АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Хусусиятҳои асосии сиёсати сармоягузории Япония ва Сингапур

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

  Кишварҳои ҷаҳон барои рушди масоили иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоии худ сармояи хориҷиро ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ яке аз вазифаи муҳимтарини рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар доираи заминаи ҳуқуқии ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ба 97 кафолату имтиёз оид ба сармояи хориҷӣ ва ватаниро пешниҳод намудааст. Ҷараёни сармоягузориҳо ба навсозии саноат, диверсификатсияи сиёсати иқтисодии хориҷӣ мусоидат намуда, ба тавозуни пардохт ва ҳаҷми содирот таъсири мусбат мерасонад. Бо назардошти муҳимияти масъала ва зарурати зиёд намудани воридоти сармоягузории мустақими хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ зарур аст.

  Имрӯз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар мисоли Япония ва Сингапур барои ҳавасгардонии сармояи хориҷӣ имтиёзҳо дар доираи заминаи ҳуқуқии худ ва дигар омилҳо ба дастовардҳо ноил шуда, таҳлили муқоисавии давлатҳои Япония ва Сингапур муқоиса карда мешавад.

  Сиёсати муосири сармоягузории Япония ва Сингапур ба либерализатсия ва пешбурди сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Бояд гуфт, ки ба далели тафовути байни кишварҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ кишварҳо бо мавҷудияти тафовути зиёд дар афзалиятҳо ва сиёсати сармоягузории онҳо хос аст. Хусусиятҳои асосии сиёсати сармоягузории кишварҳои мазкур дар поён нишон шудаанд.

  Хусусиятҳои асосии сиёсати сармоягузории Япония ва Сингапур:

  1. Дастгирии иттилоот оид ба роҳнамои ҳавасмандкунии фаъолияти сармоягузорӣ дар Сингапур ва Япония ба воситаи платформаҳо, яъне:
  • Алоқа бо Сингапур- (Contact Singapore)- як муассисаи ҳукуматии Сингапур буда, вазифаи асосии он ҷалби сармоягузорӣ мебошад.[1]
  • Сармоягузорӣ ба Япония –(Invest Japan)- барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ пешниҳодҳои зеринро ироа мекунад:

- рақобатпазирии хароҷот,

-муҳити муносибу мусоид барои тиҷорат,

-технологияи пешрафта

-қувваи корӣ ва кадрҳои баландихтисос.[2]

  Сармоягузорони хориҷӣ дар кишварҳо аз рӯи принсипи «равзанаи ягона» фаъолият мекунанд, ки он бо мақсади барқарор намудани робита бо мақомоти давлатӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ сохта шудаанд. Инчунин омбудсмени сармоягузорӣ дар кишварҳо мавҷуд буда, мақсади асосии он хифзи ҳуқуқи манфиатҳои сармоягузорон ва баррасии масъалаҳои мушкилоти фаъолияти сармоягузорӣ мебошад.

  1. Ҳавасмангардонии молиявӣ - тавассути барномаҳои дастгирии корхонаҳои навтаъсис, ки ҳукумати Сингапур барои ҳар як 3 сармоягузор 7 доллари сингапурӣ пардохт менамояд.
  2. Сиёсати андозбандии Сингапур- андоз аз даромад 17% (даромад зиёда аз 300 000 доллари сингпурӣ) 9% (агар даромад камтар бошад) ва дар Япония андоз аз корпоративӣ то 20% муқаррар шудааст.
  3. Дар Сингапур ва Япония қарздиҳии имтиёзнок ё насия бо фоизҳои арзон барои харидани таҷҳизоти истеҳсолӣ супорида мешавад.
  4. Дар Сингапур дастрасии сармоягузорон дар соҳаҳои нақлиёти ҳавоӣ, коммуналӣ ва боркашонӣ ва дар Япония бошад дастрасии сармоягузорон ба нақлиёт ва телекоммуникатсия маҳдуд мебошад.
  5. Дар Сингапур ва Япония минтақаҳои махсуси озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад. Стратегияи махсуси миллӣ минтақаҳои Япония барои ҷалби сармоягузорӣ дар самтҳои тиҷорати байналмилалӣ ва инноватсия, соҳаҳои сайёҳӣ ва хоҷагии қишлоқ таъсис шудааст. Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Сингапур минтақаҳои «нуқтаи» истеҳсолоти саноатӣ, ки ба содирот нигаронида шудаанд, фаъолият мекунад.
  6. Танзими ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар Сингапур ва Япония барои осон намудани шароити сармоягузорӣ ба воситаи коҳиш додани давомнокии расмиёт, коҳиш додани вақти бақайдгирии тиҷорат то як соат ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои расмиёти гумрукӣ то 60% муқаррар шудааст.

  Ҳамин тариқ, хусусиятҳои асосии маваффақияти Япония ва Сингапур дар сиёсати сармоягузорӣ ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Давлатҳои Япония ва Сингапур тавассути сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.

Соҳиби Баҳрулло

докторанти курси 3 ва

ходими хурди илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва

 Назриев Ҷаҳонгир

докторанти курси 1 ва

ходими хурди илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

 

 

[1] Contact Singapore [Манбаи электронӣ] URL https://en.wikipedia.org/wiki/Contact_Singapore#cite_note-1 санаи муроҷиат 1.04.2022

[2] Invest Japan[Манбаи электронӣ] URL https://japan.kantei.go.jp/investjapan/index.html санаи муроҷиат 1.04.2022

БОЗГАШТ