АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Инъикоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Паёми Президент дар соли 2021 дар робита ба вазъияти Афғонистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Мавзӯи вазъияти кишвари ҳамсоя-Афғонистон ва таъмини амнияти он барои Осиёи Марказӣ ва бештар аз он барои Тоҷикистон  рӯзмарраву мавриди таваҷҷӯҳи тамоми минтақа мебошад, аз ин лиҳоз, ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли 2021 мақоми хос пайдо намуда, хеле муҳим будани он мавриди зикр ва ёдоварӣ қарор гирифт. Вақте сухан дар бахши таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар робита ба Афғонистони ҳамсоя мерафт, аз ҷониби Президент чунин фикр ироа гардид: “Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтаҷа нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳифзи сулҳу суббот ва таъмини амнияти пойдор дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии Давлати Точикистон нигох медорад. Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сиёсие ба сулҳ хоҳад расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад. Тоҷикистон фаъолияти минбаъдаи байналмилалии худро мутобиқ ба муқарарроти Консепсияи сиёсати хориҷии давлатамон бо саъю талоши бештар идома хоҳад дод”.
Лозим ба ёдоварист, ки эътилофи Ғарб қабл аз ба охир расидани мӯҳлати чорсолаи Президенти ИМА Доналд Трамп дар моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар Амрико Толибонро барои гуфтушунид бо Ҳукумати Кобул гирди мизи музокирот ҷамъ овард. Ин гуфтушуниди даври якуми байни ҷонибҳо шаш моҳ идома намуда, дар таърихи 29-уми феврали соли 2020 ба имзои Созишномаи оташбасу сулҳ оварда расонд. Ҷараёни иҷрои ин Созишнома то моҳи январи соли 2021 идома ёфта, моҳи январи соли равон аз сари нав дар пойтахти Қатар даври дуюми гуфтушуниди сулҳи байни Ҳукумати Кобул ва Толибон роҳандозӣ карда шуд, вале ҷонибҳо сари қабули ягон навъ қарори муайяну мушаххас ҷиҳати идомаи оташбас, сулҳ ва ё таъсиси ҳукумати эътилофӣ, таҳти сарпарастии собиқ намояндаи давлатии маъмурияти сиёсии ИМА Майк Помпео расида натавонистанд. Баръакси ин, вазъияти сиёсӣ, дар Афғонистон, аз ҷумла дар шаҳри Кобул пуршиддат ва печидатар гардида, намоён гашт, ки Толибон тактикаи нави муборизаро барои гузаронидани амалиётҳои террористӣ, қатлу куштори намояндагони мақомотҳои ҳукуматӣ пеш гирифтаанд. Ин роҳи пешгирифтаи муборизаи Толибон бар зидди Ҳукумати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ номи Стратегияи нави “Толибон”-ро гирифт. Азбаски маъмурияти сиёсии ИМА шарики стратегию иттифоқчии худ Президент Ашраф Ғаниро, аз рӯи мулоҳизаҳои дипломатӣ барои таъсиси ҳукумати эътилофӣ маҷбур карда наметавонад, бинобар ин маҷбур аст, ки вазъияти дохилию сиёсии Кобулро бо дасти толибони иттифоқчию итоаткори худ пурпечутоб сохта, нақшаи сиёсии худро амалӣ намояд. Тибқи Стратегияи нави ҷангии Толибон ва аз рӯи таҳлилҳои сиёсии расонаҳо ба назар чунин мерасад, ки маҳз ИМА барои гузаронидани таркишҳо, кушторҳои ҳадафмандона, қатли фаъолони шинохтаи сиёсиву ҷамъиятӣ, рӯзноманигорони ватанпарасти воқеъбин ва адолатхоҳи афғон бо дасти толибон ишораи сабзу иҷозат медиҳанд ва дар асл ин кор алакай шурӯъ шудааст. Дар натиҷа, чунин рӯзноманигорон, ба монанди Бисмиллоҳ Одил Аймақ дар вилояти Ғур, фаъолзани маъруф Фаришта Кӯҳистонӣ дар вилояти Каписо аз тири ҳамлагарони мотосиклсавор кушта шуданд. Инчунин ба мошини муовини раиси вилояти Кобул Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ маводи тарканда часпонда, ӯро ҳамроҳи ду нафар ҳамкоронаш ба қатл расониданд. Дар воқеъ, ин гуна тактика ва роҳи куштор бо истифода аз мотосикл ва ташкили таркишҳо дар масҷидҳо барои низоъ андохтан байни шиаю суннӣ, таҷрибан 10-15 сол қабл аз ин дар баъзе шаҳрҳои сераҳолии Карочӣ, Лоҳуру Пешовари Покистон, аз тарафи кормандони алоҳидаи Маркази истихборотии ИМА амалӣ карда мешуд ва он тактика хотима ёфта буд танҳо баъди он, ки Маркази истихбороти ҳарбии Покистон (ISI) як нафар ҷосуси бисёр ҳам таҷрибаноку бераҳмтарин ва “дастгирнашавандаи” ИМА-ро дастгир намуда, тактикаи душманонаи маъмурияти Амрикоро дар матбуот расонаӣ кард ва мақомоти сиёсии он давлатро ошкоро айбдору муттаҳам намуд ва Покистон барои озодии ҷосуси америкоӣ товони хеле калон талаб намуд. Ҳамаи он қатлу кушторҳои Покистонро Амрико кори дасти Толибон ё исломиҳои радикал меномид. Айни ҳамин ҳолатҳо, чӣ тавре ки як-ду мисолаш дар боло зикр карда шуд, дар моҳи декабри соли 2020 ва дар аввали соли 2021 дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон рӯй дод, вале Ҳукумати Кобул ва ИМА айбро ба дӯши Толибон партофтанд, вале сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар вокуниши Толибон бо қотеият дар содир намудани он корҳо даст надоштани Толибонро эълон намуда, масъалаи паҳн намудани чунин овозаю айбномаҳоро бар зидди Толибон таблиғоти беасоси Ҳукумати Кобул номид.
Дар ин масъала, манбаъҳои интернетӣ чунин иттилоъ медиҳанд, ки дар як муддати кӯтоҳ, амалиётҳои террористӣ дар Афғонистон хеле афзудааст ва инро сардори Сарраёсати амнияти миллии Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ дар гузориши худ  дар назди вакилони парлумони кишвар матраҳ карда, гуфтааст, ки қувваҳои амниятӣ охирҳои соли 2020 ва аввалҳои  моҳҳои январ,феврали соли 2021, тақрибан то 400 нафар ҷангҷӯи “Толибонро” дастгир намуданд, ки онҳо дар қатлҳои ҳадафмандона даст доштанд. Азбаски ин гуна корҳоро Толибони расмӣ ташкил карда наметавонистанд, бинобар ин ИМА барои ба ақиб партофтани хуруҷи қувваҳои эътилофӣ аз 1-уми май то 11 сентябри соли равон, аз ҳисоби ҷангандаҳои гурӯҳи нав бо номи “Убайда Корвон” амалиётҳои мазкурро ташкил намудаанд. Онҳо адади умумиашонро дар маҷмӯъ то панҷ ҳазор ҷангӣ нишон додаанд. Маҳз бо ҳамин сабаб, Кобул адади кормандони пулисро дар пойтахт ду маротиба зиёд намуда, сад миллион доллар маблағ пайдо кард ва дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Кобул дурбинҳои амниятӣ насб кард. Шояд баъди андешидани чунин чораҳо вазъияти амниятӣ беҳтар шавад. Вале таҳлилгарон маълумотҳои Ҳукумати марказиро дар бораи он, ки онҳо марказҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои бузурги аҳолинишинро таҳти контроли худ қарор дода бошанд, таҳти шубҳа мегузоранд ва таъкид менамоянд, ки ин маълумотҳо ба ҳақиқат мувофиқат намекунад ва барои исботи гуфтаашон чунин мисолро меоранд. Аз 407 ноҳияҳои Афғонистон, танҳо 30 дарсадаш пурра дар дасти Ҳукумат буда, қисми боқимондаи минтақаҳо беназорат ва ё таҳти назорати Толибон аст.
Аз замони созиши сулҳ бо Толибон, имзои Созишнома  (29.02.2020) дар Доҳаи Қатар қариб як сол гузаштааст, ки ҳадафи асосии он аз оташбас ба тариқи зайл иборат буд: даст кашидан аз ташкили таркишҳо, кушторҳои ҳадафмандона, қатли фаъолону шахсони шинохтаи сиёсиву ҷамъиятӣ байни Толибону Кобул. Вале ин тавр нашуда, баръакс шуд. Масалан, 1-уми январи соли 2021, яке аз хабарнигори маъруф Бисмиллоҳ Одил Аймоҷ дар вилояти Ғур аз тарафи афроди ношинос кушта шуда, дар давоми ду моҳи охир, адади хабарнигорони кушташудаи афғон ба 5 нафар расид. Дар байни кушташудагон як фаъолзани маъруф бо номи Фаришта Кӯхистонӣ низ буд, ки рӯзи 15 декабри соли 2020 дар вилояти Каписо аз тири ҳамлагарони  мотосиклсавор  кушта шуд. Ба ҳамин монанд, рӯзи 24 декабр бомбаи магнитй, ки ба мошини муовини раиси вилояти Кобул Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ насб карда шуда буд, сабаби марги номбурда ва 2 нафари дигар ҳамроҳонаш гардид. Қатлҳои охир хашми Ҳукуматро барангехт ва дар миёни сокинони шаҳрҳои кишвар, ки муқобили ғояҳои Толибон мебошанд, тарсу ваҳмро эҷод кард. Дар ин маврид, таҳлилгари масоили сиёсй Раҳматулло Амирӣ аз Кобул чунин мегӯяд, ки дар манотиқи таҳти назорати Ҳукумат - асосан шаҳрҳо, Толибон барои ба даст овардани дили мардум «Стратегияи нави худро» гузаронида истодаанд, ки он ба амалиёти низоми тарс додан ва ҷангии равонӣ монанд мебошад.
Мақомоти Амрико бо такя ба қавли Толибон мегӯянд, ки бо вуҷуди норозигии ҷангҷӯёни Толибон, хушунатро коҳиш ёфта истодааст. Дуюми феврали соли равон (02.02.21) дар расонаҳо хабаре паҳн шуд, ки шарти Толибон барои расидан ба сулҳ дар Афғонистон истеъфои Ашраф Ганӣ, Президенти кунунии кишвар мебошад.
9-уми сентябр сӯйқасд ба ҷони Амрулло Солеҳ дар Кобул рӯй дод. Дар натиҷа 12 нафар кушта ва 10 нафар, аз ҷумла ноиби Президент, худи Амрулло Солеҳи тоҷики Панҷшерӣ низ бо чанд нафар посбонҳояш ва шахсони дигари бегуноҳ захмӣ шуданд. Бо шунидани ин хабар, Тоҷикистон бо қотеият он амалиёти террористиро маҳкум намуд ва эълом дошт, ки дар ин сӯйқасд моддаҳои махсуси кимиёвӣ истифола шудааст. Амрулло Солеҳ, ки дар паҳлум Президенти кунунӣ аст, бинобар ин  дар мулоқотҳояш дар марказҳои вилоятҳо бо намояндагони мақомотҳо, бешубҳа сиёсати Ҳукумати марказиро пеш мебарад, аз ҷумла дар 7-уми январи соли равон дар Нангарҳор гуфт, ки роҳбарияти мамлакат барои ҳайати музокиротии Ҳукумат танҳо як шарт дорад. Яъне лидерҳои ояндаи Афғонистон бояд аз тариқи интихобот пешбарӣ ва интихоб шаванд, ки ин ин гуна сиёсат ба Толибон маъқул нест.
Ҳодисаи дигари даҳшатноку фоҷиаангезе, ки дар 7-уми декабри соли 2020 дар вилояти Дарвози Бадахшони Афғонистон рӯй дод, он ба монанди таҳдиде бар зидди самти Шимол ва ба Ҳукумати Тоҷикистон буд. Тибқи хабари рӯзномаи «Тоҷикистон» аз 14 декабри соли 2020, роҳбарияти сиёсии давлати Тоҷикистон маҷбур шуд, ки натанҳо қувваҳои мусаллаҳашро ба ҳолати омодабош биёварад, балки ҳамчун давлати раисикунанда дар СААД ҷаласаи роҳбарони низомии ин Созмонро дар Душанбе даъват намуда, ба Толибону ДОИШ  фаҳмонд, ки Тоҷикистон танҳо нест.
 Лозим ба ёдоварист, ки ҳуҷум дар вулусволии Моҳмайии вилояти Дарвози Афҳонистон рӯй дод. Гурӯҳе ба ном “тоҷиктолибон”, дар ҳудуди 25-30 нафар, дар деҳаи Хувоз мавқеи низомӣ гирифта, барои тарсонидани аҳолии маҳаллӣ ва низ кишвари ҳамсояи Тоҷикистон амалиёти ҷангиро сар карда буданд. Ҳатто бо истифода аз фурсат алакай баъзеашон бо роҳи зӯрӣ бо духтарони маҳаллӣ оила ташкил намуда буданд. Ҳамзамон онҳо аз тариқи ВАО-и минтақа овозаҳо паҳн намуданд, ки дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳамроҳи Толибон дар ҳудуди 450 нафар ҷанговарони хориҷӣ,  аз чумла  покистониҳо, афғонҳо, ӯзбекҳо, кавказиҳо ва ӯйғурҳои Хитой меҷанганд. Тоҷиктолибон собиҳ сокинони Тоҷикистон буда, баъзеашон аз ноҳияҳои Исфара, Рӯдакӣ, Нуробод ва Спитамени Суғд буданд ва ба гурӯҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” тааллуқ доштанд. Дар таърихи мазкур, тоҷиктолибон тавонистанд 24 нафар кормандони амнияти Дарвозро ваҳшиёна ба қатл расониданд, ҳол он ки онҳо таслим шуда, силоҳҳояшонро ба замин гузошта буданд ва дастболо ба зону меистоданд. Дар ҷараёни ҳуҷуми ногаҳонии толибон, ҳамзамон 7 нафар кормандони сохтори қудратии ҳукумати вулусволии Моҳмайӣ беному нишон шуданд. Чунин маълумот аз ҷониби роҳбари хадамоти амнияти Толибони Дарвоз Атоуллоҳ дастрас шудааст. Номбурда шахсан тамоми аъзоёни гурӯҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳро” дар Дарвоз мешинохтааст. Тибқи хабари ВКД Тоҷикистон, мақомотҳои ҳарду ҷониб шахсияти 10 нафар иштирокчиёни куштори Моҳмайии Дарвозро муайян карданд. Он кушторро шаҳрванди Тоҷикистон бо лақаби «Юнус Арсалон» ва номи аслии Абдулвосит Воҳидов роҳбарӣ кардааст. Ин гурӯҳ дар натиҷаи фаъолияти ҳамоҳанг гардидаи қувваҳои махсусу зудамали Афғонистон бо дастгирии Тоҷикистон торумор ва баъзеашон дастгир карда шуданд.   
 Бо шиддат гирифтани вазъияти сарҳадот Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд баъзе чораҳоро андешад. Бо назардошти сӯйқасд ба ҷони Амрулло Солеҳ ва ҳодисаи Дарвоз, дар нимаи дуюми соли 2020 Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Афғонистон доктор Абдулло дар қатори сафарҳои сиёсии худ ба чор давлати минтақа - Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, инчунин ба Тоҷикистон ташриф овард. Доктор Абдулло ба ҳайси фиристодаи Президенти Афғонистон дар Душанбе як қатор мулоқотҳои муҳим гузаронид. Албатта, дар ин сафар мулоқоти доктор Абдулло бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон калидӣ ва хотирмон буд, зеро асосан дар масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳифзи сулҳу субот, таъмини амнияти минтақа ва пайдо шудани ба ном гурӯҳҳои террористии «тоҷиктолибон» дар вилоятҳои сарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Дарвози Бадахшон ва қатлу куштор, даҳшатгарию таҳдидҳои онҳо алайҳи Тоҷикистон, гуфтушунидҳо баргузор гардиданд. Ҳамин гуна мулокотҳо, инчунин бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сарвазири Ҳукумат ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ шуда гузаштанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳодисаи террористии сӯйқасд бар зидди А. Солеҳро ҳодисаи террористии фоҷиабор номида, онро қотеона маҳкум намуд ва дар як вақт Сардори давлат ҳайати ҳукуматии Тоҷикистонро бо сардории Раиси Кумитаи Давлатии амнияти миллии кишвар муҳтарам Саймумин Ятимовро барои гуфтушунид ба Кобул фиристод. Маълум аст, ки ҳайат дар давоми ду сафари худ ба Кобул якчанд мулоқотҳои хеле ҷиддию муҳим гузаронид. Дар натиҷа ҷавобан ба сафари ҷониби Тоҷикистон ба зудӣ сафари ҷавобии ҷониби Афғонистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии он кишвар Муҳаммад Атмар бо як қатор сардорони вилоятҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон ба Душанбе омаданд ва мулоқотҳои хеле муфиду муҳим гузарониданд.
Бо назардошти муҳиммияти масъала, рӯзҳои 3-4-ум ва 23-уми октябри с.2020 сафари кории намояндаи махсуси ВКХ-и ИМА Зулмай Халилзод ва Сардори Ситоди фармондеҳии марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон генерал Кеннет Маккензи ба Душанбе ташкил карда шуда, мулоқотҳои онҳо бо Президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин маврид бояд ёдовар шуд, ки ҳам намояндаи расмии Афғонистон доктор Абдулло, ҳам намояндагони маъмурияти давлатию сиёсӣ ва низомии Ҳукумати ИМА баъди ҳодисаи сӯйқасди ба ҷони А.Солеҳ ва ҳодисаи Дарвоз оҷилан, маҳз бо даъвати Сардори давлати Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварданд.
Ба ин ташрифу сафарҳои намояндагони сиёсию низомии олирутбаи  Афғонистону ИМА нигоҳ накарда, дар таърихи 5 феврали с. 2021 дар ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Қундуз ҳамлаи қувваҳои Толибон, ки дар асл ҷангиёни ДОИШ буданд, болои постгоҳи низомии воқеъ дар маҳалли Тори Ахтари Хонобод сурат гирифт, ки се соат идома ёфт ва дар натиҷа он 16 корманди амниятии Афғонистон кушта, 2 нафар захмӣ гардиданд. Ҷангиён ду корманди постгоҳро гаравгон гирифта, инчунин тамоми силоҳу муҳимоти постро бо худ бурданд. Ҳол он ки ин постгоҳ зери назорати амнияти миллии Кобули Афғонистон қарор дошт. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз як тараф музокироти сулҳ идома дорад, аз тарафи дигар бо истифода аз фурсат, Толибон хушунатро дар сартосари Афғонистон пурзӯр карда истодаанд.
Дар робита ба гуфтушуниди байни Толибон ва Ҳукумати расмии Кобул, Президент Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки шартҳои Толибон муқобили манфиатҳои миллии Афғонистон ва бар зидди Конститутсияи мамлакат мебошанд. Бо вуҷуди ин Кобул дар ҷустуҷӯи баромадан аз бунбасти сиёсӣ аст ва кӯшиш мекунад, ки Толибонро дар гирди мизи музокирот нигоҳ дорад. Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки хуруҷи саросемавори қувваҳои ИМА ба шиддат ёфтани вазъияти кишвараш оварда мерасонад.
Дар натиҷаи кӯшишҳои саривақтии Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҷараёни татбиқи он дипломатияи оқилонаи муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба роҳандозӣ карда шуд ва нақши сиёсӣ ва иқдомҳои саривақтии Президенти Тоҷикистон ва мақомотҳои давлатӣ ба таври назарас намоён гардид, имкон фароҳам омад, ки тавассути гуфтугӯҳои телефонии мустақими Президентҳои ҳарду кишвари ҳамҷивор – Тоҷикистону Афғонистон, ирсоли ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ду маротиба ба Кобул, баргузории Конфронси минтақавии зидди терроризм дар пойтахти он давлат бо иштирок ва маърӯзаи намояндаи баландрутбаи  Тоҷикистон ва баъдан ташкили Конфронси 9-уми минтақавӣ таҳти унвони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” дар Душанбе, бо иштироки зиёда аз 30 нафар вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиё ва 16 нафар роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ба тариқи воқеӣ ва онлайнӣ баргузор карда шавад. Дар Форум Президентони Тоҷикистону Афғонистон раисӣ намуданд.
Ҷолиби зикр аст, ки қабл аз баргузории Конфронси осиёвии мазкур дар ш. Душанбе, дар шаҳри Кобул “Конфронси минтақавии зидди терроризм” бо иштироки ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон, ғайр аз ин Конфронси намояндагони Ҳукумати Кобул ва Толибон бо иштироки Россия, ИМА, Хитой ва Покистон дар таърихи 18-уми март дар Москва баргузор гардид. Илова бар ҳамаи ин, Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдогон низ ташаббуси ҷамъбастиро ба даст гирифта, барои нишон додани мавқеи ҳалкунандаи сиёсӣ доштани давлаташ ва  ба хотири барқарории сулҳу истиқрор дар Афғонистон, дар таърихи 24 апрели соли 2021 дар ш.Стамбул, баргузории Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул”-ро созмон додааст ва ба он вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёро даъват намудааст.
Дар марҳилаи кунунӣ, тибқи Созишномаи баимзорасидаи Қатар байни собиқ Вазири корҳои хориҷии ИМА ва Толибони Афғонистон мӯҳлати хуруҷи қувваҳои давлати Амрико ва кишварҳои аъзои Атлантикаи Шимолӣ аз Афғонистон 20 сол пур шуда, дар аввали моҳи майи соли 2021 ба охир мерасад. Аз вақти имзои Созишнома то имрӯз як солу ду моҳ гузашт. Ҳоло бошад, маъмурияти давлатии нави ИМА, баръакси имзоаш ва ӯҳдадории ба зимма гирифтааш, эълон кард, ки хуруҷи  қувваҳояшонро то 11 сентябри соли равон ба таъхир мегузорад. Канслери Ҳукумати Олмон Ангела Меркел дар навбати худ эълон кард, ки дар моҳи июл қувваҳояшро аз Афғонистон мебарорад. Роҳбари низомии қувваҳои эътилофии НАТО дар Афғонистон генерал Кеннет Маккензӣ гуфтааст, ки дар вазъияти сиёсӣ - низомие, ки имрӯз дар Афғонистон вуҷуд дорад, баъди баромадани қувваҳои эътилофӣ аз ин кишвар, Артиши Афғонистон дар мубориза бо Толибон ба мушкилот дучор шуда, имкон дорад давлат идоранашаванда шавад. Бинобар ин ИМА лозим медонад, ки қувваҳоро аз Афғонистон бароварда, як қисми онҳоро дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҷойгир намояд. Албатта, ба ин гуна сиёсати ногаҳонӣ ва ғайричашмдошти ИМА, Президенти Россия В.Путин норозигӣ ва эътирози сахти давлаташро аз Тоҷикистон сар карда, ба ИМА нишон дод.     
Дар хулоса, чӣ тавре дар Паёми Президент омадаст, бояд гуфт, ки барои Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ барои Осиёи Марказӣ, таъмини амнияти кишвари ҳамсояи Афғонистон талаботи рӯзмара ва хеле муҳим аст, зеро вазъияти ором дар кишвари ҳамсоси Осиёи Марказӣ гарави таъмини амнияти сарҳадоти ҳам тамоми минтақа ва ҳам худи Тоҷикистон мебошад. 
  
Адабиёт:
  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 26 январи соли 2021.
  2. Афғонистони имрӯза. Ахбори иттилоотии интернетии ҳаррӯза.
  3. А. Аҳмадзода. Рӯзномаи Тоҷикистон. 14 декабри соли 2020.
  4. Изҳороти генерал Кеннет Маккензӣ. Лиз Дюссет, хабарнигори Би-Би-Си.
Бознашр дар рӯзномаи Дунё. Душанбе аз 20-26 апрели соли 2021.   
  
У. Сайдалиев, н.и.сиёсатшиносӣ,
муаллими калони ДДОТ
ба номи С. Айнӣ  

БОЗГАШТ