АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Қирғизистон: кӯшиши нуҳум

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Қирғизистон ба ҳукмронии президентӣ баргашт, ки санаи 11 апрели соли 2021 дар натиҷаи раъйпурсӣ рух дод. Дар он зиёда аз 36 фоизи интихобкунандагон ширкат варзиданд. Қариб 80 фоизи шаҳрвандон ба тарафдории таҳрири нави Қонуни асосӣ, ки таҳкими ҳокимияти президентиро пешбинӣ мекунад, овоз доданд, зиёда аз 13 дарсад мухолиф буданд.
 Содир Ҷапаров  - роҳбари нави Қирғизистон, ки моҳи октябри соли 2020 дар натиҷаи як табаддулоти дигар ба қудрат расид,  иваз кардани  шакли парламентии  ҳокимиятро ба президентӣ пешниҳод кард. Дар рӯзи раъйпурсӣ ӯ ба ҳамватанони худ чунин муроҷиат кард: «Роҳи ояндаи мо бо интихоби имрӯз зич алоқаманд аст. Танҳо бо таъсиси масъулият дар системаи идоракунии давлатӣ, риояи волоияти қонун мо дар назди мардум виҷдони пок ва умед ба ояндаи дурахшон хоҳем дошт".
   Тибқи Конститутсияи нав масъулияти асосӣ барои идоракунии давлатӣ ба зиммаи президент аст. Вай ваколатдор аст, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян кунад, кабинаи вазирон ва намояндагони салоҳиятдорро дар маъмурияти минтақавӣ таъин кунад, интихоботи парлумонӣ, раъйпурсӣ ва  вазъи фавқулоддаро  эълон кунад.  Ба ӯ ҳаққи ду маротиба  интихоб  шудан  ба вазифаи  президентӣ  дода  шудааст. Ҳамзамон, роҳбари дастгоҳи президент раиси кабинети вазирон мешавад.
     Ғайр аз ин, шумораи вакилони парламент коҳиш (аз 120 ба 90) ва салоҳиятҳои мақомоти қонунбарор хеле маҳдуд карда мешаванд. Вақте ки лоиҳаи Конститутсия ҳанӯз муҳокима мешуд, муносибат ба он номуайян буд. На танҳо сиёсатмадорони мухолифон, балки ҳуқуқшиносони касбӣ низ камбудиҳои онро қайд карданд. "Илова бар он, ки лоиҳа ба президент қудрати номаҳдуд медиҳад, дар он масъалаҳои  импичмент, шаъну эътибори миллӣ ва Курултай  хеле  заъиф  ифода  карда  шудаанд" - мегӯяд  Вадим Козюлин, раиси Маркази таҳқиқоти ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи дипломатии Русия.
     Ин нуҳумин раъйпурсӣ дар Қирғизистон аст, ки ба Қонуни асосӣ тағйирот  ворид мекунад. Ҳар як аз ҳукуматҳои қаблӣ ҳадафи қонунӣ кардани ҳукумати навро дошт. Чунин раъйпурсӣ, аз ҷумла, 27 июни соли 2010 пас аз ҳаводиси пурталотуми Ош баргузор шуда буд. Дар он рӯз, дар раъйпурсӣ, сарвари ҳукумати муваққатӣ Роза Отунбоеваро президенти кишвар барои давраи гузариш (то 31 декабри соли 2011) тасдиқ кард ва пас аз он сарвари нави давлат интихоб шуд.
    Раъйпурсии пешина, ба мисли раъйпурсии кунунӣ, ислоҳоти конститутсиониеро ба роҳ монд, ки дар натиҷа Қирғизистон ба парлумони ҷумҳурӣ табдил ёфт. Он замон бисёриҳо фикр мекарданд, ки оё раъйпурсӣ дар шароити вазъи фавқулодда дар ҷануби кишвар баргузор мешавад, суботро ба бор меорад ва ба натиҷаҳои он то куҷо бовар кардан мумкин аст?
   Дар Қирғизистон табаддулоти сиёсӣ бо тағйирёбии ғайриконститутсионии ҳукумат пайваста рух медиҳанд. Дар тӯли понздаҳ соли охир, ғайр  аз  ҷангҳои  этникӣ,  дар ин кишвар ду табаддулоти давлатӣ бо сарнагун кардани президентҳои амалкунанда ба қайд гирифта шуд.
   Ва тақрибан дар ҳар "майдон" - и  Қирғизистон  чунин суханон ё монологҳо оид ба як гурӯҳи ҷинояткорон, ки қудратро ба даст овардаанд, такрор  ба  такрор  садо  медоданд. Мисли ҳамеша дар чунин ҳолатҳо, ҳокимони сарнагуншуда шарҳи исёнро на дар заъфҳои режими эҷодкардаашон, балки дар дасисаҳои "қувваҳои муайян", пеш аз ҳама нерӯҳои беруна медиданд. Аммо сабаби ошӯбҳои маъмул дар Қирғизистон, бешубҳа, дар худи сохти давлатдорӣ аст. Аммо,  сухан дар он нест, ки ин система аз меъёрҳои демократӣ дур аст. Воқеъият он аст, ки режими дар Қирғизистон ташаккул ёфта, ба аҳолии он шароити нисбатан тоқатфарсои зиндагӣ фароҳам намеорад. На "фитнаҳои душманон" ва на ифротгароии сиёсӣ табиати "майдонҳо" - и қирғизҳоро шарҳ дода наметавонанд.
  Камбизоатӣ на танҳо  омили барангезандаи  иҷтимоӣ, балки қувваи бузурги боздоранда низ мебошад. Камбизоатӣ -  табиатан  мафҳуми   тарс  аз тағйиротро  ифода  мекунад.
  Ин тарсро чунин афзун мекунад: бигзор ҳама чиз дар ҳамон шакли пештара бимонад ва аз ин бадтар нашавад. Замоне ҳам президенти барканоршуда Боқиев ва ҳам деҳқон  аз  зиндагӣ  ба  танг  омада, ҳарду  танҳо амну суботро мехостаанд - яке - амну  суботи мавқеи давлатии худ, дуюмин - амну суботи  ҳадди аққал як намуди музди меҳнат.  Аз ин рӯ, ҳардуи онҳо  ба якдигар ниёз доштанд. Аммо, ғайр аз шаҳрвандоне,  ки ба мақомот бовар карда ва дубора аз он ноумед шудаанд,  майл ба исён ва табаддулот  надоранд.
   Чунин инқилобҳо  боз аз он сабаб  хатарноканд, ки  интиҳо надоранд.  Ин як тартиби эҳёкунандаи  ҳаёт буда, иборат аст аз: - забти ҳокимият - интиқом аз пешгузаштагон - тақсими вазифаҳои  калидӣ дар сиёсат ва тиҷорат дар байни шарикон, дӯстон, хешовандон - тақсимоти амвол - ҳалли ғайрииқтисодии масоили  иқтисодӣ - саркӯбии мухолифон вa исёнҳои нав.
  Соли 2010 пас аз ошӯби навбатӣ дар Қирғизистон  шакли идоракунӣ аз президентӣ ба парлумонӣ иваз карда шуд ва баъзеҳо умедвор буданд, ки ин субот  меорад.
 Чӣ тавре, ки ҳодисаҳои минбаъда нишон доданд, сохтори нави конститутсионии Қирғизистон ба вуқуъи таҳаввулоти минбаъдаи сиёсӣ замонат надод.  Сохти конститутсионӣ, новобаста аз он, ки чӣ гуна аст, худ аз худ  суботро кафолат  дода наметавонад.
                     
     Сарчашма:
 Валерий Выжутович - шореҳи сиёсӣ
Российская газета - нашри федералии № 82 (8433), 14.04.2021
 
Тарҷумаи Давлиёрова Сафаргул Тешаевна
 ходими пешбари илмии
Шуъбаи Осиёи Марказии
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ