АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ихтилоф миёни Эрону Арабистон дар чист?

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Солҳои охир муносибатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ хеле сард шуда, ба авҷи баланди ташаннуҷрасидааст. Вазъи кунунии муносибатҳои ин ду давлатро метавон ҳамчун ҳолати қабл аз ҷанг арзёбӣ кард.

Агар ба ин масъала дақиқтару жарфтар назар афканем, мебинем, ки ихтилофоти ҳар ду кишвар ба умқи таърих меравад ва собиқаи тӯлонӣ дорад. Муносибатҳои давлатҳои номбурда, ки дорои тамаддуни бостонӣ мебошанд ва дар ҳамсоягӣ қарор доранд, ҳанӯз аз давраҳои қадим мадду ҷазри зиёдро аз сар гузаронидааст.

  Бояд зикр намуд, ки ба хотири ҷорӣ кардани дини ислом арабҳо кӯшиш карданд, ки тамаддуну забони хешро ба кишварҳои зери султаи худ қарордошта таҳмил диҳанд, мардуми он мамлакатҳоро аз фарҳангу ҳувияти миллии аслӣ дур кунанд ва ба ин васила, султаи худро барои абадӣ таҳким бахшанд. Онҳо то андозае дар ин роҳ муваффақ ҳам шуданд ва дар кишварҳои зиёд, аз қабили Миср, Судон, Либия, Тунис, Марокаш, Ироқ, Сурия ва ғайра пурра «арабикунонӣ» сурат гирифт.

Азбаски забон ва адабу фарҳанги эронӣ ниҳоят бостонӣ ва қавию рушдкарда буд, ба зарбаю латмаи аҷнабиён тоб оварда, ҳувияти миллиро аз даст надода, пойдору устувор боқӣ монд, ки инро араб­ҳо қабул карда наметавонанд.

Боре аз як донишманди мисрӣ суол кардаанд: чаро мисриҳо, ки фарҳанги қадимаю ғанӣ дош­танд, имрӯз забони худро гум кардаанд ва бо забони арабӣ такаллум мекунанд? Он донишманд посух додааст, ки агар мисриҳо ҳам мисли мардуми форсизабон Фирдавсӣ барин шоири меҳанпарасту миллатдӯст ва мисли «Шоҳнома» — и ӯ асари бузурги дорои ақидаҳои миллатдӯстонаю ватанпарварона медоштанд, албатта, забони худро аз даст намедоданд.

Аммо, бо вуҷуди нигоҳдошти ахгаре аз ниёгони худ, таъсири фарҳанги бунёдгаро ва ифротӣ ҳувияти миллии эрониро тахриб кардааст ва таъсири ин морони заҳҳокӣ то ба имрӯз боқист. Ин заҳрҳои морони заҳҳокӣ ақидаҳои ифротиву даҳшатафкании гурӯҳҳои радикалиест, ки ҳам аз ҷониби Эрони имрӯза бо номи шиагароӣ (гурӯҳҳои мусаллаҳи «Ҳизбуллоҳ») ва ҳам аз ҷониби Арабистони Саудӣ бо номи суннатгароӣ (гурӯҳҳои мусаллаҳи «Давлати Исломии Ироқу Шом», «Ал – қоида») вазъро дар минтақаи Шарқи Наздик ва Миёна ба бебандубориву нобасомонӣ оварда, ҷаҳониёнро нигарон кардааст.

Имрӯз байни ин ду давлат муборизаи тезутунд барои ба амал баровардани мақсадҳои геосиёсии худ дар минтақа ва ҷаҳон бозиҳои пасипардагӣ идома дорад ва ба мухолифати ошкоро мубаддал гаштааст. Бояд иқрор шуд, ки бидуни шубҳа, дар ҷанги дохилии Сурия ва Ироқ, аз як тараф, «Давлати исломии Ироқу Шом» таҳти сарпарастии Арабистони Саудӣ ва ҳампаймононаш, аз тарафи дигар, «Ҳизбуллоҳ» — и эронӣ ва қувваҳои дигари тарафдори Эрон, дар асл ҷанг байни ҳамин ду давлат сурат гирифтааст. Гуфтани он нукта мусаллам аст, ки ин давлатҳо, ки барои ҷорӣ кардани таъсири худ дар минтақаҳои гуногуни кишварҳои мусулмоннишин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, вазъи бе ин ҳам ноороми кишварҳои мусулмониро боз ҳам печидатар месозанд. Ба таври мисол, бояд гуфт, ки имрӯз Яман, ки ба майдони муҳорибаи тезутунди ин ду кишвар табдил ёфтааст, дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошта, зиёда аз 8 миллион нафар аҳолии он аз гуруснагӣ азият мекашанд ва ба марг маҳкум шудаанд.

Агар ба ихтилофоти рӯз аз рӯз афзояндаи Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дақиқтар назар афканем, равшан мегардад, ки мавзӯи асосии он аслан дину мазҳаб нест. Вале дину мазҳаб ё суннатгароӣ ё шиагароӣ, тавре имрӯз маълум аст, пардае ё худ абзори универсалиест, ки дар ҳама маврид хеле моҳирона истифода мегардад. Ба қавли Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ:

«Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андароранд пеш».

Ҳадаф ин ҷо на дин, на мазҳаб, балки манфиат аст ва агар боз ҳам мушаххастар баён намоем, маълум мегардад, ки манзури асосӣ манфиатҳои миллии ин ду давлат мебошад.

Дар муддати ҷанги ҳаштсолаи байни Эрону Ироқ арабҳои шиамазҳаби ироқӣ бар зидди форсҳои шиамазҳаби эронӣ ҷанги густурдаи бераҳмонаро ба роҳ андохтанд ва бо фармони Саддом Ҳусейну дастгирии хоҷагони ғарбиаш бар зидди мардуми осоиштаи Эрон яроқи қатли ом — бомбаҳои кимиёвӣ ва дорои унсурҳои ҳастаиро ба кор бурданд. Аммо ин ҳодисаҳо аз ҷониби ҷорчиёни ба ном «демократияи ҷаҳонӣ» гӯё мушоҳида нашуд. Яъне, ҳақиқати ҳол ин аст, ки ихтилофоти асосии байни ду давлат ба манфиатҳои миллии ду тамаддуни бузург – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни арабӣ асос наёфтааст, то ҳусни тафоҳум ба вуҷуд оварад, балки ҳамчун абзори бозиҳои геополитикӣ барои нест кардани худ бо дасти худ мебошад. Яъне, бо ихтилофу зиддиятбарангезӣ ҳар тамаддун худ худашро аз байн мебарад ва ҳеҷ пай ё нишоне аз бозигарони пасипардагӣ боқӣ нахоҳад монд.

Аз ин лиҳоз, ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест, ки намояндагони олимартабаи Арабис­тони Саудӣ, хусусан, шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон ас — Сауд қариб 10 маротиба ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка муроҷиат намуданд, ки ба Эрон зарба занад ва омодагӣ низ изҳор намуданд, ки хисороту хароҷоти ҷангро пардохт менамоянд, ҳатто барои расондани зарар ба ҳариф розиянд бо кишвари Исроил иттифоқ банданд ва онро барои саркӯб кардани Эрон мутақоиду моил созанд.

Яке аз даъвоҳои асосии Арабистони Саудӣ нисбат ба Эрон аз он иборат аст, ки гӯё он кӯшиши интиқол додани инқилоби исломиро ба шоҳигарӣ дорад, инчунин дар барангехтани низоъ дар музофоти шарқии Арабистон, алалхусус, шиамазҳабони ин минтақа даст дорад ва баҳри созмон додани як эътилоф бар асоси мазҳаби шиа, аз шумули кишварҳое ба мисли Ироқ, Баҳрайн, Қатар, Сурия саъю талош меварзад.

Сарфи назар аз он ки эътилофи кишварҳои арабӣ бо роҳбарии Арабистони Саудӣ нисбат ба кишвари Яман дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва ба сари мардуми он борони марг мерезад, боз ҳам шоҳигарии саудӣ Эронро дар дастгирӣ намудани хусиҳои мухолифи гӯё «ҳукумати қонунии ин кишвар» гунаҳгор мешуморад. Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш аз ҳудуди Яман ба ҷониби Арабистони Саудӣ мушак партоб гардид, ки дар фазои пойтахти он кишвар зада безарар гардонда шуд ва дар ин маврид низ кӯшиданд, ки Эрон гунаҳгор дониста шавад.

Агар ба ҳодисаҳои чанд моҳи охир рухдода нигарем, баръало саҳнае ба назар мерасад. Моҳи сентябри соли 2017 шоҳи Арабистони Саудӣ аввалин бор дар тӯли қариб 80 соли охир ба Федератсияи Россия ташриф овард ва нахустин хоҳишаш ин буд, ки аз Эрон дурӣ ихтиёр кунад ва дар иваз ба иқтисоди Россия сарф кардани 50 миллиард долларро ваъда дод. Аммо Путин ба ин сухани шоҳ посух нагуфт ва вонамуд кард, ки онро нашунидааст, зеро ба гуфтаи таҳлилгарон, муборизаи муштараки онҳо дар Сурия нишон дод, ки Федератсияи Россия низ ин фурсатҳоро ба манфиати миллӣ истифода хоҳад кард.

Ҳамчунин, баъди муддате Сарвазири Исроил Натаняҳу ба Россия ташриф оварда, хоҳиши шоҳи Арабистони Саудиро дар хусуси даст кашидан аз дӯстӣ бо Эрон такрор кард, вале ӯ низ ба натиҷае муваффақ нашуд.

Баъди ба сари қудрат омадани Трамп ва пешниҳоди вай дар хусуси бознигарии Созишнома оид ба силоҳи ҳастаии Эрон танҳо ду давлат – Исроил ва Арабистони Саудӣ ин иқдомро дастгирӣ карданд ва ҳатто роҳбарони онҳо шахсан ба Президенти Америка занг зада, ӯро табрик гуфтанд.

Тайи 200 соли охир Эрон бо ягон кишвари ҳамҷавор ҷанги истилогарона накардааст (ба истиснои ҷанги таҳмилии солҳои 1980-1988 бо Ироқ) ва бо ҳамсоягон — Арманистон, Туркманистон, Афғонистон, Россия, Туркия, Ироқ дар ҳолати сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекунад. Овардани танҳо як далел кифоя аст, ки дар устони Исфаҳони панҷмиллионнафара 8 синагога амал мекунад, намояндагони ақаллиятҳои динию мазҳабӣ ва миллӣ дар парлумони кишвар муаррифӣ шудаанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз бо дастгирии Эрон ва «Ҳизбуллоҳ» — и вай, инчунин Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо сарварии генерали маъруф Қосим Сулаймонӣ, имрӯз дар Сурия лашкари хуношоми ба ном «Давлати исломии Ироқу Шом», ки аз ҷониби Америка, Исроил, Арабистони Саудӣ, Урдун, Баҳрайн ва дигарон ҷонибдорӣ ва маблағгузорӣ мешавад, ба шикаст мувоҷеҳ гаштааст (зимнан, тибқи гузориши расонаҳои хабарии олам, хадамоти махсуси Исроил тасмим гирифтааст, ки барои ҷисман нобуд кардани ин генерали бонуфузи эронӣ кӯшиш ба харҷ диҳад), аммо ин шикаст то чӣ андоза метавонад мушкилоти печидаи минтақаро ҳал кунад ва вазъи орому мусоид барои рушду густариши минтақа ба вуҷуд оварад, зери суол аст.

Қобили зикр аст, ки яке аз сабабҳои асосии ба ғарбиён «писанд наомадан» ва ба ғазаби онҳо гирифтор шудани Эрон дар он аст, ки ин кишвар ба қавли сиёсатмадорони ғарбӣ, «хеле саркаш ва дар сиёсати дохилию хориҷӣ ниҳоят мус­тақил» аст. Эрон аст, ки аввалин шуда, ба ҷойи аз ҳама дардноки Америка нохун зад ва масъалаи қатъ кардани муомилоти тиҷоратиро бо доллари америкоӣ ба миён гузошт. Албатта, тавре ба ҳама маълум аст, гулгулшукуфии Америка на аз ҳисоби тавлиди машинаю таҷҳизот, истеҳсоли молҳои саноатӣ ва хӯрокворӣ, балки аз ҳисоби гардиши (эмиссияи) доллар мебошад. Пас, чӣ гуна вай бо давлате, ки ба некуаҳволиаш хатар ворид месозад ва дар сиёсати байналмилалӣ баробарии давлатҳоро тақозо менамояд, муросо карда метавонад? Аз ин хотир, Америка бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамояд, ки ин гуна «гарданшах»- ҳоро бо таҳримҳои миёншикан муҷозот кунад, ва ба ин васила нооромӣ ба вуҷуд оварда, дар дохили кишвар рақибони сиёсиро бо мушкилоти худашон машғул дорад, то ки маҷоли сар бардоштан надошта бошанд.

Магар пӯшида аст, ки барномаи ҳастаии Эрон ба мақсадҳои осоишта нигаронида шудааст ва мақсади эҷоди силоҳи қатли оми ҳастаиро ҳадафи худ қарор надодааст, вале ягон далелу бурҳоне наметавонад рақибонро муътақид созад.

Аммо пӯшида нест, ки ҷараёну созмонҳои ифротию тундрави «Ал – қоида», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб – ут – таҳрир», «Ҷабҳат – ан – нусра» ва дигару дигарон зодаю парвардаи Арабистони Саудӣ мебошанд. Айни замон, тавре аз гузориши расонаҳои хабарӣ бармеояд, Арабистони Саудӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ, яъне паст кардани обрӯю эътибори Эрон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин расонидани латмаи муассир ба ин кишвар, тасмим гирифтааст, ки бо давлати Исроил эътилофе эҷод созад ва ҳатто дар ивази он ин кишварро ба расмият шинохта, аз даъвои таъсиси давлати мустақили Фаластин даст бикашад, барои пойтахти ин давлат эълон нагардидани шаҳри Байтулмуқаддас розигӣ бидиҳад.

Чунин ба назар мерасад, ки давлатҳои ғарбӣ тавассути қувваҳои минтақавии худ, ба мисли Исроилу Арабистони Саудӣ, кӯшиш намуда истодаанд, ки авзои сиёсӣ дар ин минтақаи ҳассос ноором бошад.

Ин ҷо метавон як нуктаи дигарро низ иброз дошт, ки баъди ба Кохи Сафед соҳиб шудан Трамп аввалин сафари худро аз Арабистони Саудӣ оғоз кард. Ҳол он ки дар ин кишвар оид ба ҳуқуқи инсон сухан гуфтан ҳатто маъно надорад. Мафҳуми интихоб шудану интихоб кардан тамоман мавҷуд нест. Пас чаро ба ном «пуштибони демократияи ҷаҳон» ба ин кишвар ташриф овард? Албатта, барои паси дарҳои пӯшида матраҳ кардани нақшаҳои разилона нисбат ба давлатҳое, ки аз хатти кашидаи Америка берун мебароянд ва муҷозот намудани сарварони саркаши онҳо.

Вобаста ба Ҷумҳурии Исломии Эрон метавон қайд кард, ки он барои амалӣ сохтани манфиат кӯшиш ба харҷ медиҳад то таъсиру нуфузро дар давлатҳои ҳамҷавор тавсеа бахшад ва барои муваффақ шудан ба ин мақсадҳо аз тамоми воситаю имконият истифода менамояд. Чунончӣ дар баъзе аз минтақаҳои шарқии Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳо, ки пайравони мазҳаби шиа сукунат доранд, албатта, на бе пуштибонии қувваҳои муайяни эронигаро нооромию ташаннуҷ роҳандозӣ мегарданд. Инчунин, Эрон талош меварзад, ки дар минтақаи Шарқи Наздик як меҳварро бо номи «Ҳилоли шиагаро» бунёд созад, то ин ки дар оянда тавассути он давлатҳои ҳамсояро таҳти нуфузу таъсири идеологӣ қарор дода тавонад.

Тавре аз гузоришҳои воситаҳои ахбори омма бармеояд, дар фаъолияти харобкоронаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки имрӯз амали он дар кишвар ҳамчун ҳизби террористӣ манъ шудааст, ҷонибдории Эрон исбот гардидааст, ҳамчунин, масъалаи дигари нигаронкунанда он аст, ки солҳои охир тамоюли зиёди гаравидани рӯҳониён ва олимони шинохта ба мазҳаби шиа намоён ба мушоҳида мерасад.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки таҳдиди Эрон барои несту нобуд кардани давлати Исроил аз харитаи сиёсии ҷаҳон дар сиёсату дипломатия ғайри қобили қабул мебошад ва давлати муқобилро водор месозад, ки барои ҳимояи амният чораҳои дахлдор андешад. Бархӯрд ва танишҳоеро, ки зидди миллати Эрон имрӯз дар Ховари Миёна роҳандозӣ кардаанд, рӯз ба рӯз печидатар мегардад ва интиқоли он кишварҳои дигар минтақаву ҷаҳонро нигарон месозад.

Албатта, таҳдиду фишоровариҳо вокуниши манфии дигар давлатҳоро, ба мисли таҳримҳои пай дар пайи Аврупову Америка, ба вуҷуд меоваранд.

Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳоло дар вазъи пешазҷангӣ қарор доранд. Албатта, Арабистони Саудӣ наметавонад ба Эрон ҳамлаи мусаллаҳона оғоз намояд, аммо имкон дорад, ки ба ин кор онро Америка ва Исроил таҳрик намоянд. Дар иртибот бо ин, метавон бо итминон изҳор дошт, ки байни ин ду давлати Шарқи Наздик чанд сол аст, ки ба истилоҳ, «ҷанги бавосита» («proxy war») дар кишвари ҳамсояи Арабистони Саудӣ – Яман давом дорад ва ҳар лаҳза метавонад алангаи он кишварҳои ҳамсояро фаро гирад.

Зимнан ёдовар мешавем, ки 2 декабри соли 2017 дар натиҷаи ҳуҷуми ҷангиёни мухолифи ҳукумати кунунии Яман ба шаҳри Санъо – пойтахти ин мамлакат Президенти собиқи Яман Алӣ Абдулло Солеҳ асир гирифта, ба қатл расонида шуд. Аммо тибқи гузориши баъзе расонаҳои дигар (5 декабри соли 2017, Mehr News), Алӣ Абдулло Солеҳ ҳангоми фирор дар мошини зиреҳпӯш, бо ҳамроҳии ноибаш Яман Ориф Зока ва котиби генералии Ҳизби конгресси миллии ин кишвар Ёсир-ал-Авазӣ, дар натиҷаи бомбаборонкунии тайёраҳои ҷангии Амороти Муттаҳидаи Араб дар наздикии сарҳади Арабистони Саудӣ кушта шудааст. Инчунин, дар гузориши мушовири матбуотии Шӯрои олии сиёсии Яман Аҳмад ал -Ҳабашӣ гуфта мешавад, ки Президенти собиқи мамлакат дар минтақаи таҳти назорати қувваҳои ҳавоии Амороти Муттаҳидаи Араб ба қатл расонида шудааст.

Гарчанде баъзе аз расонаҳои марбут ба эътилофи Арабистони Саудӣ дар ин қазия кӯшиши айбдор кардани ҷангиёни хусиро доранд, вале тибқи маълумоти сарчашмаҳои дигар, гӯё сарвари собиқи Яман Алӣ Абдулло Солеҳ аз ҷониби зархаридони саудӣ кушта шудааст.

Таҳлилгарон доир ба сабаби кушта шудани ин шахс тахмин мекунанд, ки ӯ қаблан тарафдори хусиҳои шӯришгар буду сипас ба хотири қатъ кардани ҷанг дар кишвар ва пойдор намудани сулҳ ба Арабистони Саудӣ муроҷиат ва аз эътилофи таҳти роҳбарии он даъват намуд, ки ба бомбаборонкунии ин мамлакат хотима дода, бандарҳо ва фурудгоҳҳои Яманро боз кунад ва дар истифодаи мардум қарор диҳад, ҳамчунин аз тарафдории гурӯҳи ба ном «хусиҳо» даст кашид.

Бояд ёдовар шуд, ки Алӣ Абдулло Солеҳ ҳамчун сиёсатмадори барҷаста, соли 1978 Президенти Ямани Шимолӣ интихоб шуд. Баъди 12 соли ҳокимият дар Ямани Шимолӣ, яъне соли 1990, Ямани Ҷанубиро бо он мамлакат муттаҳид сохта, сарвари давлати муттаҳидаи Яман буд. Соли 2012 таҳти фишори Арабистони Саудӣ ва тарафдоронаш ё ба истилоҳи имрӯза — дар натиҷаи «баҳори арабӣ» ба истеъфо рафт.

Яке аз сабабҳои асосии таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудрат ва давлатҳои минтақа ба Яман аз он иборат аст, ки халиҷи Боб-ал-Мандеб дар ин кишвар ҷойгир аст ва он яке аз он ду «раги хунгузар» -и асосиест («раги хунгузар» — и дигар – Халиҷи Форс), ки тавассути он аз кишварҳои арабӣ ба хориҷ нафт интиқол дода мешавад. Дар сурати баста шудани ин «раги хунгузар» ба мамлакатҳое, ки нафтро аз ин ҷо ворид месозанд, хатари бузурги энергетикӣ таҳдид менамояд ва абарқудратҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки минтақаро зери назорати доимӣ қарор диҳанд. Аз ин хотир аст, ки киштиҳои ҳарбии тайёрабари Америка (ҳатто дар замони осоишта низ) ҳузури доимиашонро дар ин минтақа «ҳимояи манфиатҳои миллӣ» унвон месозанд.

Якбора тезутунд шудани вазъият дар Яман, ки дар он кишварҳои атроф ва абарқудратҳо бархӯрд мекунанд, ҳар лаҳза метавонад давлатҳои манфиатдорро (ин ҷо манзур Арабистони Саудӣ ва Эрон аст) ба майдони ҷанги тезутунд бикашонад, ки таъсираш ба дигар кишварҳои минтақа хоҳад расид.

Андешаҳоямро мехоҳам бо ин сухани Арасту ҷамъбаст намоям, ки дар вақташ изҳор дошта буд: «Афлотун устоди ман аст, аммо ҳақиқат барои ман қиматтар». Ин ду давлат барои кишвари мо аз ҷиҳати забону адабу фарҳанг ва дину мазҳаб дӯсту рафиқ мебошанд, вале дар муносибат бо онҳо бояд, пеш аз ҳама, манфиатҳои миллиро дар назар дошта бошем ва равобити мутақобилан судмандро ба роҳ монем. Яъне, ба ақидаи Сарвазири собиқи Британияи Кабир Уинстон Черчилл: «Давлатҳо дӯстони доимӣ дошта наметавонанд, аммо манфиатҳои доимӣ дошта метавонанд».

Нуриддин АМИРҚУЛОВ,

ходими илмии Институти

омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗГАШТ