АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Интихоботи Парлумони Аврупо: натиҷаҳои асосӣ

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Расм

Интихоботи Парлумони Аврупо: натиҷаҳои асосӣ

Дар ҳама кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо аз 6 то 9 июни соли равон интихобот доир гардид. Дар асоси натиҷаҳои  интихоботи мазкур ҳайати нави аъзои/вакилони Парлумони Аврупо (Европарламент) тартиб дода мешавад. Дирӯз интихобот ба итмом расид: натиҷаҳо чӣ гунаанд?

Пеш аз ҳама, бояд мутазаккир шуд, ки интихоботи мазкур дар фазои ниҳоят шадиди сиёсии марбут ба оқибатҳои ногувори иқтисодии даврони баъд аз COVID, нобасомониҳо ва паёмадҳои вазнини низоъи Украинаву Россия, сиёсати номуваффақи Иттиҳоди Аврупо перомуни муҳоҷирон ва ғайра сурат гирифт. Ба ҳамин сабаб, масъалаҳои марбут ба ҷойгоҳ ва дурнамои Иттиҳоди Аврупо ва сиёсати имрӯзи он аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ва калидии интихоботи мазкур ба шумор мерафтанд.

Натиҷаҳои интихобот дар маҷмӯъ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки интихоби мардум дар ниҳояти кор ҳамоно Иттиҳоди Аврупо ва арзишҳои аслии он боқӣ мемонад. Аммо масъалаҳои марбут ба роҳбарият,  сиёсат ва стратегияи инкишофи он, самтҳои афзалиятнок ва махсусан мақом ва ҷойгоҳи давлатҳои миллӣ ва арзишҳои миллии онҳо ба таври куллӣ таҷдиди назар мехоҳанд.  Ба ҳамин сабаб ҳам дар аксари кишварҳи Аврупо ҳизбҳои сиёсии ростгаро ва миллатгарову консерваторӣ пирӯзии бештар ба даст оварданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрвандон-интихобкунандагон дар ин кишварҳо тағйиротҳои ҷиддиву усулиро интизоранд, ки дар баъзе ҳолатҳо бо сиёсат ва мавқеъгирии кунунии роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо мухолифанд. Ба ҳамин муносибат, танҳо давраи дуюми интихобот – тақсими курсиҳо дар Парлумони Аврупо, интихоби роҳбарони комиссияҳои асосӣ ва ғайра ба ин муборизаҳо ва ҷанҷолҳои сиёсӣ метавонад нуқта гузорад. Аммо мусаллам аст, ки новобаста ба натиҷаҳои тақсими курсиҳа вазъ ва ҳолати сиёсии Парлумони Аврупо ба таври назаррас тағйир хоҳад ёфт.

КАРИМОВ Ш.Т., доктори илмҳои сиёсӣ,

сарходими илми шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ