АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Либия дар мизони сиёсати Русия ва Амрико

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Нотавонӣ ва осебпазирии давлатҳо ба сабаби воридшавии онҳо ба низоъ ва муноқишаҳои дохилӣ шуруъ шуда, таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудратро ба худ ҷалб мекунад ва як ҳолати бесарусомониро ба вуҷуд меоварад. Махусусан агар ин кишварҳо дорову сарватманд ва дорои манбаъҳои зеризаминии ғанӣ, илова бо мавқеи стратегӣ аз дигар кишварҳо бартарӣ дошта бошанд, пас ҳадафи истифода қарор мегиранд. Бо эҳтимоли зиёд, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои манфиатҷӯ боиси ташаннуҷ ва мураккаб сохтани низоъҳои дохилӣ мешаванд. Ин ихтилофоту низоъҳо аз сатҳи муноқишаҳои маҳаллӣ ба сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мегузарад.
Дар ҷаҳони араб, Ҷумҳурии Арабии Сурия намунаи воқеии далели ин гуфтаҳост, аммо он фоҷиа дар Либия низ такрор мешавад. Тааҷҷубовар аст, ки муҳимтарин бозигарон дар Сурия кишварҳое ба монанди Русия, Туркия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо ва дигарон бо тафсилоти гуногун низ дар низоъҳи Либия нақши калидӣ доранд.
Кӯшишҳои қудратҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои тағйир додани таносуби қувваҳо дар Либия муноқишаҳоро хеле авҷ гиронда, печида сохтанд ва ҳалли низомиро аз ҳама бештар тарҷеҳ доданд. Сарфи назар аз қатъномаи қарори Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2011 ҷиҳати манъи вуруди аслиҳа ва мусаллаҳгардонӣ дар Либия, назорати ахири Иттиҳоди Аврупо ба амалиёти нерӯҳои баҳри Миёназаминии Иттиҳоди Аврупо “The European Union Naval Force Mediterranean Operation IRINI” барои назорат аз татбиқи манъи вуруди силоҳи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид, натиҷаҳои "Конфронси Берлин", ки хостори қатъи дахолати хориҷӣ ва ташаббусҳои гуногуни сулҳ барои барқарор кардани сулҳу истиқрор дар Либия, ҳамаашон натавонистанд ин дахолатҳо ва қонуншиканиҳоро боздоранд.
Низоъҳо дар Либия аз ҷиҳати гуногунпаҳлу будани тарафҳо ва дахолату дастгирии беруна тамоюли боло рафтанро ба худ гирифт, хусусан Русия ба нафъи Халифа Ҳафтар (дар шарқи Либия) ва Туркия ба нафъи ҳукумати Фойиз Сарроҷ (дар ғарби Либия) ҳаракат мекарданд. Ин мудохалаҳо ҳамеша зери (назорати) чашм ва гӯши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат мегирифтанд, аммо онҳо ҳеҷ гоҳ аз ин нороҳат набуданд.
Аммо, нигаронии навини Амрико дар охир аз он буд, ки Халифа Ҳафтарро бо силоҳи сифатан пешрафта таъмин карданд. Ин силоҳҳо аз 14 ҳавопаймои ҷангӣ байни “Сухой” ва “МиГ-29” мебошад, ки аз пойгоҳи "Ҳумейма"-и Сурия ба пойгоҳи "ал-Ҷуфра"-и Либия, тибқи аксҳое, ки фармондеҳии низомии ИМА дар Африқо "AFRICOM" гирифтааст, интиқол ёфтааст. Илова ба нерӯҳои низомӣ Вагнер (ЧВК Русия) низ дар паҳлӯи Ҳафтар меҷанганд. Чуноне ки дар изҳороти "U.S. AFRICOM"- фармондеҳии низомии ИМА дар Африка омадааст: "Русия мехоҳад, ки таносуби қувваҳо дар Либияро ба манфиати худ тағйир диҳад, ҳамон тавре ки дар Сурия анҷом дод".
Нигоҳ доштани риштаҳои бозӣ дар Либия, ба Русия имкон медиҳад, ки бо ИМА дар ғарби Баҳри Миёназамин рақобат кунад. Аз ин рӯ, дахолати қатъии Туркия бо ин қадар нерӯ ва ҳатто созишномаи миёни ду кишварро (Либия-Туркия) бе иҷозати Амрико истисно намекунем. Ҳамон тавре ки агар Русия дар соҳили Либия пойгоҳи низомӣ таъсис диҳад, қадами мантиқии навбатии он ҷойгиркунии мушакҳои дурпарвоз дар ҷануби Баҳри Миёназамин ба сӯи Аврупо ва умуман системаи Атлантикаро ҳадаф қарор дода мешавад.
Рӯзномаи "Вашингтон Пост" мақолаи нависанда Дэвид Игнатиусро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ки ба эҳтимоли зиёд пойгоҳҳои низомии Русия дар Баҳри Миёназамин бунёд карда мешаванд, то Русия орзӯи чандинасраи худро амалӣ намояд. Ӯ илова кардааст, ки Русия вазъро дар Шарқи Наздик пас аз COVID-19 коҳиш медиҳад, зеро ин минтақа ҷузъи стратегияи бузурги Русия нест, зеро он хоҳиши хашмгин кардани Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дорад.
Шӯҳратпарастии Русия дар Баҳри Миёназамин ба ҳеҷ кас пӯшида нест ва дар Сурия ба таври возеҳ намоён буд. Аммо дар мавриди Либия бошад, аз ҷиҳати захираҳои бузурги энергетикӣ, нафт ва макони хуби стратегӣ, як сарвати геостратегӣ мебошад. Илова бар ин, ду кишвар (Либия-Русия) ба таври анъанавӣ равобити иқтисодӣ тавассути шартномаҳои низомӣ, нафтӣ ва иқтисодӣ доранд. Русия мекушад ин равобитро дар партави монополияи ширкатҳои ғарбӣ, хусусан ширкати "Total S.A"-и фаронсавӣ ва ширкати "ENI"-и Италия ҳифз кунад. Мо боварӣ дорем, ки муҳимтар аз ҳама барои Русия, расидан ба ҳадафи геостратегӣ аст. Русия бояд Либияро ҳамчун асос ё пойгоҳ барои густариши нуфузи Русия дар Африқо ва ҷануби Баҳри Миёназамин дур аз доираи наздики минтақавии худ, истифода барад. Ин маънои тавсеа талабӣ дар минтақаҳои нави таъсир, ки одатан ба Аврупо ва Амрико нисбат дода мешаванд, мебошад, ки онро дар ҳама гуна ҳисобҳо шарик месозад. Ва мавқеи Русияро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.
Мо ҳама дар ёд дорем, ки Русия то соли 2015, яъне чор сол пас аз низоъҳо ба муноқишаи Сурия ба таври возеҳ дахолат накардааст. Он вақт Русия як қадами хатарнокро барои озмоиши ИМА гузошт ва он амали Амрикоро, ки як навъ ақибнишинӣ ва бозпас гирифтанро нишон медод, санҷида, дар натиҷа ИМА дар Сурия холигии муҳиммеро гузошт, ки Русия онро бо тамоми қувва пур кард, (Холигии Амрико ягона сабабе нест, ки ба дахолати Русия дар Сурия) кумак карда бошад.
Амали Амрикоиҳо дар баробари бӯҳрони Либия аз даъватҳо барои риояи баъзе принсипҳои умумӣ ба монанди муколама, ҳалли сиёсӣ ва қатъи дахолати хориҷӣ, бе кадом иқдомҳои муассири амалӣ ё пешниҳоди ташаббусҳои миёнаравӣ, ба монанди баъзе бозингарони минтақавӣ ва байналмилалӣ, зиёд набуд.
Он чизе ки аз Вашингтон дар бораи тарафҳои даргири Либия ва ҷонибдорони онҳо нашр мешавад, паёмҳои тиравутор ва аксар вақт мавқеъҳои номувофиқ байни Кохи Сафед ва Пентагон мебошанд, ки ин маънои онро дорад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико стратегияи возеҳу равшан барои ҳалли буҳрони Либия надорад ва Либия ба рӯйхати афзалиятҳо дохил намешавад.
Маъмурияти президент Доналд Трамп таҳти шиори "Аввал Амрико" сиёсати ақибнишиниро интихоб кард. Аз ин рӯ сарбозони худро аз Афғонистон, аз Олмон тақрибан 9500 сарбоз, ки маркази асосии ҷамъшавии нерӯҳои амрикоӣ дар кишварҳои узви НАТО буд, берун овард. Аз ин маълум шуд, ки Вашингтон уҳдадориҳояшро дар бораи дифоъ аз Аврупо дар доираи ҳилфи НАТО кам мекунад ва ин тӯҳфаи ғайричашмдошт барои Русия буд. Ин ҳам як паёми хубе барои Русия буд, ки онро хуб хонда ва фурсати хуберо дар партави хуруҷи Амрико ҳисоб карда ба уҳда гирад ва мавқеи худро дар бӯҳрони Либия таҳким бахшад. Шояд ин маънои онро дошта бошад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муттаҳидони аврупоии худро аз дахолати шарикии Русия ба Либия, тавре ки қаблан зикр шуда буд, огоҳ намудан кифоят мекунад.
Чунин ба назар мерасад, ки сиёсати Амрико дар барои Либия дар партави пандемияи COVID-19, наздикшавии мавъиди интихобот ва авҷ гирифтани мухолифат бар зидди Чин, сарфи назар аз баҳси аъзои НАТО оид ба бӯҳрони Либия, хусусан байни Туркия ва Фаронса, дар ояндаи наздик тағйир нахоҳад ёфт. Аммо ин мавқеи ИМА, ба назари шахсии ман, агар тағйироти ҷиддӣ сурат бигирад, ки тавозуни қувваҳоро дар Либия халалдор карда ба манфиатҳои бевоситаи Амрико таҳдид кунад, метавонад тағйир ёбад.
Сарфи назар аз дур будани Амрико аз дахолати таъсирбахш дар бӯҳрони Либия, риштаҳои бозиро ба самти ҳал ё шиддат гирифтани мушкилиҳо, агар бихоҳад нигоҳ медорад. Дар баробари сиёсати ИМА дар масъалаи Либия, танҳо рақиби Русия хоҳад монд. Зеро Амрико метавонад бо бозингарон- иттифоқчиёнаш дар Аврупо, Миср, АМА ва Туркия такя кунад. Чунки ин кишварҳо дар мадори Амрико давр мезананд. Пас хомӯшии Амрико дар бораи ҳузури Туркия бидуни эътироз чизе ҷуз далели фарогирии Амрико аз он нест ва ин сухани дигаре аст, ки минбаъд шарҳ хоҳем дод.
 
 
Манбаъ:
https://www.raialyoum.com       
 
 
Муаллиф: Доктор Лубна Штоб,
рӯзноманигор ва таҳлилгари масъалаҳои сиёсии Алҷазоир.
Тарҷума аз арабӣ:
Одинаев Абдуҳалим
 

БОЗГАШТ