АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Истиқлолияти Либия

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 

Истиқлолияти Либия

 

Либия ва мавқеи ҷуғрофии он

 

Либия як кишвари арабиест, ки дорои нажоди гуногун мебошад. Љамъияти Либия мазҳабӣ буда, низоми қабилавӣ дар ин кишвар таъсири амиқ дорад ва барои барқарор кардани амну субот дар ҳолати бесарусомонӣ ва нооромӣ роҳбарони қабилаҳои либӣ нақши калидӣ мебозанд[1,6]. Аҳолии Либия бештар аз 6 миллион нафар ва масоҳати умумияш 1 757 000 км2 мебошад. Либия дар шимоли Африқо дар соҳилҳои ҷанубии баҳри Миёназамин дар баробари Аврупо ҷойгир буда, дорои дарозтарин соҳили баҳрист, ки он ба 1800 км мерасад [6]. Либия аз ҷиҳати масоҳат чорумин кишвари калони африқоӣ буда, шонздаҳумин кишвар дар ҷаҳон мебошад [1,8]. Ҳамсояҳояш аз самти шарқ кишварҳои Миср ва Судон, аз самти ҷануб Чад ва Нигеря ва аз самти ғарб ал-Ҷазоир ва Тунис мебошанд. Шаҳри «Тароблус» пойтахти кишвари Либия ва яке аз шаҳрҳои бузургтарину зебои он ба шумор меравад [6] Тароблуси ғарб низ меноманд ва онро аз шаҳри «Тароблус»-и кишвари Лубнон [5,1/590] фарқ бояд кард [3,29].

Гарчанде қисми зиёди заминҳои Либияро калонтарин саҳрои ҷаҳон ва дорои захираҳои бои табиӣ ташкил медиҳад, бори аввал соли 1959 дар онҷо нефт кашф карда шуд, ки он ба шакли умум чеҳраи Либияро тағйир дода, ба сарватмандтарин кишварҳои љаҳон оварда расонд. Иқтидори иқтисодиёти Либия аз сарвати зиёди даромадҳои нафт ба даст меояд. Дар айни замон, ҳукумати Либия ин захираҳоро барои беҳбуди заминҳои кишоварзӣ ва дигар фазоҳои корӣ, ҷиҳати беҳбуди зиндагонии мардуми худ омода сохта, ба ҳадафи ноил шудани осоиштагӣ, таъмини озуқа, тавсеъа ёфтани пешрафти зиндагӣ ва ба беҳбудӣ расонидани хадамоти давлатӣ ба мардуми Либия чора меандешад [6].

 

Либия аз истеъмори Италия то истиқлолияти мардумӣ

 

Наздик будани Либия ба Италия, ин кишварро яке аз ҳадафҳои асосии истеъмории кишварҳои аврупоӣ гардонд. Пас ин истеъмор ба шакли ҳуҷуми Италия сурат гирифт, ки дар  аввали асри XX, яъне соли 1911 Италия ба ишғол кардани соҳили Либия оғоз карда ва дар соли 1912 тавонист се вилоят (Тароблус, Барқа ва Фазон)-ро зери тобеияташ қарор бидиҳад [6]. 

Мардуми Либия бар зидди истеъмори Италия ба муқовамат бархостанд ва яке аз пешвоёни машҳураш дар муқовамати он замон ас-Сайид Умар ал-Мухтор ибни Умар ал-Ҳилолӣ машҳур ба Умар ал-Мухтор (1858-1931м.) мебошад [4].

Дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аъзоёни ҳаракати ас-Санусиҳо дар ҳамкорӣ бо Британяи Кабир алайҳи Итолиё, ки душмани муштараки ҳарду тараф буд [6], мубориза мебурданд. Санусиҳо ва Британия бо ҳам як эътилоф карда муттаҳид шуданд ва ин паймон дар охири соли 1943 ба ишғолги Либия аз тарафи Италия хотима бахшид. Тибқи аҳдномаи дутарафа давлатҳои Британия ва Фаронса Италияро зери ҳуҷум қарор доданд, пас Британия минтақаи Барқа ва Тароблусро гирифт, аммо Фаронса минтақаи Фаззонро то соли 1951 зери нуфузи худ қарор дод [6].

Чунон, ки зикр гардид дар ибтидои асри ХХ дар Либия се минтақаи ҷуғрофӣ ва таърихии аз ҳам ҷудо мављуд буданд (Тароблус, Барқа ва Фазон).

Дар 24-уми моҳи декабри соли 1951 Созмони Милали Муттаҳид истиқлолияти Либияро расман эълон кард. Пас Либия ба як кишвари мустақил табдил ёфт ва (Шоҳигарии) Мамлакати Муттаҳидаи Либия бо низоми федералӣ таъсис дода шуд, ки шомили ин се вилоят (Тароблус, Барқа ва Фазон) буд. Аввалин подшоҳи он Муҳаммад Идрис ибни ал-Маҳдӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ас-Санусӣ (12.03.1890-25.05.1983) буд[2], он ҳокими аввали Либия пас аз истиқлолият аз Италия ва қувваҳои ҳампаймон аст, ки дар қудрати хеш дар Либия то соли 1969 ҳукмрон буд[4]. Подшоҳ Идрис яке аз фармондеҳони гуруҳи собиқи ас-Сануси зидди ҳукмронии Италия буд. Ичунин мамлакати ӯ фарогири ин се вилояти (Тароблус, Барқа ва Фазон) дар Либия шуд. Пас омили ҷудоии ҷуғрофӣ ва фарҳангӣ миёни ин се минтақа ва пайдоиши руҳияи миллӣ ба бекор кардани низоми ин се вилоят мусоидат кард. Дар соли 1963, ки онҳо ба тағйир додани Сарқонуни давлатдори шурӯъ карда, давлати ягонаи Либияро таъсис доданд. Ҳамаи он душвориҳое, ки ба ягонагии Либия мамониат мекарданд, дур карда, зери номи мамлакати Либия, пойтахташ Тароблус то соли 1969 идома кард [6].

 

Одинаев Абдуҳалим

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

АМИТ

                                                    Адабиёт:

  1. Бӯҳрони Либия ба куҷо? Гурӯҳи бӯҳронии араб, Маркази таҳқиқотии Шарқи Миёна, Иордания, нусхаи №13, моҳи марти соли 2017.

الأزمة الليبية إلى أين ؟ فريق الأزمات العربي، مركز دراسات الشرق الأوسط-الأردن، العدد 13، مارس 2017.

  1. Вафоти шоҳи Либия Муҳаммад Идрис ас-Санусӣ дар Миср, Моҳир Ҳасан, рӯзномаи “Имрӯзи Миср”, дар 25.05.2009, шумораи № 1809. (http://today.almasryalyoum.com).

 وفاة الملك الليبى محمد إدريس السنوسى فى مصر، ماهر حسن، المصري اليوم، 25.05.2009، العدد 1809. (http://today.almasryalyoum.com).  

  1. Мукаммал ва муфассали ҷуғрофияи умумии атласӣ, Муҳаммад Ашраф, чопи Маорифи назороти ҷалила санг, соли 1325, чопхонаи Синда чопи Уланмашдар, як муҷаллад дар 200 саҳифа.

 مكمل ومفصل جغرافيا عمومي اطلاسي، محمد أشرف، معارف نظارت جليله سنك، سنة 1325، مطبعة سنده طبع اولنمشدر، مجلد واحد في 200 صحيفة.

  1. ал-Муҷаҳид Муҳаммад Идрис ал-Маҳди ас-Санусӣ, эҳёи сиюмин солагард, 26.05.2013, Либияи нав. http://newlibyablog.blogspot.com

 المجاهد محمد إدريس المهدى السنوسى، إحياء الذكرى الثلاثين، 26/5/2013، ليبيا الجديدة.

  1. Таърихи аҷоиби осор дар тароҷум ва ахбор, Абдураҳмон ибни ҳасан ал-Ҷабартӣ, чопи дор-ул-ҷил, Бейрут, дар 3 ҷилд, ҷилди 1-ум 657 саҳифа, 1/

 تاريخ عجائب الآثار في التراجم والأخبار، عبد الرحمن بن حسن الجبرتي، الناشر دار الجيل، بيروت، عدد الأجزاء 3، الجزء الأول في 657 صحيفة.

  1. Энсиклопедияи байналхалқии араб, бахши «Ливия»

الموسوعة العربية العالمية، العديد من المؤلفين، السعودية، الطبعة الإلكترونية، 2004،  مادة " ليبيا ".

 

БОЗГАШТ