АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ҷоиза ва дипломи Академияи илмҳоро гирифт

Муаллиф: ИОМДОА

Расм


     Имрӯз, 10 январи соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи умумии ҳисоботии солонаи Академия баргузор гардид, ки дар он як идда олимони ҷавон, аз ҷумла Субҳиддин Зиёев, ходими калони илмии Шуъбаи Шарқи миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳо бо ҷоиза ва дипломи АИ ҶТ сарфароз гардонида шуд.

     Дар кори маҷлис аъзои пайваста ва вобастаи АИ ҶТ, директорон, муовинон ва ходимони илмии Институтҳо ва муассисаҳои илмии зертобеи АИ ҶТ иштирок намуданд.

     Бояд гуфт, ки Субҳиддин Зиёев, 14 сентябри соли 1986 ба дунё омадааст. Соли 2013 бахши аспирантураи Академияи илмҳоро хатм намудааст. Дар мавзӯи “Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ" зери роҳбарии доктори илмҳои филология, Тоҷиддин Мардонӣ рисолаи илмии худро ҳимоя намудаст. Аз соли 2018 инҷониб дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳо фаъолият мекунад. Ӯ то имрӯз муваффақ гардидааст, ки беш аз 30 мақолаи илмӣ нависад ва дар оянда низ тасмим дорад, бо корҳои илмӣ машғул гардад.
   
                                                                         

БОЗГАШТ