АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Кишоварзӣ ва хоҷагии қишлоқ як самти асосии рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

  Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои пешрафта дар минтақаи Осиёи Шарқӣ мебошад, ки иқтисоди босуръат рушдкунанда дорад. Хусусиятҳои рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ ҷанбаҳои гуногун дошта, ба соҳаҳо ҷудо гардидааст. Метавон қайд кард, ки дар рушди иқтисоди кишвар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, молия, бонкдорӣ, энергетика, техника ва технологияҳои навтарин, мошинсозӣ, металҳои химиявӣ, металургияи сиёҳ, киштисозӣ илмӣ-фарҳангӣ, кишоварзӣ ва тандурустӣ нақши муҳим мебозанд. Соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии қишлоқ низ яке аз соҳаҳои муҳим дар рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Корея пайваста кӯшиш менамояд, ки кишварро бо беҳтарин маҳсулотҳои ватанӣ ва хориҷӣ таъмин намоянд, чунки солимии аҳолӣ аз истеъмолот ва ғизоҳои солим вобастагӣ дорад.

  Тибқи низоми Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, кишоварзӣ яке аз мушкилтарин бахш дар иқтисоди кишвар ба шумор меравад. Cоли 1960 Кореяи Ҷанубӣ тариқи СУС амалигардонии сиёсати рушди иқтисодро шуруъ намуда, самти кишоварзиро пайваста тараққӣ дод. Тиҷорати озод дар асоси рақобатҳои байналмилалӣ бахши кишоварзии Кореяи Ҷанубиро коҳиш дод. Бо вуҷуди онки шумораи аҳолии деҳот 10% кам гардид, вале аҳамитнокии бахши кишоварзӣ барои Кореяи Ҷанубӣ боқӣ монд ва ҳамчун анъана ҷомеа ба кишоварзӣ нигаронида шуда буд.[1.с24]

  Пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон Кореяи Ҷанубӣ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид ва он замон иқтисоди кишвар хело паст буд. Бо талошҳои Ҳукумат ва аҳолии кишвар ин мушкилиҳо паси сар гардид ва дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд иқтисоди кишварро баланд бардоранд. Рушди пайвастаи соҳаи кишоварзӣ нақшаи аввалиндараҷаи кишвар гардид, зеро сол то сол талабот ба маҳсулотҳои озуқаворӣ ва ғизоҳои солим бештар шуд.

  Кореяи Ҷанубӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, такмили системаи обёрӣ, тухмипарварӣ ва зироаткории замонавӣ бештар ба ҳавасманд намудани сармоягузорон такя намудааст. Ҳатто даҳяки сармояи ба соҳаи саноат ҷудогардида, барои рушди кишоварзии муосир кифоя буд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Корея барои соҳаи кишоварзӣ сармоягузории муассир анҷом надодааст, вале бо мақсади пешгирӣ намудани обхезӣ, тӯфон ва хушксолӣ сармоягузорони ширкатҳои хусусӣ ва фондҳои кӯмакрасонии хусусиро вобаста намудааст. Ҳамзамон зикр кардан зарур аст, ки Кореяи Ҷанубӣ кишвари баҳрӣ мебошад, аз ин рӯ, хело бо эҳтиёт мебошанд.

  Қобили зикр аст, ки зироаткорӣ низ як ҷузъи асосии соҳаи кишоварзии кишвар ба шумор меравад. Қариб 25%-и масоҳати кишвар киштзор мебошад, ки аз он сеяки заминҳои корам обёрӣ карда шудааст. Боғу токпарварӣ низ хело тараққӣ кардааст. Зироати асосии хоҷагии қишлоқи Кореяи Ҷанубӣ шолӣ, яъне биринҷ мебошад. Зиёда аз 85%-и заминҳои хоҷагии қишлоқи кишварро заминҳои шолӣ ташкил медиҳад. Соли 2019 истеҳсоли умумии шолӣ 5,23 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 0,6% афзоиш ёфт. Азбаски нархи биринҷи Кореяи Ҷанубӣ баланд аст, дар бозорҳои хориҷӣ рақобатпазир нест, аз ин рӯ, ҳиссаи асосии он дар дохили кишвар истеъмол мегардад. Инчунин дар Ҷумҳурии Корея дигар навъи зироат ҷуворимакка тақрибан 74,8 ҳазор тонна ва гандум 37,8 ҳазор тонна истеҳсол мегардад, ки ин нишондод хело кам мебошад. Кореяи Ҷанубӣ ба миқдори хело кам ҷав, ҷуворимакка, гандум ва дигар маҳсулотҳои зироатӣ ба кишвар воридот мекунад. Инчунин чорводорӣ дар Ҷумҳурии Корея нисбат ба зироаткорӣ бениҳоят суст тараққӣ кардааст. Умуман, афзоиши чорводорӣ ва камшавии ҳама гуна саршумори чорво дар кишвар мушоҳида мешавад. Самти асосии чорводорӣ ин парвариш намудани чорвои калонҳаҷм мебошад. Дар кишвар истеҳсоли гушти хук ва мурғ афзоиш меёбад, вале талаботи бозори дохилиро қонеъ намегардонад.[2]

  Истеҳсоли маҳсулоти баҳрӣ, моҳидорӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойи махсусро ишғол мекунад. Моҳидорӣ як қисми муҳими рушди иқтисодии Корея мебошад, ки дар ҷаҳон машҳур гардидааст. Ҳамасола дар кишвар тақрибан 1,670 миллион тонна моҳӣ ва маҳсулотҳои баҳрӣ истеҳсол мегардад. Дар кишвар зиёда аз 930 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти баҳрӣ фаъолият менамояд, ки дар ҳар як корхона ба ҳисоби миёна 6-7 нафар коргар кор мекунанд. Барои таъмини ин корхонаҳо бо маҳсулоти баҳрӣ, дар кишвар зиёда аз 70 ҳазор киштиҳои моҳидорӣ мавҷуд аст. Моҳидорони Кореяи Ҷанубӣ дар минтақаи соҳил ва ҳам дар обҳои уқёнусҳо кор мекунанд. Дар обҳои соҳилӣ маъдан ва намудҳои гуногуни моҳӣ сардин, скумбрия, камбага, моҳии котл ва калмар ба даст меоранд. Ғайр аз ин, дар ҳавзҳои махсуси моҳипарварӣ низ маҳсулоти баҳрӣ парвариш карда мешавад. Инчунин ҳамасола дар кишвар 500 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 1,5 миллиард доллари амрикоӣ истеҳсол мегардад.[3]

  Метавон қайд кард, ки Кореяи Ҷанубӣ аз дигар кишварҳо маҳсулоти кишоварзӣ воридот мекунад. Яке аз кишварҳои воридоткунанда ба Кореяи Ҷанубӣ ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Дар соли 2018 содироти молу маҳсулоти кишоварзии ИМА ба Кореяи Ҷанубӣ аз 9 миллиард доллари амрикоӣ гузашт. Кореяи Ҷанубӣ дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзии ИМА ҷойи панҷумро ишғол мекунад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 26% ҳиссаи содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи якум қарор дорад. Вале дар соли 2019 содироти умумии маҳсулоти кишоварзии ИМА ба Ҷумҳурии Корея каме коҳиш ёфт ва содироти маҳсулоти истеъмолӣ (гӯшт, маҳсулотҳои ширӣ ва маҳсулоти нимтайёр) дар ҳоли афзоиш қарор доранд. Дар марҳилаи рушди даромади аҳолӣ, инчунин таваҷҷуҳи истеъмолкунандагон ба маҳсулотҳои хориҷӣ барои содиркунандагони маҳсулотҳои кишоварзии амрикоӣ имкониятҳои нав ба нав фароҳам овард.

  Қобили зикр аст, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилии Кореяи Ҷанубӣ дар соли 2021 ба ҳар сари аҳолӣ 34,8 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Дар соли 2022 содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва маҳсулоти баҳрии Кореяи Ҷанубӣ 15% афзоиш ёфт. Дар ин бора хабаргузорони Yonhap News бо такя ба намояндагони вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ хабар доданд. Тибқи маълумоти нашршуда, аз моҳи январ то июни соли 2022 содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷангал ва моҳӣ 14,6% афзоиш ёфта, ба 6,21 миллиард доллари амрикоӣ расид. Инчунин қайд карда шудааст, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ 7,9% афзуда, ба 4,5 миллиард доллар ва маҳсулоти моҳӣ 37,2% афзуда, ба 1 миллиарду 71 миллион доллар баробар гардидааст. Содироти маҳсулоти угро 20% (383,7 миллион доллар), масулоти зироатии хушккардашуда 13,8% (375,9 миллион доллар), маҳсулотҳои аз биринҷ коркардшуда 13,3% (90,4 миллион доллар) рушд намудаанд.[4]

  Соли 2009 Лоиҳаи Корея оид ба соҳаи кишоварзии байналмилалӣ KOPIA (Korea Program on International Agriculture) ташкил карда шуд, ки аз ҷониби Идораи рушди кишоварзӣ роҳбарӣ мегардад, ки барои пайваст намудани чунин лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқ мунтазам мусоидат менамояд. Худи ҳамон сол Идораи рушди кишоварзӣ, дар шаш кишвар: Ветнам, Мянма, Ӯзбекистон, Кения, Бразилия ва Парагвай марказҳои KOPIA-ро таъсис дод ва пас аз як сол дар чаҳор кишвари дигар Ҷумҳурии Демократии Канго, Алҷазоир, Камбоҷа ва Филиппин марказҳои худро кушод.[5]

  Дар давраи фаъолияти худ KOPIA (Korea Program on International Agriculture) дар ҳамкорӣ бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ таҷрибаҳои нав ба навро ба даст овард. Тариқи ин лоиҳа Кореяи Ҷанубӣ талош мекунад, то бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳамкориҳои кишоварзӣ тавассути дастгирии технологияҳои нав ва муштарак коркард намудани захираҳои табиӣ рушд намояд. Моҳияти ин лоиҳа дар он аст, ки кӯмаке ки ба ин ё он кишвар расонида мешавад, мувофиқи шароиту талаботи ҳамон кишвар бошад. Ба андешаи Идораи рушди кишоварзӣ, барномаҳои қаблие ки бо кӯмаки хориҷӣ амалӣ гардид, аз технологияҳои навтарини кишоварзӣ истифода бурданд, вале натиҷаҳои назаррас надод, зеро онҳо ба шароити ин кишварҳо мувофиқат намекард. Аз ин рӯ лоиҳаи KOPIA (Korea Program on International Agriculture) ин вазъиятро ба назар гирифта, технологияҳои навтарини кишоварзие ки ҳамон кишвар ниёз дорад, мутобиқ намояд. Масалан, дар Кения деҳқонон ба кӯфтани ғалла, махсусан сахт кӯфтани хӯшаҳои биринҷ одат кардаанд. Лоиҳаи KOPIA (Korea Program on International Agriculture) ҳамаи ин ҳолатҳоро ба назар гирифта, техникаҳои нави ғалатозакуниро мутобиқ ба ин кишвар коркард намуда, ба Кения дод. Ғайр аз ин KOPIA дигар технологияҳо ба монанди технологияҳои анъанавии кишти шолии кореягӣ бо истифода аз “motchul” (қаторҳои кишти шолӣ) мубодила намуд. Ин гуна ташаббусҳо ба 20% афзоиш додани биринҷи Кения оварда расонд.[6]

  Хулоса, метавон гуфт, ки соҳаи кишоварии Кореяи Ҷанубӣ бо истифода аз технологияҳои нави кишоварзӣ сол то сол рушд меёбад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Кореяи Ҷанубӣ аҳолии худро бо маҳсулотҳои тару тозаи ватанӣ ва хориҷӣ таъмин менамояд. Дар рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ кишоварзӣ махсусан истеҳсоли маҳсулотҳои ғалладона ва маҳсулотҳои баҳрӣ саҳми арзанда доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои кишоварзиро тариқи KOPIA (Korea Program on International Agriculture) яъне Лоиҳаи Корея оид ба соҳаи кишоварзии байналмилалӣ ба роҳ монад. Тариқи кӯмакҳои ин барнома ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки техникаҳои замонавии кишоварзиро ба даст орад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон табиати нотакрор дорад ва метавонад баъзе меваҳо ва маҳсулотҳои кишоварзии Кореяи Ҷанубиро дар Тоҷикистон мутобиқ намуда, парвариш намоянд. Ҳамин тариқ ҷонибҳо манфиатҳои дилхоҳро ба даст оварда метавонанд ва ҳамкориҳои кишоварзиро рушд хоҳанд дод, ки ин як имконияти бузург дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гардид.  


Адабиёт

1. Мелибаев Г.А., Чон Дэ Ван, Муминов Н.Г “Внешнеэкономические связи Республики Корея” // Тошканд-2011 саҳ 24 URL: 6. Vneshne ekomicheskie... Koreya. pdf (санаи муроҷиат 14.03.2023)
2. Гид_продукт_страна_шоколад_корея_08.12.2020.pdf (aemcx.ru) https: // aemcx.ru /wp-content / uploads /2020 (санаи муроҷиат 7. 04. 2023)
3. Инновационный аспект развития сельского хозяйства Республики Корея (snauka.ru) https: // web. snauka. ru/issues /2015/ 03/46542 (санаи муроҷиат 7.04.2023)
4. Экспорт сельскохозяйственной продукции из Южной Кореи вырос на 14,6%(dairynews.today)https://dairynews.today/news/eksport-selsko khozyaystvennoy -produktsii-iz-yuzhno 11. html ? ysclid = lg4qkw 6sgp 515  724 879 (санаи муроҷиат 14.03.2023)
5. Сельскохозяйственные технологии Кореи становятся глобальными – Корейський Культурний Центр (koreancenter.org.ua) (санаи муроҷиат 5.04.2023)
6. Инновационный аспект развития сельского хозяйства Республики Корея (snauka.ru) https: // web.snauka. u /issues /2015/03/46542(санаи муроҷиат 16.03.2023)

 

Файзуллаева Нигора,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ