АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Идҳои баҳорӣ дар кишварҳои Аврупо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар таъриху фарҳанг ва тамаддуни кишварҳои гуногуни олам ҷашнҳое мавҷуданд, ки ифодагари рамзи ин ё он фасли сол мебошанд. Мардум дар тӯли қарнҳо онҳоро такмил дода, дар тавҳам ба расму оин ва бовари манотиқи худашон, таҷлил менамоянд. Яке аз фаслҳое, ки фарорасиаш ҷашнҳои зиёде дар пай дорад, фасли баҳор мебошад. Аз таҳлилҳо маълум мегардад, ки ҷашнҳои баҳорӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон нисбат ба дигар фаслҳо зиёд ба назар мерасанд. Вақте ки мо ба оинаи таърих назар меандозем идҳои баҳорӣ дар ҳамаи кишварҳои Аврупо гузаронида мещаванд: амсоли Итолиё, Фаронса, Олмон, Австрия Швейтсария Ҳолланд, Австралия, Зеландияи Нав ва ғайраҳо. Ҷолибтараш он аст, ки ҳамаи ин идҳо шабеҳи идҳои пеш аз Наврӯз ва баъд аз Наврӯзи оламафрӯз, яъне баҳори тоҷикон мебошанд. Ҷашнгирии ин идҳо бо ҳамаи мардуми Шарқу Ғарб пайвастагї дорад. Дар мақолаи мазкур атрофи ин мавзӯъ сухан рафта, оид ба баъзе аз идҳои баҳории мардуми Аврупо ва наздикии онҳо ба ҷашнҳои тоҷикон рӯшанӣ андохта мешавад.
Рӯзи 19 март иди рӯзадорӣ дар Италия одатан бо ҷашни фароғатии Сан Джузеппе (Сент Ҷозеф) ба охир мерасад. Дар бисёр ҷойҳо дар ин рӯз, оташдонҳои зиёд, ки ба моҳи март хос ҳастанд, барафрухта мешаванд. Аз ин рӯ, аз замонҳои қадим, мардуми сарватманди итолиёвӣ дар ин рӯз барои мардуми камбизоат кӯмак мерасонанд. Одатан онҳо ба назди пиронсолон, барҷомондагон, бенавоён ва кӯдакон барои аёдат ва ҳолпурсӣ мераванд. Дар рӯзи ид ҳамагон либоси хоссаи идона ба бар доранд, ки ин нишонаи воқеии фасли баҳор аст.
Сан Джузеппе дар Италия хеле маъруф аст. Ғайр аз камбизоатон ва ятимон, ӯ инчунин шарикон ва духтарони оиладорро, ки гӯё вай дар ёфтани шавҳар кӯмак мекунад, сарпарастӣ мекунад. То имрӯз, шуъбаҳои Ҷузеппе низ вуҷуд доранд ва дар санаи 19 март онҳо дар хиёбонҳои бисёре дар Италия баромада, фавран кулчақандҳо (zepple) анъанавӣ монанди донаҳои шаклдор пухта омода месозанд.
Дар Фаронсаи католикӣ, ҷашни якуми калисои баҳорӣ санаи муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун рӯзи шамъ ба ҳисоб меравад. Мисли дигар кишварҳои Аврупо, дар Фаронса низ, ба муносибати маросими поксозӣ, маросимҳои диндорон ташкил карда шуданд: Ин маросимҳо махсусан дар қарнҳои миёна бо тантана ҷашн гирифта мешаванд.
Сарзамини зебоманзар ва кишвари тамаддунофари Фаронса барои аҳли башар ошносту тӯли садсолаҳо ба доштани фарҳанги бою ғанӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар ин кишвар низ ҳамасола идҳои дорои ҷабҳаҳои гуногуни фарҳангиву маънавӣ бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешаванд.
Агар дар муқоиса бо кишварамон Тоҷикистон таҷлили хусусан идҳои баҳориро дар Фаронса мавриди баррасӣ қарор диҳем, метавон чанд идро номбар кард, ки ба айёми фасли баҳор рост меоянду ҳамзамон ба иди бузурги Наврӯз наздикӣ доранд. Қобили қайд аст, ки дар Фаронса 8 - уми март “Рӯзи модарон” ё “Рӯзи бибиҳо”, ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни дигаре Франкофония ба ҳисоб меравд, ки ин ид барои донандагони забони фаронсавӣ баргузор мешавад, ҳамчунин дигар намоишҳои фарҳангӣ дар хиёбонҳои Фаронса ва ғайраро номбар кард. Албатта, дар Фаронса низ иди 8 мартро ҳамчун иди занон таҷлил менамоянду дар ин рӯз ба бонувон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мекунанд. Нуктаи дигари ҷолиб ин аст, ки дар ин кишвар якшанбеи аввалии моҳи мартро ҳамчун рӯзӣ модаркалонҳо (Бибиҳо) (бо истилоҳи фаронсавӣ la Journée des Grands-mères) таҷлил менамоянд. Чуноне дар Тоҷикистон рӯзи 8 март ҳамчун рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Дар Фаронса низ дар рӯзи модаркалонҳо, наберагон ба онҳо туҳфа тақдим менамоянд.
Дар тӯли таърих фаронсавиён, урфу одатҳои миллиашонро нигоҳ доштанд.
Масалан, шамъҳое, ки дар рӯзи “Чандилак” баракат меоварданд, тамоми сол бодиққат нигоҳ дошта мешавад. Чунин шамъҳо баъзан дар назди дару тирезаҳо ҳамчун талисман бо аломати салиб гузошта мешавад ва онњо гўё арӯсу домодро баракат медиҳанд.
Деҳқонони фаронсавӣ рӯзи шамъро ҳамчун яке аз муҳимтарин идҳо ҷашн мегирифтанд, зеро он мувофиқи эътиқодҳо хело муҳим буд. Дар бисёр минтақаҳои Фаронса корҳои кишоварзӣ маҳз дар ин сана оғоз мешаванд.
Аз ҳамон рӯз тасмим гирифта мешавад, ки кор дар саҳро, дар боғ, токзорҳо оғоз ёбад. Маҳз ба муносибати ҷашнҳои шамъ, нишонаҳо ва суханони зиёд баён шудаанд. Дар бисёре аз музофотҳои Фаронса боварӣ доштанд, ки ҳавои хуб дар Чанделие нишонае буд, ки зимистон боз чил рӯз идома меёбад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ин ҷашн бо баъзе аломатҳояш ба ҷашни Садаи тоҷикон шабоҳатҳои хеле наздик дорад. Мардуми Фаронса бар он муътақиданд, ки дар рӯзи Чандил, хирс маконашро тарк мекунад ва агар ҳаво абрнок бошаду офтоб надурахшад, ба макони худ баргашта дар давоми чил рӯзи дигар ором хоб меравад. Дар моҳи март деҳқонон бисёр ташвишҳо доранд. Чи тавре ки дар ҳаёти деҳот маълум аст, муҳлати кор мувофиқи санаи тақвими калисо ҳисоб карда мешавад. Деҳқон дар моҳи март бояд заминаи шудгори баҳорӣ, алафдаравӣ, кишти зироатро ба амал оранд.
Ноустувории ҳавои моҳи март, вобастагӣ аз натиҷаҳои корҳои саҳроӣ, деҳқонро водор месозад, ки боду ҳаворо бодиққат назорат кунанд. Ин мушоҳидаҳо дар мавриди ба даст овардани натиҷаи муваффақи ҳосил, ҳатто боиси пайдо шудани аломатҳои зиёд ва ривоятҳо дар бораи обу ҳаво гардидааст.
Маросими “Ҷаҳидан аз оташ” низ дар давлатҳои Аврупо хусусиятҳои ба худ хос ва маънии гуногунро дорад. Ҷавонон, паси ҳам як ё ду ҷуфт – духтар ва писар, дасти ҳамдигарро гирифта, ё баъзе бачаҳо танҳо аз болои оташи сурх меҷаҳанд. Ҷаҳидан аз болои оташ дар он ҷо далолат ба он мекунад, ки ҷавонони ҷуфт ба умеди ҳамон сол издивоҷ кардан ва дигарон бо мақсади халос шудан аз ягон беморӣ ва ғайра онро анҷом медиҳанд. Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон низ маросими “Оташпарӣ” то ҳол вуҷуд дорад, ки дар рӯзҳои наздикшавии ҷашни бузурги ниёгон – Наврӯз анҷом дода мешавад. Мардум дар ҳоле, ки аз болои оташ мепаранд, мисраъҳои шеърии “Сурхии рӯятро бидеҳ, Зардии рӯямро бигир”-ро замзама мекунанд.
Баргузории намоишҳои баҳорӣ дар қисмати ҷануби Фаронса хело ҷолиб аст. Дар ин муддат гулҳо мешукуфанд ва онҳо ба як ҷузъи муҳимми ҷашн табдил меёбанд. Идҳои баҳорӣ дар Фаронса махсусан дурахшон ва маъмулӣ аст, ки мувофиқи анъана "муборизаи гулҳо" ("комба де флуғ") ном дорад. Дар чунин идҳо тамошобинон дар хиёбонҳо қадам мезананд ё дар вагонҳо савор мешаванду ва гулдастаҳои зеборо ба ҳамдигар тақдим менамоянд ё гирду атрофро пур аз гул мекунанд. Ин ҷашне аст, ки ҳамаҷо ороста бо гул аст.
Бузургтарин ҷашни оғози баҳор барои кишварҳои Олмон, Австрия, Шветсария, Нидерландия ва Белгия ин Карнавал (якнавъ ҷашнворае ҳаст, ки дар Аврупо мардум бо либосҳои идона ва гулҳои зиёд аспсавор дар хиёбонҳо гашту гузор менунанд).
Дар Олмон бошад, ҷашни баҳорӣ бо тантана қайд карда мешавад. Мардум дар хиёбонҳо сайру гашт мекунанд. Нақлиётро ончунон бо гулҳои зиёди рангоранг оро медиҳанд, ки кас гумон мекунад, ки мутал аз гул сохта шуда бошад. Дар Олмон ҳангоми идҳои баҳорӣ мардум ба ҳамдигар тухмҳои рангоранд, кулчақандҳо ва харгӯшчаи зиндаро ҳадя мекунанд, чунки харгӯшча ба назари онҳо ҳайвони ҳалиму меҳрубон буда, таҷассумгари хушбахтӣ аст.
Дар Олмон ҷавонон ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд, ки ин рамзи асосии омадани баҳор ва зебогиву солимии хонумонашон бошаду онҳо наслҳои солимро ба дунё оранд. Азбаски об неъмати зинда аст, наммӣ ва таровати зебогии пӯсти занонро нигоҳ медорад.
Ҳатто дар замонҳои пеш аз масеҳият, мардуми Олмон ҷашни бузурги эҳёи офтобро бо қурбонӣ ва зиёфат ҷашн мегирифтанд. Ин ид монанд ба иди румиён буд. Дар натиҷаи робита байни ду фарҳанг, як маҷмӯи муайяни маросимҳои ҳафта дар Панчак таъсис дода шуд. Гузашта аз ин, румиён ҷашнгирие бо номи “Ҷаззоб” - (narrenfeest) доранд, ки бо либоспӯшии хоси худ маълум аст ва олмониҳо низ ин чашнро аз онҳо гирифтаанд.
Масалан, нақши оташ, махсусан дар фарҳанги олмониён ва умуман дар эътиқоди мардуми Аврупо таъсири бузурги тозакунӣ ва ҳифзи табиат аз партовҳо ба ҳисоб меравад ва бениҳоят бузург аст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик низ мегӯянд, ки оташ таъсироти зарароварро нест мекунад ва баръакс қувваҳои хуби ҳосилхезӣ ва шукуфоиро ба вуҷуд меорад. Бо ин назардошт метавон гуфт, ки фарҳанги тоҷикон бо фарҳангҳои кишварҳои Аврупо хело шабеҳияти наздик доранд.
Яке аз анъанаҳои ҷолиби ҷашнҳои баҳорӣ, ҳафтаи Панчак аст, ки то имрӯз аз ҷониби деҳқонони Ҷазираи Шовен, Нидерландия, ва музофотҳои Зеландияи Нав нигоҳ дошта шудааст.
Нимаи дуюми рӯз деҳқонон аспҳои худро бо ёлҳо ва гулҳои зебо ороста ба беруни шаҳр мебаранд. Сипас, иштирокчиёни ҷашнвора ба аспҳо нишаста, ба соҳили баҳр мераванд чунин шарт аст, ки агар асп пойҳояшро ғарқ кунаду ба замин чуқуртар фурӯ равад, ҳамон қадар соҳиби асп ғолиб дониста мешавад. Вақте ки аспсаворон ба деҳа бармегарданд, вақти боқимондаро шабона бо рақс ва дилхушӣ мегузаронанд.
Дар Белгия бошад, ҳангоми идҳои баҳорӣ кӯдакон хона ба хона мераванд, суруд мехонданд ва барои онҳо чормағз, себ, гӯшти яхӣ дода мешавад. Дар Нидерландия бошад, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат порчаҳои гуногуни сурудҳое, ки ифодагари саховат ва дасткушодии мардум мебошанд, мехонданд ва ба ин восита гӯё дили ашрофонро об карда, чизҳои мехостагиашонро ба даст меоранд.
Дар Бритониёи Кабир то ба ҳол, кабудизоркунӣ ҳамеша як хусусияти хоси ҷашнҳои баҳорӣ боқӣ мондааст. Дар арафаи ҷашн, одатан, ҷавонон ба ҷангал барои ҷамъ овардани сабзаҳо ва гулҳо мераванд ва ба шаҳр бо суруду мусиқӣ, дар даст шохаҳои сабз ва гулҳо бармегарданд.
Далелҳои қадимтарини ин маросим дар яке аз афсонаҳои Кентербери Чаузер (қарни XIV) пайдо шудаанд. Аз ҳама маъмултар истинодҳо ба ин маросим дар қарнҳои XV1-XV11 аллакай зикр ёфтааст. Нависандаи қарни XV1, Филип Стейбс дар бораи ин ҷашн чунин гуфтааст: «То моҳи май, сокинони ҳар як калисо ё деҳа мардон, занон, кӯдакон, пиронсолон ва ҷавонон ҷамъ мешаванд. Онҳо бо тамоми шукӯҳу завқи хеш бо гурӯҳои ҷудогона, баъзеи онҳо ба ҷангалҳо ва боғҳо ва баъзеи дигараш ба кӯҳҳо ва теппаҳо ва ҷойҳои дигар, тамоми шабро дар вақтхӯшиву рӯҳияи болида мегузаронанд ва субҳи барвақт бармегарданду ва боғчаҳову дарахтони назди ҳавлиашонро низ ороиш медиҳанд. Девори хонаҳо, панҷараҳо ва дарвозаҳо дар ҳама ҷо бо гулҳо оро дода мешаванд, ки баъзан шакли салибҳои оддӣ, гулчанбарҳо ва гулдастаҳои мураккаб ё ҳалқаҳои дукаратаро мегиранд. Як гурӯҳ ҷавонон дар атрофи хонаҳои деҳа шохаҳои сабзро бардошта мегарданд ва аз зебоиву сарсабзии баҳор башорат медиҳанд.
Сокинони давлатҳои Скандинавия бошанд, дар моҳи март, пеш аз оғози корҳои кишоварзӣ, кӯшиш мекунанд, ки ҳавои ояндаро тибқи нишонаҳои гуногун пешгӯӣ кунанд. Рӯзи на он қадар сард то ба аввалҳои баҳор ҳанӯз идома меёбад. Бисёриҳо боварӣ доштанд, ки эътидоли баҳорӣ мувофиқи тақвими пешинаи калисо ба 12 март (рӯзи Санкт Грегор - Грегорсесс) рост меояд. Ҳам шведҳо, ҳам норвегияҳо ва ҳам данияҳо бар чунин ақидаанд, ки: "Дар рӯзи тақвими Грегор шабонарӯз баробанд". Чуноне ки мувофиқи тақвими шарқиён, хусусан Тоҷикистон баробаршавии шабу рӯз ба 21 март рост меояд.
Мувофиқи эътиқоди маъмул, дар ин рӯз зоғ аз соҳил ба дохили Шветсия ва Норвегия мебарояд, ки ин бешак фасли баҳорро тасвир мекунад. Аз ин рӯ, дар тақвимҳои қадима ин рӯз бо парранда қайд гардидааст, хусусан 12 март рӯзи “Зоғ” эълон мешавад. Зарбулмасалҳо, оятҳо ва гуфторҳо дар бораи зоғон ба амал фаровон корбурд мешаванд. Дар моҳи март, туфонҳо ва ҳавои ноустуров ҳанӯз ҳам кам намешаванд. Гарчанде ки аксарияти сокинони Скандинавия эътидоли баробаршавии шабу рӯзро 12 март ҳисобиданд, он дар баъзе минтақаҳо 21 март рабт дода мешавад. Ин санаро "баробарии рӯз" (jamvår) номиданд.
Бисёре аз маросимҳо ва аломатҳо дар бораи обу ҳаво ба ҷашни калисои Эътироз ва 25 март инчунин дар кишварҳои Скандинавия њамчун рӯзи хонумони донишманд дониста мешавад. Донишҷӯёни донишгоҳҳои Уппсала, Лунд, Стокгольм, шоми он рӯз дар хиёбонҳои шаҳр назди оташ истода, дар васфи баҳор сурудҳои мардумиро месароянд. Ҳамчунин дар Скансен, осорхонаи мардумии шведӣ дар болои кӯҳи Дир оташи баланд афрӯхта мешавад. Ин оташ аз чандин километр намоён аст. Дар атрофи он ҳазорон нафар аз Стокҳолм ҷамъ меоянд.
Тибқи эътиқоди мардуми Дания ва Шветсия, ҷодугарон ва девҳо он шаб ба ҷамъомадҳои худ парвоз мекунанд ва чароғҳои оташ ба онҳо монеъ мешаванд, ки дар кӯҳҳо истода ва ба одамон осеб расонанд.
Дар калисоҳо иди масеҳият пас аз иди баҳор ҷашн гирифта мешавад. Номи мардумии қадимии ин ҷашн “helgetorsdag” буда, маънои Панҷшанбеи дурахшонро дорад, ки ин ба хотири рӯҳи гузаштарон мебошад. Масалан дар Тоҷикистон низ ба ҳамин маъно бегоҳи панҷшанбе баъзеҳо барои рӯҳу арвоҳи гузаштагонашон оят мехонанд.
Инчунин интихоби "Арӯсу домод" (Сегона) низ аз ҷашнҳои маъмули баҳорӣ дар Скандинавия аст. Дар ҷараёни маросими ҳаҷвӣ, ки дар он ҳамроҳи мусиқинавозон ва "ҳадяи арӯсӣ" ҳамроҳ буданд, онҳо туҳфаҳо ҷамъ меоранд, ки аз тухм, гӯшти хук, нони ширин, шароб ва пул иборат мебошад.
Тибқи анъанаи қадим, барои таҷлили ин ҷашн дар Шветсия духтар дӯстдор ё домодро интихоб кардааст. Бисёре аз маросимҳо, ки дар бораи Сегона гузаронида мешаванд, бо ибодати об, чашмаҳо вобаста ҳастанд. Аксар вақт зиёратгоҳҳо "чашмаҳои муқаддас" буданд, ки аз онҳо ҳама маҷбур буданд як каф об нӯшанд. Оби ширин инчунин ба хона оварда ва захира карда шуд.
Рӯзи сарди 12 март баҳори барвақтро ба вуҷуд меоварад ва ҳавои намнок мешавад. Шамоли ҷануб пешгӯии некӯаҳволии чорвои хонагиро дорад. Онҳо мегӯянд, ки дар ин рӯз шамол ба онҳо "нур” меорад ва аз ҳамин рӯз сар карда одамон метавонанд кор карда, бидуни оташ гарм шаванд. Рӯзи охирин рӯзҳои назаррасест, ки тавассути он ҳавои баҳор ва тобистон муайян карда мешавад. Тибқи бовари ин мардум агар шаби 25 март сард шавад, пас дар тобистон чил шаб сард хоҳад буд. Ҳавои тоза нишонаи ҳосили хуб ба ҳисоб меравад. Шаби пеш аз ин рӯз, таъмири кулоҳҳо, бофтани торҳо ва иҷрои дигар корҳо манъ аст.
Ҳамин тавр, се рӯзи аввали моҳ ба се давраи соли оянда - зимистон, баҳор, тобистон мувофиқ аст. Агар дар моҳи март хушк ва намӣ шавад пас анборҳо пур хоҳанд шуд. Одатан "Барфи март ба зироатҳо зарар мерасонад." Ҳавои хуб 12 март мувофиқи тақвими Сент Грегорӣ (дар калисои католикӣ Сент Грегориро ҷашн мегирад) аз фарорасии гармӣ шаҳодат медиҳад. Дар баъзе сарзаминҳои Австрия то чанде пеш, роҳпаймоии хонандагони мактаб бо шохаҳои сабз, ки дар дасташон доранд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баҳор фаро мерасад.
Таҷлили ин рӯз дар мактабҳо бо рӯйдодҳо аз ҳаёти Папаи Рим Грегори XIII, ки бо фаъолиятҳои ислоҳотиаш дар соҳаи мактаб, мусиқӣ ва инчунин ҷорӣ кардани тақвими нав дар асри XVI маълум аст, алоқаманд аст. Аз ин рӯ эҳтироми ин ҷашн ҳамчун сарпарасти донишҷӯён, устодон, олимон, мусиқинавозон ва овозхонон ба ҷо оварда мешавад.
Дар ҳаёти иқтисодии деҳқонони Австрия 17-уми март нақши бузург мебозад. То ин вақт, оғози кор дар саҳро ва боғ ба таъхир мемонад.
Дар маросимҳои баҳорӣ, урфу одатҳои вобаста ба кабудизоркунӣ, алалхусус тару тоза кардани хонадон, эътимоди зиндагӣ аҳмияти бузург дорад.
Дар Австрия, чун дар дигар кишварҳои Аврупо, дарахтони хурмо, ки чун шохаҳои растаниҳои маҳаллӣ маъмуланд, бештар шинонда мешаванд. Ин дарахтони хурди парваришёфта дар кунҷи боғ нигоҳ дошта мешаванд. Дар урфу одатҳои мардумӣ, онҳо ба нақши як воситаҳо бар зидди қувваҳои бадӣ, бемориҳо, раъду барқ ва ғайра мусоидат мекарданд. Дар Ворарлберг дар рӯзҳои пеш, дар раъду барқҳои шадид шохаҳои онҳо ба оташи баланд партофта мешуданд, дар кунҷҳои таҳкурсӣ ва дар остонаи хонаи бунёдшуда ҷой доштанд. Эҳтимол меравад, ки дар ин урфу одатҳо қурбониҳои қадимӣ ба оташ ва рӯҳи хона нигоҳ дошта шуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи панҷшанбе хӯрдани кабудӣ ва сабзавоти тару тоза аз ҷумла шӯрбои сабз аз ҳафт ё нӯҳ гиёҳ (рақамҳои ҷодугарӣ, ки аксар вақт дар эътиқоди мардумони австриягӣ) маъмул аст. Худи ҳамон рӯз, дар Тирол, бачаҳо бо садои “алафро бедор мекунем” ба марғзорҳо мераванд.
Дар маросими баҳории Швейтсария намунаҳои гуногунии ҷашнҳо, ки ба бедории табиат нигаронида шудаанд, таҷлил мегарданд.
Яке аз чунин ҷашнҳо ("ChalandaMars") “Бедоршавии замин”, ки зимнан аз тақвимҳои моҳи марти Рум пайдо шудааст, мебошад. Одати ҷашни “Бедоршавии замин” ё “алафи бедорӣ” дар дигар қисмҳои Швейтсария низ маълум аст. Дар ин рӯзҳои ҷашн кӯдакон шохаҳои сабзро бо худ мегиранд ва ҳар як роҳгузаро оҳиста бо он мезананд. Ин амалҳо дар гузашта ва ҳоло низ ба мақсади огоҳ кардани мардум аз омадани баҳор ва додани нидои кабудизоркунӣ дарак медиҳад.
 Анъанаи «бедор кардани занбӯри асал» низ дар ин кишвар ба моҳи март рост меояд, онҳо фарорасии гармӣ аз садои паррандаро «эълон» мекунанд. Яке аз аввалин рақамҳои маъруфи баҳор 18 март маҳсуб меёбад, ки рамзи баҳорро ифода мекунад.
Хулоса, аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки қариб ҳамаи давлатҳои Аврупо дар фасли баҳор ҷашнҳои гуногуни худро доранд, ки бештари онҳо ба ҷашнҳои баҳории кишвари мо қаробат даранд. Анъанаҳои пеш аз Наврӯзӣ низ қариб якхел ҷашн гирифта мешаванд. Аз кабудизоркунӣ шурӯъ гардида, то обдиҳӣ ва аз болои оташ ҷаҳидан ҷамбаҳои фарҳангие ҳастанд, ки дар кишвари мо низ ба таври густурда дар фасли баҳор анҷом дода мешаванд.
Адабиёт
  1. Афанасьев A. Поэтические воззрения славян на природу, т. I. М., 1865, с. 690;
  2. Kuhn Adalbert. Die Herabkunft des Feuers und des Gö Berlin, 1859, S. 259;
  3. Фрэзер Джемс. Золотая ветвь, вып. I–IV. М., 1928;
  4. Вундт В. Миф и религия. СПб. (б. г.);
  5. песня на Западе и у славян, ч. 1–2. М., 1903–1905;
  6. Smith W. Robertson. Lectures on the religion of the Semites. New edition. London, 1907, p.;
  7. Аничков Е. В. Весенняя обрядовая песня на Западе и у славян, ч. 1–2. М., 1903–1905;
  8. Geschichte und Tradition des Osterfestes, Berlin – 2011,- S. 8;
  9. Nicole Pottroff. Die Bedeutung von Karfreitag und Ostersonntag. Verlag Munchen 2000, s. 20;
  10. Osterbrunnen in Niederal Bertsdorf, Sachsen, 20110, s.10.
 
Санавбарбону Воҳидова,
доктори илмҳои таърих, профессор,
мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
Гулҳаё Мадумарова,
ходими калони илмии шуъбаи Аврупо ва Амрикои
ҳамин Институт.

БОЗГАШТ