АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳимояи тамомияти арзӣ муҳимтарин дастоварди миллӣ

Муаллиф: Пудинаев Умед

Расм

Дар таърихи навини Тоҷикистон волотарин дастовард ин неъмати истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро расман эълон намуда, аз ҷониби як қатор давлату созмонҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд.

Сиву ду сол дар назди таърих муддати тӯлонӣ нест, вале ин марҳиларо барои миллати тоҷик метавон таърихсозу тақдирсоз унвон намуд. Чун мардуми сарбаланди тоҷикон ба сахттарин имтиҳони таърих - ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз мувоҷеҳ гашта буданд. Давлату миллатро хатари аз байн рафтану парокандагӣ ҳар лаҳза таҳдид менамуд. Бо вуҷуди ин ҳама нотавонбинону муғризон, душманону бадхоҳон тоҷикон дубора гирди ҳам сарҷамъ омада, барои ободкориву созандагӣ камари ҳиммат бастанд ва Истиқлолияти худро истеҳком бахшиданд.

Дастоварди Истиқлол. Истиқлоли давлатии тоҷикон як дастоварди беназирест, ки мардуми сарбаланди тоҷикро мебояд онро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ҳифз кунанд ва барои густаришу тараққӣ додани он талош варзанд.

Дастоварди истиқлоли давлатӣ ин нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи саодату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ин неъмати бузург барои мардуми кишвар шароити воқеӣ фароҳам овард, то роҳи дурахшони имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Бояд гуфт, ки тайи 32 соли истиқлоли давлатӣ тамоми рамзҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифтанд, ки имрӯз дар самти рушд додани эҳсоси ватанпарастӣ ва давлатмеҳварии шаҳрвандон васеъ истифода мешаванд. Истиқлоли давлатӣ шароити арзандаро барои ташаккул, шинохт ва татбиқи манфиатҳои миллии кишвар ба вуҷуд меорад.

Дар шароити пурташаннуҷи ҷаҳонишавӣ ва ташаккули равандҳои гуногуни сиёсӣ таъмини амнияти миллӣ, дарёфти роҳу воситаҳои самараноки ҳимояи манфиатҳои давлатӣ масъалаи муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбад. Таҳлилу баррасӣ ва дарки амиқи моҳияту хусусиятҳои ин масъала имконият медиҳад, ки раванди ташаккул ва сатҳи хатару таҳдидҳои муосир ба амнияти миллӣ-давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки масъалаи амнияти давлатӣ ҳамқадами инкишофи ҳаёти сиёсӣ мебошад ва дар ин аснод бояд дарки таҳдидҳову таъмини бехатарии давлат дар доираи пажӯҳиши масъалаҳои гуногуни он ба роҳ монда шавад. Дар меҳвари таҳқиқоти имрӯза, пеш аз ҳама, амнияти давлатӣ қарор дода мешавад. Сипас муаммоҳое, ки дар низоми нави ҷаҳонӣ ба амният ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ таъсири манфӣ мерасонанд, мавриди тадқиқ қарор мегирад.

Бо баробари вусъат ёфтани низоми нави ҷаҳонӣ, хусусан, баъди таназзули «ҷанги сард» масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини амният ва устувории давлат ба миён омад. Имрӯз кишвареро пайдо кардан мушкил аст, ки дар он гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, миллату халқиятҳои мухталиф бо маданияту анъанаҳои ба худ хос зиндагӣ нанамоянд. Бинобар ин ҳадафи аввалиндараҷаи давлатҳои дунё роҳ надодан ба ҳар гуна амалҳои зиддиятноки дохиливу берунии ба рушди муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо таъсири манфидошта маҳсуб меёбад. Таъмини бехатарии давлатӣ, пеш аз ҳама, тавассути татбиқи самараноки ҳадафҳои стратегӣ ва консепсияи амнияти миллӣ амалӣ карда мешавад, ки масъалаи такмили саривақтии онро ба миён мегузорад, зеро раванди татбиқи он ба ташаккули мақом ва нақши давлат дар арсаи байналхалқӣ таъсиргузор мебошад.

Консепсияи амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимму тақдирсози кишвар, роҳнамои асосии мақомоти қудратӣ, низомӣ ва тамоми корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ буда, дар заминаи баҳисобгирии манфиатҳои миллӣ-давлатӣ, тадриҷан қонеъ гардонидани талаботи гуногуни аксарияти аҳолӣ мураттаб гардидааст. Инчунин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавӣ дарҷ гардидааст, ки он уҳдадорӣ ва масъулияти дутарафаи байни давлат ва шаҳрвандро талаб менамояд.

Ҳокимият вазифадор аст, ки давлат, ҷомеа ва шахсро аз нооромиву муқовиматҳо муҳофизат намуда, худ аз хавфу хатарҳо озод бошад, то устувории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро гирифтори буҳрон насозад.

Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки дар вазъияти орому осуда зиндагӣ доранд. Ҳукумати кишвар ҳамоно кафолати оромиву осоиштагиро барои сокинон додааст, то дар хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи худ зиндагӣ намоянд. Вале

Лолаи ин чаман олудаи ранг аст ҳанӯз,

Сипар аз даст маяндоз, ки ҷанг аст ҳанӯз...

Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ

Ҷанг! яъне чӣ? як муноқишаест, ки одатан харобӣ ба дунбол дорад. Кинаву адоват меорад, ки дар он ду ва ё зиёда ҷонибҳо дахолат мекунанд. Ҷангҳо ё муқовимати мусаллаҳона байни кишварҳо ё гурӯҳҳои одамон дахл дорад. Ҷангҳо гуногунанд, ба монанди ҷанги фардиву шаҳрвандӣ, ҷанги байни кишварҳо ва ғайра. Дар солҳои ахир бештари ҷангҳо ҷанги иттилоотӣ ном гирифтаанд, ки яке дигареро тариқи расонаҳо мавриди интиқод қарор медиҳад. Ба дигар маъно ҷанги забонӣ ҳам мегӯянд. Ҷанги забонӣ, ин яъне мехоҳад забони моро аз байн бубарад, ҷанги фарҳангу тамаддун, яъне мехоҳад фарҳанги моро нобуд кунад, ҷанги сарҳад мехоҳад, сарҳади моро рахна созад, ҷанги сарзамин мехоҳад сарзамини моро гиранд. Аз он тарафи дарё ё дар шимоли кишвар аз сарҳад афрод таҳдид мекунанд ва мегӯянд мо миллататро фарҳангат заминатро нест мекунем ё мегирем. Ана ин аст таҳдид.

Таҳдид. Таҳдид ҳам ҷанги иттилоотӣ аст ва аз хатарот дарак медиҳад. Таҳдид ҳам дар сарҳади мо вуҷуд дорад. Таҳдид ба амнияти миллӣ ҳангоми ба миён омадани вазъияти номуътадил дар сарҳади давлатӣ оғоз мегардад. Дар Осиёи Марказӣ имрӯз ҳам байни як қатор мамлакатҳо муноқишаҳои сарҳадӣ ба чашм мерасад. Мо инро метавонем, бевосита аз баҳсҳои сарҳадии байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мушоҳида карда бошем. Делимитатсияи сарҳадҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон то ҳол ба охир нарасида, байни ин кишварҳо ҳудудҳои зиёди баҳсталаб мавҷуданд. Таҳдидҳои пайваста, хусусан, аз ҷониби давлатҳои ҳамсоя метавонанд, боиси бунёди монеа дар инкишофи ояндаи иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд. Буҳрони Афғонистон бошад, заминаи асосии таҳдид на танҳо ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми дунё аст.

Таҳдиди дигари ба амнияти давлативу миллӣ таъсиррасонанда ин сар задани моҷароҳои ҳарбиву сарҳадӣ мебошад. Бинобар ин пешгирии моҷароҳои мухталифи иҷтимоӣ, этникӣ, пешгирии ҳиҷрати барзиёд, таҳкими пояҳои ваҳдат, рушди инкишофи ҷомеа дар заминаи манфиатҳои умумӣ вазифаи муҳимми ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Таҳдидҳо зиёданд ва дар сарҳад таҳдидҳое, ки моро бештар нигарон намудааст, ин сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, яъне беш аз 1400 километрро ташкил медиҳад. Дар он тарафи марз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба тамриноту омӯзишҳо машғуланд.

Дар сарҳад бо Толибон”. Дар кишвари Афғонистон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон марзи тӯлонӣ, муштаракоти фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва расму суннатҳои ягона дорад, қариб чор даҳа ҷанг идома дорад. Ин вазъият наметавонад боиси нигароии мо тоҷикистониён нашавад. Сабабҳои тӯлонӣ шудани ҷанг гуногунанд: ихтилофҳои сиёсӣ, идеологӣ, мазҳабӣ, қавмӣ, забонию самтӣ, аз як тараф ва мудохилаи кишварҳои минтақавӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ аз тарафи дигар.

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамеша ошкор, устувор ва якранг буда, муносибатҳои худро аз тариқи ҳукумати марказии эътирофшуда амалӣ менамояд ва ҷонибдори Афғонистони озод, босубот ва якпорча аст, ки ҳуқуқи тамоми қавмҳои сокини он риоя шавад. Намояндагони сатҳи олии собиқи Ҳукумати Афғонистон эътироф менамуданд Тоҷикистон ҳамсояи истисноиест, ки дар муносибатҳояш бо Афғонистон ҳеҷ ғаразе надорад.

Бино ба гуфтаи профессор Қосимшо Искандаров, дар баробари ин, Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки дар вилоятҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон ва дар маҷмуъ дар шимоли Афғонистон садҳо мадрасаҳои динӣ ташкил шудааст ва сохтани ин гуна таълимгоҳҳои тарбияти террористҳои оянда идома дорад. Дар оянда шимолу шарқи Афғонистон метавонад ба Вазиристони дувум ва ба манбаи таҳдиду хатар, на танҳо барои кишварҳои минтақа, балки бештар барои Русия ва Чин шавад. Дар ин шароит шиддат гирифтани ихтилофҳои қавмӣ, аз ҷумла кӯшиши ба ҳошияи қудрат рондани тоҷикон давлатро ба ҳоли завол ва Афғонистонро ба хатари фурӯпошӣ рӯ ба рӯ мекунад.

Мушкили сарҳадии дигаре, ки дар Шимол чанд даҳҳаи ахир бо таҳдидҳое нигаронӣ ба бор овардааст, ин сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон аст, ки масоҳати хати марзи ҳарду кишвар ҳудуди 1 ҳазор километрро ташкил медиҳад.

Бо қирғизҳо. Дар баҳсҳои сарҳадии хати марз бо қирғизҳо имрӯза ҳаргиз масъалаи “барқарории адолати таърихӣ”, вазъияти “садҳо сол пеш”, муайянсозии “сарзаминҳои аҷдодӣ” ва исботи ҳаққи таърихию воқеии миллатҳо бар ҳудуди мушаххаси минтақа дар миён нест. Баҳс комилан дигар аст, аниқтар дар сарҳад масъалаи ғасби заминҳои Тоҷикистон дар миён аст. Ва сабаби ҳамаи бесарусомониҳо дар Қирғизистон ин номуътадилии кишвар аст. Яке аз сабабҳои асосии номуътадилии вазъият, баргузории митингҳо, роҳпаймоиҳо, иртиботи ин митингҳо бо митингҳои кишварҳои дигар (миёни «Майдон»-и Украина ва митингҳои Қирғизистон), тез-тез иваз шудани Ҳукумат ва Президент дар ин кишвар, такрори ҳаводиси номатлуб ва дар охир, ақибмондагии ҳамаҷонибаи мамлакат, пеш аз ҳама ба миқдори зиёди ҳизбҳои сиёсии ба қайд гирифта шуда (бештар аз 500) ва фаъолияти онҳо, ташкилоту созмонҳои ғайридавлатӣ (бештар аз 10 000 адад) ва аз ҳама муҳимтараш, сарпарастӣ ва маблағгузории созмону ташкилотҳои давлатӣ ва нимадавлатии хориҷӣ ба ин иттиҳодияҳо мебошад.

Ҳамаи ин ташкилоту созмонҳо дорои хоҷагони хориҷӣ буда, аз хориҷ кӯмакпулиҳо гирифта, дастгирии зиёд мебинанд.

Бо Ӯзбекистон. Масъалаи сарҳадие, ки дар ин мавзуъ ҳамоно сари мизи музокирот суҳбат меороянд, ин масъалаи муайнсозии хати марз бо кишвари ҳамсояи мо – Ӯзбекистон аст. Гуфта мешавад, ки агар чи хати марз то ҳол комилан муаяйн нагардидааст, вале масъалае ҳаст, ки бояд ҳалли худро пайдо карда тавонад.

Бояд гуфт кишвари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 1332 километр хати марз доранд. Собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ҳеҷ гоҳ омода нашуда буд, ки барои муайян намудани хати марз сари мизи музокирот шинад ва муайян кардани хати марз баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2018 оғоз гардид. Расонаҳо иттилоъ доданд, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд намояндагони ҳарду кишвар дар ин масъала гуфтушунид доранд. Умедворем, ки ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад. Агар чи дар замони Ислом Каримов таҳдидҳо вуҷуд дошт, вале ҳоло хушбахтона мушкиле пеш наомадааст.

Таҳдиди дигар ба амнияти Точикистон, Осиёи Марказӣ ва умуман, тамоми ҷаҳон ин зиёдшавии ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ ба шумор меравад. Афзоиши чунин гурӯҳҳо бо кирдорҳои разилонаву амалҳои ғайриинсонӣ, авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Терроризм ва ифротгароӣ сарчашмаи барангезандаи таҳдиду зӯрӣ, расонандаи зарари вазнини рӯҳию ҷисмонӣ, таҷовуз, бенизомӣ, тағйири сохтори конститутсионӣ, ғасби ҳокимият, ташкилкунандаи низоъҳои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ гардидааст. Бо чунин нишондодҳо терроризм ва ҳам экстремизм зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият боиси нигаронии кишварҳои рӯи олам гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва, ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Ҳушдор. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22.12.2016 таъкид гардидааст: «Олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд».

Хулоса. Дар умум бояд барои муттаҳидият талош кард. Дар зеҳни наврасон умуман, мавриди ташаккул қарор додани ҳимояи манфиатҳои миллӣ вобаста ба вазъияти инкишофи низоми тозаи олам, ҳамгироиҳо, пайвастагиҳо ва муносибатҳои мутақобилаи байниҳамдигарии акторҳои гуногуни сиёсати ҷаҳонӣ барои Тоҷикистони ҷавону тозаистиқлол муҳим аст.

Агар чи иддае бар инанд, ки ҳар лаҳза метавонад мушкилот болои мо сарозер шавад. Тоҷикистон имкон дорад ҳар лаҳза чун кишвари Афғонистон ё Украина шавад, ё аз ин бадтар шавад. Балову офат аз мо намепурсад. Меҳмони нохондааст меояду валангор мекунад ва меканаду медуздад. Вале дар зеҳн мо фаромӯш накунем, пойи ягон толиб ё қирғиз аз сарҳад убур нахоҳад кард. Дилу ирода ва неруи қавӣ дошта бошем ва дар пайи талоши он бошем, ки мо мардуми қудратмандем ва душман агар чи таҳдид мекунад, вале таҳдидҳо моро халале расонида наметавонад.

Дар хулосаи мавзуъ бо овардани як иқтибос аз китоби “Ҳикмати озодагон”-и Назри Яздон, файласуфи тоҷик, сухани худро хулоса менамоем: “Мӯйсафеди афғон фарзандашро васият мекунад: мо ку меравем. Ҳарчи дидем, ҳарчи кардем савобу хитобаш ба гардани мост, аммо шумо бисёр ҳушёр бошед. Ҳатто агар дар майдоне бубинед, ки ду хурӯс чашму гардани якдигарро мекананд, хуни якдигарро мерезанд, ҷурмро дар хурӯсон наҷӯед. Ҳатман дар ин майдон ҷустуҷӯ кунед. Пушти сангу кулухҳои ин майдонро кобед, ҳатман инглисеро пайдо мекунед, ки маҳз ӯ ин хурӯсҳоро ба ҷони якдигар андохтааст” ([1] с.11). Мо аз китоби зикршуда танҳо иқтибос овардем, вале тамаркузи мо ҳам вожаи истифодашудаи “инглисҳо” нест. Дар умум, бояд дар зеҳни худ дошта бошем, ки ҳамаи кишварҳо аз паси манфиатҳои худанд, пас бояд масали “Саломи дӯст бетамаъ нест”-ро дар зеҳн ҷой дода, иттилооти худро қавитар намоем ва дар қабулу баррасии мушкилот ақли солими худро ба кор бубарем.

Адабиёт

  1. Зокиров Г. Н. (муаллиф-мураттиб) Донишномаи сиёсӣ. Ҷилди I. Душанбе: «Андалеб-Р», 2015;
  2. Зокиров Г. Н. Геополитика. - Душанбе, 2009;
  3. Лебедева М.М. Политическое урегулирование конфликтов. - Москва, 1997.
  4. Назри Яздонӣ, «Ҳикмати озодагон», Душанбе 2018, 400 с.;
  5. Тоатов Ҳ. Терроризм ва экстремизм-падидаҳои номатлуб. - Хуҷанд: «Меъроҷ», 2017.
  6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе, 2016.
  7. Таҳдидҳои муосир ба амнияти давлати Тоҷикистон ва роҳу воситаҳои пешгирии он https://www.hgu.tj/ru/news/post/tahdidhoi-muosir-ba-amnijati--davlati-tojikiston-va-rohu--vositahoi-peshgiriion.html;
  8. Ҷанг чист https://tg1.warbletoncouncil.org/guerra-2211;

 

Умед Пудинаев,

ходими илмии Институт

 


 

БОЗГАШТ