АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: САҲМИ АКАДЕМИК БАРТОЛД В.В. ДАР ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо иттилоъ медиҳанд, ки 28 –уми июни соли 2019 Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Саҳми академик Бартолд В.В. дар омӯзиши таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.    Дар конференсияи байналмилалӣ масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд гардид:
   - Рӯзгор ва осори академик Бартольд В.В.
   - Саҳми академик Бартольд В.В. дар омӯзиши таърихи асримиёнагии халқҳои Осиёи Марказӣ
   - Нақши академик Бартольд В.В. дар баррасии таърихи тоҷикон
   - Саҳми академик Бартольд В.В. дар ташаккул ва инкишофи шарқшиносии рус ва шӯравӣ
   - Академик Бартольд В.В. ва мероси таърихӣ ва фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ
  - Академик Бартольд В.В. тарғибгари таърих ва тамаддуни халқҳои шарқ.
   Талаботи пешниҳоди маърӯзаҳо дар шакли мақола
   Матнҳои ирсолшуда таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
   - саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2 см;
   - ҳуруфи шакли Timеs New Roman, Timеs New Roman Tj бо андозаи 14;
   -сатри якум-ҳарфи авали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор (таҳсил), дар қавс шаҳр вилоят, баробаркунии матн аз тарафи рост;
   - сатри дуюм номи маърӯза БО ХАРФХОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа; 
   - сатри сеюм 
- матни асосӣ, ки дар таҳриргарӣ матни МS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
   - рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
   - ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳаҷмӣ буда, ба таври (3,25) омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
   -ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёт набояд аз 9 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргоҳи «Формула» сохта бошанд).
   - ҳамаи маърӯзаҳои конференсия, ки дар шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНС) дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷики, русӣ ва англисӣ бошанд.
   Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
 Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то 25 -уми майи соли 2019 ба почтаи электронии parviz.solihov@gmail.com ба суроғаи 734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, АИ, ИОМДОА ошёнаи 2, ҳуҷраҳои ¾ ирсол гардад.
  Телефонҳо барои тамос: (+ 992) 904142142, (+ 992) 917340294

1. МАКТУБИ ИТТИЛООТИ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ;
2. МАКТУБИ ИТТИЛООТИ БО ЗАБОНИ РУССӢ;
3. МАКТУБИ ИТТИЛООТИ БО ЗАБОНИ АНГЛИСӢ;

БОЗГАШТ