ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Мадимарова Гулҳаё

Расм

       Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат ва ҳар давлат, пеш аз ҳама, рамзи соҳибихтиёрӣ, имкони интихоби роҳи рушди мустақил ва вуруд ба ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Барои Тоҷикистон, ки пас аз ҳазорсолаҳо дубора соҳибдавлат шуд, истиқлолият дар соли 1991 на танҳо озодӣ аз тобеияти сиёсӣ, балки оғози равандҳои навсозӣ ва худмуаррифӣ дар миқёси ҷаҳонӣ буд. Ба даст овардани соҳибихтиёӣ як тарафи масъала аст, аммо муҳимтар аз он тавони нигоҳ доштани  истиқлолият ва онро дар сатҳи байналмилалӣ соҳибнуфуз гардондан паҳлӯи меҳварии давлатдорӣ аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол дар аввали солҳои 1990 бо васъият ва шароити фавқулода мураккаб вориди фазои байналмилалӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ, камбуди таҷрибаи сиёсати хориҷӣ ва набуди механизмҳои дипломатӣ аз ҷумлаи монеаҳои аввалин буданд. Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки тағйиротҳои стратегӣ дар сиёсати хориҷии кишвар аз миёнаи солҳои 2000-ум оғоз ёфта, бо сабри сиёсӣ, дипломатияи муассир ва ташаббусҳои оқилона, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан таҳким ёфт.

       Яке аз роҳҳои асосии шомилшавии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  узвият дар созмонҳои байналмилалӣ буд. Тоҷикистон танҳо чанд моҳи пас аз истиқлол узви  Созмони Милали Муттаҳид гардид (2 марти соли 1992) \[UN GA, 1992]. Аммо фарқи Тоҷикистон аз баъзе кишварҳои дигар дар он буд, ки на танҳо узв шуд, балки аз минбари СММ пешниҳодҳои муассир ироа кард, ки мавриди эътирофи ҷаҳонӣ қарор гирифтанд. Маҳз дар ҳамин майдон, Тоҷикистон яке аз давлатҳои ташаббусҳои гуногун дар арсаи ҷаҳон шуд. Ташаббуси нахустини кишвар дар масъалаи об, яъне соли 2003 соли байналмилалии «Оби тоза» такони муҳимме барои баҳамоии доираҳои гуногуни ҷомеа дар ҳалли мушкилоти об гардидааст. Пешниҳоду ҷонибдорӣ ёфтани ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи об идомаи мантиқии ҳамкориҳои созанда ва сулҳҷӯёнаи ҷаҳон буда, об муҳаррики ин ҳамкориҳо мебошад. Об дар ҷаҳон воситаи муҳими хамкорӣ ва чун кафили сулҳ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, ташаббуси нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли 2003 – Соли байналмилали «Оби тоза» аз ҷониби 148 давлати дунё дастгирии пурра ёфт, ин давлатҳои ҷаҳонро натанҳо дар масъалаи об, балки дар масъалаҳои ҳамкории густурда дар ҳамаи соҳаҳо муттаҳид кард. Танҳо баргузории Форуми байналмилалии Оби тоза соли 2003 дар шаҳри Душанбе вакилони 53 давлат, 91 созмони байналмлаливу муассисаҳои марбута, намояндагони барҷастаи доираҳои илмӣ, кишваршиносони ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон, ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, муассисаву марказҳои илмӣ, олимони машҳури ҷаҳон ва хабарнигорони васоити ахбори аммаи дохиливу хориҷиро ба ҳам овард. Чунин нишондод агар аз як ҷониб муҳим будани ҳалли масъалаи обро барои тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷаҳон нишон диҳад, аз ҷониби дигар хусусияти ҷаҳонии ташаббуси Тоҷикистонро дар масъалаи об собит менамояд.Баъдан эълони даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор (2018–2028)-ро ироа намуд, ки бо қарори Маҷмааи Умумии СММ (A/RES/71/222) қабул шуд. Ин нишон дод, ки Тоҷикистон тавонист як масъалаи глобалӣ, яъне дар робита ба яке аз унсурҳои хеле муҳими табиат-об ба маркази дипломатияи ҷаҳонӣ барорад  чизе, ки на ҳар кишвар метавонад анҷом диҳад. UN Water дар соли 2020 Тоҷикистонро “маркази дипломатияи об дар Осиёи Марказӣ” ном бурд.

       Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки кишвар як навъ дипломатияи сулҳҷӯёна ва мутавозинро пеш гирифтааст, ки  он аз муносибати фаъол бо ҳамаи қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, бе ворид шудан ба хушунат ва рақобати сахти геополитикӣ иборат мебошад.  Аз ҷумла, бо кишварҳои ба монанди  Чин тавассути Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва лоиҳаҳои зерсохторӣ, бо Русия ба воситаи ҳамкорӣ дар бахшҳои амният ва муҳоҷират, бо IШМА дар доираи кӯмакҳои рушд ва амнияти сарҳадӣ, бо Эрон, Ҳиндустон, Туркия, кишварҳои арабӣ ва дигар давлатҳои хушбину дуст тавассути ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаъолияти дуҷониба ва бисёрҷонибаи хешро ба роҳ мондааст. Тибқи таҳлили Carnegie Endowment (2023), Тоҷикистон тавонистааст худро дар шароити бисёрқутбӣ “дар ҳоли эътидол нигоҳ дорад, яъне  “на ҳамчун қудрати минтақавӣ, балки шарики боэътимод ва сулҳҷӯ”.

       Бинобар ин,  сиёсати хориҷии Тоҷикистон на танҳо ба ҳузур, балки ба таъсиргузорӣ дар масъалаҳои калидии глобалӣ тамаркуз дорад. Ҳамчун кишвари манбаъи оби тоза ва пиряхҳо, Тоҷикистон масъалаи об, иқлим ва экологияро ба унвони ҳассосиятҳои миллии худ ба сатҳи байналмилалӣ баровард. Мақомоти кишвар тавонистанд на танҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти об ҷалб намоянд, балки бо ташкили форумҳои байналмилалӣ (чӣ дар Душанбе ва чӣ дар Ню-Йорк), нуфузи дипломатии кишварро аз сатҳи минтақавӣ ба сатҳи глобалӣ расонанд, ки ин маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ба даст омад. ESCAP (2019) қайд мекунад, ки Тоҷикистон дар самти муаррифии "дипломатияи об" миёни кишварҳои пасошӯравӣ мақоми аввалро касб кардааст.

       Агар ба равиши дипломатии Тоҷикистон назар афканем он нишон медиҳад, ки кишвар ба ҷои муносибатҳои шадиди геополитикӣ, сиёсати “дипломатияи ором” ва “нуфузи нарм”-ро ихтиёр кардааст. Аз ҳамин ҷост, ки Тоҷикистон аксар вақт дар баҳсҳои байналмилалӣ ҳамчун ҷониби қобили эътимод ва бетараф шинохта мешавад. Тоҷикистон худро ба унвони кишвари муқобили экстремизм, ҷанг, ифротгароӣ ва зидди муборизаҳои мазҳабӣ муаррифӣ кардааст, ки боиси эътибори он дар ниҳодҳои байналмилалӣ гардидааст. Crisis Group (2021) дар гузориши худ менависад: “Дипломатияи нарм, вале пайвастаи Тоҷикистон онро ба эътидолгари минтақа табдил додааст”

       Истиқлолият барои Тоҷикистон танҳо як ҳодисаи сиёсӣ набуд, он оғози як пайроҳаи бузурги давлатсозӣ ва нуфузсозӣ буд. Агар солҳои аввал кишвар бештар дар пайи барқарории суботи дохилӣ буд, дар ду даҳсолаи охир таваҷҷуҳи асосӣ ба табдил ёфтан ба як субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ равона шудааст. Тоҷикистон тавонист дар давоми 34 соли Истиқлолият бо истифода аз дипломатияи оқилона, стратегияи мантиқӣ ва рӯйкардҳои мутавозин, худро ҳамчун як кишвари ташаббускор ва масъулиятшинос дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.  

       Имрӯзҳо миллати тоҷик дар зери парчами истиқлолу озодӣ, яъне парчами нангу номуси миллӣ ва дар атрофи сиёсати созандаву ободгаронаи давлату Ҳукумати мамлакат муттаҳид гардида, дар ҷодаи тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёри худ ва фароҳам овардани зиндагии муносибу шоистаи ҳар як хонадони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Ҳамчунин ватани мо на танҳо, узви созмонҳои бонуфузи байналмилалист, балки ба ташаккули муколамаи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои муҳим таъсир гузошта, ҷойгоҳи хешро мустаҳкам кардааст.   

Гулҳаё Мадимарова

ходими пешбари илмии

шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

Адабиёти истифодашуда:

1. United Nations General Assembly. (2016). Resolution A/RES/71/222: International Decade for Action, “Water for Sustainable Development”, 2018–2028.

2. United Nations Water. (2020). Tajikistan’s Role in Global Water Diplomacy.

3. ESCAP. (2019). Water Resource Management in Central Asia.

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (2023) (https://mfa.tj)  

5. Crisis Group. (2021). Central Asia’s Rising Role in Regional Security.

6. Carnegie Endowment. (2023). Tajikistan’s Quiet Diplomacy: From Isolation to Influence.

7. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе: Маҷлиси Олии ҶТ, 2016.

БОЗГАШТ