АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Коронавирус: масоили геополитикӣ ва иқтисодии ҷаҳон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Вируси нав бо номи COVID-19 зимни таҳқиқоти олимони варзидаи ҷаҳон тавассути ҳаво аз як нафар ба нафари дигар интиқол меёбад. Дар ин масъала аз ҷониби табибон барои пешгирии вируси мазкур тавсияҳои зиёд пешниҳод шудаанд.
Вируси COVID-19 аз рўзи хурӯҷёбии худ, яъне аз моҳи декабри соли сипаришуда натанҳо аҳолии қишри заминро коҳиш додааст, балки ба соҳаи тибби кишварҳо ва инчунин тибби ҷаҳонӣ хисороти зиёд расонидааст. Дар заминаи мазкур то ҳол дар рўи замин зиёда аз 5 000 000 одам вафот кардааст.  
Лозими зикр аст, ки ба ғайр аз соҳаи тиб COVID-19 ба вазъи геополитикӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ низ таъсири беандозаи худро расонидааст.

Коронавирус ва вазъи геополитикии ҷаҳон

Роҷеъ ба масъалаи коронавирус ва таъсири он ба вазъи геополитикии ҷаҳон коршиносон, муҳаққиқон ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ фикру андешаҳои ҷолиби худро иброз намудаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои бузург Вазири корҳои хориҷии Руссия С. Лавров чунин қайд кардааст: «Коронавирусро набояд бо вазъи геополитикӣ омехта намуд ва онҳоро бояд дар як самти муайян таҳлил намуд. Дар мубориза бо чунин вируси нав бояд давлатҳои рўи олам дастаҷамъона мубориза барад». Нуктаҳои зикршудаи С. Лавровро натанҳо муҳаққиқон ва коршиносон, балки президентҳои давлатҳои хурду бузург расман эътироф намуданд.
Маҳз фикру ақидаҳои некбинонаи С. Лавров ба Вазорати тандурустии умумиҷаҳонӣ ва тамоми давлатҳои ҷаҳон буд, ки кумакҳои башардўстонаи молиявӣ байни давлатҳои дунё то ҳанўз ба назар мерасад. Ҳатто давлатҳои абарқудрат аз қабили ИМА, Чин, Австралия, кишварҳои Аврупо ва ғ., дар зери хатари вируси COVID-19 барои ниёзи худ ба масолеҳи молиявӣ (аз ҷумла тиббӣ)  кумак талаб намуданд. Бо ин иқдом дар ин давра қариб 10 млн. нафар аз ин вабо сироят ёфтанд ва аз 1/4 –и онҳо наҷот ёфтанд.
Абарқудратони ҷаҳон вируси COVID-19-ро «Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ» меноманд, зеро дар ин ҳангом миллионҳо одам ҷонашонро нисор карданд. Тибқи омори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар 5 сол агар 11 444 100 мурда бошад, дар тўли қариб 6 моҳ аллакай 4 млн. вафот карданд, ки ин адад аз ҷангҳои ба вуқўъомада бештар аст.
Масоили геополитикӣ то даме ҳалли худро меёбад, агар ҳар чи зудтар дорўи махсус барои он (ваксина) пайдо шавад. То ҳол аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси вирусологҳо таҳқиқоти зиёд шуда истодааст ва ҳамаи онҳо аҳли башарро умедвор карда истодаанд, ки дар муддати кутоҳтарин тайёр мешавад.

Коронавирус ва иқтисодиёти ҷаҳон

Вируси COVID-19 бештар ба иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонид. Тибқи иттилои СММ COVID-19 иқтисодиёти ҷаҳон чанд фисад коҳиш ёфтааст. «Агар вируси COVID-19 дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ ба итмом расад, иқтисодиёт метавонад то соли 2021 мавқеи доимиашро гирад» - иброз медорад намояндаи СММ Ҷон Шиввер.
Иқтисодиёти ҷаҳон бештар бо ҷиҳатҳои мухталифи худ, ба мисли туризм, хизматрасониҳои меҳмонхонаву тарабхонаҳо, тиҷорату савдо, нақлиёт ва ғ., заиф шудааст.
Иқтисодчиёни варзидаи ҷаҳон, хусусан аврупоӣ огоҳӣ медиҳанд, ки коҳишёбии бошиддат бештар ба содирот таъсиргузор аст, зеро ҷиҳати пешгирии COVID-19 ҳамаи давлатҳо сарҳадҳои худро пурра маҳкам намуданд.
Пас гуфтан лозим аст, бо таъсир расондани вируси COVID-19 ба рушди иқтисодии ҷаҳон дигар соҳаҳои илму фарҳанг низ беканор нестанд. Дар тўли густариш ёфтани вируси мазкур даҳҳо конфронсҳо, форумҳо, мизҳои гирд, ҳамоишҳои илмиву фарҳангии байналмилалӣ тамдид гардиданд.
Вируси COVID-19 ба рушди самтҳои мухталифи давлатҳои Осиёи Марказӣ низ таъсири беандозаи худро расонид. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дастаҷамъона барои нобуд сохтани вируси мазкур мубориза бурда истодаанд ва ба ҳамдигар умаки моливӣ мерасонанд.
Пас бояд гуфт, ки барои бартараф намудани ҳамагуна хисороти молияву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳар як шахс дар алоҳидагӣ бояд мубориза барад, яъне тозагиро риоя намуда, тибқи ҳамаи тавсияҳои духтур амал намояд.
  

Шозиёева Г.П.
Котиби илмӣ
    

БОЗГАШТ