Коррупсия яке аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Муаллиф: Мирзоев Ҳабибҷон

Расм

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат

ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад». Зеро агар аз коррупсия як гурӯҳи хурди ҷомеа манфиатдор бошанд, вале таъсири манфии он ба тамоми мардум ва давлат мерасад.

Аз ин рӯ, таҳқиқи зарари коррупсия ва роҳҳои пешгирии он дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмӣ ва амалӣ барои кишварҳои мустақил ба шумор меравад.

Коррупсия яке аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки рушди муназзами ҷомеа ва давлатро халалдор месозад. Аз ҳама бештар, ин падида ба амнияти миллӣ — яъне истиқлолият, суботи сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар — таъсири манфии амиқ мерасонад. Ин падида ба пояҳои давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ ворид карда, беэътимодиро байни шаҳрвандон ва ҳукумат эҷод мекунад. Сарфи бесамари маблағҳои давлатӣ, барномаҳои рушд ва грантҳо дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ боиси зуҳури гурӯҳи манфиатхоҳ, амалӣ нагаштани ҳадафҳои рушди миллӣ, паст рафтани сатҳи некуаҳволӣ, коҳиши эътимод ба низоми давлатдорӣ ва адами боварӣ ба ояндаи дурахшон – яке аз омилҳои зиндагӣ ва ҳадфмандии ҳар як фард мегардад. Ин масъала на танҳо мушкилоти иқтисодӣ, балки таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Давлате, ки муборизаи муассир алайҳи коррупсия намебарад, дер ё зуд бо хатарҳои ҷиддии дохилӣ ва беруна рӯ ба рӯ мегардад.

Барои дарки хатари коррупсия пеш аз ҳама донистани шаклҳои зоҳиршавии он, омилҳои ба амал омадни коррупсия ва дарки зарари он ба ҷомеа зарур мебошад.

Бояд дарк намуд, ки коррупсия таъсири муассири манфӣ ба тамоми сохторҳои ҷомеа ва давлат мерасонад, ки дар самтҳои зерин инъикос мегарданд:

  1. Фалаҷшавии низоми иқтисодӣ: Коррупсия рушди иқтисодиро суст намуда, монеи ҷалби сармоягузорӣ мегардад. Кишварҳое, ки сатҳи баланди коррупсия доранд, бинобар татбиқ нагаштани ислоҳоти иқтисодӣ аз рушди иқтисодии устувор маҳрум мегарданд;

  2. Кам гаштани эътимод: Шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ беэътимод мешаванд, ки ин метавонад боиси бесуботии сиёсӣ ва иҷтимоӣ гардад;

  3. Коҳиши сатҳ ва сифати хизматрасонӣ: Ба сабаби ришваситонӣ, сифати соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва хизматрасонӣ паст мегардад;

  4. Монеаи рушди демократия ва давлатдорӣ: Коррупсия интихоботҳои озоду одилонаро халалдор карда ба ривоҷи беҳокимиятӣ мусоидат менамояд.

Яке аз соҳаҳои асосии рушди давлатдорӣ соҳаи маориф ба шумор меравад. Маориф яке аз рукнҳои асосии рушди устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди нақши муҳими он дар ташаккули зеҳнии шаҳрвандон, соҳаи маориф аз таъсири коррупсия дар эмин намондааст. Коррупсия дар маориф на танҳо сифати таҳсилотро коҳиш медиҳад, балки адолатро дар дастрасии дониш ва имкониятҳо аз байн мебарад

Дар шакли дарозмуддат, коррупсия ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат таъсири манфӣ мерасонад. Ин таъсирот дар шаклҳои зерин инъикос мегарданд:

- коҳиши сифати таълим - донишҷӯёне, ки бидуни дониши воқеӣ диплом мегиранд, на танҳо боиси афзоиши мутахассисони беарзиш, балки болоравии фишори иҷтимоӣ ба ҷомеа мегардад;

- коҳиши асли адолат ва баробарӣ - хонандагони лаёқатманд имконияти баробар барои таҳсил ва пешрафтро аз даст дода, ҳавасмандӣ ҷиҳати донишандӯзӣ ва соҳибкасбшуданро истисно менамояд;

- ихтисори боварӣ ба муассисаҳои таълимӣ – ҳангоми афзоиши шубҳаи шаҳрвандон ба шаффофияти низоми маориф ва самаранокии он, эътибори миллии ин ниҳод коста мешавад.

- шикасти давлатдорӣ ва монеаи рушди миллӣ – дар шароити рушди илму фанооварӣ кишваре, ки шаҳрвандони босавод ва соҳибихтисос надорад, наметавонад дар иқтисод, илм ва технология пешрафт намуда ба муқобили таҳдидҳои муосир истиодагарӣ намояд.

Дар натиҷа, дар шароити коррупсионӣ ташаккули давлати ояндабину муваффақ ғайриимкон буда, бодарназардошти ҳаҷми таҳдиду чолишҳои муосир амнияти миллӣ ва истиқлоли давлатӣ осебпазир мегардад.

Намунаи давлатҳои муваффақ ва қафомондаро бинобар омили ҷой доштани коррупсия мо дар мисоли Сингапур ва Нигерия дида метавонем.

То солҳои 1960-ум Сингапур яке аз кишварҳои фасодзада буд. Бинобар сатҳи пасти таъсири ниҳодҳои давлатӣ манотиқи соҳилии кишвар ба бандари роҳзанҳои баҳӣ табдил ёфта буд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир – қабулҳои қонунҳои дахлдори соҳавӣ ва таъсиси мақомоти мустақили зиддикоррупсионӣ, имрӯз Сингапур яке аз давлатҳои пешрафта ва шафофи ҷаҳон ҳисобида мешавад.

Аз ҷониби дигар, Нигерия яке аз кишварҳои бойтарини ҷаҳон аз ҳисоби захираҳои табиӣ ба шумор меравад. Вале мавҷудияти коррупсия дар сатҳҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ рушди онро чандин даҳсола боздоштааст. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, танҳо дар давраи солҳои 1960–1999, беш аз $400 миллиард аз ҳисоби коррупсия талаф ёфтааст.

Бо дарназардошти ин вабои аср зарурати дарки ҷомеа аз хатари коррупсия ба ояндаи давлат, зарба ба рушди устувор ва бақои он муҳим мебошад. Дар ин самт пеш аза ҳама муайян намудани роҳҳои пешгирии коррупсия дар маориф зарур мегардад.

Ба андешаи муҳаққиқон ҷиҳати мубориза бо коррупсия дар соҳаи маориф, чунин тадбирҳо зарур мебошанд:

  1. Таҳкими механизмҳои назорат ва аудити дохилӣ: Ҳар як раванди қабули донишҷӯён, интиқол ва баҳогузорӣ бояд шаффоф бошад;

  2. Баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва кормандони маориф: худкифо гаштани масъулони соҳа омили муҳимми коҳиши ангезаи даст задани онҳо ба амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ мегардад;

  3. Таълими зиддикоррупсионии пайваста ва бо дарназардошти синну соли муҳассилин аз синфҳои поёнӣ то сатҳи олӣ. Дар заминаи ин самт омӯзиши арзишҳои зиддифасод ва дарки оқибатҳои манфии он барои ҷомеаи метавонад заминаи афзоиши масъулияти шаҳрвандон, омодагӣ ба мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ва даст назадан ба фасод гардад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили муҳими пешгирии коррупсия мебошад.

  4. Дар шароити муосир бинобар боло рафтани арзиши моддигароӣ баъзе қишрҳои аҳолӣ моҳияти манфии фасодро дарк накарда, бо ҳар роҳу восита ҳадафи сарватғундориро пеша менамоянд. Омӯзиши воқеӣ дар заминаи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқию ахлоқӣ фишанги муассир дар мубориза бо ин мараз ва инкори маъмулӣ ё одати мардумӣ будани коррупси мегардад;

  5. Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО. Назорати ҷамъиятӣ ва расонаӣ метавонад фасодро фош намуда, гусариши онро коҳиш диҳад. Дар шароити тавсеаи платформаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қишри бесаводӣ аҳолӣ ҷиҳати дарёфти «нуфуз» ва «обрӯ» худнамоӣ намуда, истифодаи ин фишанг ва хавфи шармандгӣ як омили муҳим дар гуастариши амалҳои коррупсинӣ мегардад;

  6. Татбиқи технологияҳои рақамӣ. Эҷоди низоми электронӣ бо дарназардошти мавқеи омӯзгори асил ба баҳогузорӣ шаффофиятро зиёд мекунад. Дар баробари ин рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ муҳим мебошад, ки омили муассири коҳиши тамоси бевоситаи шаҳрванд бо мақомот, сабт ва назорати амалҳои фасодкорона ва тавассути порталҳои электронӣ анҷом ёфтани пардохтҳо ва хизматрасониҳо бевосита.

Мубориза бо коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи масъул ва муҳим мебошад. Ин мубориза бояд дар ҳама сатҳ аз сиёсат ва қонунгузорӣ то фарҳанг ва технология роҳандозӣ шавад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо амали ахлоқӣ, балки зарурати ҳаётӣ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ мебошад. Танҳо тавассути ҳамоҳангсозии тадбирҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои нав, таҳкими қонун ва бедории иҷтимоӣ дар заминаи фарҳанги воло метавонем бо коррупсия самаранок мубориза барем ва рушди устувори ҷомеа ва давлатро таъмин намоем.

 

Ҳабибҷон Мирзозод – н.и.т.

ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва

Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ