АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ИСТИҚЛОЛИЯТ - РӮЙДОДИ ТАЪРИХИЕ, КИ 31-СОЛА ШУД

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  «Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд».
  Эмомалӣ Рахмон
  Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар овохири асри 20-ум ба даст омада. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз оварда.
  Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи такдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
  Кишвари азизи мо Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёру қаҳрамонон аз қабили Турсунзодаву Айнӣ, Рӯдакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд, мебошад.
  Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои нодирро гирди худ ҷамъ намудааст.
  Боиси таъкиду зикр аст, қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мебурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷузвдони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси мусалмон ва Ватандӯст бошӣ, маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.
  Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода ва дигар шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёру шуҳратманд шудани Тоҷикистони азизамон, ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд.
  Аммо имрӯз на ҳама кас ба қадри ин нозу неъматҳо мерасанд, хиёнаткорони Ватан дар ҳама давру замон буданд ва имрӯз ҳам боқӣ мондаанд, ба монанди Назарзода Абдуҳалим, Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ ва ба монанди ин гуна шахсон садҳо нафарро қайд кардан мумкин аст, ки ба Ватану миллати худ хиёнат карда истодаанд.
  Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд, ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст, бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид, душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм ҷудо карда буданд. Ҳайҳот! Ин чӣ рӯзи сияҳ ба сари мо омад!? Ҷаҳолат, зулмот, бесарусомонӣ истибдод, кӯштор, шармандагӣ!!! Оре, барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо бадбахтие, шармандагие аз ин бештаре намешавад. Бародар бар сари бародар теғ мекашад! Падар сӯи писар оташ мекушод! Мардумро ба маҳалу минтақаҳо ҷудо намуданд. Бале! Ин даҳшат ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромӯш нахоҳад шуд. 
  Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.
  Ин сарзамини куҳанбунёдро сиёсатмадори тавоно ва хирадманд Пешвои воқеии миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем ва сулҳи деринтизорро ба даст овардем. Хидматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар рушди иқтисодиёти мамлакат низ хело калон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ пешниҳодоти хело муфидро манзур сохтанд, ба монанди эълон кардани солҳои 2005 – 2015 соли “Об манбаи ҳаёт” ва 2018 - 2028 соли байналмиллалии амал “Об ба хотири рушди устувор”, ки ин ҳам ифтихори мо тоҷикистониён аст.
  Имрӯз ҳар яки мо чун як фарди тоҷикистонӣ бо ифтихори бузург гуфта метавонем, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона, имрӯз мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эьтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат, як мазҳаб ва як нажоданд.
  Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Бо вуҷуди камзамин будан кишвари ман дари худро ба рӯи миллионҳо нафар боз кардааст ва ба гуфти шоири ширинкаломи мо:
Нурест ба дидагони мо Истиқлол,
Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.
Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,
Пайвандгари ҷаҳони мо Истиқлол.
  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфта истодааст, дорои потенсиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойю ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.
  Тоҷикистон дорои фарҳанги бойю ғанӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар қадимулайём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ, расомӣ, сикказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021-ро солҳои “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин ҳамчун эҳтиром ба фарҳанги мардумӣ ва ҳифзи ҳунарҳои бостонии аҷдодон мебошад.
Тоҷикистони азиз имсол 31 – умин солгарди худро ҷашн мегирад.
  31- соли муззаффариятҳо, кашфиётҳои қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.
  31- соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву Сулҳу Ваҳдат.
  31- соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шодиву нишоти пиру барно.
  31- соли дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф.
  31 – соли пурбарор дар самти сиёсати муваффақ.
  31 - соли комгор дар таъмир ва азнавсозии роҳҳои кишвар.
  31 – соли муваффақиятҳо ва комёбиҳо дар сиёсати хориҷии кишвар.
  Боиси зикр аст, ки дар ин даврони истиқлолият зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳиммат бастанд. Дастовардҳои бузурги кишвар дар даврони истиқлолият ба мардум қуввату неру ва тавоноӣ бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуст.
  Сари таъзим меорем ба ҳар як обу хоку гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболем аз он, ки як фарди меҳрпарвари ин сарзамини афсонавием. Тоҷикему чун миллати баруманд ифтихор мекунем. Насли поки оли Сомонаму меҳру муҳаббат покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварем.
  Самараи неки истиклол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори хар як точик ва тоҷикистонист. Мо бояд барои рушду такомули ин миллати баруманд аз дилу ҷон талош варзем.

МИРЗОЕВ НИЁЗ
доктори илм, профессор
Ҳабибҷон Мирзоев номзади илмҳои таърих
 

БОЗГАШТ