АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Импичменти Трамп: Дурӯғ фурӯғ надорад

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Рӯзи шанбеи 13 феврали соли ҷорӣ Сенати ИМА натавонист барои маҳкум кардан ва аз вазифа дур сохтани (импичменти) президенти собиқи ин кишвар Доналд Трамп миқдори зарурии овозҳо - яъне, аз се ду ҳиссаи ризоияти аъзои Сенатро ба даст оварад. Ба тарафдории демократҳо 57 ва зидди импичмент 43 нафар овоз доданд ва ҳамин тавр кӯшиши демократҳо барои маҳкум кардани Трамп ба нисбати ташвиқи тазоҳуроти Капитолий, ки рӯзи 6 январи соли равон сурат гирифта буд, бо шикасти муқобилонаш ба анҷом расид.
Аслан муқобилони Доналд Трамп мехостанд, ки ӯро ба ҷурми ташвиқоти ғайриқонунӣ ва тафриқаандозиҳо дар ҷомеаи ИМА муттаҳам созанд ва ӯро на фақат аз ҳамагуна имтиёзҳое, ки мутобиқи низоми қонунгузории ИМА президентҳои ин кишвар бархӯрдоранд, маҳрум намоянд, балки имкони дар оянда ба чунин мақоми баланди давлатӣ талабгор шуданашро аз байн бубаранд. Ногуфта намонад, ки дар таърихи ИМА ин бори аввал аст, ки як президент ду дафъа импичмент мешавад ва, гузашта аз он, ҳатто баъд аз расман сабукдӯш шудан аз вазифааш. Чаро чунин ҳолат дар яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё, ки фазои солим ва анъанаҳои таърихии демократияи аслиро дорост, сурат гирифт?
Рости гап, агар ин ҳама гуфтугузорҳо бидуни эҳсосоти беҷо, бадбиниҳо ва хусуматҳои шахсӣ сурат мегирифтанд, ҷои баҳс надошт. Албатта, президент Трамп ва дастгоҳи собиқи ӯ дар давоми чор соли роҳбарӣ ба камбудиҳо роҳ додаанд. Албатта, фаъолияти онҳо бе иштибоҳ набудаст. Ин қиссаи дигар аст, аммо асли гап ин аст, ки ду ҳизби пештози ИМА – ҳизби демократҳо ва ҳизби ҷумҳурихоҳон – дар лаҳзаҳои ҳассоси барои ҷомеаи Амрико муҳим аз доираи танги манфиатҳои ҳизбии худ натавонистанд берун оянд. Натавонистанд манфиатҳои миллат ва амнияти миллии кишварро дар ҷои аввал гузоранд. Мақсад гузошта шуд, ки ҳарифи сиёсии худ, яъне Доналд Трампро бо хар роҳе, ки набошад, шармандаву шармсор ва сиёҳ кунанд, ҷанозаи ӯро ба ҳайси як «мурдаи сиёсӣ» бихонанд. Ва, мутаассифона, дар ин роҳ ба иштибоҳот роҳ доданд. Мутобиқи маълумоти расонаҳо, ҳатто даст ба дурӯг заданд. Оё чунин бархӯрдҳо асоснок буданд?
Пеш аз ҳама, эҳтироми тақрибан 75 миллион тарафдорони президенти собиқ Трамп ба эътибор гирифта нашуд. Нуқтаи назар ва мақоми онҳо, садои онҳо сарфи назар карда шуд. Дигар ин, ки бо айби ВАО ва намояндагони алоҳидаи он гапи дурӯғ ҷомаи атлас ба бар кард. Дар асл, гумроҳ кардани на фақат шаҳрвандони оддии ИМА, балки тамоми кишварҳои дунё сурат гирифт, ки дар ниҳояти кор ҷомеаи муосири ИМА-ро ба ду қисмати ба ҳам мухолиф тақсим кард, амният ва тамомияти арзии кишварро халалдор сохт. Ҷомеаи ҷахониро бошад, ки ҳамеша ба сӯи ИМА бо чашми умед нигоҳ мекард, ба шубҳа андохт, бовари онҳоро ба арзишҳои аслии демократия кам кард. Аз ин нуқтаи назар, ба қавли яке аз нашрияҳои Лондон, «ИМА дигар наметавонад он намунаи пурҷилои демократия бошад».  Магар ин ҷиноят дар баробари демократия ва арзишҳои аслии он нест? Магар ин аст роҳи дурусти ташвиқи демократия ва ниҳодҳои он ҳамчун замонати раванди устувори рушд, амният ва шукуфоии саросарии миллатҳо? Кӣ бояд инро ҷуброн кунад ва ба кадом роҳ?
Ақидаи маъмул ин аст, ки таърихан ИМА ҳамеша кишваре баёнгари қишрҳои миёнаҳоли он будааст, на нухбагонаш ва на камбағалонаш. Яъне, ИМА ин кишвари миёнаҳолон аст. Дар ин қарина ба сари қудрат омадани Трамп ҳамчун президенти кишвар натиҷаи  норозигӣ ва муқобилиятҳои синфи миёнаҳол бар зидди нухбагони сиёсӣ ва пулдорони калони он буд, ки таи солҳои ахир хостаҳои тӯдаҳои васеи мардум ва ҳатто манфиатҳои миллии ИМА-ро нодида гирифтаанд, аз назари мардумони оддӣ, баднафстар шудаанд, адолати иҷтимоиро барҳам додаанд ва, дар ниҳояти кор, ҷомеаро ба табаддулот ва бозсозиҳои нав мубтало сохтаанд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки президент Трамп ва дастгоҳи ӯ таи чор соли ахир ба бисёр навгониву тозакориҳо даст заданд, махсусан дар пешбурди стратегияи сиёсати хориҷии ИМА ва муносибатҳои мутақобилаи он бо дигар кишварҳо.
Аз назари мо, ҳоло ҳам дер нашудааст, ҳанӯз ҳам дарвозаҳои имконоти ҳамкорӣ ва ҳамоишу ҳамбастагиҳо баста нашудаанд. Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден ва ҳаммаслаконаш, аз як тараф, ва тамоми мардуми шарофатманд ва бофарҳанги ин кишвар, аз дигар тараф, дари муноқишаҳоро баста, рӯй ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми андеша ва нуқтаи назари ҳамдигар оварда, тафриқахоро дар ҷомеа дур андозанд, манфиатҳои миллӣ ва тамомияти арзии ин кишварро ҳаққи муқаддам бидиҳанд. Дар ниҳояти кор, оромиву пешрафт ва шукуфоии бештари ИМА, ин кишвари пурқудрат ва пештози демократия, ба манфиати тамоми башарияти пешқадам буда, ба сулҳу осоиш ва рушди устувори саросарии ҷаҳониён мусоидат хоҳад кард.
 
Шамсиддин Каримов,
сарходими илмии шуъбаи
Аврупо ва Амрико,
доктори илмҳои сиёсӣ

БОЗГАШТ