АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ИЛМ ВА МАОРИФ - ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ДАР ПАЁМ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паём ироа мегардад, ки дар он масъалаҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат аз бурду бохти 30 соли давраи соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, оид ба мушкилоти сиёсиву иҷтимоии 70 соли асри гузашта ва 30 соли давраи соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои соли 2022-юм дар самтҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар андешаронӣ намуданд.
  Дар ибтидои ироаи Паём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд, ки “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд” ва ин маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави рушд ва инкишофи давлати миллӣ, ба раванди устувори давлатдорӣ ворид шудааст, ҳарчанд, ки вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб, ҳассос ва ногувор аст.
  Ба андешаи Роҳбари давлат, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расонида шуда, ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзуда, сатҳи некуаҳволии мардум рушд ёфта, даромади пулии аҳолӣ зиёд гардида, камбизоатӣ коҳиш ёфтааст. Ин баёнгари он аст, ки иқдому талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаем.
  Дар ин робита, талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат боис гардидааст, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш ёбад.
  Дар асоси Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дар ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ боз ҳам поён бурда шуда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар карда хоҳад шуд. Аммо, дар ёд дошта бошем, ки барои амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 кӯшишу талоши ҳар шаҳрванд, новобаста аз он ки дар кадом мақоми иҷтимоӣ қарор дорад, муҳим ба ҳисоб меравад.
  Ба андешаи Пешвои миллат “соли 2022 дар баробари ҳамаи мушкилотҳои ҷойдошта барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон яке аз солҳои хотирмон мебошад. Новобаста аз коҳиш ёфтани тиҷорати ҷаҳонӣ ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба тандурустӣ ва инчунин дигар хароҷоти пешбининашуда 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардидааст” ва “дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард”. Ин худ як ғамхории бепоёни Сарвари давлат дар муносибат ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба тандурустӣ ва маориф аст.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат бо дарки масъала ва мутобиқ намудани маорифи кишвар ба рӯҳияи давру замон нисбати ин соҳа бештар ғамхорӣ намуда, мекӯшанд, то системаи маорифи мо пешрафта бошад.
  Дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буданд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва ин нишондиҳанда дар соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Дар панҷ соли охир бошад аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
  Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
  Муҳимтарин нуктаи дигари Паёми имсолаи Пешвои миллат дар соҳаи илму маориф ин аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар ин масъала чунин таъкид намудаанд, ки “ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад” ва “бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”.
  Инчунин, вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоянд, ки “сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.
  Гарчанде дар Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат масъалаи соҳаи илму маориф ҳамчун мавзӯи мавриди баррасӣ қарор мегирифт, аммо дар Паёми имсола нисбат ба ҳар масъалаи дигар рушди илм ва соҳаи маорифи миллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки “мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”.
  Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
  Такрор ба такрор атрофи мавзуи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намудани Пешвои миллат далели он аст, ки ҳалли мушкилоти соҳаи мазкур дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар қарор дорад ва аҳли илму маорифро зарур аст аст, ки дар раванди таълим нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияи муосир диққат дода, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва арҷ гузоштан ба мероси ниёгон тарбия намоянд.
  Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ҷавонон мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, таъкид намуданд, ки ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
  Воқеан бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Бинобар ин, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани ҷавонон таъкидҳои махсус намуданд, аз ҷумла “бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.” Яъне, ба андешаи Пешвои миллат соҳибкасб будани шахс омили на танҳо пешрафту ободии ҷомеа, боло рафтани сатҳи зиндагӣ мегардад, балки боиси обрӯву эътибори махсус пайдо намудани шахс дар байни аъзоёни ҷомеа мебошад.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бо мисолҳои равшан ба Ҳукумати мамлакат ишора намуданд, ки то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд. Дар ин самт зарур аст, ки ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.
  Дар ин зимн, Пешвои миллат ба Вазорати маориф ва илм ва ба дигар идораҳои дахлдор супориш доданд, ки “дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд”.
  Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
  Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои аҳли илм ва маориф фароҳам овардааст, моро зарур аст, ки дар роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузорем ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
  Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хоссае дорад, зеро бидуни маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли наврас бунёди ҷомеаи солиму мутараққӣ имконнопазир аст.
  Давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми нерӯю тавоноии хешро ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷӯён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст.
  Ба ин нуктаҳои ироанамудаи Пешвои миллат амиқтар назар афканем, дармеёбем, ки аҳли илму маорифи мамлакат барои иҷрои ин дастуру ҳидоятҳо дар солҳои минбаъда аз солҳои гузашта ҳам бештар масъулияти баландро бояд эҳсос намоянд. Ҳар як нуктае, ки дар Паём таъкид гардидааст, фарогири масоили хеле васеъ ва муҳим барои рушду инкишофи илму маорифи кишвар, низоми таълиму тарбия ва дурнамои он ба ҳисоб меравад.
  Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди огоҳ, махсусан аҳли илму маорифро водор месозад, ки дар фаъолияти рӯзмарраи хеш нуктаҳои ироашудаи Паёмро сармашқи кору фаъолияти худ қарор бидиҳад ва баҳри татбиқу амалигардониҳои онҳо масъулияти баланди шаҳрвандиро эҳсос намояд. Пешвои миллат борҳо дар баромаду суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки “ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам” ва гуфтаҳо исботи он аст.
  Чуноне ки Пешвои миллат иброз медоранд, “танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд”, “яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем” ва ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем.
 
ҚУДРАТЗОДА КОМРОН АБДУНАБӢ
н.и.т., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

БОЗГАШТ