АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ифротгароии  иттилоотӣ ҳамчун таҳдиду хатари замони муосир

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Даҳсолаҳои охир рушди бесобиқаи таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, ҷаҳони муосир хатари ин падидаро ба таври комил арзёбӣ накарда, чунин мешуморад, ки ҳамлаҳои бевоситаи террористӣ (инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра) таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеа мебошад. Таъсири иттилоотии бунёдгароёнаро дар радифи дуюм қарор медиҳанд ва онро дуюмдараҷа мешуморанд, зеро он ба таври ноаён таъсир мерасонад, ҳамчунин муайян  кардани манбаи он номумкин аст.
Дар асл, ифротгароии иттилоотӣ бо падидаи таъсири лафзї доштан маҳдуд намешавад, балки дар худ ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ифротгароиро доро мебошад.
Дар ин иртибот суолҳои мантиқӣ ба миён меоянд: ифротгароӣ чист ва таъсири лафзӣ чист? Чӣ гуна ин ду категория дар як мафҳуми умумӣ – ифротгароии иттилоотӣ пайванданд. Ифротгароии иттилоотӣ тоза неру мегирад.
Терроризми иттилоотӣ — ин шакли таъсиррасонии номатлуб ба шахсият, ҷомеа ва давлат тавассути тамоми намудҳои иттилоот мебошад. Ҳадафи асосии он заиф ва вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Ба ин мақсад он неруҳо ва воситаҳои гуногун – аз агентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ  то ВАО – и ватанӣ  ва  хориҷиро ҷалб мекунанд.
Имрӯз проблемаи ифротгароии иттилоотӣ ба арзишҳои ҷомеа махсусан ҳассос аст. Ин ба он хотир аст, ки марҳалаи кунунии рушди муносибатҳои иттилоотӣ бо имкониятҳои таъсироти иттилоотӣ, ҳам ба шуури инфиродӣ ва ҳам ба тафаккури иҷтимоию иқтисодӣ муайян карда мешавад, ки метавонад таҳдиди барангехтани ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд оварад.
Гурӯҳҳои ифротӣ соҳаҳои нав ба нави фазои иттилоотиро фаро гирифта, дар ниҳоят, ба оммаи васеъ муқаррароти аксиологии худро бомуваффақият талқин мекунанд. Зимни натиҷагирӣ, метавон таъкид кард, ки ифротгароии иттилоотӣ зинаи омодагӣ барои намудҳои дигари ифротгароӣ мебошад. Он муҳити мусоидро барои паҳншавӣ ва қабули ѓояњои ифротӣ  фароњам  меорад.
Ба ақидаи,  банда насли ҷавони имрӯза ба интернет вобастагии  зиёд дорад, ки он  ҷанбаҳои  хеле манфӣ низ дорад. Ҷавонон ҳар чӣ бештар вақти худро дар назди телефон ва  компютер сипарӣ мекунанд ва ба ҷаҳони маҷозӣ нисбат ба воқеият афзалият медиҳанд. Бозиҳои гуногуни таблиғкунандаи зӯрию зӯроварї,  хушунат ба рӯҳияи ҷавонон таъсири  ногувор  мерасонанд.
Дар интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда имрӯз мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо тарафдорони навро ҷалб карда, ғояҳои  бунёдгароиро  таблиғ  менамоянд.
Имрӯз дар таркиби ташкилотҳои байналмиллалии террористӣ интернет – хадамоти комили касбӣ фаъолона кор мекунад ва ҳудуду имкониятҳои он хеле вусъат ёфтааст. Бо кӯмаки интернет–манбаъҳо имрӯз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурӯҳҳои гуногуни террористӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад.
Терроризм дар интернет падидаи динамикӣ ва бисёрҷониба мебошад. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ  шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар зимн онҳо аз озодии сухан сӯъиистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад. Тафовут дар қонунгузории миллӣ низ монеаи ҷиддӣ дар ин роҳ аст. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз дар ҷаҳон бештар аз ҳама ду намуди асосии истифодаи шабакаи ҷаҳонии интернет ба ҳадафҳои террористӣ ривоҷ ёфтааст:
-терроризми иттилоотию – равонӣ, ки моҳияти он аз истифодаи интернет ба мақсадҳои тарсонидани аҳолӣ ва паҳнкунии иттилооти дурӯғин, намоиши қудрати ташкилотҳои террористӣ ва таблиғи идеологияи террористӣ иборат аст. Ба воситаи интернет ташкилотҳои байналмилалии террористӣ таблиғи ақидаҳои бунёдгароии таҳрифшудаи ҷиҳод ва мубориза бо кофаронро таблиғ мекунанд, идеяҳои ифротгароӣ ва терроризмро таҳти пӯшиши динӣ паҳн мекунанд. Дар сурате, ки гурӯҳҳои динии дурӯғин пайравони худро дар рӯҳияи садоқати мутаассибона ва нотаҳаммулӣ ба дигар динҳо тарбия мекунанд, ксенофобия таблиғ карда мешавад. Ба воситаи интернет — манбаъҳо сиёсати террори иттилоотии миқёсан васеъ роҳандозӣ шуда, саҳнаҳои қатлу куштор ва шиканҷаи одамон ба намоиш гузошта мешавад;
— терроризми иттилоотӣ – техникӣ ё кибертерроризм, ки моҳияти он аз тахриби низоми идоракунии соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва ворид кардани осеб ба муҳити иттилоотии давлатҳо иборат мебошад. Дар айни замон, кибертерроризм имрӯз аз он ҷиҳат махсусан хатарнок аст, ки дар сурати аз байн рафтани системи таъмини ҳаётии аҳолӣ, ба талафоти азими инсонӣ оварда мерасонад.
Дар марҳилаи кунунӣ ҳашт усули гуногун ва қисман мутобиқ бо якдигари шабакаи террористӣ дар интернет муайян  карда шудааст:
Ҷанги равонӣ – дар интернет барои паҳн кардани иттилооти дурӯғин, таҳдид, барангехтани тарсу ҳарос, эҳсоси нотавонӣ, тасвири амали даҳшатовари худ истифода бурда мешавад.
Реклама ва таблиғот – интернет имконияти террористонро барои ошкор ва таблиғ кардани фаъолияти худ тавсеа дод. То ин вақт умеди террористон барои ошкор шудани амали онҳо аз ҷалби таваҷҷуҳи телевизион, радио ва дигар ВАО вобаста буд.
Ҷамъоварии маълумот – интернетро метавон чун китобхонаи азими рақамӣ баррасӣ намуд. Фақат «Торнамои умумиҷаҳонӣ» тақрибан миллиард саҳифа иттилоотро пешниҳод карда метавонад, ки бисёрии он озодона дастрас ва барои ташкилотҳои террористӣ «ҷолиб» аст. Аз интернет террористон метавонанд иттилооти муфассалро дар бораи ҳадафҳо – масалан, дар бораи зерсохтори нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи атомӣ, иморатҳои ҷамъиятӣ, фурӯдгоҳҳо, бандарҳо ва ҳатто иттилоот дар бораи тадбирҳои зиддитеррористиро ба даст оваранд.
Ҷамъоварии маблағ – мисли дигар созмонҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои террористӣ  интернетро  барои  такмили  фондҳои  худ  истифода  мебаранд.
Ҷалб ва сафарбаркунӣ – интернетро террористон на танҳо барои тақозои «хайрот» аз хайрхоҳони худ, балки барои ҷалб ва сафарбаркунии тарафдорон, ки нақши ҳар чи фаъолтарро дар дастгирии амали террористӣ  бозӣ  мекунанд, истифода  мебаранд.
Таъсиси шабакаҳо – бисёр гурӯҳҳои террористӣ бо кумаки интернет имконият пайдо кардаанд бо якдигар ва бо дигар ташкилотҳои террористӣ алоқа барқарор намоянд. Технологияи муосири иртиботӣ махсусан компютерӣ, аз рӯи чанд сабаб воситаи таъсиси шабакаҳо ва дастгирии шабакаҳои террористӣ мебошад.
Ҳамин тариқ  метавон хулоса  кард, ки ифротгароии  иттилоотӣ  чун  падидаи  нави  технологӣ ба  амнияти  миллии кишварҳои алоҳида таъсири  манфӣ  мерасонад  ва  мубориза  бо  он тайёрии ҳамаҷонибаи  зеҳниву  техникиро  тақозо  мекунад.

Хоҷаев Ҳикматулло Химматович, ходими хурди илмии
Шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ