АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Истифодаи мафҳуми “додаҳо” дар таҳлилҳои оморӣ

Муаллиф: Меҳр Собириён

Расм

Дар як маҳфили илмӣ аз мафҳуми “додаҳо” истифода кардам. Эътироз шуд, ки ин мафҳум нодуруст ва нофаҳмо аст, шумо хато кардаед. Гуфтам, ки инро ба ҷойи “data”-и англисӣ ва “данные”-и русӣ истифода кардам, ба маънои маълумотҳои омории муассиса аст. Хуб, ба фикри шумо дар ин маврид чиро бояд истифода кунам? Гуфт, ки бояд “маълумотҳо” мегуфтӣ, на додаҳо, додаҳо ғалат аст.

Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки истифодаи мафҳуми “додаҳо” аз ҷониби ман тасодуфӣ набуд. Баъди баргаштан аз Ҳиндустон, ки он ҷо курси яксолаи оморро омӯхта будам, зарурати омӯхтани мафҳумҳои оморӣ ба забони порсӣ ба миён омад. Адабиётҳои омориро варақ задам ва он ҷо дидам, ки ба ҷойи “data”-и англисӣ аз “додаҳо” истифода мекунанд. Шояд “маълумотҳо” бори дӯши “data”-и англисиро набардорад ва илова бар ин “додаҳо” вожаи зебову равони тоҷикӣ аст. Аз ҳамон сол ин мафҳумро ба ҷойи “data”-и англисӣ истифода мекунам.

Дар сомонаи “Вожаҷӯ” оварда шудааст: Додаҳо – ададҳо, матн ва дигар шакли маълумот мебошанд, ки метавон онҳоро ба шакли хоссе мураттаб кард, то имкони захирасозӣ ва пардозиши онҳо ба василаи роёна фароҳам шавад. Ман ҳам маълумоти мавриди назари худро дар ҳамин асос ба шакли хоссе мураттаб карда, дар роёназахира кардам ва тариқи забони барномарезии “R”коркард ва натиҷагирӣ кардам. Барои ҳамин гуфтам, ки “Ҳангоми коркарди додаҳои...”. Яъне аз нуқтаи назари луғавӣ, маъноӣ ва мафҳумӣ хатое надоштам. Хато аз эътирозкунандагон буд, ки бо мафҳумҳои нав шинос нашуда будаанд.

Дар хатти кирилӣ низ сарчашмаҳои зиёдеро метавон пайдо кард, ки аз мафҳуми “додаҳо” ба ҷойи “data”-и англисӣ истифода кардаанд. Масалан, як ҷустуҷӯ дар “google.com” бо навиштани вожаи “додаҳо” 232 000 натиҷа ба бор овард. Албатта, як қисми ин натиҷаҳо хато буда  метавонанд, вале ҳазорҳо сарчашмае вуҷуд дорад, ки аз мафҳуми додаҳо истифода кардаанд. Мо ҳам чанд натиҷаро тафтиш кардем ва дидем, ки воқеан ин вожа дар Тоҷикистон ҳам солҳои охир мавриди истифодаи зиёд қарор дорад. Он ҳама линкҳоро инҷо намеорем, вале ҳар касе хоҳад метавонад ба “google.com” ворид шуда, санҷад. Боварӣ дорем, ҳамон натиҷаи моро хоҳад гирифт.Ҷустуҷӯи ҳамин вожа бо хатти форсӣ миллионҳо натиҷа медиҳад.

Навиштани ин ҳарфҳо на ба хотирион аст, ки исбот кунем, ки мо ҳақ будем ва дигарон хато кардаанд. Балки ба мақсади нишон додани мушкил дар суръати ҳаракати мо дар омӯзишу истифодаи мафҳумҳои нав аст. Рушди технологияҳои нав бо худ мафҳумҳои навро ба вуҷуд меоварад. Ҳамеша бояд онҳоро пайгирӣ кард ва сари вақт бо онҳо ошно шуд. Албатта, ин вазифаи ҳама нест. Мутахассиси ҳар соҳа бояд мафҳумҳои нави вобаста ба ҳамон соҳаро сари вақт аз худ кунад. Агар мутахассис нест, бояд маънои онро аз мутахассис, ҳангоми истифодаи он, пурсад. На ин ки мутахассисро ба нодонӣ ва бемаънонависӣ муттаҳам созад. Соҳаи омор низ аз ин  равандҳо берун нест.Муҳимтар аз ин, вожагузинӣ дар баёни истилоҳот ва мафҳумҳои нав тақозо ва талаботи замон ва шароити муосири фаннию техникӣ аст. Умедворем, зиёиёни мо дар оянда ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар мекунанд. Дар натиҷа илми тоҷик як қадами дигар ба пеш ҳаракат хоҳад кард.

Меҳр Собириён

7,06,2021

БОЗГАШТ