АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Конференсияи байналмилалии илмии “Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодиву фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва дурнамои он”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва дурнамои он” аз тарафи Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти №08 аз 1-уми феврали соли 2023 “Дар бораи нақшаи баргузор намудани ҷорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар муассисаҳои илмии АМИТ барои соли 2023” дар таърихи 25-уми майи соли 2023 баргузор гардид.

Конференсияи мазкур дар толори маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон аз дохилу хориљи кишвар, коршиносон, олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаву марказҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва ғайра баргузор гардид. Дар кори он маърузагарон ва иштирокчиён дар баромад, баҳсу мунозира, гузориш ва музокираҳо фикру андеша ва назару пешнињодоти хешро дар атрофи пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ, забониву адабии халқи тоҷик, инчунин робитаҳои дипломатӣ, иқтисодию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик иброз намуданд.

Дар таҳқиқи таърих, забон, адабиёт, фарҳанг, иқтисод ва тамаддуни кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик донишмандони зиёди ватаниву хориҷӣ саҳми босазо гузоштаанд, ки асару мақолоти нашршудаи онҳо дар ин самт арзиши калон ва беандозаро доро мебошанд. Боиси зикр аст, ки омӯзишу таҳқиқи пайдоиш ва ташаккулу такомули марказҳои эроншиносиву арабшиносӣ ва умуман дар илми шарқшиносӣ на танҳо аҳамияти таърихӣ дорад, балки он барои муайян кардани самтҳои нави таҳқиқ  дар замони муосир аз аҳамият холӣ нест.

Дар маҷмӯъ нуқтаи назар ва хулосаву пешниҳодоти дар раванди кори Конференсия аз ҷониби гузоришгарон ва дигар иштирокчиён пешниҳодкардашуда, имконият фароҳам меорад, ки  минбаъд барои рушди илм ва густариши муносибатҳои муштарак дар самтҳои  иқтисодиёт ва илму фарҳанг аз аҳамият холӣ набуда,  заминаи бунёдиро  барои пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар таҳкиму густариши равобити илмиву фарҳангӣ, иқтисодиву адабии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ба вуҷуд хоҳад овард.

 

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии

илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ