АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ёде аз Найяра Нур маъруфтарин ғазалсарои ашъори Мирзо Ғолибу Файз Аҳмад Файз дар сарзамини Ҳиндустону Покистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Адибону шоирон, ҳунармандону овозхонон, чун аҳли қаламу адаби ҷомеа бо асарҳо, садову нақшофаринии худ дар тарбияи башар ва меҳри ватандӯстиву ватансозӣ чун неруи нарм саҳми арзанда мегузоранд. Бо чунин шоҳкориву амалҳои некашон ёду зикри онҳо ҳамеша дар хотираи мардум боқӣ мемонад.
  Аз зумраи чунин шахсиятҳо Найяра Нур ғазалсаро ва овозхони Покистон буд, ки санаи 20 августи соли 2022 дар шаҳри Карочӣ дар синни 71–солагӣ аз олам гузашт. Ӯ аз ҳунарпешагони маъруфи минтақаи Ҷануби Осиё буд, ки тамоми зиндагии худро ба санъат, аз ҷумла сурудхонии паси парда дар филмҳо, радиову телевизион ҳунари худро ба ҳамаи мардумони фарҳангдӯсти Шибҳи Қора бахшидааст.
  Ҳар вақте, ки ӯ суруди миллии «Watan ki mitti gavah rehna» ё худ суруди “Merey qaatil merey dildaar merey paas raho”-ро месароид, дар қалби миллионҳо ҳамватанонаш меҳри ватандӯстӣ боз бештар ҷӯш мезад.
  Наяр Нур 3 ноябри соли 1950 дар шаҳри Гуваҳатии Штати Ассами Ҳиндустон таваллуд шудааст. Хонаводааш тиҷоратчӣ буда, падараш узви фаъоли Олл Индия Муслим Лег-и Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ буд. Ӯ бо ҳамроҳии модараш дар соли 1958 аз Ҳиндустон ба шаҳри Карочии Покистон кӯч баст. Аммо падараш дар Ҳиндустон боқӣ монда, дертар соли 1990 ба Покистон меояд.
  Тибқи дарёфтҳо ӯ дар хурдсолиаш аз суруду ғазалҳо ва овозхониҳои Бегим Ахтар, овозхони Лата Мангешкар (1929-2022), Канан Девӣ хело мутаассир шуда, дилбохтаи онҳо мешавад.
  Ӯ собиқаи мусиқӣ надошта, маҳорати ҳунариаш аз ҷониби профессор Асрар Аҳмад дар замони хондани суруд барои дӯстону устодонаш дар ҷашни солонаи Коллеҷи ҳунарии Лоҳур дар соли 1968 кашф гардид. Ҳамин тариқ, вайро ба Радиои Покистон барои сурудхонӣ аз ҷониби донишгоҳ даъват карданд. Дар соли 1971 дар сериалҳои телевизионӣ ва филмҳо баромад карда, ҳунари худро пешкаши тамошобинон гардонид.
  Дертар бо ҳунарманди машҳури телевизиони Покистон Шаҳриёр Зайдӣ хонадор шуда, соҳиби ду писар бо номҳои Ҷаъфар Зайдӣ ва Нади Алӣ мегардад, ки ҳарду аз бохтагони мусиқӣ ва сарояндагон мебошанд.
  Ҳамин тавр, ғазалу шеърҳои шоири тоҷиктабор Мирзо Ғолиб ва дӯсти устод Мирзо Турсунзода Файз Аҳмад Файзро овозхонӣ карда, бо ҳамроҳии қаҳрамонони филм ва “Шаҳаншоҳи ғазал” Маҳди Ҳасан (1927-2012) ва Аҳмад Рушдӣ дар филмҳо аз ҷумла “Оина” соли 1977 суруду нақш офаридааст. Дар мушоираву маҳфилҳои ғазалу шеърхонии Шибҳи Қора иштирок карда, сурудхонӣ кардааст. Албоми мусиқиаш зери унвони “Nayyara Sings Faiz” дар соли 1976 нашр шуд ва мақому ҳунару санъати ӯро дар шеърҳо оиди ватандӯстиву ватансозӣ баландтар гардонид. Бо чунин қаҳрамониҳо дар давоми умри худ тавонист ба якчанд ифтихорномаву ҷоизаҳои давлатӣ сазовор гардад, ки иборатанд аз:
  1.Мукофоти ҳунарпешаи шоистаи Покистон аз ҷониби Президенти кишвар дар соли 2006
  2.Ҷоизаи адабии Нигор дар филми “Гарана” соли 1973
  3 Сазовори 3 медали тилло аз ҷониби муассисаи мусиқии Покистон.
  Ӯ бо сурудани ғазали Беҳзод Лакнавӣ (1900-1974) бо номи “Ое ҷазба-и-дил гар мен чаҳу”, ки тавассути он сазовори ифтихрнномаву медалҳо гардид.
  Хулоса, Вай дар соли 2008 унвони “Булбули Покистон”-ро сазовор шуд ва чун ғазалсаро, овозхон, ҳунарпеша бо мусиқии хубу фораму пурмаъно, заминаи хушиҳову оромиҳоро дар қалби инсонҳо гузошт, ки барои тамоми ҷаҳон аз ҷумла сокинони Тоҷикистон мавриди писанд гардид.

Та
ҳияи Мирсаид Раҳмонов
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ