АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ИСЛОМ ВА ДИН: МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ МУОСИР ДАР ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Мардонӣ Тоҷиддин

Расм

ИСЛОМ ВА ДИН: МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ МУОСИР ДАР ТОҶИКИСТОН

(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин)

         Ҳар сол дар мулоқотҳо ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон мавриди таҳлили муфассал гардида, вазифаҳои нав ба нав пеши ҷомеа ва мардуми кишвар гузошта мешаванд. Дар мулоқоти навбатӣ сухан дар бораи равандҳое рафт, ки дар ҷаҳони муосир рӯй дода, иборатанд аз бархурди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи ифротгароӣ ва тундгароии  динӣ, “сиёсати духура” нисбат ба гуруҳҳое, ки барои истиқлолияти замини аҷдодии худ ва ҳуқуқи инсонии худ меҷанганд. Лекин баъзе қувваҳое ҳастанд, ки бо пуштибонии кишварҳои абарқудрат ҳаққи қонунии халқҳои дигарро  бераҳмона  поймол мекунанд, мардумро қатли ом мекунанд, шаҳру деҳоташонро валангор менамоянд. Ин амалиёти тахрибкоронаи худро онҳо бо шиорҳои мубориза ба терроризму экстремизм пардапӯш менамоянд. Вале мақсади онҳо азхуд кардану ғасби заминҳои онҳост, соҳиб шудан бар захираҳои маъдании табии онҳо мебошад, ниҳоли душманӣ  миёни мардумон, хусусан, мусалмонон, коштан аст. Беҳуда нест, ки дар мулоқот гуфта шудааст: “Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад.”

           Дини мубини ислом дини башардӯст ва сулҳпарвар аст. Бинобар ин дар мулоқот таъкид шудааст, ки мо бояд “ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа, дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ, ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши паҳншавии тафриқандозиву ифротгароиро гирем”.

Одамони калонсол медонанд, ки дар Тоҷикистони даврони Шӯравӣ ибодатхонаҳо, намозгоҳҳои диёнатҳои мухталиф ангуштшумор буданд. Дар умум ҳамагӣ 34 масҷид, аз он ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ амал мекард. Мардуми мусалмони ҷумҳурӣ на имконияти адои ҳаҷҷи фарзӣ ва на умра доштанд, наметавонистанд, ки улуми исломиро на дар ватанашон, на дар хориҷ аз Тоҷикистон таҳсил намоянд, зеро ягон муассисаи расмӣ  барои таълими улуми исломӣ вуҷуд надошт. Аммо ҳозир мо Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифаро дорем, шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахониро доро мебошем. Ногуфта намонад, ки дар шаҳри Душанбе ҳоло калонтарин масҷид дар минтақа ифтитоҳ ёфт ва ба фаъолият оғоз кард. Имрӯз дар кишвари мо 4 ҳазор масҷид фаъол аст, Донишкадаи исломӣ дари худро ба рӯи садҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон боз кард. Воқеан, сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ҳазорҳо  ҳамдиёрони мо ҳаҷҷи фарзӣ ва умраро адо карданд.

Бояд гуфт, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии ватанамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон, шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз ҳамдиёрони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд. Пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро доранд. Вале бояд гуфт, ки баъзе равияҳои мазҳабӣ, алалхусус, равияҳое, ки ба дини масеҳӣ- христианӣ тааллуқ доранд, ба воситаҳои гуногуни ташвиқ ва ҳавасмандкунии пулию молиявӣ баъзе сокинони мусулмони кишварро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд, ки дар натиҷа ин кор сабаби бархостани низоъи динӣ шуданаш мумкин аст. Ин гуна равияҳо дар дини масеҳӣ- христианӣ низ мавриди интиқоду нопазирӣ гардидаанд. Маблағҳо барои фаъолияти чунин равияҳо аз хориҷи дур меоянд ва бо мақсади муғризонаи зиддиисломӣ истифода мешаванд. Бинобар ин давлати мо барои таъмини озодии виҷдон ва пайравӣ аз дин бояд корҳои заруриро барои назорат аз болои фаъолияти равияҳои номатлуби мазҳабиро пурзуртар намояд.

Боиси хушнудист, ки дар ҳаёти маънавию ҷомеаи Тоҷикистон рӯйдодҳои азиму назаррас ба вуқуъ пайваст. Масалан, соли 2009 ҷашни 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ Имоми Аъзам Абуҳанифа баргузор гардид.  Ғайр аз ин, Қуръони карим дар тарҷумаи тоҷикӣ бо баъзе тафсирҳояш ба чоп расид, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ, ки дар илму тамаддуни башарӣ саҳми намоён гузоштанд, аз ҷумла Имом Муҳаммад Исмоили Бухорӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Муҳаммади Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Мир Сайидалии Ҳамадонӣ ва дигарон мавриди таҷлили бошукуҳ гардиданд.

         Соли 2010 бо пешниҳоди Созмони ҷаҳонии ислом оиди маориф, илм ва фарҳанг Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид, ки ин шоҳиди эътирофи саҳми арзишманди таърихии тоҷикон дар ҳифзи мероси динӣ ва фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ба як ҳодисаи бисёр намоён дар ҳаёти  ҳамдиёрони ҷавони мо дар мулоқот ишора рафтааст: “Ҷавонон аз кишварҳои исломӣ дар пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии дунё таҳсил мекунанд, вале мардуми  мо ҳанӯз дар фикри чи савоб асту чи убол, чи ҳалол асту чи ҳаром, ҳаҷравӣ, умраравӣ, ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон банд мондаанд.” Албатта, маълумот дар ин корҳо ба андозае зарур аст, вале ҷавонон бештар бояд дар бораи таҳсили донишҳову ихтисосҳои муосиру замонавӣ фикр кунанд, ки дар ривоҷу равнақи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ватан ба кор ояд.

        Дар замони истиқлолият дар асоси роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ садҳо нафар ҳамдиёрони ҷавони мо ба муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд. Вале дар олами муосир илова бар улуми динӣ боз садҳо тахассусоти ба ҳастии инсон зурур таълим дода мешаванд. Бояд онҳоро низ омӯхт, ки ба фоидаи зисти инсоният ва Ватани азизамон Тоҷикистон бошад. Беҳуда шоир нагуфтааст, ки:

            Ислом нафақат савму салот аст,

            Илм асту низом асту ҳаёт аст.                              

Тоҷиддин  Мардонӣ,

сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ