АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ислом ва шариат (қонуни ислом)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Қисми - 4
Оё воқеан шариат мавзӯи аслии тамаркузи исломгароён аст ё ҳадафи густурдатаре дорад? Исломгароёни бунёдгарона махсусан шариатро ҳамчун унсури асосӣ ва танҳо як шарти зарурӣ барои эҷоди давлат ва ҷомеаи воқеии исломӣ муаррифӣ мекунанд. Ҳамаи инҳо баҳс дар бораи масъалаи воқеан чи ҳаст “шариат” - ро нодида мегиранд. Оё шариат фаҳмиши танге ҳаст, ки чизе беш аз қонуни исломӣ (фиқҳ), ки тавассути уламо дар тӯли замон сохта шудааст, дарк шавад? Модернистони исломгаро ин диди борик ва суннатиро рад мекунанд ё оё шариат ин мафҳуми бисёр густурдатари роҳи алтернативӣ ба Худо дар маънои аслиаш аст?
Ҳатто иҷрои комили қонуни шариат, аз назари бисёри исломгароён ба худии худ кофӣ нест, то ончиро ки як кишвари исломӣ қасд дошта бошад таъсис медиҳад. Қонуни шаръ метавонад каму беш ба таври комил иҷро шавад, аммо ҳануз давлат қобилият дар мудирияти одилона ва оқилонаи масоили густурдаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ надорад. Табиист, ки чизи бештаре мавриди ниёз аст, ки метавон аз ислом илҳом гирифта ё асос дар ислом дошта бошад, аммо барои ин хирад ва шуури ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад. Бештар ислом бо аслҳои ахлоқӣ, дарки ҷаҳон ва робитаҳои инсон бо Худо ва ҷомеа алоқаманд аст.
Ба ин ҳол барои бинандаи ғайримусулмон душвор аст, ки ба муҳиммияти шариат на танҳо барои давлати исломӣ, балки ҳатто ба унвони аслитарин дастури кори ҳизбҳои исломӣ шак кунад. Ҳатто нозири берунӣ ҳамбастагии дидашуданӣ байни аъмоли қонуни шаръ ва дастёбӣ ба ҷомеа ва ҳукумати беҳтар дар ҷаҳони исломи имрӯзро намебинад.
Камтар касе аҳмияти арзишҳои шариатро аз назари каломӣ ва фалсафӣ рад мекунад, аммо бо вуҷуди он метавон аҳамияти меҳварияти онро дар ҳалли диллемаи асосии имрӯзи мусулмонон зери суол гузошт. Оё кишварҳои пешрав имрӯз истифодаи пурра аз шариатро наздик меоранд, мисли Арабистони Саудӣ, Покистон, Эрон Афғонистон таҳти толибон ё Судон ва муваффақияти бештар дар ҳукумат нишон медиҳанд?
Воқеияти асосӣ ин аст, ки ҳеҷ кишвари мусулмон пешрафти чашмгире дар эҷоди як ҷомеаи идеалитар надоштааст, зеро онҳо ба таври бештаре ба истифодаи комил аз қонуни шариат наздикӣ доштанд. Ин режимҳо ҷомеаи идеалитаре дар чаҳорчуби иқдомоти “дунявии” суннатие, ки муштарак исломгароён гузошта шуда монанди пешрафти иқтисодӣ, сиёсати омӯзишӣ, адолат дар ҷомеа, оромиши иҷтимоӣ, баробарии назми иқтисодӣ, ҳокимияти беҳтар, дастовардҳои фарҳангӣ, қудрати миллӣ ё ҳимояти иҷтимоӣ аз режим пешрафте надоштанд. Албатта шариат барои тақвияти фаҳми ахлоқӣ ва ҷомеа аз аҳмияти асосӣ бархурдор аст. Аммо шариат васеътар дар ҳавзаи ахлоқии зиндагии башар фаъолият мекунад ва муҷаҳҳаз нест дар воқеъ ва он таъин нашудааст, барои муқобила бо мушкилоти амалии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки ҳамаи ҷомеаҳо ва давлатҳои модернро ба хатар меандозад. Ин мушкилот, гарчанде компанет (таркиби)-и ахлоқӣ дорад барои он аст, ки шариат битавонад бархе дастурамалҳои бисёр куллиро пешниҳод кунад, маъмулан бештар фаннӣ (техникӣ), идорӣ, ниҳодӣ (институтсионалӣ) ё қонуни табиие, ки шомили такомули ҷомеаи сиёсӣ дар як сохтори сиёсии муосирро дорад. Ин мушкилот дар ҳоле ки дорои ахлоқӣ аст. Дар воқеъ бисёре аз исломгароёни мадернист таъкид мекунанд, ки шариат як ҳаб (таблетка, қурс) ҷодӯӣ ё модул нест, ки ба соддагӣ бо натиҷаи фаврӣ ба он дастрас шуд.
Исломгароён дар Муҳаммадияи индонезӣ, хотирнишон кардаанд, ки онҳо алоқаманди “масоили бисёр муҳим аз корбурди шариат ҳастанд”. Онҳо ба дунболи тақвияти омӯзиш, беҳдошт, иқтисод ва ҷомеаи миллати мусулмон ҳастанд - вазифае, ки шариати бузург ё роҳи Худоро намоёнад. Нокомии давлат ва ҷомеаи муосир ниёз ба ислоҳот ва тағйир дар ҷиҳати ҳукумати хубро дорад. Таъкиди ислом бар мафҳуми ҳукумати хуб ва ҷомеаи одилона метавонад илҳомбахш аз тағйири ҷосурона бошад, ҳатто агар барномаӣ набошад. Аммо ба қудрати намодин ва табиати сиёсишудаи имрӯзи шариат ҳатто модернистони исломӣ бо эҳтиёт нақши зоҳирии шариатро дар зиндагии муосир арзёбӣ мекунанд. Ҳар як аз ҷомеаҳое, ки дар боло зикрашон рафт, дар ҷиҳати ба коргирии комили шариат, ба ин ё он дараҷа бештар муваффақ шуданд. Ҳанӯз аз беадолатиҳои иҷтимоӣ, нобаробарии иқтисодӣ, фасоди ҷиддӣ, набудани ҷавобгарӣ аз тарафи ҳоким, бекифоятии идорӣ, мудирияти бад ва надоштани майл барои иҷозати ширкати мардум дар раванди сиёсӣ ранҷ мебаранд. Ҳар як аз онҳо, бо шурӯъ аз Эрон, ҳанӯз дар суолоти клосикӣ қарор гирифтааст: дар бораи кадом як аз Ислом ё аз кадом навъ исломгароӣ суҳбат мекунем? Оё давлат посухгӯ ба мардум аст? Оё мардум ҳарферо, ки мехоҳанд мезананд?
Чӣ касе ҳақ дорад ислом ё ҳар идеологияи дигареро тафсир кунад? Оё зиндагӣ чӣ аз назари моддӣ ва чӣ аз назари ахлоқӣ ба таври қобили таваҷҷуҳе беҳбуд ёфтааст? Ҳаргуна баррасии ин ҷомеаҳо ошкор мекунад, ки мушкилоти фасод, ваҳшигарӣ, монеаҳо, азхудбегонагӣ, сиёсатҳои бад, суистифодаи ниҳодҳо, бо вуҷуди талошҳои ҷиддӣ барои эҷоди ҳукумати исломӣ ва нақши ҷиддӣ барои шариат аст. Дар ҳоле ки ҳеҷ кас наметавонад интизори ҳокимияти комилро дошта бошад, дар асл мо бояд битавонем баъзе пешрафтҳои ҷиддӣ барои беҳтар кардани ин ҳавза дошта бошем, зеро гомҳои ҷиддӣ дар ҷиҳати истифодаи гузтурдатар аз шариат бардошта шудааст. Дар ҳақиқат мо дар аксари ин иёлатҳо, сиёсатҳо ва шароитҳоеро мебинем, ки ҳадди ақал, ҳамин тавр бад ҳастанд мисли иёлотҳое, ки ба андозаи камтаре ё ҳеҷ вазне дар шариат надоранд.
Акнун биёед мефаҳмем ин худ шикасти ислом нест. Баъзе аз исломгароён даъво мекунанд, ки исломи сиёсӣ ҳамон чизе аст, ки ислом аст. Мушкил ин аст, ки ислом ҳанӯз ба тарзи тоза, ҷасурона ва кофӣ ба ҳадди кофӣ васеъ тафсир нашудааст, то дар шароити сиёсӣ ва иҷтимоии муосир тавонад кор равад. Исломгароён ба таври рушан байни он чи ки марбут ба ислом аст ва мазуъоти сиёсии “секуляризм” чист, фарқият қоил нашудаанд. Арзишҳои амиқтаре аз ислом барои касоне, ки тақрибан мушкилоти сиёсии ҷаҳонӣ дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоии мардум доранд мутобиқат ва корбурдӣ нашудааст. Мафҳумҳои исломӣ ҳамон тавре, ки дар фиқҳи он (баданаи ҳуқуқи исломӣ (қонуни асосии исломӣ)) нишон дода шудааст ва фалсафаи сиёсие, ки умуман бо замон, макон ва шароити таърихӣ марбут аст, мушкил аст онҳо имрӯз бе таҷдиди фикр ва иҷтиҳод ба кор бурда шавад.
Оре, Худо шариатро нафиристодааст: Ӯ Қуръонро фиристодааст, ки Пайғамбар кушиш кунад, пайдарпай ба фаҳмиши беҳтарини худ - ҳамон тавре ки дар ривоятҳои Пайғамбар дида мешавад - ба амал барорад ва донишмандон - инсонҳо бошанд шариатро дар асоси ин ду сарчашма сохтанд. Бинобар ин қонуни шариат таълифе аз башар аст, ки дар пайи асрҳои тулонӣ аз фақеҳони мухталиф дар мавриди чигунагии Қуръон ва ривоятҳо ба таври дақиқтар бар он чи дар ҷомеаи пеш аз мудерн (муосир) буд истифода мешавад. Тафсирҳо ва таъкидот метавонад дар воқеъ мутаносиб бо воқеияти замон фарқ кунад. Дар воқеъ, пазириши шиори мубҳам “Ислом як роҳи ҳал аст” бисёр соддатар аст, то андешаи хоссатар, ки “шариат як роҳи ҳал аст”.
Идеяи аввал, ки ислом баданаи ғанӣ аз тафаккури фалсафӣ ва ахлоқиро ирода дорад, ки метавонад роҳнамои асосӣ, биниш ва хирад барои ҷомеаҳои мушкилдори муосир бошад. Идеяи дуюм пешниҳод мекунад, ки аллакай як пайкараи қонунии мушаххас, мавҷуд аст, ки ба таври автоматӣ (худкор) агар ба таври комил фаъол карда шавад посухгӯи тамоми ниёзҳо мебошад. Ҳудуд (муҷозоти исломӣ) ҳатман ҳеҷ чораи худкор пешниҳод надоранд: чи дузди зиндонӣ бошад ё дасти ӯ қатъ шавад, ҳам мушкилии ахлоқии дуздиро тағйир нахоҳад дод. Масъалаи иҷтимоии воқеии ҷурм ин аст, ки оё муҷозот сахтгирона ё бо камтар сахтгирӣ, муоссир аст, баҳсест, ки дар ҳамаи ҷомеаҳо анҷом шудааст.
Шариат дар воқеъ амиқан аз шароити иҷтимоии мутафовут огоҳӣ доранд, ки мумкин аст муҷиби дуздӣ шавад ва судяҳо низ заминаи қонунии кофӣ барои тафсир ва истифодаи онро доранд. Зино инчунин метавонад муҷозот шавад, агар ҷомеа бихоҳад, ҳарчанд ба саҳни муҷозот шавад, аммо навъи дақиқи муҷозотро ҷомеа тасмим бигират, ки муҷозоти эъдом (куштан)-ро барои зино қарор кунад.
Оё сангсор кардан ба хости Худо наздиктар аст (бозгашт ба аҳди қадим), нисбат ба тазриқи кушанда. Фиқҳ бо гузашти замон ба гузаштаи исломӣ робита дорад ё гиреҳ хурдааст, бимёре аз вижагиҳои он дар муддати тӯлонӣ аз байн рафта ва имрӯз ба нудрат дар як нури муосир тафсир мешавад. Ба унвони мисол, бардадорӣ ё ғуломдорӣ аз ибтидои башар як институти тақрибан ҷаҳонии ҳамаи ҷомеаҳо будааст, ки дар аҳди қадим ва ҷадид ва Қуръон зикр шудааст ва қавонине дар мавриди рафтори саҳеҳ бо бардаҳо дар шариат ҷойгир шудааст, аммо имрӯз ба сахтӣ ҳеҷ мусулмоне пешниҳоди бозгашт ба он рӯзҳоро надорад. Арзишҳои муҳофизакоронаи иҷтимоӣ тавассути ҳар ҷомеа дар таърих ба рӯшанӣ нисбат ба замони худ ҳифзу нигаҳдорӣ шудааст. Аммо сиёсатҳои муҳофизакоронаи суннатии хос барои пеш аз давраи модернизм, тарроҳи шудаанд рӯ ба рӯ бо воқеиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва технологии имрӯза чи қадар воқеъӣ ҳастанд? Имрӯз занон ба таври умумӣ бахше аз нерӯи кор ва як ҳабби контроли таввалуд вуҷуд доранд ва паҳнкунандаи қоидаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, ки ин ҳама мавзӯҳои муносиб барои баҳси мавзуъии муҳофизакорон ва озодандешон мебошад. Арзишҳои иҷтимоии муҳофизакорон хубанд, аммо вазн, таърих ва пазириши онҳо фақат дар ҳадде аст, ки ба воқеиятҳо ва ниёзҳои муосир вобаста бошанд. Усули ахлоқии исломӣ бо тафсири муназзами мутобиқ бо воқеиятҳои мавҷуд ва ризоияти иҷтимоӣ метавонад ба таври доим мавриди тавҷҷуҳ қарор гирад.

Идома дорад...

Аз китоби “The Future of Political Islam”-и

Граҳам Э. Фуллер, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳорворд,

 нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ

(санаи тав. 28 ноябри 1937).

Аз англисӣ тарҷума ва таҳияи

Ёрмаҳмад Ниёзӣ, номзади илмҳои фалсафа,

Мирсаид Раҳмонов, ходими илмии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ.

БОЗГАШТ