АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Конститутсия санади эҳёгари давлатдории  тоҷикон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таърихи навини давлатдории  тоҷикон  ҳамчун  рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ  арзёбӣ  мегардад.
Тибқи ин санад Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуд. Аз ин  ба  баъд  марҳалаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар оғоз гардид.
Конститутсия  воқеан ҳам омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳимоякунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистон тақдирсоз буда, ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дарбар мегирад ва роҳи рушду пешрафти  давлати  тоҷиконро  барои  садсолаҳо  муайян кардааст.
Дар муҳокима ва қабули он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле назаррас аст. Сарвари давлат дар мавриди Конститутсияи мо чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии  мо хоҳад  буд».
Дар тӯли ин солҳо он тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад, барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Конститутсия аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ сарқонунҳои беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва  ҳамкорӣ дар Аврупо  номбар  гардидааст.
Бояд зикр кард, ки дар робита ба ин Пешвои миллатамон чунин ибрози назар намудаанд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст».
Дар асоси ин санади таърихӣ дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис  дода  шуд,  ки пайваста  дар такмили қонунгузории  кишвар  нақш  мебозад.
Воқеъият ин аст, ки  дар  кишвар  волоияти  қонун, яъне  озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, таъмин гардида,  дар  маҷмӯъ ҷомеаи  навини  адолатпарвар барқарор гардидааст.
Бинобар ин, ҳар як фарди тољик бояд ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намояд ва меъёрҳои онро, ки барои  рушду  суботи  кишвар  равона  шудааст, риоя  кунад.
 
Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович,  
ходими илмии Шуъбаи Осиёи Марказии
ИОМДОА АМИТ

БОЗГАШТ