АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ИНҚИЛОБИ САФЕД!

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

       Ҷунбиши миллӣ бо унвони «танзим» инқилоб аст

  Нахуст, ёдоварии ҳадафи худро аз гуфтори дар ин ҷо пешниҳод гашта лозим медонам ва он ин аст, ки накӯҳишномаи файласуф Меҳмоншоҳ Шарифзода, зери унвони «Инқилоби Фаттоҳзода: таназзул ё тараққӣ?», ки чанде пеш дар ду шумораи нашрияи “Озодагон”, ба равшанӣ баромада буд,  шигифтовар ба чашм мехӯрад. Мақолаи номбурда моро ба андешае овард, ки ин пиндорҳо дар зеҳни як файласуфи аз сарнавишти миллат огоҳ чӣ гуна пайдо шуда бошанд ва ин интиқоди сахти роҳи рости миллатсозӣ обишхӯри кадом сарчашма бошад.

Дар ин ҷо ихтилофи дидгоҳҳо вуҷуд дошта бошад, ё дарнарафтан ба талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳонидани миллати бинишу куниш ва ҳатто гӯиши ориёиву тоҷиконаи худро, бар асари ҳамлаи ҳазоруанд солаи бегонагон, гум карда. Шояд сарчашмааш дар ниҳоди хеш ҷой надодану дида натавонистани дастовардҳои чашмгири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати навини тоҷикон бошад, ки бо сарварии марди иродатманди аз миёни мардуми рустоии тоҷикон бархоста, ба даст омадааст. Ва ё сабаби ин ҳама каҷнигариҳо бурдбории бори азими давлатдории кишвари варшикаставу рӯ ба завол овардаи тоҷиконро осон гуморидан аст. Агар бидуни дудилагӣ медонистем чунин аст, бо овардани ин байти Фирдавсии бузургвор, сарфи хомаро беҳуда медонистем:

                            В – агар шоҳӣ осонтар аз бандагист,

                        Бар ин дониши ту бибояд гирист.

      Гуфтаниҳои ин саҳифаро мо фаротар аз навиштори накӯҳишонаи файласуф Меҳмоншоҳ Шарифзода медонем, зеро мо аз пайи гуфтори файласуфона ва назарияпардозиҳои аврупоиёна нагашта, рӯ ба зиндагӣ  ва табиату маниши миллатамон овардаем. Ба сони Меҳмоншоҳ Шарифзода ва ҳамандешагони ӯ, ки дар гумон хешро навоварон (реформаторон) ва дигаронро куҳанниҳод (ретроград), атеисти марксистӣ, берун аз фарҳанги миллии динӣ мепиндоранд, чандин касонро дидаем, ки гуфтаҳояшон барои гуфтан аст, на таҳлилу баррасии зиндагии мардум. Гуфтори чунинҳо ҳамон достони духтари подшоҳро ба ёд меоварад, ки  ба нодорон гуфтааст «агар нон надоред, чаро кулча намехӯред?»

     Чуноне медонед ба муаллиф гуфтаҳои муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад, ки дар мақолаи худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», қонуни нодиру бесобиқа дониста, ба роҳ андохтани онро инқилоби маънавию фарҳангӣ хондааст, писанд нагаштааст. Пайдост, ки нигоранда бо ҷаҳони ботинии оммаи тоҷикон, ба вижа деҳотиён кам сару кор дошта, дигарсозии андешаи бо арабу турку муғул олуда гаштаи миллатро кори осон гуморидааст. Ба ин нуктаи асосӣ дарнамеравад, ки давлатмардон қонунҳои ба сони аз байн бурдани хурофоти садсолаҳо дар пайкари мардум ҷо гирифтаро, аз ночорӣ ба тадвин меоваранд. Чун миллатеро, ки барояш сухани ҳикматомез ба кирдори бозӣ бошад, гаҳе боясти рӯ ба сухани қонун овард. Ба ёд оварем сухани Ҳаким Фирдавсиро дар пиромуни паёмади дарҳамомезиши қавмҳо, ки ба худбегонагӣ овардааст:

Зи Ирону аз турку аз тозиён,

Нажоде падид ояд андар миён.

На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,

Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.

     Аз ночорӣ гоҳе сарварони замонаҳои дур тадбирҳои барои миллатсозӣ ниҳоят зарурро бо усулҳои авторитарӣ ва гаҳе диктаторӣ ба роҳ меовардаанд. Пётри I ҳамаи боярҳоро дар майдон гирд карда, амр мекунад, ки ришҳояшонро битарошанд, либосҳои дарози ба кашишҳо монанди худро, ки ба ҳаракат халал меовард аз тан бадар карда, либоси аврупоии сабуку шинам, бипӯшанд. Ӯ боярҳои сарватмандро бо амри қатъӣ вомедорад, то фарзандони хешро барои омӯзиши касбу ҳунар ба донишгоҳҳои Аврупо бифиристанд. Отатурки ҷумҳурисозу бунёдгари давлати дунявӣ низ дар Туркия бо сахттарин тадбирҳо кишварро аз вопасмонии асримиёнагӣ берун карда буд.

      Ҳаргиз набояд ин нуктаро аз дида дур бурд, ки миллати бо шикасти маънавии ба бор овардаи тозиён, асолати дар дарозои 7000 сол ташаккул ёфтаи хешро аз даст дода, ҳазор соли дигар ба суханони хирадмандону давлатсозони худ гӯш фаро надодааст, суду газанди худро ҳанӯз ҳам наметавонад ташхис кунад, давлатсозон ба ночор мардумро дар чаҳорчӯбаи қонунҳо вомедоранд, то ки роҳи дурусти зиндагиро бипазиранд. Ҳамин аст, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даҳсолаи ахир қонунҳои инқилобсони сарнавиштсозе оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, роҳ надодан ба занушавҳарӣ байни хешовандони наздик, танзими анъанаву ҷашну маросим ва чанде дигар ба тадвин расидаанд. Сарвари кишвар интизор доранд, ки донишварон, омӯзгорон, умуман лояи равшанандеши тоҷик оммаро ба риояи ин қонунҳо даъват намуда, дар як замони кӯтоҳ  расму ойинҳои ба тоҷикону ориёитаборон бегона аз байн бурда шуда, ба беҳзистии мардум заминаи устувор гузошта мешавад. Мо дар ин ҷо тасмим нагирифтаем, ки харҷи маблағ, ташвишҳои беҳуда, барҳадар додани вақт ва даҳҳо ташвишу саргардониҳои ҳар рӯз ба рӯзгори мардум воридшударо бо гузаронидани як пажӯҳиш (назарпурсӣ) баршумурда, рӯйи саҳифа оварем. Гумон мекунам ба чунин пажӯҳиш коршиносон даст бурдаанд ва пас аз гузашти фурсате натиҷаҳои хуби ба даст омадаро дар расонаҳои хабарӣ ба чоп хоҳанд расонд.

Аммо сухан ин ҷост, ки нигоҳи «файласуфона»-и Меҳмоншоҳ Шарифзода бори дигар касро аз дурии бисёри ҳамвандони ба андешаи мардум сару кор гирифта, огоҳ месозад. Чунинҳо ҳамеша дар сар ҳавое доранд, ки сабабгори ҳама вопасмониҳои тоҷикон аз мудирияти носолим аст. Худбузургбинии миллат касонеро, ки андаке бо китоб сару кор доранд, ба хушгумоние овардааст, ки тоҷикон миллати донишманду ҳунарманданд, зеро Рӯдакиву Румӣ, Ғазоливу Аттор ва Синову Хайём доштанд, биноми Ниютонро нахуст онҳо кашф карданд, вале мудирияти носолим гунаҳкор аст, вагарна бо истифода аз биноми Ниютон ва кашфиёти дигар, чуноне Фаттоҳзода Саидмурод Самад ёдрас шудааст, онҳо ба истилоҳи тоҷикони солҳои 30- уми садсолаи гузашта, «оташароба» ва «шайтонароба» месохтанд.

        Агар ҳамаи равшанандешонамон чунин таҳлилҳои сарсарӣ дошта бошанд, тоҷикон ҳаргиз аз зиндони пиндорҳои омиёна нахоҳанд раҳоӣ ёфт. Ва дарнарафтани «инженерони ақлҳои омма», (ибораи Иосиф Сталин дар мавриди интеллигентсияи коргару деҳқони шӯравӣ) ба ҳадафи асосии қонунҳои дар боло ба ёд оварда, дар зимн чун Меҳмоншоҳ Шарифзода, ба назарияофариниҳо пардохта ба танбаливу коҳилии тоҷикон либоси илмӣ пӯшонида, мардуми аз эҷоду ибъод дур, чун ҳамеша тавони ҳатто аз чӯби дарахти дари хонаи худ дандонхилол тарошида натавониста, онро бо ҷойнамозу тасбеҳу тоқии сафеди тақводорӣ аз Чину Мочин хоҳанд овард.

       Бояд донист миллате, ки дар дарозои таърихи бохтҳои ҳазору чаҳорсадсолаи хеш маниши миллӣ аз даст дода, шеваи андешидани биёбонгардони тозӣ ва рамагардони туркманишро пазируфтааст, чӣ гуна метавонад расму ойини миллии худиро аз бегона ташхис кунад. Чи гуна метавон ба омма фаҳмонд, ки «қалинг»- ро (вожаи “қалинг” худ аз забони туркӣ гирифта шудааст) аз қавми рамгард баргирифтаем, ки онҳо тамоми зиндагии худро, муносибатҳои ҳамдигарро бо гӯсфанд варандоз мекарданд. Бо додани 10 сар гӯсфанд, яъне «қалинг», духтареро аз хаймаи (юрти) ҳамсоя, ба никоҳ медароваранд. Ё бинобар дар хоб дидани падару модари худ, забҳ кардани гӯсфанд ва нони худоӣ додан, расми биёбониҳои хурофотӣ мебошад, зеро ба вижа арабҳои замони пешазисломӣ он қадар хурофотӣ буданд, ки дар ҳама корҳо таъсири ҷину париро медиданд. Ҳатто мепиндоштанд, ки ҷон аз тани ба хоб рафта метавонад аз пайкараш берун баромада, дигар барнагардад, бинобар ин пойи шахси хобидаро бо ресмон ба мех гир карда, намегузоштанд касе наздикаш ояд. Ҳамин гуна ба модари фарзандмурдаи аз таваллуд бозмонда мефармуданд, то пораи хурди гӯшти аз гӯши фарзанди зинда мондаашро бурида, бихӯрад ва он гӯшро сӯрох карда гӯшвора овезад. Даҳҳо чунин ойинҳои аз араб баргирифтаро либоси динӣ пӯшонида, то ҳанӯз риоя мекунанд.

       Ҳамчунон маросиму дастархонороии «йигитона»- ро дар замони шӯравӣ, аз кирдорҳои намоишкоронаи мардумони Қафқоз баргирифтаем; бо соқии (тамадаи) суханпардоз ва рақсу мусиқӣ ва таронасароиҳои гӯши фалакро кар кунанда. Ин худнамоиҳои «дӯстону хешовандонро ба ҳасад оваранда» ва «душманонро кӯркунанда» солҳои ахир бад – он сон ривоҷ пайдо кард, ки ҷавони тоҷик се сол дар Русия мардикорӣ карда, бо душворӣ, ба истилоҳи мардум «тин болои тин гузошта», маблағи қалинг, гов ва сарояндаву раққосаро ҷамъ мекунад. Дар ин сабқати ноҷавонмардона касоне (беҳтараш нокасоне) пайдо шуданд, ки барои нишон додани тавоноии худ ва нотавон бознамоёндани ҳамсоягону рақибони худ, дар ҳамкорӣ бо ҳангомахоҳону муллонамоён, чандин расму ойинҳои серхарҷи навро, ба монанди «чодарканон», «хусурталбон»,  «домодталбон» ва монанди он эҷод карданд. Расми дигаре, ки баргирифта аз русҳову аврупоиҳо мебошад, ҷашнгирҳои зодрӯз аст, ки хоси мардумони мо нест ва барои тоҷик дар нисбат ба аврупоиҳо камаршикан аст. Русҳову аврупоиҳо як – ду фарзанд доранд ва ҳар сол бо назардошти ҷашнгирии зодрӯзи падару модар 5 – 6 бор зодрӯзҳоро ҷашн мегиранд. Аммо тасаввур кунед ҳоли як тоҷики миёнаро, барои гузаронидани зодрӯзи аҳли хонадонаш ва бо туҳфаҳо рафтан ба зодрӯзу арӯсиҳо ва дигар маросимҳои ҳамкорон, хешовандон ва ҳамсоягону ва....

       Мунаққид бо ишора ба дини ислом, пешравиҳои кишварҳои Малайзия ва Индонезияро намуна оварданд, ки мардумонашон аз роҳи корбурди арзишҳо ва ормонҳои исломӣ ба дастовардҳои чашмгир расидаанд. Дар нигари ӯ « …ҳанӯз фарҳанги атеистӣ – марксистӣ дар вуҷуди зиёии тоҷик қудратмандтар аз арзишҳои дигар аст, ки ба онҳо имкон намедиҳад ояндаи нави мардумро бибинад.» Магар ҳамин ҳам дарёфти сабаби вопасмонии тоҷикон аст?!

       Ӯ дар навиштори худ аз равшангароӣ (эҳёгароӣ), ё замони боззоии Аврупо (Ренесанс) ёдовар шуда, дар зимн танзими расму ойинҳои ба ном миллиро «бефарҳангсозӣ ва аз маънавиёт дур кардани мардум», тафсир кардааст. Воқеан, на танҳо нигорандаи он мақола, балки иддаи бешумори касони дар пиромуни замони боззоӣ (Ренесанс), гуфтугӯ дошта, он инқилоби аз ҳалокати маънавӣ раҳо додаи аврупоиҳоро бо замони Фирдавсӣ ва Хайёму Ҳофиз ҳамсон дониста, ба ин нукта дарнамераванд, ки боззоии (Ренесанси) Аврупо ҳамон раҳоиши ҷомеа аз қайди таассуби динӣ (аз ҷумла инкивизитсия), манъи мудохилаи калисо ба илму дониш ва зиндагии даҳрии (дунявии) мардумон буд. Кӯшиши боззоӣ (Ренесанс) дар ҳарими ҳарами Авасто, дар батни модар кушта шуд. Ба гӯристони мусалмонон роҳ надодани пайкари поки Ҳаким Фирдавсӣ, такфири Ибни Сино аз ҷониби Имом Муҳаммад Ғазолӣ, кӯшиши боздоштани ҷанозаи Ҳофиз, бо амри имомхатиби Шероз, мулҳид эълом доштани Насираддини Тӯсӣ (1219 - 1294). Дар ин ҷо боясти ёдовар шуд, ки халифаи Бағдод Хоҷа Насираддинро барҳамзанадаи ваҳдати давлати арабӣ ва исломӣ шуморида мегӯяд «ба дасти ӯ ваҳдати арабии он замон пошида шуд». Ҳамчунон Закариёи Розиро (865 - 925), ки аврупоиён, ӯро бо номи Rhazes (Разес), падари илми кимиё донистаанд, рӯҳониёни ислом мулҳид, нодон ва ғофил хонданд. Закариёи Розӣ алкул – спирт, оксиди сулфур ва як силсила доруҳои дармонбахшро кашф кардааст. Ӯ қоил ба атомӣ будани модда, яъне тақсимшаванда будани молекула ба атомҳо буд ва нахустин пизишкест, ки дармонбахшии статсионариро ба роҳ андохта, бемористони дорои 20 кат бунёд карда буд. Нигари ӯро дар бораи динҳо, аз ҷумла инкор кардани нубувват ва вайҳро хилофи ислом дониста, ба таъқиб гирифтораш карданд ва бештари китобҳояшро ба оташ афканданд. Бад-ин тартиб таъқиб ва нобуд кардани асарҳои садҳо равшанандешон, боззоии тоҷикӣ-ирониро дар батни модар буғӣ кард. Ҳамин буд, ки аз ҳарими ислом дар садсолаҳо касе на танҳо дучарха, балки бухории оҳанини дудкашдорро ихтироъ накард. Ва акнун замоне, ки дар ҷараёни миллатсозиву давлатсозӣ, ибтикормандоне бар пояи таҳлилу баррасиҳои мӯшикофона дар пайи раҳоиши мардум аз торҳои анкабуди хурофотӣ ва расму ойинҳои аз тарзи зиндагии рамачаронҳои бадавӣ ба мерос гирифта сар боло карданд, маҳз аз миёни лояи равшанандешон касоне пеш мебароянд, ки чун Ғазоливу модари Шоҳ Шуҷоъ ва фақеҳони муртаҷеъ  мехоҳанд садди роҳи созандагиҳову пешравиҳо гарданд. Ва боясти ба нигар гирифт, ки дар замони Насираддини Тӯсӣ, Ҳофиз, Убайди Зоконӣ дигар ифротгароён ақибнишинӣ карда буданд, зеро он асри ҳамлаи муғул буд ва муғул, ки мусалмон набуд, коре надошт ба нақди ошуфтагиҳои ба дин ворид гашта.

       Шоиста ба гуфтан аст, ки дар дарозои ҳазораи ҳама ва ҳама чизро ба ислом нисбат доданҳо, мардумро то ба фақри андешаи динӣ расонда, беҳтарин арзишҳои исломиро дар чашми одамон ночиз намоёнданд. Яъне дарунмояи тарбияи мусалмонӣ, ки ҳамчун динҳои яктопарастии дигар, шикастани нафс мебошад, ба канор бурда, ҷойи онро ба шикампарастӣ доданд. Дар назар дорам шӯрбову палавхӯриҳо ва мағзу мавизу банану аз қуттиҳои коғазин шарбатхӯриҳои тақводорону ҳамсоягону ҳамкоронро, чӣ дар рӯзҳои сугворӣ ва чӣ дар хурсандӣ ва чӣ дар рӯзи мавлуди Пайғамбари ислом ва маъракаороиҳо барои хатми Қуръон.        

       Сарвари давлат дар солҳои нахустини раҳбарии хеш, барои баровардани мардум аз фақр, ба ҳар хонаводаи кишоварзон як гектарӣ замин бахшида буд, ки имрӯз ба унвони «заминҳои президентӣ», хонда мешаванд. Яқин дорам назарияпарастон бохабар нестанд, ки мардум аз ин заминҳои кишт чӣ мерӯёнонанд. Бештари онҳо дар он заминҳои бахшидаи давлат гандум кишт мекунанд, на барои фоида ба даст овардан, балки ба хотире, ки гандумкорӣ заҳмати зиёдеро намехоҳад; трактори кироя заминро кишт мекунад ва комбайни кироя ҳосилро меғундорад. Дар он як гектар замин танҳо кишоварзи нисбатан боғайрат 5 халта гандум корида, ғолибан 18 халта мерӯёнад ва ҳамон   10–12 халта гандум каме нонашро таъмин мекунад ва аз порчазамини назди ҳавлиаш низ андаке картошкаву пиёзу лубиё ва ҷуворимака ҳосил мегирад. Бисёриҳо як модагову чанд сар бузу гӯсфанд низ доранд. Дигар ин мардуми ноком аз ҳунари андешаварзӣ дар гӯшаи хаёл пиндореро роҳ намедиҳанд, ки масалан дар сурати коштани картошка, аз даромади ҳосили он метавон беш аз 20 халта орд, 1 халта шакар, 1 халта биринҷ ва сару либосу китобҳои кӯдаконро харид. Аксари соҳибони заминҳо ба чунин корҳо даст намебаранд, зеро заҳматталаб мебошанд;  коштану чандин бор об додан, ҷӯякҳоро каланд задан, заҳмати зиёдеро мехоҳад. Ҳамчунон  барои чидан, ба халта ҷой додан, ба анбор бурдан, ба навъҳо ҷудо кардану нигаҳбонӣ кардан, ниҳоят фурӯхтани ҳосил, халтаҳоро даҳ бор бардоштану фаровардан лозим меояд.

       Дар ҳамҷавории хешованди деҳотиам зиндагии 5 оиларо мушоҳида кардам, ки ҳар кадом 7 – 8 сотихӣ замини наздиҳавлӣ доранд. Аз онҳо 2 касашон савори автомобили сабукрав мебошанд, ки яке дар тӯйҳо сарояндагӣ мекунаду дигаре муллои дар Русия мардикорӣ карда мебошад. Аз миёни онҳо се нафари дигар яке посбони мактаб аст, дигаре хишти хом месозад ва севум,  бекор аст. Дар заминҳои назди ҳавлӣ 10 – 12 бех дарахтони тут, себ, чормағзи аз падаронашон ба мерос расида, ба осмон сар кашидаанд. Аз ин дарахтҳои бенигоҳубин (на шохҳояшонро кам мекунанд, на заҳрҳои химиявӣ ва на поруи минералӣ мепошанд, зеро хариди заҳрхимикат гарон ва саргини чорвояшонро тапак карда месӯзонанд), ягон соли мусоид ҳамагӣ ним халта чормағз ва як халта себ ба даст меоваранд. Гаҳ – гаҳе аз бозор як кам сабзавот ва кабудӣ мехаранд, зеро дар зери дарахтони баландболои серсояи худашон гиёҳ намерӯяд. Чӣ бояд кард, ки бошандагони деҳоти мо аз замини ба ройгон додаи давлат, ҳосили босамар ба даст оваранд. Шояд боз ҳам ба воситаи қонун?! Ё хитоиҳои корозмударо ба ин ҷо оварда, тоҷиконро шогирдашон кард?!

        Ва ё шояд бо тадвини қонуни дигар муҳоҷирони меҳнатиеро, ки аз Русия автомашинаҳои дар Аврупо сад бор таъмирдидаро ба Тоҷикистон меоваранд ба он водошта шаванд то бо маблағи гирдоварда автомашина наоварда, дар хариди насосу лӯлаҳои обкашӣ,  барои заминҳои кишти падар, ба хотири маблағгузорӣ барои ба роҳ андохтани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (масалан истеҳсоли қуттиҳои нахуди сабз, тавлиди пастаи помидор, ё дар таҳияи поруҳои минералӣ аз ҳисоби баргҳои хушк ва монанди он тавлидоти каммасраф, вале даромаднок) сарф кунанд?!

       Бигзор аз ёдкарди ин воқеъият шармамон ояд, ки баёнгари маниши ноориёӣ мебошад, аммо чӣ кунем чун мардуми мо то омадани русҳои шӯравӣ, (бубахшед) сохтани ҳоҷатхонаро тасаввур ҳам намекарданд. Бештар дар китфи худ ҷома гирифта дар паси оғилхонаашон зарурияти ночори зиндагиро анҷом медоданд. Мо, ки дар солҳои 80- ум маъмурияти ҳукуматӣ доштем, ба хонаи омӯзгорони мактабҳо рафта, месанҷидем, ки омӯзгорон ҳамчун лояи пешсафи ҷомеа, дар ҳавлиҳояшон ҳоҷатхона доранд, ё на. Ҳанӯз ҳам дар ҳавлии ҳамдиёрон дидаам, ки ду автомобил дорад, вале ҳоҷатхонаашро бо матоъи пластикӣ (банер) девор кардааст.

      Дар ҳавлии 5 утоқаи шиносе мушоҳида кардаам, ки 4 поя телевизори истеҳсоли навин, бо антенаи параболӣ, дастгоҳи дискнамоишдиҳӣ (Ди Ви Ди) насб аст, ду писараш ҳар яке автомашинаи сабукрав доранд, вале занони хонавода барои рафтан ба ҳоҷатхонаи нимвайрона, ки на дар дораду на қулфак, духтарчаашонро ҳамроҳ мебаранд, то ки дар берун аз баногоҳ омадани марде модарро бохабар кунанд. Чанд сол пеш дида будам, ки ташкилоти байналмилалӣ лоиҳаеро барои сохтмони ҳоҷатхонаҳои умумӣ дар зистгоҳҳои мардум роҳандозӣ мекарданд. Шармам меомад, ки хориҷиён моро ҳамчун бумиёни африқоӣ шеваи одитарини зистанро меомӯзонанд.

      Бояд ба ёд овард, ки солҳои пеш, то аз тарафи Президенти кишвар маҳдуд сохтани мусобиқаҳои бузкашӣ, тоҷикон дар табила аспи парваронида (ба истилоҳи мардумӣ якҷойикарда) доштанд, ки зимистон, то саршавии мавсими бузкашӣ, 10 – 12 халта ҷаву кунҷора харида, аспро барои бозии нотоҷиконаи ҷоҳилӣ омода месохтанд. Аммо дар хонаи он марди бузкаш ҷуз аз табақи чӯбӣ ва як чойнаку се – чор пиёлаи чойхӯрӣ, дигар аз зарфу асбобҳои рӯзгордорӣ чизе набуд.

      Бисёре аз «ҷипсаворонро» медонам, ки дар хонаашон ҷойи сарутаншӯйӣ надоранд, 4 кӯдаки мактабхонро дар тарбия доранд, вале барои хариди мизу курсӣ пулашонро дареғ медоранд.

      Мо дар боло дидори хонандаи ин навишторро танҳо ба 3 – 4  намунаи маниши ноориёии тоҷикон ҷалб кардаем, вале шумори онҳо хеле зиёданд ва қонуни танзими ба иззатманд Меҳмоншоҳ Шарифзода нохушоянд шумори хурди дигари онҳоро ба ёд оварда, дар зимн барои осонтар кардани рӯзгори мардуми содаи тоҷик, ба риоя накарданашон тозиёнаи қонуниро ба кор бурдааст.

      Ҷунбиши танзими расму ойинҳоро мулоҳиза карда, онро ҳамсони инқилоби сафеди солҳои 1960 – 1970 кишвари Ирон дарёфтам. Шоҳи Ирон Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ дар дарозои 20 сол ҳар як ҷавони ба синни камол расидаро ба хидмати дусолаи сарбозӣ хонда, бригадаҳо, корпусҳо, баталёнҳо ва ротаву взводҳои санитарӣ, тиббӣ, коммуналӣ, ветеринарӣ, агрономӣ, зоотехникӣ, дезинфексионии муташаккилу коро тартиб дода буд. Ҳар яке аз ин ҷузвитомҳо нахуст аз курсҳои 6 – моҳаи омодагирӣ гузашта, сипас дар шаҳристонҳову деҳот хайма зада, дар ҳар кӯчаву ҳавлӣ мардумро ба корҳои поксозӣ, эмгузаронии одамону чорпоёну мурғон, ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳ кашондани партовҳои хона, обёрии заминҳои кишт ва порчазаминҳои назди ҳавлӣ ва соири фаъолиятҳои шаҳрдориву деҳдорӣ вомедоштанд. Сарбозон худ ба хонадонҳои ниёзманд ёрӣ мерасонданд. Ҳатто аз шумули духтарони ихтиёрӣ баталёнҳои пизишкии бемориҳои занон тартиб дода буданд. Ҷавонон дар зарфи ду сол, дар баробари ба мардум ёрӣ додану берун баровардани онҳо аз ҳолати пасти санитарӣ, фарҳанги заминдориву чорводорӣ, бемориҳои вогир, пешаеро омӯхта, пас аз фориғ гаштан аз хидмати сарбозӣ, касбашонро дар зиндагии доимӣ давом медоданд. Ин тартиби хидмати сарбозӣ ду даҳсола – то сарнагун шудани шоҳ ҷараён дошта дар ободсозии кишвар нақши равшане гузошта буд. Шоҳ он ҷунбиши созандаро Инқилоби сафед номида буд.Чуноне дида мешавад, миллатсози бохирад Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ аз роҳи ҷалби ҷавонон ба хидмати сарбозӣ, талош варзида буд, ки ҳамон мардумони ориёии маниши худ аз даст додаро, ба фарҳанги ростини ориёии худ баргардонад.

      Мо дар боло ҳамчун намуна якчанд расму ойини аз бегонагон ба мерос гирифта ва манишу куниши нозебои ба фарҳангиён бегонаро пеши рӯ овардем, то ки соҳиби мақолаи «Инқилоби Фаттоҳзода: таназзул ё тараққӣ?», хонандагони гиромии рӯзнома боре бо дидаи хирад расму ойинҳои ошуфтабори тоҷиконро варандоз карда, ба он нукоти зиндагии ҳамвандон таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки дар амри риояи ойинҳои барсохтаву бехирадона, чи сон ба рӯзгори худ душвориҳову такопӯҳо, ранҷҳову ноосудагиҳо ва даҳҳо махмасаҳои беҳударо ба бор меоваранд.

      Дар поёни лозим медонам ин нуктаро ба таъкид оварам, ки қонунҳои солҳои ахир ба равшанӣ баромада, дар аслҷанбаҳои инқилобӣ доранд; боздоштани занушавҳарӣ миёни хешовандон, озод сохтани гирифторони занҷири расму ойинҳои ошуфтасози мардумон, инқилоб аст – инқилоби сафед.

 Зафар Мирзоён

 Бознашр аз ҳафтаномаи

“Мароми пойтахт” 

БОЗГАШТ