АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Истиораи мусарраҳаи муталлақа

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

8- Истиораи мусарраҳаи муталлақа

Саъдуддини Тафтазонӣ муътақид аст истиорҳое, ки мулоими ҳеҷ як аз мустаорун лаҳу  ва мустаорун минҳу зикр  нашавад, муталлақа аст: «Муталлақаи [17,234]
و هي ما لم تَقترين ولا تفريعٍ؛ اي تفريع كلام مما يُلائمُ المُستعارٌ له والمستعارٌ منه نحو عندي اسد‹‹
Дар яке аз кутуби балоғии мутаахир, дар тавзеҳи истиора муталлақа омадааст: «Ҳаргоҳ таршеҳ ва таҷрид дар як истиора фароҳам оянд, он ду қарина дар маъно бо ҳам таоруз намуда, соқит мегарданд ва истиора ба сурати муталлақа хоҳад омад» [3,234].   Бинобар ин, метавон гуфт дар ин навъ истиора ё мулоим ҳеҷ як аз мустаорун лаҳу  ва мустаорун минҳу зикр намешавад, ё ҳар ду мулоим доранд.
Дар истиораи муталлақа, ҳарчанд дар оғоз зеҳн вожаро дар маънӣ ҳақиқӣ мефаҳманд, аммо баъд аз даранге, ба муносибати мулоимот мушаббаҳ мутаваҷҷеҳи ташбеҳ мешавад ва аз ин рӯ, аввалан монанди истиораи муҷаррада содда нест ва сониян монанди истиораи мурашаҳҳа, мушкил нест ва дар воқеъ, истиораи мутаодил ва табиӣ аст, ки зеҳн аз он лаззат мебарад. Ин навъ истиора фаровонтарин навъи он аст [23,162]. Дар миёни истиораҳои ашъори арабии Саъдӣ низ аз маҷмуъи 25 маврид истиораи мусарраҳа, 15 маврид мусарраҳаи муталлақа аст. Ин теъдод аз маҷмӯъ ду гунаи дигар истиораҳо бештар аст. Бинобарин, метавон натиҷа гирифт, ки истиораҳои Саъдӣ арзиши тахайюлӣ ва тасвири  зиёде доранд. Аз ин ҷумла аст тасвире, ки шоир дар байти зер аз «шароб» ироа кардааст [14,767]:
Яъне: «و اجلِ الظَّلاَمَ فِي يَدَي قَمَر           يَحْكِي بِوَجْنَتِهِ مِحْرابَ شَمَّاسِ »
 
Яъне “Зулматро бо хуршеде, ки бар дасти моҳӣ қарор дорад, бизудой. Моҳие, ки гунааш чун меҳроби шаммосон медурахшад” [9,109].
Дар ин тасвир, «шамс» истиораи мусарраҳа аз «шароб» аст. Ќаринае ка зеҳнро аз маънӣ асли шамс мунсариф мекунад, он аст, ки дар ҷаҳони табиат, ҳеҷ гоҳ хуршед дар дасти моҳ қарор надорад! «аҷли  ал-зилома» аз мулоими мушаббаҳун биҳӣ ва «фи ядо» аз мулоимоти мушаббаҳ аст [14,767]
« ضَفَادعُ حَولَ المَاءِ تَلعَبُ فَرْحَة              أصبِرُ عَلي هَذَا ويُونُسُ فِي القَعْرِ؟»
Яъне: «Инро чигуна бартавон ёфт, ки ғукон бар каронаи об шодмона ба бозӣ пардозанд ва Юнус дар қаъри дарё бошад» [9,71].
Дар мисраи нахуст «Зафодиъу» ба маънои «ғукон», истиораи муталлақа аз муғулон мебошад. Аз мулоими «мушабаҳун биҳи», яъне ғукон, «ҳавла-л-мои» ва аз мулоими «мушаббаҳ»-и маҳзуф, яъне муғулон, «талъабу фарҳатун» зикр шудааст.

9- Истиораи муканния
«Иборат аст аз зикри мушаббаҳа ва тарки мушабаҳун биҳи бо зикри баъзе аз лавозими он, ки қаринаи ташбеҳ аст» [15,194]. Дар ин гуна аз истиора, мушаббаҳун биҳи маҳзуфи ҳам метавонад ҷондор ва зируҳ бошад, ки ғолибан  ин гуна аст ва ҳам метавонад ғайри ҷондор ва ғайри инсон бошад. Мусалламан  агар мушаббаҳун биҳи маҳзуфи ҷондор ва ё инсон бошад, бар вусъати доманаи хайёлварзии тасвир афзуда мешавад ва суханвар метавонад андешаҳо ва мазомини мавриди назари худро таъсиргузортар ироа кунад. Дар ашъори арабии Саъдӣ дар маҷмӯъ 84 маврид истиораи муканния, мушабаҳун биҳии маҳзуф дар 82 маврид, инсон ва ё ҷондор аст. Ин нукта метавонад далели ғиноии тахайюлӣ ва низ таҳаррук ва пӯёии бештари тасовири истиорӣ дар ин ашъор бошад. Фақат дар ду маврид аст, ки мушаббаҳун биҳии маҳзуф, ғайри ҷондор аст. Нахуст дар байти зер [14,771]:
«نَفَرتِ تَجَانُباً فاصفَرَ وَرْدِي           فَعُودِي رُبَما يَخْضَرُ عُودِي»
Яъне: «Аз ман дӯрӣ гузидӣ ва гунаҳои  сурхам зардӣ гирифт. Боз гард! бошад, ки шохаи вуҷудам  дубора сабз гардад»[9,53].
Дар ин истиора, шоир вуҷуди худро ба «дарахт» монанд кардааст. «дарахт», ки мушаббаҳун биҳӣ аст, ҳазф шуда, вале аз лавозими он (йахзарун:сабз шудан) зикр шудааст[14,773].
«رُسُومُ اصطِبَاري لَم يَزَلْ مَطَرُ            لأَسَي يُهَدِّمُها حَتَّي عَفَتْ واضْمَحَلَّتْ »
Яъне: «Борони андӯҳ вайронаҳои сабрамро дар ҳам кӯбид то нобуд гашт ва осори он маҳв шуд»[9,39].
Дар ин байт, «истиборӣ» ба маънои «сабр» , ки мушаббаҳ аст ба «бинои» -и ташбеҳ шуда, ки аз лавозими он, «русум » ба маънои вайронаҳо зикр шудааст. Дар ин қисмат, анвоъи истиораҳои
ба кор рафта дар ашъори арабии Саъдӣ, дар ҷадвали зер ироа мешавад.
 
Ҷадвали 1. Анвоъи истиораҳо дар ашъори арабии Саъдӣ

Истиораи мусарраҳаи муҷаррада

Истиораи мусарраҳаи мурашшаҳа

Истиораи мусарраҳаи муталлақа

Истиораи муканния (ғайри ташхис)

Истиораи муканния (ташхис)

     8

      2

      15

         2

       82


(Идома дорад) 

Қаландарзода С.
докторанти (PhD),
(Баргардон аз хатти форсӣ)

БОЗГАШТ