АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Истиқлолият рамзи субот ва оромӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Тоҷикистон дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ дорои заминаи мустаҳками иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ва илмӣ буд. Вазъи моддӣ ва маънавии мардум низ хуб буд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёт олимони забардаст ва соҳибтаҷриба фаъолият менамуданд. Захираҳои зиёди табиӣ, тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва саноат барои боз ҳам беҳтар намудани некўаҳволии мардум заминаи хуб ба шумор мерафт. Вале пас аз  пош хурдани ИҶШС робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии байни ҷумҳуриҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон бо марказ канда шуд ва дар ин замина миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик бо заҳмати зиёд истиқлолияти худро ба даст овард. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати аст, ки дар қарни 20-ум ба даст омад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзисти ва осоиштагиро ба мардуми бузурги тоҷик ато кард.

    Дар даврони Истиқлолият имконият фароҳам омад, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишварро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору фаъолияти созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Дар зарфи соҳибистиқлоли мардуми шарифи тоҷик бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд барои ҳифзу нигоҳдори давлати навини тоҷикон пешрафту ободии сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва эҳё намудану гироми доштани арзишу сунатҳои миллӣ саҳми бесобиқа гузошт.  Ҳар фарди кишвари озоду обод имрӯз ифтихор дорад, ки бисту ҳафт сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, дар роҳи ҳифз ва оромии Тоҷикистони азиз ҷонисорӣ менамоянд.

   Чунончӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

   Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем

   Тавре маълум аст, ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буд. Ҳукумати кишвар роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

   Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои 90-ум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мерафт.

   Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имӯза ба иттиҳоду ҳамрайъӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватанӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуқтаро Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид кардаанд, ки зираки сиёсиро аз даст надиҳем.

   Роҳбарияти давлат иқдомоти созандаро ба тамоюлҳои ғаразнок муқобил гузошта, обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд. Чунончӣ, бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 њамчун «Соли оби тоза» эълон гардид. Ҳамин тавр, паси ҳам саъю эҳтимоми мамлакати мо дар муқаррар шудани «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт». «Даҳсолаи байланалмилали амал об барои рушди устувор 2018-2028» ва ҷонибдорӣ ёфтани таклифҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тозагии муҳити зист ва ҳифзи сайёра дастовардҳое буданд, ки мавқею манзалати кишвари моро дар арсаи олам муқаррар менамоянд.

   Таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо кардааст. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта, ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми  равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

   Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики мусалмонӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ӯ ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар баробари он расму оини миллию мардумӣ, анъанаҳо ва маросимҳои диниро низ риоя мегарданд.

   Чуноне, ки маълум аст Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳо аз сиёсати дарҳои боз кор гирифта, бо аксар давлатҳои дунё робитаҳои дустиву ҳамкориро ба роҳ мондааст.

   Сиёсати дохили Тоҷикистон низ дар қиёс бо баъзе давлатҳо беҳтар аст, зеро имрӯз дар ҷомеаи мо озоди баён гуногун андеши фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсиву ҷамъияти иттиҳоди динӣ ва ғайра ки асоси давлати демократи мебошад хуб ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро метавон беҳисоб ва беназир арзёби кард.

 Рузибоиён Нодирпур,

корманди Инситут

БОЗГАШТ