АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Истиқлолият- саодати миллат ва нишони пойдорӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

«Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд» Эмомалӣ Раҳмон.
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марњилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди халқу миллати тоҷик иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Бо зухури истиклол чун неъмати бебахо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар овохири асри 20-ум ба даст омада. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз оварда.
Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.
 
         Худо он миллатеро сарварӣ дод,
         Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
         Ба он миллат сару коре надорад,
         Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
 
Кишвари азизи мо - Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёру қаҳрамонон аз қабили Турсунзодаву Айнӣ, Рӯдакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд, мебошад. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои нодирро гирди худ ҷамъ намудааст. Боиси таъкиду зикр аст, қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мубурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷуздони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси мусалмон ва Ватандӯст бошӣ маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.
Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода ва дигар шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёру шуҳратманд шудани Тоҷикистони азизамон ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд.
Аммо имрӯз на ҳама кас ба қадри ин нозу неъматҳо мерасанд, хиёнаткорони Ватан дар ҳамадавру замон буданд ва имрӯз ҳам боқӣ мондаанд, ба монанди Назарзода Абдуҳалим, Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ ва ба монанди ин гуна шахсон садҳо нафарро қайд кардан мумкин аст, ки ба Ватану миллати худ хиёнат кардаанд.
Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд, ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид, душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм ҷудо карда буданд. Ҳайҳот! Ин чӣ рўзи сияҳ ба сари мо омад!? Ҷаҳолат, зулмот, бесарусомонӣ истибдод, кўштор, шармандагӣ!!! Оре, барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо бадбахтие, шармандагие аз ин бештаре намешавад. Бародар бар сари бародар теғ мекашад! Падар сўи писар оташ мекушод! Мардумро ба маҳаллу минтақаҳо ҷудо намуданд. Бале! Ин даҳшат ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромӯш нахоҳад шуд. Саркардагони ин кору амалро ҳеҷ вақт миллати тоҷик намебахшад.
Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.
Ин сарзамини куҳанбунёдро сиёсатмадори тавоно ва хирадманд Пешвои воқеии миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем ва сулҳи деринтизорро ба даст овардем. Хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар рушди иқтисодиёти мамлакат низ хело калон аст. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ пешниҳодоти хело муфидро манзур сохтанд, ба монанди эълон кардани солҳои 2005 – 2015 соли “Об манбаи ҳаёт” ва 2018 - 2028 соли байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки ин ҳам ифтихори мо тоҷикистониён аст.
Имрӯз њар яки мо чун як фарди Тоҷикистони бо ифтихор гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона имрӯз, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Љумњурии Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эьтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як нажоданд.
Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Бо вуҷуди камзамин будан кишвари ман дари худро ба рӯи миллионҳо нафар боз кардааст ва ба гуфти шоири ширинкаломи мо:
 
        Нурест ба дидагони мо Истиклол,
        Зуре ба тану равони мо Истиклол.
        Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,
        Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиклол.
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфта истодааст, дорои потенсиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншооти баланду зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бою ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз Шарқу Ғарб ва аз Шимолу Ҷануб мебошад.
Тоҷикистон дорои фарҳанги бою ғанӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар қадимулайём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ, расомӣ, сиказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021- ро солҳои “Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин ҳам чун эҳтиром ба фарҳанги мардумӣ ва ҳифзи ҳунарҳои бостонии аҷдодон мебошад.
Тоҷикистони азиз имрӯз 29 – мин солгарди худро ҷашн мегирад.
29- соли муззаффариятҳо, кашфиёти қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.
29- соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву сулҳу ваҳдат.
29- соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шодиву нишоти пиру барно.
29- соли дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф.
29 - соли пурбарор дар самти сиёсати муваффақ.
29 - соли комгор дар таъмир ва аз навсозии роҳҳои кишвар.
29 - соли муваффақиятҳо ва комёбиҳо дар сиёсати хориҷии кишвар.
Боиси зикр аст, ки дар ин даврони истиқлолият зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳиммат бастанд. Дастовардҳои бузурги кишвар дар даврони истиқлолият ба мардум қуввату неру, тавонои бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуст.
Сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоки гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як шахси кучаку меҳрпарвари ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати барӯманд ифтихор мекунам. Насли поки оли Сомонаму меҳру муҳаббат покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҷхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мо бояд барои рушду такомули ин миллати барӯманд аз дилу ҷон талош варзем.
 
Ҳабибҷон Мирзоев,
ходими илмии Институт

БОЗГАШТ