АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Имрӯзи муносибатҳои Ҳиндустону Афғонистон

Муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло

Расм

Мардуми сарзамини Афғонистон асрҳост, ки ба қаламрави кишвари ҳамсоя - Ҳиндустон бе монеа ва ташвишҳои сарҳадгузарӣ рафту омад доранд. Ҳиндуҳо низ аз ин гуна бартариҳо бархӯрдор мебошанд. Ҳазорҳо шаҳрвандон аз ду ҷониб ба мамлакатҳои якдигар рафта, он ҷойҳо мондаанд, муқимӣ шудаанд ва баробари аҳолии маҳаллӣ кору фаъолият мекунанд. Ҳар касе аз ин мамлакатҳо дидан кардааст, мушоҳида менамояд, ки шумораи зиёди ҳиндуҳо дар Афғонистон ва афғонҳо дар Ҳиндустон доимнишин шудаанд ва ҳаққу ҳуқуқашон баробар ба аҳолии таҳҷоӣ эътироф шудааст. Дар ҳар сурат аз ҳар ду  ҷониб нисбат ба ҳуқуқи зистану кор кардан, ё дар ҳалқаи маҳдудияти муайяне   будан  то ҳол ягон эътирози ҷиддии расмӣ нашудааст.  Танҳо дар асрҳои охир, алалхусус, аз он вақте ки Ҳиндустон соҳибистиқлол ва ба ду давлат тақсим шуд, омаду рафт байни ин давлатҳо ва ҳамаи дигар амалҳое, ки вобаста ба ин рафту омад буданд, тибқи қонунгузории нави ин давлатҳо ба чунин расмияте дароварда шуданд, ки дар дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қабул шудааст ва ба кор бурда мешаванд.  Лекин қоидаву расмият як чизу амри таърих дигар чиз мебошад. Пас аз Инқилоби Савр дар соли 1978 ва хусусан пас аз ворид шудани шумораи маҳдуди урдуи Шӯравӣ ба қаламрави Афғонистон, афғонҳо аз ҷумлаи тоҷикону паштунҳову узбекҳо ва ғайра “кофир омад” гуфта ба дигар мамлакатҳои дунё, аз ҷумла Покистону Ҳиндустон фирор карданд.  Ҳангоми сафарҳои расмии худ ман бо гурезаҳои Афғонистон дар Ҳиндустон ва бошандагони худи Афғонистон ҳамсуҳбат мешудам ва бештар  чунин гапҳоро мешунидам: “Ба мо як умр мегуфтанд, ки бегоҳ ё пагоҳ кофирон омада мулки моро мегиранду дини исломро ба нестӣ мебаранд ва шумо кофир шуда мисли ҳайвонҳо зиндагӣ хоҳед кард”. Баъдтар баъзе аз афғонҳо худ фаҳмиданд, ки ин таблиғҳои пур аз туҳмат решаи воқеӣ надоштаанд ва чанде аз гурезаҳо боз ба мамлакати худ баргаштанд.

Дар замони нав давраи дуюми аз Афғонистон чун гуреза шудани қисме аз мардуми он ба замони ба сари қудрат омадани Толибон дар солҳои 1996-2001 рост омадааст. Он солҳо одамон аз ҷабри бераҳмонаи Толибон, ки мардумро бо зӯру шиканҷа ба ақиб, ба асрҳои ҷаҳолат ва беҳуқуқӣ кашиданӣ мешуданду садҳо нафар бегуноҳонро ба қатл мерасонданд, он гоҳ қисме аз афғонҳо боз маҷбур шуданд роҳи гурезро пеш гиранд ва дар мамлакатҳои дигар, аз ҷумла дар Ҳиндустон паноҳгоҳ ҷӯянд.

Дар давраи  дар Афғонистон ҳузур доштани  асокири амрикоӣ ва давлатҳои узви НАТО (солҳои 2001-2021) дар Афғонистон беназмиву ҷангу куштору таркишҳои марговару харобиовар   беш аз пеш авҷ мегирифтанд.  Дар ҳамин давра ҳам аз Афғонистон фирор кардани  мардуми ба балоҳои пайиҳам меомадагӣ гирифторшуда тарки зодгоҳи аҷдодӣ  мекарданд. Лекин  дар ҳар сурат миқдори онҳо он қадар зиёд набуд он қадаре, ки ҳоло дар ҳамин рӯзҳо пас аз он, ки Толибон бе ҷангу бе муқобилияти урдуи 300 ҳазор нафараи ҳукумати Афғонистон, ки машваратчиёни низомии Амрико дар давоми 20 сол бо сарфи маблағи миёншикан омода карда буданд, дида мешавад.  Ба сари қудрат омадани Толибон ва хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон давраи дигари пароканда шудани афғонҳо оғоз ёфтааст. Ҳоло даҳҳо ҳазор не, балки садҳо ҳазор аз ҳисоби аҳолии Афғнистону  “меҳмонҳои нохонда”  тарки   ин мамлакат карда истодаанд. Агар афғонҳои бо хориҷиён  ҳамкорӣ кардагӣ   ба кишварҳои сарпарасти худ умедвор шуда рӯ оварда бошанд, пас дигар бошандагони Афғонистон, ки як дафъа чеҳраи аслии Толибони чи гуна сиёсатдоштаро дида, дучори азияту мушкилиҳо шуда буданд, ин андешаро аз сар дур накарда, бо ҳамон шакл ва имконияте, ки доштанд вориди мамлакатҳои дигар шуданд ва шуда истодаанд. Як қисми ин гурезаҳо Ҳиндустонро интихоб кардаанд.

Мутобиқи ахбори  баъзе расонаҳо, дар маҷмӯъ, бештар аз 6 миллион гурезаҳои афғон  ба мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Покистону Эрон кӯч бастаанд. Дигар кишварҳое, ки афғонҳо гуреза шуда рафтаанд инҳоянд: Аморати Муттаҳидаи Араб, Олмон, Англия, Австралия, Голландия,Дания Қатар, Тоҷикистон, Сурия ва Туркия. Ба Ҳиндустон ба ин миқдоре, ки гурезаҳо ба Покистону Эрон  рафтаанд, наомадаанд, лекин маълум мешавад, кам ҳам нестанд, Ин гурезаҳо пеш аз ҳама он ҳиндувоне мебошанд, ки  кайҳо боз аз Ҳиндустон ба Афғонистон омада, муқимӣ шудаанд ва чун шаҳрванди ин мамлакат ба шумор мераванд. Боқимонда  гурезаҳо аз ҷумлаи дигар қавмҳои Афғонистон мебошанд, ки  умеди дидани некрӯзӣ аз Толибон надоранд, новобаста ба он, ки Толибони навомада ҳар навъ ваъдаҳо оромкунанда  медиҳанд. Аз аввалин гурезаҳо то гурезаҳои имрӯза Афғонистонро бо он ният тарк накардаанд, ки дигар ба ватани худ пас намегарданд. Онҳо гумон доранд, ки шояд рӯзе дар ватанашон оромӣ мешавад ва онҳо метавонанд боз ба зодгоҳашон бемалол баргарданд. Воқеаҳои даҳшатангези Афғонистон дар даҳсолаҳои охир, ҳаваси бозгаштани гурезаҳои афғонро рӯз то рӯз кам мекард ва акнун пас аз дубора ҳоким шудани Толибон, ба нестӣ бурда истодааст.

Дар Ҳиндустон шумораи гурезаҳои афғон ба 18 ҳазор расидааст. Ҳукумати Ҳиндустон аз омадани ин гурезаҳо он қадар дар ташвиш нест, он қадаре, ки аз дубора ба сар қудрат омадани Толибон эҳсос мешавад. Тавре маълум аст, бештар аз 70 сол мешавад, ки минтақаи Кашмир аз оромии комил маҳрум аст ва иллати он мудохилаи террористони ҳар навъ чеҳраю ҳар навъ ҳавасу ғараз дошта мебошад. Имрӯзҳо ҳукумати Ҳиндустон нигаронӣ ва парешонӣ аз он дорад, ки бо омадани Толибон ба сари қудрат гурӯҳҳои исломии Кашмир боз аз берун аз худи Толибон, дастгирии иловагӣ хоҳанд гирифт, гарчанде намояндаи ҳаракати Толибон Муҳаммад Суҳайл Шоҳин изҳор дошт, ки Толибон бо террористони покистонӣ ҳеҷ алоқамандие надоранд. Шоҳин боз ҳукумати Ҳиндустонро огоҳ кардааст, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, дахолатҳои давлатҳои дигар дар гузаштаи пеш чӣ натиҷа додаанд, маълум аст.

17 август бо амри ҳукумати Ҳиндустон тамоми кормандони сафорати Ҳиндустон дар Афғонистон тарки Кобул карданд. Ҳукумати Ҳиндустон инчунин хоҳиш намуд, ки дигар ҳиндувони дар Афғонистон буда ба ватани худ баргарданд. 20 август Толибон консулгарии Ҳиндустонро дар шаҳрҳои Қандаҳор ва Ҳирот, ки баста шуда буданд, кофтуков кардаанд, ки ин далелест барои он, ки байни сухану амали Толибон фарқе дида мешавад. 26 август бошад намояндагони ҳукумати нави Афғонистон дар симои кормандони амният 140 нафар сикҳҳои муқими Афғонистонро, ки 15 соат дар майдони ҳавоии Кобул интизори парвоз ба Ҳиндустон буданд, аз сафар кардан боз доштанд Ин сикҳҳо ба хотири ҷашни 400 солагии яке аз гуруҳои (пешвои) сикҳҳо Теғ Баҳодур азми сафари Ҳиндустон доштанд.  Ин, албатта дар муқоиса бо дигар масъалаҳое, ки байни Ҳиндустону Афғонистон ҷой доранд, он қадар масъалаи садамаовар нест. Хавфи дигар дар муносибатҳои иқтисодии ин ду кишвар он аст, ки  оё Ҳиндустон метавонад дар Афғонистон мутобиқи лоиаҳои пештар қабулшуда сохтмони иншооти ба нақша гирифтаашро идома диҳад? Ҳиндустон дар қаламрави Афғонистон барои лоиаҳои гуногун, аз ҷумла сохтмони бандҳои об, роҳҳо ва ғайра ба миқдори  бештар аз 3 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст. Сохтмони баъзе иншоотҳо идома дорад. Намояндаи расмии ҳаракати Толибон  Шоҳин изҳор дошт, ки Ҳиндустон метавонад сохтмонҳои иншоотҳои ба нақша гирифтаашро идома диҳад, зеро онҳо барои мардум пешниҳод шудаанд.

Ҳамин тариқ, яке аз наздиктарин ҳамсояи Афғонистон бо ҳамаи мушкилот ва бесарусомониҳои сиёсиву иқтисодии ба сари халқи афғон омада нигоҳ накарда, ҳамеша ёрии худро барои ин мамлакат дареғ надоштааст ва ҳоло ҳам боварӣ дорем, дареғ намедорад. Ҳоло пас аз ногаҳон ва барқосо дар Афғонистон ба сари ҳукумати омадани Толибон, ҳамаи он давлатҳое, ки бо Афғонистон ягон навъ дар ягон самт сару кор доштанд, аз ҷумла ҳукумати Ҳиндустон интизори он мебошанд, ки Толибон чӣ нақшаҳо дар сар доранд ва чӣ тавр онҳоро амалӣ карданӣ ҳастанд ва чӣ гуна сиёсатро пиёда хоҳанд кард. Ҳиндустон нисбат ба воқеаҳои Афғонистон, ба тақдири гурезаҳо ва муносибати худ бо Толибон интизори ҳалли панҷ масъалаи муҳиму тақдирсози Афғонистон мебошад. Якум:  Ҳукуматдорони нав, яъне Толибон кадом сиёсатро ҷорӣ карданианд, ки дар оянда бо онҳо кор кардан ба маънои аслиаш қобили қабул бошад? Дуюм: Оянда муносибатҳои Толибон  бо гурӯҳҳои террористӣ ва амсоли ин гурӯҳҳо дар кадом шакл сурат мегирифта бошад? Сеюм: Ҳукумати Толибонро дар ҳамон шакле, ки имрӯз худи онҳо нишрн медиҳанд, ҷамъияти ҷаҳонӣ мешинохта бошад? Чорум  оё бе гузоштани шартҳо дигар мамлакатҳо Афғонистонро мешинохта бошанд? Панҷум: Охирин мавқеи Ҷумҳурии Халқии Чин, Руссия, Покистон ва албатта Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нисбат ба ҳукумати нави Афғонистон чӣ тавр мешавад?

Ҳиндустон, новобаста аз он, ки ин давлатҳо дар кадом шакл муносибатҳои дипломатӣ ва сиёсии худро бо Толибони Афғонистон ҷорӣ мекунанд, ё барои амалӣ кардани манфиатҳояшон кадом сиёсат ва роҳҳоро ба кор мебаранд, дар шароити мусоиди сиёсӣ бо Афғонистон муносибатҳо ва ҳамкориҳои худро сард ва ё пурра қатъ карданӣ нест. Он рӯз дур нест, ки симои воқеии Толибон ва азму талошу сиёсати аслии онҳо ба ҷаҳониён пурратар маълум хоҳад шуд. Сирри ба малағи 85 миллиард доллар техникаву таҷҳизоту тиру туфангро ба ихтиёри Толибон, бе нишон додани муқобилият, гузоштани амрикоиҳо низ ошкор хоҳад шуд. Он гоҳ нуқтаи охирон ва ҳалкунандаи сиёсати Ҳукумати Ҳиндустон нисбат ба Афғонистон бештар муайян хоҳад шуд.

 

 

Ҳабибулло Раҷабов – мудири Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ