АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ислом ва роҳбарӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Қисми - 6
Ҷунбишҳои исломгароӣ ба таври беқувва қодир ба роҳбарӣ дар аксари арсаҳои сиёсии интихобии худ ҳастанд ва бисёр аз онҳо дар ҳоли анҷоми ин кор ҳастанд. То ҳатто агар исломгароён роҳбарии арзишҳои исломиро ба густурдае аз як қатор суолҳои муосир пайдо кунанд, бояд боз ҳале собит кунанд, ки илҳоми хосе, ки аз онҳо иброз мешавад марбут ба мушкилоти мавриди назар аст. Агар ин рабте надошта бошад, ин тақсири ислом нест, балки дарки нодурусти тафсир, камбудии тахаюл ва истеъдоди сиёсии онҳост. Исломгароёни мухталиф дар кишварҳои мухталиф барои дарк ва ба коргирии роҳнамоиҳои исломӣ равишҳои мухталифе пешниҳод мекунанд.
Ҳеҷ кас наметавонад пешбинӣ кунад, ки онҳо чи қадар муваффақ хоҳанд буд, аммо онҳо ҳадди ақал як нерӯи мардумиеро пешниҳод медиҳанд, ки битавонанд низоми сиёсиро дар дохили кишварҳои авторитариеро, ки имрӯз комилан номуваффақ ҳастанд, боз кунанд. Ҷунбишҳои исломгароёна то муддати тулонӣ дар саҳнаи сиёсӣ боқӣ хоҳанд монд, то ин ки тавассути касоне, ки посухҳои беҳтар ва созмондиҳии беҳтаре доранд, гирифтор нашаванд. Оё дар мавриди ҳудуди васеъи фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии исломгароён ҳеҷ чизи ҷадиде вуҷуд дорад?

Оре, ҷунбишҳои исломӣ дар гузашта тавонистанд дар асосии мавзӯоти хос, масалан Исёни Ҳинд зидди Англис ё ҷунбиши зидди Англисӣ дар мавриди молиёти табак (духониён) дар Эрон дар аввалҳои қарни ХХ-ум ё муборизаи зидди истеъморӣ дар ал - Ҷазира мардумро ба сурати муваққат ва вижа ба ҳам оранд. Ин созмон шомили як созмони собит бо қонунҳои расмии созмонӣ, будҷаи аслӣ, коркунон ва даргир дар як барномаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамеша дар ҳоли таҳаввул аст. Ин ба ин маъно нест, ки исломиён як порча ҳастанд. Исломистон бо мушоҳидаҳои бисёру аз техникаи ба таҳриковарандаи коммунистон ва натсионалистони араб миёнаҳои асри гузашта чизҳои зиёде омӯхтанд, ки ҳамчунин аввалин ҷунбишҳое бо ҳадафи ба ҳарорат овардани мардум мебошад.
 
Масъалаҳои воқеии иқтисодию иҷтимоӣ          
 
Сиёсат бисёр муҳим аст, аммо бархе омилҳои иҷтимоию иқтисодии сахт низ муҳим мебошад. Иқтисоддони сиёсӣ Олен Риҷард нуҳ масъалаи аслии иҷтимоию иқтисодиро мушаххас мекунад, ки бояд ҳар давлати Ховари Миёна бо он рӯ ба рӯ бошад, ин ҷомеаҳо саривақт ҳолати нобудии худро дар ҷаҳон, новобаста аз сиёсат бояд аз байн баранд.
Давлатҳо бояд бо бозгардондани рушди иқтисодӣ, маҳдуд кардани густариши ҷамъият, фароҳам овардани шуғл, коҳиши фақр, муқобила бо шаҳрнишинӣ, сарфаҷӯӣ дар масрафи об, ба даст овардани ғизо, қатъ кардани тахриби муҳити зист, ҷазби пули пасандозҳо барои сармоягузорон аз хориҷ ва дохили кишвар рӯёрӯӣ шаванд.
Мумкин аст бипурсем, ки исломгароён равишҳои (руйкардҳои) нав дар кадом заминаҳоро тавсеа додаанд. Дар заминаи муқобила бо шаҳрнишинӣ, исломгароён аз тариқи фазои густурдае аз хадамоти иҷтимоӣ, дар бисёре аз кишварҳо нақши муҳиме доштанд. Бисёре аз вазифаҳои дигар фақат таввасути як давлат метавонад анҷом ёбад, на тавассути ҷунбишҳои сиёсӣ. Ҳангоме, ки исломгароён аз тариқи парлумон вориди сиёсат мешаванд, маҷбур хоҳанд наздиктар ба ин вазифаҳо бипардозанд, шояд фурсате барои мушорикат дар тафаккури сиёсат фароҳам кунанд.
Ҷазби пул аз сармоягузорони хориҷӣ мумкин аст аз корҳои душвор барои исломгароён бошад, бо қазоват дар мавриди собиқаи онҳо дар замони қудрат ва шубҳаи зиддихориҷии он дар ҳангоми надоштани қудрат. Як мутолиаи пешгоми дигар, ки тавассути UNDP дар миёнаҳо соли 2002 мунташир шуд, се минтауаи буҳрони асосиро барои ҷаҳони араб мушаххас кард, ки ниёз ба таваҷҷуҳи фаврӣ дорад:

1) набудани озодии назми сиёсӣ, монеъ аз он мешавад, ки кишварҳои арабӣ аз имкониятҳои инсонии шаҳрвандони худ истифода кунанд ва ислоҳоти лозимро пеш гиранд;

2) сатҳи пасти таҳсилоти бисёри шаҳрвандони худ, онҳоро барои созгорӣ бо шароити дунёи муосир носозгор мекунад;

3) ва вазъияти иҷтимоии поини занон, ки ба пешрафти имконияти ҳирфаӣ ва иҷтимоии ҷомеаи араб осеб мерасонад;

4) дар ин се ҳавза, исломгароён танҳо ба нуқтаи аввал, яъне ниёз ба озодсозии сиёсӣ ва ислоҳот таваҷҷуҳ кардаанд.

Дар заминаҳои омӯзиш ва пешрафти занон, исломгароён бо интихоби асосӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Онҳо ё метавонанд аз рукардҳои суннатӣ, муҳофизакорона ва сахтишудаи “исломӣ”-и гузашта, ки ҷомеаи арабиро ба ҳадди поини имрӯза дар ҷаҳони муосир оварда расониданд пуштибонӣ кунанд ё метавонанд ташаббусро ба даст гирифта дар тавсеаи дарки ҷадид ва муосири руҳи Ислом, барои пешравӣ ва тағйиру таҳаввули воқеӣ қадам ниҳод. Исломгароён аз кадом роҳе пеш мераванд ва онҳо як гуруҳи ҳамчун (монанд) нестанд - таъйин мекунад, ки оё онҳо бахши асосии ояндаи ҷаҳони Ислом хоҳанд буд ё ба берапту монеагароӣ вобастаанд.

Давом дорад...

Аз китоби “The Future of Political Islam”-и
Граҳам Э. Фуллер, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳорворд,
 нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ
(санаи тав. 28 ноябри 1937).
Аз англисӣ тарҷума ва таҳияи
Ёрмаҳмад Ниёзӣ, номзади илмҳои фалсафа,
Мирсаид Раҳмонов, ходими илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ.

БОЗГАШТ