АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР 4-УМИН КОНФРОНСИ БЕРЛИН ОИД БА ИҚЛИМ ВА АМНИЯТ

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

Ба наздикӣ бо ибтикори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон 4-умин Конфронси Берлин оид ба иқлим ва амният баргузор гардид, ки ҳайати кишварро дар ин ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов муаррифӣ намуд.

Дар кори конфронс вазирони корҳои хориҷӣ, котибони давлатии вазорату идораҳои марбутаи кишварҳои мухталиф, намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин тарафҳои манфиатдор аз ниҳодҳои ҳифзи муҳити зист, об, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳ Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон хонум Анналена Бербок ва як қатор мансабдорони воломақоми кишварҳои хориҷӣ суханронӣ карданд.

Зимни баромади хеш сиёсатмадорон аз ҳозирин ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳамин тариқ ба таъмини амнияти озуқаворӣ, сулҳ ва амният даъват ба амал оварданд.

Ҳамчунин, ба масъалаҳои зимни Конференсияи дарпешистодаи ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-27, 7-18 ноябри 2022, Шарм-уш-Шайх) баррасишаванда, тамаркуз карда шуд.

Ҳангоми ду ҷаласаи канорӣ дар мавзӯи “Устувории минтақавӣ: намунаҳои амалиётҳои амниятӣ дар соҳаи иқлим дар Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ” ва “Ба сӯи Осиёи Марказии Сабз: Сиёсати хориҷии боздоранда ва устувор дар самти иқлим” роҷеъ ба ҳамкориҳои минбаъда ва тарҳрезии лоиҳаҳои нав байни кишварҳои минтақа ва Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯриҳои алоҳидаи Сафири Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатон ба ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, баррасӣ аз Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023), эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва аҳамияти мубрами таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо ҷалб гардид.[1]

Ҳамин тариқ, ташаббуси наве, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) ба ҷаҳониён ба миён гузоштанд, ҳаматарафа аз тарафи дигар кишварҳо дастгирӣ ёфт. Қобили зикр аст, ки Пешвои муззами миллат дар суханрониашон зикр карданд, ки пиряхҳои калоне, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавҷуд ҳаст, аз сабаби тағйирёбии номусоиди иқлим рӯ ба обшавӣ оварда истодаааст, ки ин ба амнияти минтақа таҳдид ворид мекунад.

Ногуфта намонад, ки бо назардошти ин масъалаи муҳим соли 2025-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҳифзи пиряхҳо эълон карданд. Бо шарофати ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шавад.

 

Воҳидова Санавбарбону

д.и.т. профессор,

мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико

 

 


[1] https://mfa.tj/tg/berlin/view/11296/ishtiroki-haiati-tojikiston-dar-4-umin-konfronsi-berlin-oid-ba-iqlim-va-amniyat

БОЗГАШТ