АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Интихобот дар Олмон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Интихоботи Бундестаг, ки 26 сентябр баргузор шуд, ба саволи он ки Ангела Меркелро ба ҷои канслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон кӣ иваз мекунад, посухи дақиқ надод.
Дар интихобот се номзади асоси буданд инҷо аз ҳизби Сотсиал демократии Олмон ОЛАФ ШОЛТС ва Вазири молия инчунин ноиби канслер дар ҳукумати кунунӣ АРМИН ЛАШШЕТ.
Дар айни замон, консерваторҳо ва сотсиал - демократҳо шарикони ҳукумат мебошанд. Онҳо вазифаҳои худро то таъсиси  ҳукумати нав идома медиҳанд ва Ангела Меркел билохира пас аз интихоби парлумони нав сарварии ҳукуматро тарк мекунад.
Натиҷаҳои ҳизбҳое, ки то имрӯз ҳукмронӣ кардаанд ғолибони расмии интихобот сотсиал - демократҳо буданд, ки тибқи натиҷаҳои пешакии расмӣ 25,7% овоз гирифтаанд.
Барои бисёриҳо, ин муваффақияти ҳизби сотсиал демократии  (SPD) ногаҳонӣ буд, зеро далели он, ки рейтинги ин ҳизб пеш аз интихобот  тақрибан 15% буд. Гумон меравад, ки Олаф Шолтс ба пешвоёни рақобати интихоботии сотсиал - демократҳо ҷалб шудааст.
Ҳамзамон, фосила байни ҷойҳои аввал ва дувум камтар аз ду дарсадро ташкил дод, ки ин боис шуд, ки номзади блоки консерваторҳо  ХДС / ХСС Армин Лашет низ нақши роҳбари эътилофи ҳокими ояндаро ба ӯҳда гирад. Аммо, натиҷаи 24,1% бадтарин дар таърихи блоки ин ҳизб аст, ки дар 19 интихобот ба Бундестаг на кам  аз 40%  овоз нагирифтааст.
Дар ҷои сеюм бо натиҷаи 14,8% - "Иттифоқи 90" / "Сабзҳо". Ин назар ба соли 2017 (8,9%) ба таври назаррас бештар аст, аммо назар ба оне, ки ин ҳизб интизор буд, хеле камтар аст, ки бори аввал дар таърих номзади худро ба канслери Олмон раиси ин ҳизб Анналена Баербок пешбарӣ кардааст. Дар моҳи май, “Сабзҳо” рейтинги баландтарини ҳизбро доштанд, ки ба 28% расидааст.
Ҳизби Либерал Демократии Олмон натиҷаи худро дар муқоиса бо соли 2017 (10.7%) то 11.5%каме беҳтар кард.
Натиҷаи ҳизби популистони рост “Алтернатива барои Олмон” назар ба чор соли пеш бадтар шуд: 10,3% ба ҷои 12,6%. Ҳизби чап талафоти боз ҳам ҷиддитар дид. Онҳо метавонанд дар Бундестаг фраксияи худро таъсис диҳанд, зеро се номзад аз чап мандатҳои мустақим гирифтаанд.
Дар охирсухан гуфтанӣ ҳастам ки ин се ҳизбе ки овозҳои нисбатан зиёдро ба даст овардаанд метавонанд дар ояндаи наздик дар Бундестаг бо роҳбари Олаф Шолтс як блоки нав бо иштироки Ҳизби “Либерал –Демократии Олмон” ва ҳизби “Сабзҳо” таъсис дода ҳукумати навро эълон карди ки дар он Олаф Шолтс мақоми канслери нави Олмонро соҳиб мешавад.

                  Адабиёт:
  1. https://www.dw.com/ru/vybory-v-germanii-smena-vlasti-i-dva-pretendenta-na-post-kanclera-frg/a-59320831 санаи муроҷиат (29.09.2021)
  2. https://www.berliner-zeitung.de/
  3. https://www.zeit.de/
  4. https://radiosputnik.ria.ru/
 
Мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико
доктори илмҳои таърих проф.
Санавбарбону Воҳидова
 
 
 

БОЗГАШТ