АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Иззат Амонро дуруст бишносем (чанд сухан дар хусуси қаллобии ӯ)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки дар натиҷаи паҳншавии бемории коронавирус ва оқибатҳои номатлуби ин вабои аср, ҷаҳон ба буҳрони сиёсию иқтисодӣ ва  иҷтимоӣ дучор шуда, ҳаёти мардум мушкил гардидааст. Боиси таассуф аст, ки Тоҷикистон ҳам аз зарару таъсири манфии вируси нав дар канор намондааст. Вобаста ба ин, Ҳукумати кишвар бо дастгирии аҳли ҷомеа бо хатари коронавирус мубориза мебаранд ва ҷиҳати рафъи оқибатҳои он тадбирҳои дурусту саривақтиро амалӣ менамоянд. Маҳз кушишу иқдомҳои саривақтии Роҳбарияти давлат буд, ки дар Тоҷикистон вазъ айни ҳол рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
  Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар ин рӯзҳои сахт мардуми тоҷик дӯсту душмани аслии худро шинохт. Чеҳраи аслии душманони миллат ва хоинони Ватан бори дигар намоён гардид. Наҳзатиҳо ва дигар бадхоҳони миллат хостанд, ки аз мусибати мардум суиистифода карда, манфиат ба даст оранд. Ба хотири расидан ба мақсадҳои нопокашон мардумро ошкоро ба қиём кардану ба хунрезӣ даъват намуданд.
Дар содир кардани ин гуна амалҳои иғвогаронаю бадхоҳона Иззат Амон, ки бо манфиатҷӯӣ ва фурсатталабии худ шинохта шудааст, пештоз аст. Вай аз паҳншавии коронавирус дар ҳудуди Русия суиистифода карда, хеле талош кард, ки худро ҳомию ғамхори муҳоҷирони тоҷикистони нишон диҳад ва пули муфт ба даст орад. Аммо кушишҳояш бо сабаби дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ беобрӯ будану ҳамчун як қаллоб шинохта шуданаш, натиҷа надоданд.
  Акнун ба мавзӯи аз офати табиӣ зарардидагони ноҳияи Хуросон часпидааст ва мехоҳад аз ҳисоби вазъи мушкили ин мардум манфиат бардорад. Ба баҳонаи ҳимояи ҳуқуқии шаш нафар сокини боздоштшудаи ноҳияи Хуросон аз одамон даъват дорад, ки ба ӯ пул фиристанд. Яъне Иззат Амон бо чунин амалаш ҳам мехоҳад Ҳукуматро айбдор кунад ва ҳам бо роҳи қаллобӣ пул ба даст орад.
Аз ин сабаб бисёр зарур аст, ки мардум чеҳраи аслии Иззат Амонро шиносанд ва аз мақсади ғаразноку ифлоси ӯ огоҳ бошанд, то ки ба доми фиреби ин қаллоб наафтанд.    
Иззат Амон аз зумраи онҳоест, ки солҳои охир муҳоҷирати меҳнатии тоҷикистониҳоро ба як манбаи даромади худ табдил додаанд ва бо ҳар гуна роҳи фиребгарӣ пулҳои ҳамватанонро аз худ менамоянд. Ин афрод даъвои «ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирон»-ро  доранд, аммо дар асл, муҳоҷиронро ғорат мекунанд.
  Иззат Амон, ки дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун ҳомии муҳоҷирони тоҷикистонӣ нишон медиҳад,  то замони бо қарори Суди олии Тоҷикистон қатъ шудани фаъолияти ташкилоти террористию экстермистии Ҳизби наҳзати исломӣ, дар хизмати роҳбари ин созмони террористӣ буд ва супоришҳои уро дар ҳудуди Русия иҷро мекард. Он замон ҳам яке аз амалҳояш ҷамъоварии маблағ барои наҳзатиҳо аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ буд. Масалан, аз тоҷирони вилояти Суғд, ки дар Москва хушкмева мефурухтанд, доимо пул ҷамъ мекард ва қисми бештари онро ба кисаи худаш мезад.
Чанд сол пештар Иззат Амон ба Тоҷикистон омада, мехост як ҳизби сиёсӣ ташкил кунад. Бо ин усул вай мехост бо дастури роҳбари наҳзат ҷомеаро ноором созаду дар байни мардум тафриқа ба миён орад. Мақсади дигараш аз созмон додани ҳизби сиёсӣ ташкил намудани боз як воситаи пулкоркунӣ буд. Вале кораш омад накард ва ҳатто барои маҷлис кардан ҳам одам ҷамъ карда натавонист.
  Чун дид, ки дар Ватан ба иллати беобру будан коре аз дасташ намеояд, дубора ба Русия баргашт ва боз дасти ифлосашро ба кисаи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дароз кард. Ин дафъа вай ташкилоти дуруғинеро бо номи «Иттиҳоди ҷавонони тоҷик» дар Москва созмон дода,  чанде аз ҳамватанони худро фиреб дода, зиндагиашро аз ҳисоби онҳо пеш мебурд. Аммо дар ҳамин «иттиҳодаш» ҳам нафарони зиёд ҷамъ наомаданд ва муҳоҷироне, ки гумроҳ шуда, ба он аъзо гардида буданд, дертар хатогии худро фаҳмида, аз он хориҷ шуданд. Онҳо дарк карданд, ки ин созмон танҳо як воситаи манфиатҷуии Иззат Амон аст ва ба муҳоҷирон ягон кумаке намерасонад.
  Баъд аз ин Иззат Амон чанд ташкилотҳои дигареро бо номҳои гуногун созмон дода, ҳамеша диққати муҳоҷиронро ба худ ҷалб карданӣ мешуд. Масалан, «Маркази тоҷикистониҳо»-ро таъсис дод, аз ин пештар вай аз худ вакили дифоъ сохта,  ташкилоти ҷамъиятиеро бо номи «Маркази ҳимоя аз ҳуқуқи инсон» ташкил дод. Аҷибаш ин аст, ки ташкилотҳои сохтаи Иззат Амон дар Русия ба қайд гирифта нашудаанд, яъне вай ҳамеша ғайриқонунӣ амал мекунад.
  Ӯ худро ҳуқуқшиносу номзади илм гуфта, таъриф мекунад, лекин зиндагию фаъолияташ ҳамеша берун аз доираи қонун ҷараён дорад. Масалан, дар вақташ ғайриқонунӣ дар Эрон таҳсил кардааст, баъд аз он дар Академияи дипломатии Русия аз ҳисоби пулҳои  ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ таҳсил кардааст, ба таври ғайриқонунӣ ва бо додани пора шаҳрвандии Русияро гирифтааст, ду ҳамсар дорад, дар Москва ба фаъолияти зиддидавлатӣ ва таблиғоти ифротӣ машғул аст, бо ташкилотҳои террористию ҷинояткор робита дорад. Рӯйхати ҷиноятҳою қонуншиканиҳои уро агар давом диҳем хеле зиёд аст.
 Барои Иззат Амон дину мазҳаб ҳам танҳо як воситаи ба даст овардани фоида асту халос. Замоне, ки дар масҷиди ҷомеи «Проспект мира» (дар шаҳри Москва) тоҷикистониҳо рӯзҳои ҷумъа барои намозгузорӣ зиёд ҷамъ мешуданд, вай ҳар ҳафта баъди намоз мардумро ҷамъ карда, таблиғоти ифротгароёна мебурд. Суханрониҳои вай бар зидди манфиати давлату миллат ва ба фоидаи ташкилотҳои ифиротӣ буданд. Дар натиҷаи фаъолияти ифротгароёна ва таблиғоти харобиовари вай даҳҳо ҷавонони тоҷик, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, он замон ба Сурия ва Ироқ рафта, ба ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ҳамроҳ шуда буданд. Оқибати он ҷавонон чи шуд, ба ҳама маълум аст.
  Иззат Амон аз он тоифаест, ки барои мардум аз ҳама хатарноктаранд, зеро ин гуна афрод бо иддаоҳои ифротии мазҳабӣ ё сиёсӣ мусаллаҳ шуда, бар зидди давлату миллат фаъолият мекунанд, одамони ноогоҳу содаро мағзшӯӣ мекунанд ва ба доми худ меафтонанд. Мақсади аслии чунин нафарон ҳамеша аз ҳисоби дигарон пулу мол ба даст овардан аст. 
  Иззат Амон ҳарчанд лоф мезанад, ки чанд донишгоҳро хатм кардаасту номзади илм аст, вале  дар ягон ҷо дуруст кор накардааст. Ягон вақт меҳнати ҳалол накардааст. Кораш танҳо қаллобию мардумфиребист.  Дар Русия худро раҳбари кадом як созмони гумном эълон кардааст ва муҳоҷирони бечораи дар мушкил афтодаро дар доми худ дароварда, аз номи онҳо манфиат ба даст меорад. Дар бораи мардумфиребӣ ва  ва амалҳои қаллобии вай, ки нисбат ба муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия анҷом медиҳад, чандин корафтода дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанду навиштанд. Маълум аст, ки ҳар дурӯғе оқибат ошкор мегардад ва шахси қаллоб фош мешавад. Макру ҳиллаҳои Изат Амон ва дурӯғҳои уро  оид ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон буданаш  дере нагузашта тоҷикистониҳои муқими Русия пай бурданд. Ҳоло ҳама медонанд, ки вай як фиребгар асту барояш муқаддасоте мавҷуд нест. Ӯ парвои Ватан, миллат, давлат ва  дину имон надорад, балки ин муқаддасотро барвақт савдо задааст.
  Мисли ҳамаи қаллобону мардумфиребони дигар Изат Амон ҳам вобаста ба вазъияту ҳолат мавзуи суханрониҳо ва амалҳои фиребгаронаи худро ҳамеша тағйир медиҳад. Масалан, замони авҷи фаъолияти ДИИШ  агар Иззат Амон худро диндори ботақво ва пуштибони боварҳои динии мардум эълон карда, ба таблиғоти динии ифротгароёна машғул буд. Лекин чанд моҳи охир вай аз вазъияти паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистону Русия суиистифода мекунад. Дар суханрониҳояш Ҳукумати Тоҷикистонро вобаста ба мушкилоти марбут ба коронавирус туҳмат мекунад.  Аз вазъи муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ки бо сабаби бемории коронавирус ба мушкилӣ дучор шудаанд, ба манфиати худ истифода мебарад. Аз ҳисоби дигарон маҳсулоти хурока гирифта намоишкорона онро тақсим мекунад ва худро реклама мекунад, то соҳибкорону тоҷирони муқими Русия барояш пул диҳанд.
  Чанд рӯзи охир Иззат Амон аз бадбахтии мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон суиистифода карда, мехоҳад пул ба даст орад. Баҳонаи пулкоркуниаш ин дафъа расондани ёрии ҳуқуқӣ ба чанд сокини Хуросон будааст, ки гӯё аз тарафи мақомот боздошт шудаанд. Дар баромади худ, дар рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ Иззат Амон ошкоро гуфт, ки  барояш пул даркор аст. Ҳатто илтиҷо кард, ки ба пул ниёз дорад.
  Ҳоло ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва муҳоҷирони берун аз кишвар муроҷиат мекунем, ки  огоҳ бошед, то боз ба доми фиреби Иззат Амон наафтед. Суханҳояш дуруғу воҳимаанд. Вай як қаллоб, як ҷинояткорест, ки барои пулу мол аз ягон амали зишт худдорӣ намекунад. Ба мардуми аз сел зарардидаи ноҳияи Хуросон Ҳукумат ва ҳамватанон кумак мерасонанд. Ба онҳо замин ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо шудааст. Дар сохтани хонаҳои нав ҳамватанон бо тариқи ҳашар ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Агар касе кумак карданӣ бошад, метавонад мустақиман ба зарардидагон ёрии худро расонад. Аммо ҳаргиз ба Иззат Амони ҳарису бадхоҳ, ки аз моли дунё сершавӣ надорад, бовар накунед!
Иззат Амон на ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон асту на ҳомии дин ва на дилсӯзи миллат. Ягона ҳадафи ӯ ҷамъоварии пулу мол, сарвату давлат мебошад.  Ӯ як нафари беҳувият ва беномусест, ки барои ба даст овардани пулу мол аз ягон амали бад худдорӣ намекунад.

Парвиз Махкамов, 
сокини шаҳри Душанбе
 

БОЗГАШТ