АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ИСТИҚЛОЛ - АРЗИШИ ОЛИИ МИЛЛАТ БА ИСТИҚБОЛИ 33-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Шарифов Искандар

Расм

ИСТИҚЛОЛ - АРЗИШИ ОЛИИ МИЛЛАТ БА ИСТИҚБОЛИ 33-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлол ҳарчанд таърифҳои зиёде дорад, аммо мо онро ҳамчун навистани тақдир бо дастони хеш ва интихоби тарзи зиндагӣ дар доираи қобилиятҳо, воситаҳо ва мувофиқ бо арзишҳои миллии худ муайян мекунем. Аз ин рӯ, истиқлол муродифи озодии интихоб, худмуайянкунӣ ва мустақилият аз дахолати беруна мебошад.

Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки самараи истиқлолро кишварҳо дар рақобату мубориза ба даст овардаанд. Чунки дар паси ин дастоварди бузург, ҷангу бесарусомонӣ, хиёнату бегонапарастӣ ва фитнаҳои муғризонаи душманон хобидаанд. Истиқлол ҳадафу неъмати олии дилхоҳ миллат буда, дар он хотираи таърих, орзуву армони аҷдодон, ҳувияту асолати миллӣ, ифтихору худшиносии миллӣ, давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ таҷассум ёфтааст. Истиқлоли сиёсӣ ин ноил шудан ба дастовардҳои бузург, таъмини амнияту сулҳи сартосарӣ ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Истиқлол на ба ҳар халқу миллат насиб мегардад. Зеро истиқлол натиҷаи муборизаҳои сулҳҷуёна, озодихоҳӣ ва ваҳдатгароӣ мебошад. Ин неъмати бебаҳо барои миллати тоҷик низ ба осонӣ насиб нагашт. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлол, соҳибихтиёрӣ, фазои моро абру борони ҷанги шаҳрвандӣ, бозиҳои ҳаргуна гурӯҳҳои манфиатталаб ва фитнаҳои ташкилотҳои экстрмистиву террористӣ фаро гирифт. Озодӣ ва истиқлоли моро аз рӯзҳои аввал бо саҳнаҳои ҷангу ҷидол, қатлу куштори фарзандони миллат, майдоннишиниҳо, террору ғорати давлат ба ришта кашиданд. Аммо шарори истиқлолхоҳӣ, озодхоҳӣ, соҳибихтиёрӣ, эҳтироми сулҳу ваҳдат ва амнияту давлатдорӣ дар дилҳои мардуми тоҷик хомӯш нашуда буд. Душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик чашм ба ҳар як ваҷаб замини кӯҳистонаш андӯхта буданд. Фурсат меҷустанд, то ки шарори истиқлол, ҳувияту ифтихорӣ моро хомӯш ва Ватани азизи моро пора – пора созанд. Аммо, қалами тақдири миллат ба дасти яке аз фарзандони фарзонаи миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод. Ин шахсият ҳадяи Яздон, ҳадяи таъриху тақдир буд. Зеро бо шарофати ин шахсияти таърихӣ, фарзанди асили миллати тоҷик, оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш, истиқлоли мо поянда ва давлати мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин неъмати бебаҳо барои эҷоди аркони давлатдории муосир шароит фароҳам оварда, нуру зиё, ободиву озодӣ, бунёдкориву созандагӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик армуғон овард.

Истиқлоли давлатӣ нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихору номус, рамзи саодату хушбахтӣ ва тантанаи орзуву ормонҳои деринаи мардуми мо мебошад, ки Тоҷикистони азизро ба як марҳилаи хоси таърихӣворид намуда, бо ҷомеаи ҷаҳон пайваст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар қатори дигар кишварҳои тараққикарда, барои ҳадафҳои ҷаҳонияш мешиносанд ва эътироф доранд. Маҳз, қабул гардидани панҷ Қатънома дар соҳаи об аз тарафи СММ боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистонро кишвари калидӣ дар ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон муаррифӣ карда истодааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣфароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд».

Хушбахтона имрӯз Истиқлоли мо сию сесола мешавад. Мо 33 сол аст, ки шаҳди истиқлол, озодӣ, соҳибихтиёриро мечашем. Фаромӯш бояд насохт, ки ин шаҳди ширин, неъмати яздонӣ барои мо гарон афтодааст. Зеро дар паси он ормони ҳазорон шаҳидони роҳи Истиқлол, ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик ва заҳматҳои шабонарӯзии мардум хобидааст. Озодӣ, фатҳу кушоиш ҳама бо шарофати истиқлол ба мо насиб гардидааст. Ҳар неъмате, ки нисбати он эҳтиром гузошта нашавад, нобуд хоҳад шуд, ҳатто Истиқлол ҳам. Пас бояд ҳар лаҳза ба он эҳтиром қоим буд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт кард. Муносибати мо бо Истиқлол дар ҳар давру замон гуногун буд. Имрӯз он самимона буда, лаҳза ба лаҳза меҳру муҳаббат нисбати он меафзояд. Аммо ҳоло новобаста аз он, ки мо дар ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем, вале дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдатгароӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ ниёзи бештар дорем. Чунки таҳдидҳои терроризму экстремизм то рафт авҷ гирифта, метавонанд ба амнияту осоиши ҷомеа халал ворид созанд. Ин дар ҳолест, ки мутаассифона, то ҳол гурӯҳу созмонҳое ҳастанд, ки дар пайи ноором кардани вазъ дар кишвари азизи мо мебошанд ва бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки монеи пешрафту тараққиёти мамлакат гарданд. Пас, дар чунин вазъ мо бояд дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал карда, дар ҳеҷ маврид зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба қадри тавонмандии хеш дар пешрафти минбаъдаи Ватани азизи худ саҳмгузор бошем.

Искандар ШАРИФОВ, ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр:  https://amit.tj/tj/istiklol-arzishi-olii-millat-ba-istikboli-33-umin-solgardi-istikloli-davlatii-chumkhurii

БОЗГАШТ