АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Хушбинии эҳтиёткорона ё назаре ба мулоқоти рамзии Путин ва Байден

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Фазои сиёсии ҷаҳон таи чанд моҳи ахир, мутаассифона, хушбинона нест. Чунин ҳолат, ба иловаи оқибатҳои вазнини пандемия дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, мушкилиҳои муҳоҷирон, баланд рафтани нархи сӯзишвориҳо, поён омадани сатҳи зиндагии тӯдаҳои васеи мардумон дар саросари ҷаҳон ва ғайра,  ба тезутунд шудани муносибатҳои байн ду кишвари абарқудрат – Федератсияи Россия (ФР) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) робитаи мустақим дорад. Дар маркази чунин ҳолати ғайриоддӣ, албатта, вазъи Украина ва ҳодисаҳои марбут ба ин кишвар, дар ҳамин замина истиқрори нерӯҳои НАТО дар ин минтақа ва наздикшавии бештари онҳо ба сарҳадҳои ФР қарор доранд. Кор то ҷое расида, ки ҳатто сафирони ФР ва ИМА ба кишварҳои худ бозхоста шуданд ва дараҷаи ҳамкориҳо аз тариқи муносибатҳои дипломатӣ ба андозаи нигаронкунанда поён рафт.
    Инак, рӯзи 7 декабри соли равон президентҳои ин ду кишвар Владимир Путин ва Ҷозеф Байден аз тариқи видео бо ҳам мулоқот намуданд, ки бештар аз ду соат тӯл кашид[i]. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Кремл, сарони ин ду кишвар дар бораи “машваратҳои ҷиддие” роҷеъ ба масъалаҳои ҳассоси амниятӣ, аз ҷумла рад кардани тавсеаи НАТО ба самти Шарқ ва истиқрори силоҳҳои зарбазан дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин, иҷрои қарорҳои нишасти Женева, муколама роҷеъ ба амнияти киберӣ ва мушкилоти равобити дуҷониба, аз ҷумла маҳдудиятҳои кори дипломатҳоро баррасӣ карданд[ii].
   Ба ақидаи раиси Кумитаи Думаи давлатии Россия Леонид Слутский, натиҷаҳои гуфтугӯи раисҷумҳурҳои Россия ва Амрико Владимир Путин ва Ҷо Байден ба коҳиши танишҳо миёни ду кишвар умед мебахшад. Ба андешаи ӯ, бо вуҷуди ихтилофи назар раҳбарони Россия ва Иёлоти Муттаҳида розӣ шуданд, ки ба намояндагони худ дастур диҳанд, то машваратҳоро дар доираи ҳама масъалаҳои мавриди назар оғоз намоянд[iii].
   Албатта, мулоқоти рамзӣ он таъсир ва аҳамияте, ки гуфтугӯи рӯбарӯ метавонад дошта бошад, надорад. Вале дар  ҳар сурат мулоқоти навбатии сарони ин ду кишвар ба поён овардани сатҳи шиддати сиёсӣ ва ба эътидол овардани буҳрони саросарии ҷаҳони имрӯз  мусоидат хоҳад намуд. Маълум, ки ҳеҷ кас дар ин бобат интизори мӯъҷизаҳо нест, аммо ҳақиқат ин аст, ки чунин як мулоқот аз иродаи нек ва хоҳишу кӯшишҳои ин ду кишвари абарқудрат дар бобати ба низом даровардани муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳамдигарӣ, ки дар ниҳояти кор ба боло рафтани сатҳи ҳамгироиҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд, гувоҳӣ медиҳад. Масалан, дар сурати пазируфта гаштани пешниҳоди президент Путин дар бобати ба эътидол овардани сиёсати шарқгароёнаи НАТО, оғози тоза бахшидан ба муносибатҳои дипломатии байни Россия ва Амрико аз тариқи сарфи назар кардани камбудҳо ва норозигиҳои пешина, ҳалли мушкилиҳои Украина дар  доираи аҳдномаи Минск ҷаҳон метавонад нафаси осуда бикашад, ки танишҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳои байни ин ду кишвар боиси ҷанги нав нахоҳад гашт. Ба мувофиқа расидан дар бобати идомаи гуфтугӯҳо ва баррасии роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда, ки яке аз натиҷаҳои хуби ин мулоқот аст, ба ин гуфтаҳо умеди тоза мебахшанд.
    Бояд зикр намуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тарафдори онанд, ки муносибатҳои хубу муфид ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ин ду кишвари абарқудрати ҷаҳон пойдор гарданд, чун дар ниҳояти кор фазои солими байналмилалӣ ба таъмини бештари амният, рушди устувор, муборизаи зидди терроризм ва ифротгароиҳо ва болоравии сатҳи зиндагии мардумони минтақа мусоидат хоҳад намуд.   
 
Шамсиддин Каримов,
сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико
 
 
 
 
 
 
 
 
 
[i] Путин и Байден начали переговоры по видеосвязи. 08.12.21. https://www.vedomosti.ru/politics/news/2021/12/07/899450-putin-i-baiden-nachali
[ii] Украина, безопасность, обнуление ограничений для дипмиссий. Что обсудили Путин и Байден, 8.12.21. https://tass.ru/politika/13138853
 
[iii] Слуцкий считает, что итоги разговора Путина и Байдена дают основания для оптимизма. 08.12.21. https://tass.ru/politika/13140015
 
 

БОЗГАШТ