АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Интихоботи Президентӣ бозкушояндаи мактаби худшиносӣ ва худогоҳӣ барои Тоҷикистону тоҷикистониён

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар равандҳои сиёсӣ ва дипломатии кишварҳои дунё риояи ҳуқуқу қавонини дохиливу байналмилалӣ хело муҳим арзёбӣ шуда, истиҳком ва истиқрори сулҳу оромӣ аз пояҳои асосии давлатҳо шуморида мешавад. Дар зимни ҳамаи ин, гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ аз ҷумла интихобот рамзу симболи демократии кишварҳоро нишон медиҳад. Тоҷикистон баъд аз дарёфти истиқлолият дар санаи 1991 равобиташро ба ҳамаи кишварҳои олам расман оғоз кард ва чун давлати озод, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва мустақил эътироф гардид.
Баъд аз дарёфти ин санади ҳуқуқӣ кишвар аввалин бор чун узви комил ҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ноил шудан ба ин шараф аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвар дар талоши он аст, ки тамоми корҳояшро дар асоси санаду ҳуқуқҳое гузаронад, ки мутобиқ ба қавонини дохилӣ ва байналмилалӣ бошанд.
Барои ҳамин роҳбарияти кишвар ва ҳуқуқшиносон талош карданд, ки давлатро тибқи ҳамин санадҳо бунёд кунанд ва барои ҳимояи аҳолии кишвар қавонину қарордодҳоро оиди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия ва тасдиқ намоянд. Ва бо ҳамин мақсаду маром кишвар тавонист ҳамаи санадҳои давлатдориашро бо ҳамкории созмонҳову ташкилотҳои дохиливу байналмилалӣ мутобиқат созад. Ин буд, ки кишвар дар ин самт ҳамкориашро бо СММ, СҲШ-ШОС СҲИ, ИДМ, ЭКО ва САҲА хуб роҳандозӣ карда, дар асоси қонунҳои байналмилӣ раванди давлатдориро оғоз бахшид, ки ҳоло чун як кишвари комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Тоҷикистони навин бо чунин мақсадҳои созандагиву ободкорӣ барои озодӣ, ободӣ ва оромии башарият талошҳояшро идома дода истодааст.
Дар ин самт кишвар якчанд семинару конфронсҳои байналмилалӣ бо созмонҳову намояндагиҳои ҷаҳонӣ гузаронд, ки яке аз онҳо раванди демократикунонии ҷомеа мебошад, ки бо риояи қонуну талаботи он метавон ҷомеаро ба самти дуруст ва муносиб равона кард. Бо гузаронидани ин навъ равандаҳои демократикунонии ҷомеа кишвар метавонад мардум ва аҳолии худро аз ташаккулёбии сиёсии ҷомеа огаҳӣ диҳад.
Аз ин рӯ, ҳамаи барномаҳои интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди эҳтиром қонуни кишвар ва мардуми он қарор дода, барои боз ҳам тақвият бахшидани равандҳои демократии он ва амният ва ҷилавгирӣ аз ҳодисаву воқеаҳои номатлуб ҳамкориашро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ идома хоҳад дод. Имрӯз бо ташаббуси  давлат ва ҳамин ниҳодҳову идораҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон кишвар тавонист заминаҳои ҳуқуқияшро такомул бахшида, онҳоро мавриди амалкардӣ қонунӣ қарор диҳад.
Тоҷикистони навин дар даврони  давлатдории худ хело мароҳили душвору пурпечутобро тай кард ва тавонист чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардад ва низоми давлатдориашро дар асоси қавонини байналмилалӣ бо равишҳо ва усулҳои дуруст  пеш бибарад, ки бештари тавсияву пешниҳодҳояш аз ҷумлаи масоили марбут ба об мардуми сайёра ва муҳити зист, нақши фарҳангу адаб тавассути СММ ва дигар ниҳодҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пазируфта, мавриди амалкард қарор гирифтанд.
Боварӣ дорем, ки интихоботи Президентии соли 2020 заминаи хуб ва ибратомӯз барои миллати фарҳангдӯст, ошиқони шеъру адаб ва халқи тавонову соҳибмаърифат, зери парчами озодӣ, ободӣ ва оромӣ ба сӯи фардои нек барои шукуфоии ватан чун саҳифаи тақдирсоз барои Тоҷикистону тоҷикон ҳамчун мактаби худшиносӣ ва хештаншиносӣ боқӣ хоҳад монд.
 
Раҳмонов Мирсаид,
Ходими илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 

БОЗГАШТ