ИНСОНМЕҲВАРӢ, АДОЛАТ ВА ШАФФОФИЯТ – ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

(Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025)

      Дар шароити тезонидани ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, меъёрҳои ҳуқуқӣ барои пешгирии паёмадҳои манфӣ ва пешбурди рушди ҳамоҳанг аҳамияти ҳалкунанда пайдо мекунанд. Зеҳни сунъӣ манзараи соҳаҳо аз тандурустӣ то молияро куллан тағйир медиҳад, ҳалҳои инноватсионӣ пешниҳод мекунад, аммо ҳамзамон мушкилоти ҳуқуқӣ, аз ҷумла эҳтимоли поймолкунии ҳуқуқҳо, афзоиши нобаробарӣ ва набудани масъулиятро ба вуҷуд меоварад. Таърихи масъалаҳои ҳуқуқӣ дар зеҳни сунъӣ аз солҳои 1950 бо корҳои Алан Тюринг пайдо шуданд, аммо дар солҳои 2010 бо рушди омӯзиши мошинаҳо актуалӣ гардиданд. Мувофиқи Тавсияҳои ЮНЕСКО оид ба этикаи зеҳни сунъӣ технологияҳо бояд ба арзишҳои инсонӣ равона карда шаванд, то зарарро ҳадди ақал ва ба некӯаҳволии ҳама мусоидат кунанд.

      Ин принсипҳо кафолат медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ қобилиятҳои инсонро афзоиш медиҳад, на ҷойгузини у мегардад. Инсонмеҳварӣ, адолат ва шаффофият ҳамчун принсипҳои асосии истифодаи зеҳни сунъӣ баромад намуда, ба санадҳои зерини байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ асос ёфтааст:

  1. Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри 1948, № 217 A (III). Ин санад аз 30 модда иборат аст, ки ҳуқуқҳои асосӣ ба монанди ҳаёт, озодӣ, амният, озодии баён, таълим ва ғайраро муайян мекунад. Он ҳуқуқҳои универсалиро барои ҳифзи ҳамаҷониба муқаррар мекунад ва аз ҷониби намояндагони ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон таҳия шудааст.

  2. Эъломияи принсипҳо, бунёди ҷомеаи иттилоотӣ, чолиши ҷаҳонӣ дар ҳазорсолаи нав аз 12 декабри 2003. Ин эъломия ҳамкории муштаракро барои бунёди ҷомеаи иттилоотии Инсонмеҳварӣ, фарогир ва ба рушд нигаронидашударо муайян мекунад. Он нақши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро дар пешбурди рушди устувор, коҳиши фақр ва ҳифзи ҳуқуқҳои башар таъкид мекунад.

  3. Нақшаи амал аз 12 декабри 2003. Ин нақша чаҳорчӯбаи мушаххасро барои пешбурди ҷомеаи иттилоотӣ муайян мекунад. Он ҳадафҳои то соли 2015-ро дар бар мегирад, ба монанди пайваст кардани деҳаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои илмӣ ба ТИК, пешбурди гуногунии забонҳо ва дастрасӣ ба дониш.

  4. Уҳдадории Тунис аз 18 ноябри 2005. Ин уҳдадорӣ уҳдадориҳои Женеваро тасдиқ мекунад ва ба бунёди ҷомеаи иттилоотии Инсонмеҳварӣ ва инклюзивӣ тамаркуз мекунад. Он ҳуқуқҳои башар, озодии баён, ҳамкорӣ байни ҳукуматҳо, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро таъкид мекунад ва чолишҳои фарқияти рақамиро ҳал мекунад.

  5. Рӯзномаи Тунис барои ҷомеаи иттилоотӣ аз 18 ноябри 2005. Ин рӯзнома механизмҳои молиявиро барои коҳиши фарқияти рақамӣ, идоракунии интернет ва амалисозии қарорҳои Саммити ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ (WSIS)-ро муайян мекунад. Он ба ҳамкорӣ байналмилалӣ, қобилиятсозӣ, амният ва идоракунии шаффофи интернет тамаркуз мекунад.

  6. Рӯзномаи амали Аддис-Абебаи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд аз 27 июли 2015, № 69/313. Ин рӯзнома чаҳорчӯбаи ҷаҳониро барои маблағгузории рушди устувор муайян мекунад. Он соҳаҳои манбаъҳои дохилӣ, ҳамкории байналмилалӣ, савдо, қарз, илм ва технологияро дар бар мегирад ва ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат мекунад.

  7. Тағйири ҷаҳони мо: Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 аз 25 сентябри 2015, № 70/1. Ин қатънома Рӯзномаи 2030-ро бо 17 Ҳадафҳои рушди устувор ва 169 ҳадафҳои мушаххас қабул мекунад. Он ба коҳиши камбизоатӣ, ҳифзи муҳити зист, баробарӣ ва некӯаҳволии ҳама равона шудааст.

  8. Ҳуҷҷати натиҷавии ҷаласаи сатҳи баланд оид ба баррасии умумии амалисозии натиҷаҳои Саммити ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ аз 16 декабри 2015, № 70/125. Ин қатънома пешрафтро дар амалисозии натиҷаҳои WSIS баррасӣ мекунад, уҳдадориҳоро ба коҳиши фарқияти рақамӣ тасдиқ мекунад. Он амалҳоеро барои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар рушд, аз ҷумла идоракунии интернет, амнияти киберӣ ва ҳуқуқҳои башар дар онлайн пешниҳод мекунад.

  9. Таъсири тағйироти тези технологӣ ба расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳадафҳо аз 25 июли 2023, № 77/320. Ин қатънома таъсири пешрафти тези технологӣ ба ҲРУ-ро баррасӣ мекунад, имкониятҳо ва чолишҳоро таъкид мекунад. Он ба дастрасии фарогир, қобилиятсозӣ ва ҳамкории байналмилалӣ даъват мекунад.

  10. Эъломияи сиёсии Форуми сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки таҳти сарпарастии Ассамблеяи Генералӣ даъват шудааст аз 15 сентябри 2023, № 78/1. Ин эъломия уҳдадориро ба Рӯзномаи 2030 тасдиқ мекунад, амалҳоро барои ҲРУ суръат мебахшад. Он камбудиҳоро ҳал мекунад ва ба ислоҳоти мултилатерализм даъват мекунад.

  11. Илм, технология ва инноватсия барои рушди устувор аз 19 декабри 2023, № 78/160. Ин қатънома илм, технология ва инноватсияро барои рушди устувор пешбарӣ мекунад, ба ҳамкории мустаҳкам, қобилиятсозӣ ва ҳамгироӣ ба стратегияҳои миллӣ даъват мекунад.

  12. Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқҳои башар вобаста ба технологияҳои рақамӣ аз 19 декабри 2023, № 78/213. Ин қатънома ҳуқуқҳои башарро дар алоқамандии рақамӣ баррасӣ мекунад, ҳифзро аз сӯиистифодаҳо, ҳаҷм, озодии баён ва ғайридискриминатсияро дар технологияҳои рақамӣ таъкид мекунад.

  13. Истифодаи имкониятҳои системаҳои зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод барои рушди устувор аз 21 марти 2024, № 78/265. Ин қатъномаи муҳим зеҳни сунъии бехатар ва боэътимодро барои рушди устувор пешбарӣ мекунад, ба идоракунӣ, қобилиятсозӣ ва ҳамкории байналмилалӣ барои ҳадди ақал кардани хатарҳо даъват мекунад.

  14. Мустаҳкам кардани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи қобилиятсозӣ оид ба зеҳни сунъӣ аз 1 июли 2024, № 78/311. Ин қатънома ба мустаҳкам кардани ҳамкории байналмилалӣ барои қобилиятсозӣ дар зеҳни сунъӣ тамаркуз мекунад, хусусан барои кишварҳои рушдкунанда. Он фарқияти рақамиро коҳиш медиҳад ва рушди инклюзивии зеҳни сунъиро пеш барад.

  15. Паймон барои оянда аз 22 сентябри 2024, № 79/1. Ин паймон ислоҳоти идоракунии ҷаҳониро барои суръат бахшидан ба ҲРУ, мустаҳкам кардани мултилатерализм ва ҳалли чолишҳои нав ба монанди тағйири иқлим, ҳамкории рақамӣ ва сулҳ муқаррар мекунад.

  16. Ҳуқуқ ба дахлнопазирӣ дар асри рақамӣ аз 17 декабри 2024, № 79/175. Ин қатънома ҳуқуқ ба дахлнопазириро дар вобастагӣ ба рақамисозӣ тасдиқ мекунад, назорат, ҳифзи маълумотҳо ва чораҳои ҳимояи ҳаҷмро ҳангоми эҳтиром ба ҳуқуқҳои башар баррасӣ мекунад.

  17. Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои рушди устувор аз 19 декабри 2024, № 79/194. Ин қатънома ТИК-ро барои рушди устувор пешбарӣ мекунад, дастрасӣ, инноватсия ва ҳамгироӣ ба стратегияҳои рушдро барои расидан ба ҲРУ таъкид мекунад.

  18.  Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ аз 25 июли 2025,  A/79/L.94. Ин қатънома зарурати бартараф кардани фосилаҳои рақамиро таъкид мекунад, ки барои Осиёи Марказӣ, бо дарназардошти нобаробарии дастрасӣ ба технологияҳо, муҳим аст. Ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе як қадами стратегӣ буда, метавонад ҳамчун як платформаи марказӣ барои таълим, тадқиқот ва стартапҳо хизмат кунад.

1. Инсонмеҳварӣ маънои онро дорад, ки зеҳни сунъӣ бояд ба манфиатҳои инсон хизмат кунад, ҳуқуқҳо ва некӯаҳволии онҳоро эҳтиром кунад ва ҳукмронии инсонро бар равандҳои автоматикӣ нигоҳ дорад. Ин равиш хатарҳоеро пешгирӣ мекунад, ки дар он мошинҳо қарорҳои муҳимро бе дахолати инсон қабул мекунанд. Дар Кодекси этикаи зеҳни сунъӣ Русия, ки дар соли 2025 таҳрир гардид, Инсонмеҳварӣ ҳамчун пойдевори рушди устувор ва нигоҳдории шаъну шарафи инсон таъкид шудааст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ мувофиқи Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ зеҳни сунъии Инсонмеҳварӣ метавонад нобаробариҳои иҷтимоиро коҳиш диҳад ва қобилиятҳои инсонро дар таълим ва тиб афзоиш диҳад.

       Яке аз мушкилотҳо ҳамоҳангии байни автоматизатсия ва назорати инсон аст. Масалан, дар системаҳои қароргирии мустақил, ба монанди автомобилҳои бе ронанда, набудани назорати инсон метавонад ба дилеммаҳои этикӣ, ба монанди "мушкилоти трамвай" оварда расонад. Дар тандурустӣ зеҳни сунъӣ барои ташхис ба монанди IBM Watson Health маҳдудиятҳоро дар мутобиқшавӣ ба талаботҳои инсон нишон дод, ки ба хатоҳо аз сабаби набудани хулосаи муайян оварда расонид.

       Принсипҳои ЮНЕСКО "пропорсионалӣ ва пешгирии зарар"-ро таъкид мекунанд, ки арзёбии хатарҳои эҳтимолӣ пеш аз ҷорӣ кардани зеҳни сунъиро талаб мекунад. Таҳқиқотҳои муосири технологияҳо, ба монанди омӯзиши ҳифзи дифференсиалӣ барои ҳимояи ҳаҷми маълумотҳо пешниҳод мекунанд, ки арзиши волои инсонро дастгирӣ мекунанд. Ғайр аз ин, Инсонмеҳварӣ фарогириро дар назар дорад, ки дастрасии баробар ба манфиатҳои зеҳни сунъӣ барои гурӯҳҳои осебпазир таъмин мегардад, чунонки дар "Китоби сафед оид ба этикаи зеҳни сунъӣ" соли 2024 аз ҷониби мутахассисони Русия таҳия шудааст.

       Тарроҳии Инсонмеҳварӣ (Human-centered design) корбаронро дар марҳилаҳои аввал ҷалб мекунад ва хатарҳоро ҳадди ақал мегардонад. Дар таълим, мувофиқи модели AACSB 2025 зеҳни сунъӣ барои омӯзиши персонализатсионӣ мутобиқ карда мешавад ва омили инсонро нигоҳ медорад.

2. Адолат дар зеҳни сунъӣ маънои бартараф кардани таассубҳо ва табъизро дорад, ки баробарии имкониятҳо барои ҳама кафолат медиҳад. Таассубҳои алгоритмӣ метавонад нобаробариҳои иҷтимоиро шиддат бахшад, ба монанди дар системаҳои арзёбии хатарҳо ё ташхис, ки дар онҳо таҳрифҳои нажодӣ ё гендерӣ мушоҳида мешаванд.

       Дар тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд адолат бо эҳтиром ба ҳуқуқҳо ва пешгирии нобаробарӣ алоқаманд аст. Аҳамияти он аз он иборат аст, ки таасубҳои маълумотҳо ба табъиз дар иҷора, қарз ва адолати судӣ оварда мерасонад.

       Мушкилотҳои асосӣ таасубҳои маълумотҳо, набудани гуногунӣ дар дастаҳои таҳиякунанда ва набудани танзимҳоро дар бар мегиранд. Масалан алгоритми COMPAS барои арзёбии хатари ҷиноятҳо дар ИМА таҳрифҳои нажодиро нишон дод, ки афроамериканҳо хатарҳои баландро мегиранд. Дар иҷора воситаи зеҳни сунъии Amazon занонро аз сабаби маълумотҳои ҳукмфармои мардона табъиз кард. Дар тандурустӣ зеҳни сунъӣ барои ташхиси пӯст барои беморони сиёҳпӯст дақиқии паст нишон дод. Дар Русия мушкилотҳои монанд дар полисияи пешгӯӣ (predictive policing) вуҷуд доранд, ки алгоритмҳо ва стереотипҳоро шиддат медиҳанд.

       Принсипҳои Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ "адолат ва фарогири"-ро дар бар мегирад, ки ба баробарӣ ва коҳиши таъсирҳои ноадолатона тамаркуз мекунад. Барои амалӣ кардан метрикаҳои адолати гурӯҳӣ, ба монанди баробарии демографӣ ва имкониятҳои баробар истифода мешаванд, ки дақиқӣ ва мутаносибиро муттаҳид мекунанд. Техникаҳо дубора семплинги маълумотҳо ва асбобҳо ба монанди AIF360 аз IBM-ро дар бар мегиранд.

3. Шаффофият механизмҳои зеҳни сунъиро фаҳмо ва санҷидашаванда мегардонад ва ба тарафҳои манфиатдор имкон медиҳад, ки қарорҳоро таҳлил кунанд. Набудани шаффофият "қуттиҳои сиёҳ"-ро эҷод мекунад, ки бовариро коҳиш медиҳад. Дар Тавсияҳои ЮНЕСКО принсипи "шаффофият ва фаҳмондадиҳӣ" кушодагӣ бо ҳимояи дахлнопазириро танзим мекунад. Мувофиқи маълумоти IBM шаффофият боварӣ ба зеҳни сунъиро 20–30% афзоиш медиҳад. Дар соли 2025 XAI (explainable AI) ба стандарти танзимӣ  табдил ёфта истодааст.

       Мушкилотҳо дар ин самт мураккабии моделҳо, ба монанди омӯзиши амиқ ва ихтилоф бо ҳуқуқҳои моликият аст. Масалан, дар самти кредитӣ "қуттиҳои сиёҳ" ба радҳои фаҳмонданашаванда оварда мерасонад ва ба даъвоҳои судӣ сабаб мешавад. Дар тиб набудани фаҳмондадиҳӣ дар ташхиси зеҳни сунъӣ метавонад ба хатоҳо оварда расонад, ба монанди дар ҳолати Google Health.

       Таҳқиқотҳо оид ба зеҳни сунъии фаҳмондашаванда воситаҳои ба монанди LIME, SHAP ва визуализатсияҳоро барои афзоиши тафсирро пешниҳод мекунанд. Дар Кодекси этикаи зеҳни сунъӣ барои молия, ки аз ҷониби Бонки Росия дар соли 2025 таҳия шуд, шаффофият бонкҳоро муваззаф мегардонад, ки муштариёнро аз хатарҳои зеҳни сунъӣ огоҳ кунанд. Принсипҳои Microsoft шаффофиятро ҳамчун арзиши асосӣ ҷой медиҳад ва равшаниро дар ҳама марҳилаҳо таъмин мекунад.

        Ҷамъ кардани инсонмеҳварӣ, адолат ва шаффофият равиши мукаммалро дар тамоми давраи зеҳни сунъӣ - аз дизайн то мониторинг талаб мекунад. Тарҳрезии инсонмарказӣ тавассути ҷалби стейкҳолдерҳо таассубҳоро ошкор мекунад. Амалия арзёбии этикаи хатарҳоро, ба монанди дар ЮНЕСКО ва таъсиси шӯроҳои мутахассисонро дар бар мегирад. Фреймворкҳои ба монанди FATE (Fairness, Accountability, Transparency, Ethics) дар таълим барои таҳлили зеҳни сунъӣ истифода мешаванд. Интегратсия бо ҳифзи дахлнопазирӣ, ба монанди GDPR таъсирро афзоиш медиҳад. Ин кафолат медиҳад, ки зеҳни сунъӣ ба некӯаҳволии ҷамъиятӣ мусоидат мекунад ва хатарҳоро коҳиш медиҳад.

       Ҷорӣ кардани принсипҳо бо монеаҳои техникӣ (мураккабии моделҳо), ташкилӣ (набудани ташхис) ва танзимнамоӣ (қонунҳои номукаммал) рӯбарӯ аст. Дар соли 2025 мушкилотҳо стандартизатсияи глобалиро дар бар мегиранд, чунонки мутахассисон дар саммити Париж оид ба амали зеҳни сунъӣ қайд кардаанд. Роҳҳои ҳали он омӯзиши дастаҳо, интегратсияи этика дар DevOps ва ҳамкории байналмилалиро тақозо менамояд. Инчунин, аудитҳо ва воситаҳои ба монанди AI Fairness 360 муҳиманд. DevOps (аз англисӣ: Development ва Operations) як методологияи таҳия ва идоракунии нармафзор аст, ки ба ҳамкории зич байни дастаҳои таҳия (Development) ва амалиёт (Operations) нигаронида шудааст, то раванди эҷоди нармафзорро суръат бахшад, сифати онро баланд бардорад ва ҷорӣ кардани тағйиротро самаранок гардонад. AI Fairness 360 (AIF360) як китобхонаи нармафзори кушодаасос (open-source) аст, ки аз ҷониби IBM таҳия шудааст ва ба коҳиши таассубҳо ва таҳрифҳо  дар моделҳои зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ нигаронида шудааст. Он ба таҳиякунандагон, муҳаққиқон ва созмонҳо имкон медиҳад, ки адолат дар алгоритмҳоро арзёбӣ, назорат ва беҳтар кунанд, то табъиз нисбат ба гурӯҳҳои мушаххас (ба монанди нажод, ҷинс ё синну сол) пешгирӣ шавад.

       То солҳои 2030 тамоюли такмили қонунгузории зеҳни сунъӣ сурат мегирад ва кулли давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои инсонмеҳварӣ, адолат ва шаффофият бояд ба тағйиру иловаҳо ва ё қабули қонунҳо фаъолияти қонунэъҷодкуниро амалӣ намоянд.   Инсонмеҳварӣ, адолат ва шаффофият заминаи (пойдевори) зеҳни сунъиро ташкил медиҳанд ва инноватсияҳоро бо нигоҳдории арзишҳои инсонӣ тадбиқ намудан зарур аст.

 

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад

муовини директори Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. 

БОЗГАШТ