пойафзол, маводҳои абрешимӣ, қолинҳои пашмию синтетикӣ низ ривоҷ ёфтааст. Дар содироти шиша ва оина дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад.

  Шоҳигарии Белгия дар ҷаҳон яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширӣ буда, дар парвариши гов, хук, мурғ пешсаф аст. Дар Шоҳигарии Белгия бештар гандум, ҷав, ҷавдор, ҷуворимакка, лаблабуи қанд, картошка кишт мекунанд. Сабзавоткорӣ, гулпарварӣ ва боғдорӣ низ ривоҷ дорад. Талаботи дохилиро дар масолеҳи зикршуда 1,5–2 баробар мепӯшонад. Шикори моҳии баҳрӣ наздики 18 ҳазор тонна дар як сол аст. Пивопазӣ ва истеҳсоли панир амали анъанавист Конфедератсияи пивопазони Белгия аз қарни XVI вуҷуд дорад.

  Шоҳигарии Белгия дар системаи нақлиётии Аврупо мавқеи муҳим дорад. Аз ҷиҳати зичии хатҳои роҳи оҳан ва худравгард дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар гардиши бор нақлиёти худравӣ бартарӣ дорад. Ҳудуди Шоҳигарии Белгияро 7 шоҳроҳи трансаврупоӣ бурида мегузарад. Дарозии роҳи оҳани кишвар 3,5 ҳазор км буда, 2,6 ҳазораш электриконида шудааст. Қатораҳои баландсуръат Шоҳигарии Белгияро бо пойтахти чандин давлатҳои Аврупо пайваст мекунад. Зиёда аз 40 фурудгоҳ дорад, аз ҷумла Фурудгоҳи байналмилалии Завентем дар масофаи 10 км аз шаҳри Брюссел, зиёда аз 20 млн мусофир дар як сол истифода мекунанд. Дарозии роҳҳои обии дохилӣ зиёда аз 2 ҳазор км буда, бандарҳои асосии дарёӣ – Антверпен, Брюгге, Гент, Лйеж, Намюр, Остенде ғайр аз дарёҳо бо наҳрҳои киштигард пайваст мешаванд. Лӯлаҳои интиқоли нафт, газ ва маводди ғизоӣ мавҷуданд.

  Барои Шоҳигарии Белгия савдои берунӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Мошинҳо ва таҷҳизоти соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, филизоти сиёҳ ва ранга, маҳсулоти саноати кимиё, маҳсулоти нассоҷӣ содирот карда шуда, маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти хоми энергетикӣ, таҷҳизот ворид мекунад. Шарикони тиҷоратии Шоҳигарии Белгия кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Британия мебошанд. Сайёҳӣ соҳаи сердаромади иқтисоди Шоҳигарии Белгия аст. Осоишгоҳҳои обшифоӣ, лойшифоӣ дар Зебрюгге, Кноккел, Остенде, Спа ва марказҳои варзиши зимистонӣ дошта ҳифзи иҷтимоӣ, ёрии тиббӣ дар сатҳи олӣ қарор дорад.

  Шоҳигарии Белгия аз ҷумлаи давлатҳои Аврупои Ғарбӣ аввалин шуда дар соҳаи хидматрасонии тиббӣ таъминоти “ройгон”-ӣ давлатиро ҷорӣ намудааст. 98 дарсади аҳолӣ бо суғуртаи ҳатмии тиббӣ фаро гирифта шудааст.

Сарчашмаҳои истифодашуда:

  1. Атлас мира: Максимально подробная информация /Москва: АСТ, 2017. — С. 16. — 96 с.
  2. Statistics Belgium, Federal Public Service Economy. 21 January 2017.
  3. Белгия / М. Шарифзода // (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик 2011—2021, ҷ. 2).
  4. Дробков В. На перекрестке дорог, культур, истории. Очерки о Бельгии и Люксенбурга. М., 1989 с.19.
  5. Намадова А. С., Бельгия. Исторический опыт: традиции и современность. М., 2001 с.16.
  6. Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005. с.75.
  7. Страны мира. Современный справочник. М., 2008. с.16.

Воҳидова Санавбарбону

Мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико

доктори илмҳои таърих. профессор

БОЗГАШТ